Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо наврасону афроди бепарастори пойтахт сӯҳбатҳои муфид карданд

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар бозорҳои «Саховат», «Ганҷина» ва боғи истироҳати «Дӯстии халқҳо» бо афроди бепарастор ва ноболиғони пойтахт оид ба зарари истеъмоли маводи мухаддир, гирифторӣ ба бемории СПИД ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он сӯҳбатҳои муфид анҷом доданд.




Аз дафтари матбуоти агентии номбурда изҳор доштанд, ки зимни сӯҳбатҳо бо ноболиғон ва волидайни онҳо кормандон доир ба зарари истеъмоли нашъа, гирифторӣ ба бемории СПИД ва дигар амалҳои номатлуб маълумоти дақиқу муфид пешкаш карда, ба ҷавонон талқин намуданд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд.



Дар анҷом ба ҷавонону наврасон дастуру варақаҳо оид ба ин мавзӯъ тақсим карда шуданд.


Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд

0


Хуҷанд. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд.




Аз Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аксари қаламрави вилоятро тарккардагон барои кор ба хориҷи кишвар ба сафар баромаданд, вале миёни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки ба таҳсил ё иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба давлатҳои дигар рафтаанд.



«Дар байни ба хориҷа рафтагон 130 ҳазор нафарашон мардон ва беш аз 20 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, – идома дод манбаъ. – Зимни таҳлили равандҳои муҳоҷират ҳамчунин ошкор гашт, ки аз шумораи умумӣ беш аз 10 ҳазор нафари онҳо афроди ноболиғ ҳастанд».



Тибқи маълумоти кумитаи омори вилояти Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар минтақа 148,30 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 38,9 дарсад афзудааст.


Дар Тоҷикистон ба баргузории санҷиши фаъолияти бахши соҳибкории хурду миёна мораторий эълон шуд

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006 дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёна манъ карда шуданд.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз фармони мазкур дастгирии рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон аст.



Ба иттилои манбаъ, мораторий ба муддати ду сол эълон гардидааст.



Дар ҳамин ҳол, мувофиқи фармон, мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки мувофиқи қонунгузорӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад.

 




«Ба мақомоти санҷишии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд, – изҳор дошт манбаъ. – Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати се моҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба нишондодҳои фармони мазкур мутобиқ гардонида, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро мувофиқи фармон таҳия созад ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд».


Э.Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии СҲШ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода ш

0


            Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ)-ро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.




Зимни сӯҳбат байни сарвари давлат оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва масоили рӯзномаи он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт зоҳир гашт.



Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии

 

СҲШ оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад.



Ба андешаи ӯ баҳри пурзӯр намудани амнияти минтақавӣ СҲШ бояд Афғонистонро ҳарчи бештар ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба ӯ кӯмакҳои бевоситаи суроғавӣ расонад.



Сарвари давлати Тоҷикистон таъсиси ҳарчи зудтари Хазинаи рушд ва Клуби энергетикии СҲШ-ро дар баробари Иттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои соҳибкории ин созмон, ки аллакай хуб фаъолият доранд, вазифаи бағоят муҳим арзёбӣ намуд.



Табодули судманди афкор ҳамчунин атрофи густариш додани ҳамкориҳои минтақавии нақлиётӣ ва истифодаи пурсамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва робитаҳои СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Вазири иқтисоди Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки камобӣ дар минтақаи шимоли кишвар боиси норасоии орд ва зироати ғалладона дар ҷумҳурӣ шуда наметавонад.




«Ҳарчанд дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст», – гуфт ӯ ва афзуд ки истеҳсоли зироати ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.



Вазир гуфт, ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захоири давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд кард.



Ба гуфтаи вазир, вазорат ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол кардааст, ки дар он аз 20 то 10 дарсад коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти зироати ғалладона ба кишвар пешниҳод шудааст.



«Кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд», – гуфт Ғ.Бобозода ва афзуд, ки айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.



«Дар Тоҷикистон зироати ғалладона ба миқдори кофӣ захира шудааст ва ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт», – баён дошт дар анҷом вазир.


Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $1,2 млрд. баробар аст

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.




«Имрӯз ҳамаи қарзҳо мувофиқи мӯҳлат ва нақшаи пешбинишуда пардохта мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин фоизҳои қарз низ саривақт пардохта мешаванд.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон имрӯз қодир аст пардохти воситаҳои қарзиро дар мӯҳлати муайянгардида мувофиқи шартномаҳои мавҷуда таъмин созад.



С.Наҷмиддинов изҳор дошт, ки қарзҳои гирифтаи ду соли ахир, қабл аз ҳама, барои рушди соҳаи энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳо, таъмини амнияти ғизоӣ ва қисман ба тараққии соҳаҳои маорифу тандурустӣ истифода шуданд.



Ёдрас мекунем, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2008 $1 млрд. 223 миллионро ташкил медод.


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳои созмонро пазируфтанд

0




Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо имзои пешниҳоду тавсияҳо ба рӯзнома ва таҳияи асноди ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ба анҷом расид.




Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки қарорҳои ҳамоиши Бишкек муваффақона иҷро мешаванд ва оид ба масоили байнулмилалӣ мавқеи ҷонибҳо ба ҳам наздик аст. Ӯ боварӣ изҳор намуд, ки Шартнома оид ба ҳамкориҳои дарозмуддат муваффақона амалӣ карда хоҳанд шуд.



Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, ҷонибҳо қарор додаанд, муносиботи ҳамкориро бо созмонҳои байнулмилалӣ вусъат бахшида, механизми шарикии созмонро зудтар татбиқ намоянд. Мавсуф зикр кард, ки СҲШ дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Афғонистон фаъолона иштирок хоҳад кард.



Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев таъкид сохт, ки дар СҲШ фазои ҳамкориву ҳусни тафоҳум ҳукмфармост.



Вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечин қайд кард, ки кишвараш

 

муносибот бо давлатҳои узви СҲШ-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мекунад.



Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эднан Қаробоев изҳор дошт, ки дар ҷаласа масъалаи зарурати ҳамкорӣ дар истифодаи захоири маводи сӯзишвориву энергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои нақлиётӣ муҳокима шуданд. Бо ташаббуси Қирғизистон масоили мушкилоти истифодаи обу нерӯи барқ ва инчунин тавсиаи иштироки кишварҳои нозир дар фаъолияти созмон низ матраҳ гардиданд.



Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар чаҳорчӯбаи фаъолияти созмон тамриноти муштараки зиддитеррорӣ ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир

 

ва аслиҳаву муҳимот идома хоҳанд ёфт. Ба С.Лавров чунин суол доданд: «Оё Эрон ба узвияти СҲШ қабул карда мешавад?». Посух чунин буд: «Мо роҳу воситаҳои иштироки воқеъии кишварҳои нозирро дар лоиҳаҳои гуногуни СҲШ баррасӣ кардем».



Дар робита ба ин мавзӯъ котиби генералии СҲШ Болат Нургалиев изҳор дошт, ки аз ҷониби Эрон дархостнома ирсол шудааст, аммо дар муқаррароти созмон бобати дар фосилаи муайяни вақт муҳокима шудани чунин масъалаҳо ишораи мушаххас мавҷуд нест. «Эрон чун кишвари нозир метавонад дар тамоми навъ ва шаклҳои фаъолияти созмон иштирок кунад», – таъкид сохт ӯ.



Рӯзноманигорон оид ба баррасии мушкилоти нерӯи барқи Тоҷикистон суол доданд ва вазири корҳои хориҷии Чин ба он чунин посух дод, ки дар ҷаласа масъалаи мазкур муҳокима нагардидааст. «Ман имрӯз сафари расмии худро ба Тоҷикистон шурӯъ менамоям ва дар чаҳорчӯбаи он мо масоили муносиботи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масоили соҳаи энергетика ва иқтисодро низ баррасӣ хоҳем кард», – афзуд Ян Тсзечин.



Айни замон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доранд.


Дар Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд.




Мири шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки иҷрои корҳои сохтмонии маҳаллаи аҳолинишини биноҳои истиқоматии баландошёнаро муассисаи «Кӯлобдеҳсохтмон» ба зимма гирифтааст.



Ба қавли мири шаҳр, мувофиқи пешбинии нақшаи генералӣ соли 2025 аҳолии шаҳри Кӯлоб ба 250 ҳазор нафар мерасад ва айни замон аллакай талабот ба манзили зист афзудааст. Аз ин рӯ мебояд аз тамоми имконот истифода намуд.



Мавсуф изҳор дошт, ки беш аз 3000 сокинони шаҳр оид ба ҷудо кардани қиътаи замин ба мақомот муроҷиат кардаанд ва айни замон ҳамаи корҳои омодагӣ барои ба гурӯҳи нахустин ҷудо кардани замин ҷиҳати бунёди манзили зист ба анҷом расидаанд.



Раиси шаҳри Кӯлоб таъкид сохт, ки имрӯз барои ҳама замин басанда нест ва санҷиш ҳам ошкор сохтааст, ки аксари бо ариза муроҷиаткардагон низ имконоти молиявии мустақилона сохтани манзили зистро надоранд.



«Онҳоро лозим аст ба сохтмони тарзи ипотека кор гиранд, зеро дар он пешниҳоди қарз барои пардохти арзиши манзили зист пешниҳод мегардад», – афзуд ӯ.


Дар Пуғус Барномаи ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба имзо мерасад

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-плюс – Имрӯз дар бӯсонсарои Пуғус аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ян Тсзечин ба имзо расидани Барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин барои солҳои 2008-2009 дар назар аст.




Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки барнома нимаи дуввуми рӯз зимни мулоқоти дуҷонибаи вазирони ҳар ду кишвар ба имзо мерасад.



Боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Чин аз Тоҷикистон пагоҳ оғоз мегардад. Интизор меравад, ки мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов доир хоҳад гашт. Дар нимаи дуввуми рӯз вазири корҳои хориҷии Чин ба ватан бармегардад.



Ёдрас мекунем, ки Ян Тсзечин дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ бо ҳамтоёни худ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок дорад.


Дар қисмати ҷануби кишвар шаҳрванди Афғонистон бо 36 кг маводи мухаддир боздошт шуд

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ расид, ки зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон Ҳабибраҳмон валади Умбегалӣ боздошт шудааст.




«Зимни кофтуков аз ӯ ба миқдори


36 кг

маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд, ки 30 килои он маводи сахттаъсири ҳероин буда, боқимонда канабис мебошанд», – изҳор дошт манбаъ.



Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ҳарчанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсоя эълом доштаанд, ки аз 34 вилояти мавҷудаи кишвар дар 22-тоаш кишти кӯкнорро ба пуррагӣ нест карда бошанд ҳам, тибқи нишондоҳои нимсолаи аввал тамоили афзоиши қочоқи он мушоҳида мешавад, зеро дар манотиқи ҷануби Афғонистон кишти маводи нашъаовар хеле зиёд аст.