Соли равон дар Суғд фаъолияти се гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир қатъ карда шуд

0



Хуҷанд. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 16 ҷиноятро ошкор ва фаъолияти се гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи мухадирро қатъ сохтанд.






Мувофики маълумоти раёсати номбурда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 332 килову


120 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки

129 кг

332 грамми он героин аст.





«Дар фурудгоҳи Хуҷанд кӯшишҳои интиқоли маводи мухаддир ба шаҳрҳои Маскав ва Новосибирски Русия ҷилавгирӣ карда шуданд, – изҳор доштанд дар раёсат. – Дар маҷмӯъ, дар ин ҷо 6 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор гардида, 7 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла се нафар занон боздошт шуданд».





Дар қаламрави Федератсияи Русия дар нимсолаи аввал 11 нафар шаҳрвандони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд, ки чор нафари онҳо сокинони ноҳияи Мастчоҳ, се нафар аз Спитамен, ду нафар аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як нафар сокини шаҳри Панҷакент мебошанд.





То ҳол дар вилояти Суғд амалиёти густардаи «Кӯкнор-2008» идома дорад, ки дар баробари кормандони агентӣ дар он намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекунанд. Зимни баргузории амалиёт дар заминҳои бесоҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони

9,7 гектар

кишти бангдона ошкор гардида, беш аз 1 млн. 236 ҳазор ниҳоли он нест карда шуданд.






 


Муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод ба ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд

0



Кӯлоб. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод Ҳайдар Раҳимов иҷозат дод.






Муовини додситони вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки нисбат ба боздоштшуда аз рӯи амалҳои ҷой доштани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.





Ба гуфтаи додситон, Ҳ.Раҳимов ба ивази 1,2 ҳазор доллари амрикоӣ ба яке аз сокинони ҷамоат ҷудо кардани қитъаи заминро ваъда додааст.





«Сокини ҷамоат, ки бо ҳар роҳу восита мехост соҳиби қитъаи замин шавад, огоҳ набуд, ки муовини раиси ҷамоат чунин салоҳият надорад, – идома дод сарчашма. -Чун пешпардохт ӯ ба Ҳ.Раҳимов 400 доллари амрикоӣ медиҳад, вале дар мӯҳлати муқарраргашта қарори ҷудо намудани қитъаи заминро ба ӯ намедиҳанд ва ҷабрдида маҷбур мешавад, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд».





А.Розиқов ҳамчунин зикр кард, ки тафтишот ба зиммаи шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб вогузор гаштааст.



Э.Раҳмон бо намояндагони гурӯҳи чанде пеш ба ҳукумат бо арзу шикоят муроҷиат карда мулоқот намуд

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як

 

гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои обрӯманди ин диёр иштирок доштанд.






Дар вохӯрӣ нахуст ахбори

 

роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омӯзиши вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳри Хорӯғ – Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов шунида

 

шуд.





Зикр гардид, ки имрӯз оид ба масъалаҳои

 

ҳалталаб қарорҳои

 

дахлдор қабул гашта, вазъият пурра зери назорат қарор гирифтааст.





Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар ҳудуди ВМКБ

 

фаъолияткунанда

 

таъкид дошт, ки пеш аз ҳама худашон дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошанд ва онро аз дигарон низ талаб кунанд.





Нафароне, ки бо арзу шикоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, дар назди Сарвари

 

давлат изҳор доштанд, ки ба халқу Ватани худ ҳаргиз хиёнат намекунанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро ҳамеша азизу гиромӣ медоранд.


Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Муовини вазири кишоварзӣ: Истеҳсоли тухм дар Тоҷикистон 25 фоизи талаботи аҳолиро қонеъ месозад

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 16 корхонаи паррандапарварии кишвар ҳудуди 27 млн. дона тухм истеҳсол шуд. Дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров изҳор дошт, ки то охири ҳамин сол боз чаҳор корхонаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритӯс ба фаъолият шурӯъ мекунанд.






Ба қавли М.Қодиров истеҳсоли тухм дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 6 млн. дона афзудааст. Зикр гардид, ки айни замон дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 856 ҳазору 491 сар мурғ нигоҳ дошта мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 291 ҳазор сар зиёдтар аст.





