Имрӯз дар макотиби олии кишвар имтиҳоноти қабул оғоз гардиданд

0




 


           Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз




дар




макотиби




олии




Тоҷикистон




имтиҳоноти




қабул




оғоз




гардиданд


.


Корманди




масъули




Вазорати




маорифи




Тоҷикистон




Алидод




Расулов




дар




мусоҳиба




бо




рӯзноманигори




ОИ



«



Азия





Плюс


»


хабар




дод


,


ки




ба




ин




муносибат




имрӯз




вазири




маорифи



ҷ



умҳурӣ




Абдуҷаббор




Раҳмонов




аз




Донишгоҳи




славянии




Русияву




Тоҷикистон




боздид




карда


,


доваталабонро




бо




оғози




имтиҳоноти



қ



абул




табрик




намуд


.




          Тибқи




маълумоти




вазорат


,


ба




макотиби




олии




кишвар




беш




аз



31



ҳазору




довталаб




ҳуҷҷат




супориданд


.



Ба қавли ӯ, ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон 3,5 ҳазор нафар, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 2 ҳазор нафарӣ довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки миёни макотиби олӣ ин нишондиҳандаҳои зиёдтарин мебошанд.






Ба гуфтаи А.Расулов, имрӯз дар 90 фоизи макотиби олии ҷумҳурӣ имтиҳоноти қабул оғоз гардиданд ва дар навбати аввал аз довталабони гурӯҳҳои буҷавӣ имтиҳон гирифта мешавад. Имтиҳони довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ аз 10-уми август шурӯъ мегардад ва натиҷаҳои имтиҳонот пас аз 20-уми август ҷамъбаст карда мешаванд.





Қобили зикр аст, ки чанде қабл вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов гуфта буд, ки соли ҷорӣ шумораи донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олии ҷумҳурӣ ба миқдори 30 дарсад кам карда мешавад.  







 «Ҳамин тавр, соли хониши оянда шумораи донишҷӯён аз 27 ҳазори соли гузашта то 22 ҳазору 193 нафар камтар мешавад», – гуфт А.Раҳмонов.







Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 28 мактаби олӣ мавҷуд аст.




Боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Эрон идома дорад

0


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.




29 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ дар сеюмин Ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуданд.



Худи ҳамон рӯз вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гашт. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин дар кори Конфронси XV Ҳаракати кишварҳои ғайримутаҳид, ки кори худро 30 июли соли 2008 анҷом бахшид, иштирок дошт.




 

30 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ҶИЭ Алӣ Лориҷонӣ, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии ҶИЭ доктор Саид Ҷалилӣ мулоқот намуд.




 


          

Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ ва Вазири нерӯи ҶИЭ, раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶИЭ бо ҶТ доктор Саид Парвизи Фаттоҳ баргузор шуданд. Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд.



Зимни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ба мусоҳибонаш дар бораи вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷкистон, лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва дурнамои онҳо барои кишвар ва минтақа иттило дод. Ӯ қайд кард, ки ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди ҷумҳурӣ, балки барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат ҳоҳанд кард. Ҳ. Зарифӣ таъкид кард, ки тамоми ин лоиҳаҳо бо дарназардошти манфиятҳои натанҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида буданд. Аз ҷумла, бо дарназардошти ақидаҳои ҷониби Ӯзбекистон оиди лоиҳаи сохтмони НОБ дар дарёи Зарафшон коршиносони мустақил аз Олмон даъват шуда буданд. Кори ба сомон расондашудаи онҳо баёнгари он гардид, ки сохтмони НОБ ҳеҷ зараре ба кишвари ҳамсоя намерсонад ва баръакс, фоида меорад.



Дар навбати худ мусоҳибон қайд карданд, ки ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шудаанд, фаъолона кор мебаранд. Минҷумла, масъалаҳои маблағгузории тунели «Чормағзак» ҳаллу фасл гардидаанд.



Дар мулоқотҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соҳаи иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуд.



Ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сеҷониба мароқ доштани худро изҳор намуд. Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки сохтмони хатҳои барқ барои Афғонистон ва Эрон аҳамияти бузург дорад.



