Home Blog Page 54

Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад

0

Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мешавад, гузашти низомии васеъмиқёс баргузор намешавад. Соли равон ин ҷашнро бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд.

Дар ин бора, аз Вазорати мудофиа ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Аз вазорат гуфтанд, ки рӯзи 23-юми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти асосии ҷашн баргузор мешавад. Ҳоло вақти чорабинӣ маълум нест.

Ҳамчунин, ба муносибати ин рӯз, пагоҳ, 22-юми феврал, соати 9-и субҳ дар боғҳои калони шаҳри Душанбе бо ширкати сарбозону афсарон ва намояндагони мақомот чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки чорабинии асосии шаҳр бахшида ба ин рӯз, 23-юми феврал, соати 10 дар  Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки сарбозону афсарон ва намояндагони ҳукумати шаҳр баргузор мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”

Соли гузашта, ба муносибати Рӯзи таъсисиёбии Артиши миллӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гузашти низомӣ доир гардида буд.

Он замон президент зимни суханронии худ дар назди сарбозону афсарони тоҷик гуфта буд, ки сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Соли 2024 ба ин муносибат гузашти низомӣ баргузор нашуда буд.

Рӯзи 23-юми феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон аз нерӯҳои ҳавоӣ, зиддиҳавоӣ, нерӯҳои хушкигард ва нерӯҳои сайёр иборат аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ

0

Додгоҳи шаҳри Исфара Фирдавс Абдурауфзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро барои қаллобӣ ва фиребу азхуд кардани беш аз 900 ҳазор сомонии сокинон, 52 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд дар хабарномае, ки ҳафтае пеш дастраси “Азия-Плюс” шуд, иттилоъ додааст.

Ҳукми додгоҳ 16-уми декабри соли гузашта содир шудааст. Назари маҳкумшуда дар робита ба ҳукми додгоҳ дастрас нест. Аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Абдурауфзода “моҳи сентябри соли гузашта аз кор рафтааст”.

Ба иттилои Раёсати Оҷонсии зиддифасод, Абдурауфзода ҳангоми кор дар ҳукумати Исфара, аз ҷумла ба ҳайси роҳбари дастгоҳ, “ба чанд сокини ин шаҳр зарари калони пулӣ расонидааст”. 

Аз ҷумла, ба иттилои манбаъ, ӯ бо ваъдаи таъин кардани Раҳимҷон Исмонов, ном шахс, ки ҳамчун шиносаш муаррифӣ мешавад, ба мансаби раиси Идораи замини Исфара ва шарик кардани ӯ дар сохтмони як бино, дар ду ҳолат беш аз 526 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ҳамчунин, ба иттилои ин ниҳод, собиқ раиси дастгоҳи раиси Исфара, аз се сокини дигари ин шаҳр бо ваъдаи ҷудо кардани замин, бо роҳи фиреб беш аз 400 ҳазор сомонӣ гирифта, “ҳамаи ин пулҳоро аз худ кардааст”. Ба иттилои манбаъ, Абдурауфзода аз яке 30 ҳазор сомонӣ, аз дувумӣ, 35 ҳазор доллари ИМА  ва аз сеюмӣ 50 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Маълум нест, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо танҳо соли 2025 рух додаанд ё дар солҳои гуногун.

Алайҳи Абдурауфзода бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 қисмҳои 3 ва 4 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо ҳукми додгоҳи Исфара, ӯ 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудааст. Манбаъ мегӯяд, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати Исфара, зарари расонидаашро пурра барқарор кардааст.

Маълум нест, ки Абдурауфзода то ҳол маблағи ҷаримаро пардохт кардааст ё не.

Боздошт ва муҷозоти масъулини ҳукумати шаҳру навоҳӣ бо гумони қаллобӣ ё гирифтани пора мушкили доғ аст ва ҳамасола садҳо масъули ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар бо ин иттиҳом ҷарима ва ё паси панҷара мераванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти сардори идораи замини Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора

Сафар Салимзода, сардори Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят ва зерсохторҳои он 83 ҷинояти вобаста ба фасод бо ширкати 28 нафар ошкор шудааст.

