Бонки аввали хурди молиявӣ дар ВМКБ ба маблағи беш аз $5 млн. қарз ҷудо кардааст

0



Хоруғ. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Таи 6 моҳи соли 2008-ум бахши Бонки

 

аввали хурди молиявӣ дар шаҳри Хоруғ ба маблағи

 

беш аз $5,3 млн. ба муштариёнаш қарз ҷудо кардааст.






Ба гуфтаи сардори шӯъбаи бонк Саидшариф Бошхуҷаев, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $1 млн. 235 ҳазор зиёдтар будааст.





«Аз қарзи бонкӣ 3,2 ҳазор сокинони вилоят истифода кардаанд, – изҳор дошт С.Бошхӯҷаев. – Бештари қарзҳо асосан ба максади рушди барномаҳои тиҷоратӣ (беш аз 2 млн. 446 ҳазор сомонӣ

 

ва $1 млн. 370 ҳазор) ва кишоварзӣ (беш аз 2 млн. 539 ҳазор сомонӣ ва $1 млн. 522 ҳазор) ихтисос дода шудаанд».



Ду нафар чеварони ҷавони Кӯлоб ба Эрон мераванд

0



Кӯлоб. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Кӯлоб 160 нафар духтарон курсҳои 3-моҳаи дӯзандагиро, ки Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) ташкил дода буд, хатм карданд.






Ба ду нафар духтарон мошинаҳои дӯзандагӣ тақдим гардида, онҳо барои саёҳат ба Эрон даъват карда шуданд.





Дар маросими супоридани гувоҳнома намояндагони сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон ва роҳбарони намояндагии кумитаи мазкур дар ҶТ иштирок карданд.





Айни замон қабули духтарон ба курсҳои навбатии омӯзишӣ оғоз ёфт.





Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҷуз ташкили курсҳои омӯзишӣ, ба 850 оилаҳои бесаробон, яккаву танҳо ва ятимон бо маводи ғизо ва дигар лавозимоти зарурӣ кӯмак мерасонад.

 




Бинои яке аз театрҳои қадимтарини ҷумҳурӣ ба таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад

0



Конибодом. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бинои театри давлатии мусиқӣ ва драмавии ба номи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, ки солҳои 30-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба азнавсозӣ ва таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад.






Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова мегӯяд, ки дар муддати тамоми фаъолияти театр якчанд маротиба таъмири ҷорӣ гузаронида шуда буд, вале барои таъмири асосӣ маблағ кифоя намекард.





Ба гуфтаи ӯ, шӯъбаи фарҳанги шаҳр ба вазорати фарҳанг ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои таъмир муроҷиат кард.





«Гап сари он аст, ки барои сохтмони бинои нав маблағи хеле зиёд зарур аст, вале алҳол метавон дар бинои кӯҳнаи театр таъмири асосӣ гузаронид», – идома дод З.Раҳимҷонова.





Дар ҳамин ҳол, ба қавли ӯ, нисбат ба солҳои пешин маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ ба соҳаи фарҳанг афзудааст.





«Соли равон барои таъмир ва бою ғанӣ гардонидани фонди адабиёти китобхонаи марказии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз буҷаи Вазорати фарҳанг 13,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, – гуфт мудири шӯъбаи фарҳанг. – Барои мактаби нави санъати кӯдакона, дастрас кардани нақлиёт барои ҳунармандон ва харидории сарулибоси театрӣ аз буҷаи вилоятӣ ва шаҳрӣ мутаносибан 50 ҳазор ва 37,4 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд».





«Дар навбати худ дастаҳои ҳунарӣ ва кормандони мо дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҷассамаву ёдгориҳои боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳрро барқарору таъмир сохтанд», – афзуд З.Раҳимҷонова.






 


Вазорати кишоварзии ҶТ бо маблағи бурси Бонки рушди Осиё 1 ҳазор тонна тухмии ғалладона мехарад

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад.






Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди баррасӣ қарор гирифт.





Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳаҷми хисороти расида ба соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот гузаронида, муайян карданд, ки он ба 320 млн. сомонӣ баробар аст.





«Зимни мулоқот қайд гардид, ки аз ҳама бештар зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ зарар дидаанд, ки маблағи он 70 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт сухангӯи вазорат.





Н.Додобоев изҳор дошт, ки дар оянда баррасии пешниҳоди вазорат бобати ҷудо кардани беш аз $400 млн. ҷиҳати таъминот бо тухмии ғалладонаи тирамоҳӣ, техника ва татбиқи барномаи рушди зерсохтори бахши кишоварзӣ дар назар аст.





«Вазорат ният дорад, бо ин маблағ аз Русия тухмии гандуми навъи краснодариро, ки ҳосилнокиаш ба 40 сентнер баробар аст, харидорӣ намояд», – зикр кард Н.Додобоев ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳӣ 50 ҳазор тонна тухмии ғалладона зарур аст.



Дар соҳаи тандурустии ҶТ рамзи шартии ягонаи айнияти хизматрасонии тиббӣ ҷорӣ мегардад

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии тарзи бақайдгирии беморон ва баҳисобгирии хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз рамзи шартии ягона зимни расонидани кӯмаки тиббии махфӣ ба беморон баргузор мешавад.






Ассистенти барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ» Бахтиёр Тӯраев хабар дод, ки маросими муаррифӣ аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи


USAID


оид ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Ӯзбекситон, Тоҷикистон ва минтақаи водии Фарғонаи Қирғизистон, ки Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди Мусоидат – Тоҷикистон амалӣ месозад, созмон дода шудааст.





«Рамзи шартии ягона аз ҳуруф ва рақамҳо иборат буда, фардӣ ва беназир аст, зеро дигарон имкон надоранд ба кӣ тааллуқ доштани онро муайян намоянд», – гуфт Б.Тӯраев.





Ба қавли ӯ, чунин тарзи кор бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чун нашъамандон ва беморони ВИЧ/СПИД хеле таъсирбахш аст.





«Низоми истифодаи рамзи шартии ягонаи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Суғд мавриди амал қарор дода шуда буд ва самараи хуб овард, – идома дод Б.Тӯраев. – Аз ин рӯ, Вазорати тандурустии ҶТ пешниҳод сохт, ки чунин низоми хизматрасонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад».





Интизор меравад, ки дар маросими муаррифӣ намояндагони Вазорати тандурурустӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ, Маркази тарзи ҳаёти солим, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандӣ, Маркази мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД, созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байнулмилалӣ иштирок хоҳанд кард.



Инфиҷор дар Кобул зарурати идомаи мубориза бо терроризмро таъкид менамояд, – Э.Раҳмон

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


ҶТ


Эмомал


ӣ


Раҳмон ба раиси


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи ҳамдард


ӣ


фиристод, ки дар он аз


ҷ


умла омадааст:






Мардуми То


ҷ


икистон бо анд


ӯ


ҳи бузург хабари фо


ҷ


иабори инфиҷори мудҳишро дар Кобул, ки му


ҷ


иби шаҳодати теъдоди зиёди

 

мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд. Ин ҳодисаи

 

таасуфангез зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.





Бо изҳори таъзия ва тассалият ба тамоми мардуми д


ӯ


ст ва бародари Афғонистон аз


Ҷ


алолатмаоб хоҳишмандам, ки эҳсоси

 

ҳамдардии моро ба наздикони

 

шуҳадо бирасонанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.






 


Дар Душанбе ҷаласаи шӯрои мудирони Бонки аввалини молиявии қарзҳои хурд баргузор мегардад

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини шӯрои мудирони Бонки аввалини молиявии қарзҳои хурд баргузор мегардад.






Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шӯро аз намояндагони саҳмиядорони бонк – Агентии Оғохон оид ба қарзҳои хурд, Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ва Бонки рушди Олмон иборат аст.