Ғайр аз ин ҷониби Эрон барои баррасии муфассали лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика пешниҳод намуд, ки вазирони энергетикаи се кишвар дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки дар охирҳои августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.



Дар вохӯрӣ бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ дар баробаримасъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, инчунин мавзӯи ҳамкориҳои фарҳангӣ низ муҳокима гардид. Манучеҳр Муттақӣ пешниҳоди ҳамтои худро оиди таҳияи филми бадеии «Куруши Кабир», ки стсенарияи онро нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон омода сохтааст, хуб пазируфт.



Пас аз анҷоми ин мулоқот аз ҷониби Ҳамрохон Зарифӣ ва Манучеҳр Муттақӣ Барномаи ҳамкорҳо миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломи Эрон барои солҳои 2008-2009 ба имзо расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.


Сафи олипичиёни тоҷик ба 15 нафар расид

0



Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти расидаи ахир дастаи олитмпичиёни тоҷик ба 15 нафар расид – тирандоз Сергей Бабиков низ ба ҳайатаи даста шомил шуд.






Ҳамчунин зимни гусели варзишгарони тоҷик директори генералии ширкати «




Babilon




» Беҳзод Файзуллоев изҳор дошт, ки барои варзишгарон мукофотпулӣ муайян кардааст – барои ҷозаи тилло – 30, нуқра- 20 ва биринҷӣ – 10 ҳазор доллари амрикоӣ.





Бад-ин тартиб, 15 варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.







 

М.Демпси: Тоҷикистон дар масоили мубориза алайҳи терроризм шарики боэътимоди ИМА аст

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Мо Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм шарики боэътимод медонем», – изҳор дошт пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси.




Дар мавриди истифодаи низомиёни Амрико аз зерсохтори ҳарбии Тоҷикистон намояндаи олирутбаи амрикоӣ чунин изҳори назар кард, ки «ин масъала дар мулоқот баррасӣ нашудааст».



М.Демпси бобати ташкил додани гурӯҳи нерӯҳои низомии Осиёи Марказӣ дар доираи Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки иқдоми мазкур барои таъмини субот дар Афғонистон равона гардидааст. «Мо ҳама хоҳони онем, ки дар Афғонистон сулҳу салоҳ барқарор шавад», – афзуд ӯ.




 




 


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ масъалаи такмили низоми иҷозатномадиҳӣ баррасӣ хоҳад шуд

0




           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси нахустини Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ баргузор гашт.






Дар маҷлиси

 

нахустини Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева, Директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) дар Тоҷикистон Кэролин Брайн, роҳбарони як зумра корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷии

 

дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, аз ҷумла Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид»

 

(Tethys Petroleum) ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.






           

Дар маҷлиси нахустин пеш аз ҳама масъалаҳои ташкили кор баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сохтор ва усули кори Шӯро, низомномаи Котиботи он, тарзи интихоб ва ивазшавии аъзои ғайридоимӣ

 

тасдиқ карда шуданд.






           

Ҳамин тариқ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз 9 аъзо иборат буда, таҳти раёсати

  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Котиби масъули Шӯро, намояндаи доимии

 

Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд ва роҳбари Котибот аъзои доимии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ ба шумор мераванд.






           

Аъзои ғайридоимии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанию хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бо пешниҳоди ҷомеаи соҳибкорӣ интихоб карда мешаванд.






           

Зимни муҳокимарониҳои имрӯза дар маҷмӯъ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ амалӣ карда мешаванд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъол шудани механизми «Тирезаи ягона» барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва эълони мароторияи дусолаи худдорӣ аз санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз тадбирҳои пурарзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гаштанд.






           

Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид» Девид Робсон изҳор дошт: «Ман ҳамчун сармоягузори хориҷӣ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон хушҳолам, мушкилӣ шояд танҳо дар он бошад, ки дар ин бора дигар сармоягузорон хуб

 

иттилоъ надоранд».






           

Ба гуфти

 

Раиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева Тоҷикистон дар соли 2008-ум аз рӯйи нишондоди рейтингии «Иҷрои қарордодҳо» дар ҷаҳон ҷойи 23-юмро ишғол намуда, аз Британияи Кабир, Шветсария, Қазоқистон ва 152 кишвари дигар пеш гузаштааст. Аз рӯйи нишондоди «Бақайдгирии моликият» бошад ҷойи 43-юмро ишғол намуда, аз Олмон, Япония, Италия, Гонконг, Россия ва бисёр кишварҳои дигар болотар ҷой гирифтааст.