Мувофиқи маълумоти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, миқдори умумии тухми истеҳсолшуда дар ин давра ҳамагӣ 25 фоизи талаботи аҳолии кишварро қонеъ месозад.



Президенти Тоҷикистон аз рушди ноҳияи Рӯшони ВМКБ изҳори қаноатмандӣ кард

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

зимни суханронӣ дар назди аҳолии ноҳияи

Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 

 аз рушди ноҳияи мазкур изхори қаноатмандӣ кард.

 

Дар суханронии ӯ, аз ҷумла гуфта мешавад:






– Дар ҷараёни сафари худ ман аз татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ, ки дар доираи он имрӯз дар ҳудуди ноҳия як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, биноҳои нави «Агроинвестбонк» ва идораи молияи ноҳия ба истифода дода шуда, сохтмон ва таъмиру азнавсозии як қатор иншооти истеҳсоливу муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи самарабахши заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ торафт вусъат ёфта истодааст, бисёр хушҳол ва қаноатманд гардидам.





Ҳадафи асосӣ аз сафари ман ба вилоят, аз ҷумла ба ноҳияи Рӯшон шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумати кишвар, барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо ва суръати тоза бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.





Бояд зикр кард, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯшон дар давоми 16 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ

 

зиёда аз 36 миллион сомонӣ

 

сарф карда шудааст.





Ҳамчунин дар ин муддат барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ва тараққиёти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 17 миллион сомонӣ

 

ҷудо гардидааст.





Танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят барои буҷети ноҳия 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок дода шудаанд, ки ин ҳама аз дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва ғамхории он ба ноҳияи шумо гувоҳӣ медиҳад.





Дар шароити кӯҳистон яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки мо онро ҳадафи худ қарор додаем, оқилона ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи замин мебошад.





Бо мақсади фароҳам овардани имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дар давоми ду соли охир ҳолати мелиоративии


60 гектар

замин беҳтар карда шуда, тибқи қарори Ҳукумати мамлакат

 

«Дар бораи тасдиқи Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» азхудкунии боз

60 гектар

замини нав дар назар дошта шудааст.





Дар баробари ин, тибқи лоиҳаи Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ бо сарфи беш аз сеюним миллион сомонӣ азнавсозии шабакаҳои обёрикунанда ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии

1200 гектар

замини ноҳия оғоз гардидааст, ки ин бешубҳа, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.





Ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия канали Рошорв сохта шуд, ки барои обёрӣ кардани

800 гектар

замин имкон фароҳам овард.





Инчунин дар мавзеи Вомари ноҳия бо маблағҳои давлатӣ қариб якуним километр соҳилҳо мустаҳкам карда шуданд.





Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти ноҳия мебошад.





Дар давоми 16 сол дар қаламрави ноҳия 24 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсолии онҳо беш аз якуним ҳазор

 

киловатт-соатро ташкил медиҳад.





Барои беҳбуди таъминоти ноҳияҳои кӯҳистон бо нерӯи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои об тибқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020-ум дар қаламрави ноҳия сохтмони боз ду

 

нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.





Ҳамзамон бо мақсади дар ҳудуди ноҳия ба иқтидори истеҳсолии то 100 мегаватт бунёд намудани нерӯгоҳи барқи обии «Санобод», ки арзиши корҳои сохтмони он 412 миллион сомонӣ буда, барои бо барқ пурра таъмин шудани вилоят, инчунин содироти он имкон медиҳад, таҳияи лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ шурӯъ гардидааст.





Дар баробари ин, дар оянда дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ванҷ сохтмони корхонаҳои саноатии истеҳсоли семент, хишт ва коркарди санги мармар низ ба нақша гирифта шудаанд.





Вобаста ба ин, ҳоло ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масъалаҳои коркарди канданиҳои фоиданоки кони Икарро ҳаллу фасл намояд.





Барои дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар густариш ёфтани соҳибкории хурду миёна мо тавассути бонкҳо додани қарзҳои хурдро тадриҷан вусъат дода истодаем.





Дар давоми шаш моҳи охир бо ин мақсад дар ноҳия аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи зиёда аз чор миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки

 

ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта

 

56 фоиз зиёд мебошад.





Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бонкӣ дар ноҳия дар тӯли се соли охир 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Албатта, ин ҳанӯз қонеъкунанда нест ва мо ин корро идома медиҳем. Ҳоло ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки то мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ барои дар соли 2009 якуним баробар зиёд кардани ҳаҷми қарзҳо мусоидат намояд.