Тибқи маълумоти бонк, то аввали моҳи июн бонк ба беш аз 6,6 ҳазор нафар ба маблағи тақрибан $20 млн. қарз ҷудо кардааст. Боқимондаи сандуқи қарзӣ $28 миллионро ташкил дода, беш аз 20 ҳазор қарзгиронро дар бар мегирад. Боқимондаи сандуқи депозитӣ бошад, ба

 

$11 млн. баробар буда, аз 6 ҳазору 157 нафар қарзгирандагони хурд иборат аст.






Маълумотнома:



Бонки аввалини молиявии хурд соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Ғарм, Кӯлоб ва 32 ноҳияҳо шӯъбаҳои худро ташкил кардааст.






 










 



Гурӯҳи корӣ бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихоботро бояд дастгирӣ мекард, – коршинос

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ягона камбуди асосии кори гурӯҳи корӣ дар он аст, ки онҳо бобати бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихобот ба мувофиқа нарасиданд», – изҳор дошт ҳуқуқшиноси варзида Ашӯрбой Имомов.







 

А.Имомов, ки дирӯз дар маросими ба имзо расидани лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба


Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» чун коршиноси мустақил иштирок кард, изҳор дошт, ки низоми ҷазодиҳӣ дар Тоҷикистон инсонпарварона нест,


«аз ин рӯ, мо бояд онро ба эътибор гирем».



 








«Гап сари он аст, ки муқаррароти мазкури тибқи моддаи 33-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» пешбинишуда, ба меъёрҳои қонунгузории байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, – изҳор дошт ӯ. – Ин дар ҳолест, ки сол то сол сафи шахсони дорои доғи судӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мешавад ва бад ин сурат онҳо аз ҳуқуқи номзадиашонро гузоштан дар интихобот маҳрум мегарданд».





Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни мубоҳисаҳои якмоҳа намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон пешниҳод сохтанд, ки чунин маҳдудият бекор карда шавад, вале аксари иштирокчиён онро дастгирӣ накарданд.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.  



Тайи 6 моҳ дар ҶТ беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ


тайи шаш моҳи соли равон беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил кардааст. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи агентии номбурда муовини директори агентӣ Анвар Бобоев дар ин хусус иттилоъ дод.






Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи пешакӣ аз рӯи Барномаи мусоидати шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 663 адад зиёдтар аст.





«Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, шумораи коргарони кирояи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун соли ҷорӣ ба 1 млн. 33,7 ҳазор нафар расидааст, ки 50,9 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил медиҳад», – гуфт А.Бобоев.





Ӯ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввал агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 73 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кардааст, ки дар он 973 корхонаву муассисот иштирок карда, 14 ҳазору 771 ҷойҳои корӣ пешниҳод сохтаанд.





«2 ҳазору 895 нафар бекорон бо кор таъмин гардида, 779 нафар ба курсҳои омӯзиши касб номнавис шуданд ва 103 нафари онҳо имрӯз пас аз хатми курсҳо соҳиби касбу кори муайяне шудаанд», – афзуд А.Бобоев.





Моҳи август сарони кишварҳои Русия, Чин ва Муғулистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд

0



Душанбе . 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Қабл аз ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ахири моҳи август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарони кишварҳои Русия Дмитрий Медведев, Чин ХуТсзинтао ва Муғулистон Намбарин Энхбаяр ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меоранд.






Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ки сарони кишварҳои номбурда ба сифати сарвари давлат бори нахуст аз Тоҷикистон бо сафари расмӣ боздид мекунанд.





«Айни замон вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ҳамдастӣ бо хадамоти тадорукотии ҷонибҳо барномаи сафари расмии сарони кишварҳои номбурдаро омода месозад», – иттилоъ дод манбаъ.





Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҳамоиши Душанбе ба ҷуз сарони кишварҳои узви созмон (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон) иштироки сарони давлатҳои Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон ва Покистон чун кишварҳои нозир пешбинӣ шудааст. Президентони Туркманистон ва Афғонистон ба сифати меҳмон ба ҳамоиш даъват карда шудаанд.