           

Қарор шуд, ки дар ҳар як маҷлиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ як масъала баррасӣ гардад. Ба баррасии маҷлиси ояндаи Шӯро масъалаи такмили низоми иҷозатномадиҳию назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.






           

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки бо фаъол гаштани ин шӯро ва ба машварат бо ҳукумат ҷалб шудани худи соҳибкорон ва созмонҳои мададрасон баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяншуда ва таъмин кардани пешрафту тараққиёти бештари иқтисоди кишвар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ҳукумати Чин ба мақомоти шаҳрдории пойтахт 50 мусофирбари нав тӯҳфа мекунад

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусофирбарҳоии нав медиҳад.




Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов, маросими супоридани автобусҳо пагоҳ дар муассисаи нақлиётии рақами 2 баргузор мешавад.



«Ҳукумати Чин ба мақомоти шаҳрдории пойтахе 50 мусофирбарро чун тӯҳфа тақдим хоҳад кард», – афзуд сухангӯи вазорат.


А.Раҳмонов ба сарварони мактаб-интернатҳо супориш дод, ки барои давраи тирамоҳу зимистон маҳсулоту сарулибос ва ангишт захира созанд

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо иштироки сарварони мактаб-интернатҳо семинари мавшваратии ҷумҳуриявӣ доир гашт.




Аз дафтари матбуоти вазорати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз сифати таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо изҳори норозигӣ намуда, ба сарварони ин муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки ба соли хониши оянда ба таври бояду шояд омода гарданд. Вазир ҳамчунин фармуд, ки то оғози соли нави хониш ҳамаи корҳои таъмиру сохтмон анҷом дода шаванд.



Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки зарур аст, ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳамаҷониба омодагӣ гирифт. Аз ин рӯ, мебояд саривақт сарулибоси зимистона. маводи хӯрока ва ангиштро дастрас намуд.



Дар машварат ба масъалаи норасоии мутахассисони касбӣ ва беҳбуди назорати дохилии муассисаҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. А.Раҳмонов аз сатҳи пасти дониши толибилмон изҳори нигаронӣ намуда, ба сарварон супориш дод, ки ҳамасола се нафар хонанда барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ тайёр кунанд.



Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 78 мактаб-интернатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо 8 ҳазору 834 нафар кӯдакону наврасон ба тарбияву таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ду ҳазор нафари тарбиятгирандагонро духтарон ташкил медиҳанд.


«Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ дастрас кард

0



Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз пештар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷудо кард.






Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маблағҳои мазкур барои дастрас намудани маводи сӯзишвориву молиданӣ, нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоту техникае, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта заруранд, истифода карда мешаванд.





Ба иттилои манбаъ, маблағ ба андозаи баробар (5 миллион сомонӣ) миёни вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мегардад.





Қобили зикр аст, ки аз маблағи умумии 130 миллион сомонӣ ҷудошудаи қарзи ҳукуматӣ барои татбиқи механизми нави таъмини молиявии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ,

 

қисмати аввалу дуввуми маблағҳо 30 миллион сомониро ташкил доданд.





Қаблан муовини раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова иттилоъ дода буд, ки маблағҳои мазкур дар байни 533 хоҷагии пахтакори вилояти Суғду Хатлон ҷудо гардиданд, ки қарзи ҷудогардида ба вилояти Суғд 10 миллион сомонӣ ва ба вилояти Суғд

 

20 миллион сомонӣ рост меомад.





«Амонатбонк» ба хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи андозаи 18% қарз ихтисос медиҳад.



Мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна барои ҷалби сармоягузорон шароити хуб муҳайё хоҳад сохт, – назари коршинос

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми Шӯрои машваратии нахустини имсола оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар доираҳои тиҷоратии ҷаҳон ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.




«Дар ҷаласаи шӯрои имрӯза таҳти раёсати президенти Тоҷикистон барои расидан ба комёбиҳо дар ин самт заминаи мустаҳкам гузошта шуд», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки фармон дар бораи мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароитҳои хеле мусоид фароҳам хоҳад сохт.