Ҳамзамон бо ин, афзоиши 60-каратаи ҳаҷми қарздиҳӣ дар соли 2007 нисбат ба соли 2004 дар ноҳия шаҳодати мавҷуд будани имкониятҳои иловагии рушди қарздиҳӣ мебошад.





Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорат аз болои истифодаи мақсадноки қарзҳои пешниҳодшуда ва таъмини самарабахшии онҳо пурзӯр намоянд.





Давлат ва Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода,

 

дар ин ҷода тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонад.





Дар ин замина мо дар ноҳияи Рӯшон дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф ва тандурустиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутаносибан чоруним ва чор маротиба зиёд кардем.





Имсол низ ҳаҷми он нисбат ба соли гузашта мутаносибан 40 ва 62 фоиз зиёд мебошад.





Илова бар ин, бо дарназардошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳанг таъмиру азнавсозии онҳоро ҳам бо маблағҳои давлатӣ ва ҳам дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадриҷан вусъат дода истодаем.





Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия барои ислоҳот ва беҳбудии вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

 

як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.





Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар қаламрави ноҳия сохтмон ва таъмиру таҷдиди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ сурат мегиранд.





Аз ҷумла, Вазорати маориф вазифадор аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 31-ро суръат бахшад.





Ҳукумати кишвар пайваста азму талош дорад, ки ноҳияи Рӯшон низ дар қатори дигар ноҳияҳои мамлакат тараққӣ карда, ободу зебо шавад, сатҳ ва сифати зиндагии сокинонаш баланд гардад.





Барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳия захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Истифодаи самараноки онҳо пеш аз ҳама ба меҳнату азму талош, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯшон вобаста аст.





Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҷурми ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд

0



Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси мудири кафедраи забони англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шариф Муродов иҷозат дод.






Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Ш.Муродовро ҳангоми гирифтани пора аз довталабе ба миқдори $800 кормандони минтақавии Агентии назораи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт намудаанд.





Ба гуфтаи муовини додситон, зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ аз боздоштшуда боз $2,5 ҳазор маблағ дарёфт гардид. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 




Дар ҶСК «Бонки Эсхата» низоми нави иттилоотӣ ҷорӣ мегардад

0



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата», ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, марҳилаи аввали ҷорӣ намудани комплекси нави иттилоотӣ (Платформаи рушд дар заминаи


Oracle


) ба анҷом расид.






Аз бонки мазкур хабар доданд, ки фаъолияти муассисаи молиявии мазкур ба платформаи сермаҳсули


IT


гузаронида шуд, ки иқтидори васеи низоми идоракунии тиҷоратиро доро мебошад.





«Дар «Бонки Эсхата» ҷорӣ намудани низоми нави асосии бонкӣ дар чаҳорчӯбаи таҷдиди мустақими зерсохтори


IT


-и мавҷудаи ташкилоти қарздиҳӣ амалӣ мегардад, – иттилоъ дод сарчашма. –

 

Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи самаранок дар бозор, ба бонк ҷорисозии низоми пуриқтидори марказонидашудаи иттилоотӣ зарур омад, то барои амалисозии тамоми амалиёти бонкӣ, фаъолияти баҳисобгирӣ дар як фазои иттилоотӣ ва таъмини фаврияти баланди назорати пурмаҳсули шӯъбаҳои бонк ва воҳидҳои он имкон фароҳам созад».






Маълумотнома:



ҶСК «Бонки Эсхата» моҳи ноябри соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Бонки Милли Тоҷикистон соли 1994 ба бонк иҷозатнома барои фаъолиятро додааст.


Бонк дар қаламрави ҷумҳурӣ 8 шӯъба дорад.


Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, сармояи оинномавии бонк ба санаи 1-уми майи соли 2008 13 млн. 480,5 ($3,9 млн.) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи танзимшавандаи бонк ба 31.млн. 474.5 ҳазор ($9,2 млн.) сомнӣ баробар аст. Моҳи декабри соли 2006 Бонки таҷдид ва рушди Аврупо саҳмиядори ҶСК «Бонки Эсхата» гардид.






 


Дар водии Бартанги Бадахшон НОБ-и хурди навбатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

0



Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар деҳаи Бардараи водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» мавриди истифода қарор гирифт, ки бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон сохта шуд.






Муҳандис ва менеҷери барномаи Бунёди Оғохон Хӯчамёр Хумориқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нерӯгоҳ бо иқтидори 160 кВт дар муддати ду сол бунёд ёфта, маблағи сохтмони он $187 ҳазорро ташкил медиҳад, ки $7 ҳазори онро сокинони деҳа маблағгузорӣ карданд.





Сокини деҳа Султоншо Маҳмадбеков мегӯяд, ки «истифодаи қувваи барқи нерӯгоҳ имкон фароҳам месозад, ки натанҳо хонаҳо равшан бошанду ғизо омода созем, балки аз тамошои барномаҳои телевизион низ баҳра бардорем».





Ба гуфтаи Х.Хумориқов, ин ҳаштумин нерӯгоҳи хурдест, ки бо дастгирии барномаи Бунёди Оғохон дар водии Бартанг сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, аз соли 1997 то имрӯз бо ширкати барнома ва дастгирии созмонҳои байнулмилаливу саҳми сокинони маҳал 29 адад нерӯгоҳҳои обию барқии хурд (аз 30 то 300 кВт) бо иқтидориумумии 2,5 ҳазор кВт ба истифода дода шуданд, ки аҳолии беш аз 30 деҳаҳоро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.





«Илова бар ин, мо ба масофаи тақрибан


30 км

хати интиқоли барқ гузаронидем», – гуфт ӯ. Дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» вазири энергетика ва саноати ҶТ Щералӣ Гул, роҳбарони Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мунир Меҳралӣ ва Ёдгор Файзов иштирок карданд.



Дар Шӯрообод бемори нахустини СПИД ба қайд гирифта шуд

0


Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бемори нахустини вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) ба қайд гирифта шуд. Сарчашма аз Маркази муқобилат ва пешгирии ВНМО/БНММ-и минақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҷавонзани гирифтори чунин бемориро шавҳараш барои ташхис ба марказ овардааст ва худаш бо натиҷаҳои ташхис шинос нашуда, боз ба Русия рафтааст. Шавҳари ҷавонзан чанде қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргашта буд.






Ҳамин тариқ, аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ин нӯҳумин ноҳияест, ки дар он чунин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Бақайдгирӣ соли 2003 оғоз гардида, то имрӯз дар ноҳияҳо 155 нафар чунин беморон мавҷуданд, ки аз онҳо 135 нафарашон мардон ва 3 нафарашон кӯдакони синни 15 сола мебошанд.





Шумораи чунин беморон дар ноҳияҳо ба таври зайл аст: дар шаҳри Кӯлоб – 119 нафар, ноҳияи Восеъ – 7 нафар, Кӯлоб – 6 нафар, Ҳамадонӣ – 4 нафар, Фархор ва Мӯъминобод – 3 нафарӣ, Данғара – 2 нафар, Темурмалик ва Шӯрообод – 1 нафарӣ. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Балҷувон ва Ховалинг алҳол чунин беморон ба қайд гирифта нашудаанд. «Аз соли 2003 то имрӯз ба иллати касалиҳои гуногун 25 нафар гирифторони чунин беморӣ фавтиданд ва 11 нафар табобати эҳёгарии зиддивирусӣ мегиранд», – афзуд сарчашма.



Толибилмони Панҷакентро истироҳатгоҳи «Артуч» ба оғӯш гирифт

0



Панҷакент. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Толибилмони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Панҷакент барои истироҳат ба қароргоҳи кӯҳнавардиву сайёҳии «Артуч» рафтанд. Муовини мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Барно Ашӯрова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар он ҷо барои 110 нафар хонандагон ва фарзандони омӯзгорони мактабҳо лагери тобистона ташкил карда шудааст. Иттифоқи касабаи шӯъбаи маориф 70 фоизи арзиши роҳхатхоро пардохтааст.






Ба қавли ӯ, дар назди мактабҳо барои 9 ҳазор хонандагон лагерҳои истироҳатӣ фаъолият мекунанд. «Ҳамчунин барои кӯдакони душвортарбия низ ташкили чунин лагерҳои истироҳатӣ пешбинӣ шудаанд», – афзуд Б.Ашӯрова.