«Хурсандиовар аст, ки дар қатори намояндагони сохторҳои давлатӣ намояндагони бахши соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон низ узви шӯро гаштанд», – афзуд М.Хонма.



Дар ҳамин ҳол, раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева, ки яке аз аавлинҳо шуда миёни соҳибкорон узви шӯрои машваратӣ гардид, гуфт, ки аз фаъолияти шӯро умеди калон дорад. «Миёни ҳукумат ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтушуниди созанда оғоз шуд ва бовар дорем, ки минбаъд тартиби бақайдгирии шахсони хуқуқӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои гумрукӣ бамаротиб осонтар карда мешаванд», – афзуд ӯ.


Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ба деҳқонони Суғд парвариши навъҳои нави помидорро барои коркард меомӯзонад

0



Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»




Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ

(



IFC) , узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки Умумиҷахонӣ дар хоҷагии деҳқонии «Мукаррамов»-и ноҳияи Исфара семинаре оид ба парвариши навъҳои нави помидор барои коркард гузаронид.

 






Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи корпоратсия Муҳиддин Тоҷиев хабар дод, ки мақсади гузаронидани семинар баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба парвариши навъҳои нави помидор барои коркард буд. Дар семинар тақрибан 30 нафар фермерон аз хоҷагиҳои деҳқонии гуногуни ноҳияои Исфара ва Конибодом, инчунин намояндагони Ташкилоти MEDA –и Канада, ки дар вилояти Суғд якчанд лоиҳаҳо оид ба соҳаи кишоварзӣ амалӣ намуда истодааст, иштирок карданд.

 




Агрономҳои IFC дар баромади худ оид ба навъҳои гуногуни помидор ва технологияи парвариши навъҳои гибридӣ барои коркард, тарзи истифодаи нуриҳо ва инчунин муҳофизати растании помидор аз ҳашаротҳои зараррасон нақл карданд.

 





        

Аз сабаби он, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷиҳати дастрасӣ ба технологияи муосир танқисӣ кашида истодааст, IFC инчунин кӯшиш мекунад, то ба фермерон барои дарёфт намудани таҷҳизот ва технологияи нав бо

 

нархи дастрас кӯмак расонад. Бо чунин мақсад ташкилотчиёни семинар намояндаи ширкати эронии «Хуросон»-ро, ки яке аз ширкатҳои пешқадам оид ба таъминоти техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои баромад кардан оид ба молои ширкат ва тарзи хариди он дар асоси лизинг даъват карданд.

 




Дар охири семинар иштирокчиён аз қитъаи намунавии Лоиҳа дар хоҷагии деҳқонии «Мукаррамов» дидан намуданд, ки ин ба онҳо имконият дод, то бубинанд, ки дониши назариявии дар семинар гирифтаи онҳо чӣ гуна дар амал татбиқ шуда истодааст.

 




Мувофиқи гуфтаҳои мутахассиси IFC Муҳаммадҷон Эшбадалов, соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ гуногун карда шуда истода, ба парвариши гибридҳои нави помидор барои коркард эътибори хоса дода шуда истодааст. «Барои ин дар мамлакат, хусусан қисми шимолии он ба шарофати иқлим ва захираҳои мавҷудаи оби шароитҳои мусоид вуҷуд дорад ва мо умедворем, ин семинар ба фермерон барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва инкишофи соҳаи мазкур дар шимоли мамлакат кӯмак хоҳад расонд», – илова кард ӯ.

 





            

«Хусусан баромад дар бораи ҳашаротхои зараррасон ва роҳҳои мубориза бо онҳо хеле муфид буд, зеро ҳоло аз сабаби ивазшавии иқлим ҳашаротҳои гуногун пайдо шудаанд ва онҳо барои гирифтани ҳосили баланди помидор имкон намедиҳанд. Имрӯз бошад, ман дар бораи роҳҳои мубориза бо ин ҳашаротҳо маълумоти зиёд гирифтам» – мегӯяд иштирокчии семинар, раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Конибодом Зӯҳро Ҳакимова.

   






Маълумотнома:








IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.