Қаблан, чанд корманди дигари ин ҳукумат ҳам барои гирифтани пора ва ё қаллобӣ боздошт ва ё ҷарима шуда буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш раиси ин шаҳр хабар дод, ки Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст ва ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.

Аз ин пештар, Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар Суғд хабар дода буд, ки Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини вақти раиси шаҳри Исфара барои фурӯши замин 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд

Муҳаммад Муҳиддинзода ба он гумонбар мешуд, ки ҳамроҳи Насризода Шукрулло, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, Искандар Шафеиён, собиқ мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати шаҳри Исфара ва Шокир Холиқов, директори КВД “Лоиҳакаш”-и ин шаҳр ба чанд нафар ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст

0

То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳадОҷонсии омори кишвар.

Ин нишондиҳанда қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. Яъне афзоиш тайи соли охир ба 2% баробар шудааст.

Шумораи аҳоӣ вобаста ба минтақаҳо ба ҳолати 1-уми январи соли равон:

– вилояти Хатлон 3 млн 878,9 ҳазор;

– вилояти Суғд 3 млн 015,1 ҳазор;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 298,6 ҳазор;

– шаҳри Душанбе 1 млн 291,8 ҳазор;

– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 236,4 ҳазор нафар.

Ҳамин тариқ, 36,2%-и аҳолии кишвар ба сокинони Хатлон, 28,1% ба Суғд, 21,5% ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12% ба  Душанбе ва 2,2% ба ВМКБ рост меояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст

Соли 2025 аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 255,1 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши сабти таваллуд ба ҷуз ВМКБ, дигар дар ҳамаи минтақаҳои сабт шудааст:

– вилояти Суғд 1,4% (62,8 ҳазор таваллуд);

– вилояти Хатлон – 1,9% (105,4 ҳазор таваллуд);

– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (57,9 ҳазор таваллуд);

– шаҳри Душанбе – 0,4% (25,6 ҳазор таваллуд);

– ВМКБ 2% кам шудааст (3,3 ҳазор таваллуд).

Дар муқоиса бо соли 2024, сабти фавтидагон 4,1% афзуда, 34,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сабти фавтидагон дар минтақаҳо нисбат ба соли 2024-ум ба таври зайл афзоиш ёфтааст:

– вилояти Суғд 2,4% (11,3 ҳазор фавт);

– вилояти Хатлон – 4,1% (11,4 ҳазор фавт);

– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (6,8 ҳазор фавт);

– шаҳри Душанбе – 5,1% (3,5 ҳазор );

– ВМКБ – 4,0% (946 фавт).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?

0

Маросими тақдими мукофотпулиҳои президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти  байналмилалӣ дар соли 2025 баргузор шуд.

Аз фонди раисҷумҳури Тоҷикистон барои қадрдонии ғолибону ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин маблағ ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла кушти ҷудо, куштии тарзи озод, куштии юнонӣ-румӣ, муштзанӣ, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг тақдим шуд. Тибқи иттилои расмӣ, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори шинохтаи тоҷик барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонӣ дар вазни 66 кг (Будапешт, 13-20 июни соли 2025) бо 150 ҳазор сомонӣ ва мураббияш – 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд. Ғайр аз ин, барои медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бангкок (25-28-уми апрели соли гузашта) ба варзишгар боз 25 ҳазор сомонии дигар ва ба мураббиаш 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

 

Хусравхон Раҳимов, муштзани тоҷик  барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг (Дубай, 2-13-уми декабри соли 2025) бо 150 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Дорандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон – Обид Ҷебов (66 кг) ва Темур Раҳимов (зиёда аз 100 кг), ҷудокори шинохтаи тоҷик, инчунин Акмал Убайдов (60 кг), муштзани дигари тоҷик ҳар кадоме соҳиби 100 ҳазор сомонӣ шуданд.  Ҳамчунин, Темур Раҳимов барои медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё соҳиби 50 ҳазор сомонии дигар шуд.

Дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё – Виктор Рассадин, куштигири тарзи озод ва Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори овозадори тоҷик соҳиби 50 ҳазор сомонӣ шуданд. Дорандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё – Магомед Евлоев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абӯбакр Шеров, Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокорони тоҷик, инчунин, Шаҳриёр Даминов ва Амир Бобоҷонов, қаиқронони тоҷик ҳар кадоме бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Чунин варзишгарони ҷавони тоҷик барои ғолибият дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мукофотпулӣ гирифтанд:

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавони тоҷик барои медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (Лима, октябри соли 2025) 50 ҳазор сомонӣ ва Лоиқ  Қутбиддинов, ҷудокор баро медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон 37 ҳазору 500 сомонӣ.

Муҳаммадӣ Раҷабов дар, қаиқрони тоҷик барои ду медали тилло ва як нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, инчунин медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар қаиқронронӣ дар маҷмӯъ, 75 ҳазор сомонӣ.

Бахтовар Примқулов, Шоҳҷаҳон Бобоев, Ғаниҷони Шероз, куштигирони тоҷик, Мадина Қурбонзода ва Рошид Неъматов, ҷудокорони тоҷик, инчунин Алишерхудо Холов, Абӯбакр Ғафуров ва Анӯшервон Фозилов, муштзанҳои тоҷик барои гирифтани медалҳои тиллои мусобиқоти Осиё миёни наврасон ҳар кадоме 18 ҳазору 750 сомонӣ.

Дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон бо мукофотпулии аз 12 ҳазору 500 сомонӣ, медалҳои биринҷӣ – 6 ҳазору 250 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин миёни варзишгароне, ки мукофотпулӣ гирифтанд, намоядагони риштаҳои муштзанӣ, ҷудо, куштии тарзи озод ва юнониву румӣ, таэквон-до ва қаиқронӣ ҳузур доранд.

 

Рӯйхати пурраи касоне, ки мукофотпулӣ гирифтанд

Калонсолон

Нуралӣ Эмомалӣ (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон – 150 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи (25–28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣи ( 5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Хусравхон Раҳимов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг (2-13.12.2025, Дубай, АМА) – 150 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Обид Ҷебов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25–28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомон (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд

 

Темур Раҳимов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни +100 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Акмал Убайдов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 60 кг (2-13.12.2025, Дубай, АМА) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор ба мураббӣ)

 

Виктор Рассадин (куштии тарзи озод)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-30.03.2025, Уммон, Урдун) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Сомон Маҳмадбеков (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Магомед Евлоев (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-30.03.2025, Уммон, Урдун) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Шеров (ҷудо)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
То 300 ҳазор сомонӣ, 20 ҳазор доллар ва хона. Ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ кӣ ва чӣ медиҳад?

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҷаҳонгир Маҷидов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов (қаиқронӣ, каноэ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (8-10.05.2025, Нанчан, Чин) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҷавонон ва наврасон

Муҳиддин Асадуллоев (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кг (5-7.10.2025, Лима, Перу) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Лоиқ Қутбиддинов (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар вазни 60 кг (27-31.08.2025, София, Булғористон) — 37 ҳазору 500 сомонӣ (7 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадӣ Раҷабов (қаиқронӣ, каноэ)

Ду медали тилло (С1-1000 м, 200 м) ва нуқра (С1-500 м)-и мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (13-15.06.2025, Районг, Таиланд), медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (марафон) ба масофаи 14,4 км (4-7.09.2025, Дёр, Маҷористон) — 18 ҳазору 750 + 18 ҳазору 750 + 12 ҳазору 500 + 25 ҳазор сомонӣи (15 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Бахтовар Примқулов (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола (5-13.07.2025, Бишкек, Қирғизистон) — 18 ҳазору 750 сомони (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Шоҳиҷаҳон Бобоев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ғаниҷони Шероз (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мадина Қурбонзода (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва нуқра миёни ҷавонон дар вазни 52 кг (11-14.09.2025, Ҷакарта, Индонезия) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ) + 6250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Рошид Неъматов (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 73 кг (11-12.09.2025, Ҷакарта, Индонезия) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Алишерхудо Холов (муштзанӣ)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд

Медали тиллои муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 71 кг (11-23.05.2025, Коломбо, Шри-Ланка) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Ғафуров (муштзанӣ)

Медали тиллои муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 75 кг — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Анӯшервон Фозилов (муштзанӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 54 кг — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Билол Иксанов (муштзанӣ)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 54 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадсултон Султонов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 67 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҳангома Исоева (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 60 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Меҳроҷ Сӯфиҷонов (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 51 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Дамир Муйбалихонов (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 60 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммад Султонов (куштии тарзи озод)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 17-сола дар вазни 80 кг (18-26.06.2025, Ветнам) — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Ҳакимов (куштии тарзи озод)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон 23 медал гирифтанд

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Маҳдӣ Баротов (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё то 15-сола (5-13.07.2025, Бишкек, Қирғизистон), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон то 17-сола (28.07-3.08.2025, Афина, Юнон) — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ) + 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Бобоҷон Шаропов (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 73 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Алишер Рӯзимадов (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 17-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Аюб Бозорзода (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон то 17-сола — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Фариноз Абдуллоева (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мино Аъзамзод (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Фариза Яқубова (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷудокорони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё 15 медал ба даст оварданд

 

Дилноза Нуримова (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муинхӯҷа Муминов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Руслан Ғафуров (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 63,5 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муродҷон Ашӯралиев (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 71 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мустафо Аҳмедов (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадӣ Раҷабов, Фирдавс Шарипов (қаиқронӣ, каноэ)

Медали биринҷии (С2–500 м) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муслиҳиддин Ҳоҷиев (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Эмомалӣ Давлатов (куштии тарзи озод)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Сироҷиддин Юлдошев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадёсин Ибодуллоев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммад Зайниддинзода (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Абдуҷалилзода (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 81 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Икром Шамсов (ҷудо)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 60 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абдулло Лоиқов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 81 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абдуҷаъфар Баҳодур (таэквон-до)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 55 кг (25.07–1.08.2025, Малайзия) – 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Олия Муродова (таэквон-до)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 37 кг (25.07–1.08.2025, Малайзия) – 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Таърихчаи ҷоизаи президент

Дар моҳи августи соли 2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоне имзо кард, ки тибқи он Ҷоизаи Президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд.

Ҳаҷми бузургтарини ҷоизаи президенти Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ дода мешавад. Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои асосии чорсола ҷойи дуюмро мегиранд, 250 ҳазор сомонӣ, ва ҷоизадорони медали биринҷӣ – 200 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми ҷоизапулӣ вобаста ба намудҳои варзиш фарқ мекунад – варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ.

Ба категорияи аввал, ғайр аз худи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё дохил мешаванд, ки ҷои аввал – 150 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 100 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм – 50 ҳазор сомонӣ аст.

Инчунин ба ғолибони мусобиқоти универсиада (мусобиқа байни донишҷӯён) 50 ҳазор, 40 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дар категорияи дуюм барои намудҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон мукофотпулӣ барои медали тилло – 200 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 150 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Дар чемпионати Осиё мукофотпулӣ барои медали тилло – 74 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 50 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати ҷаҳон чунин маблағ дорад:

– медали тиллои– 50 ҳазор сомонӣ;

– медали нуқра – 40 ҳазор сомонӣ;

– медали биринҷӣ – 30 ҳазор сомонӣ.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати Осиё чунин маблағ дорад:

– ҷои аввал 25 ҳазор сомонӣ;

– ҷои дуюм 20 ҳазор сомонӣ;

– ҷои сеюм 15 ҳазор сомонӣ.

Ин ҷоизаи президент ба варзишгароне дода мешавад, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни ҳадди ақал 70 кишвар ва дар чемпионати Осиё миёни ҳадди ақал 30 кишвар ҷоиза ба даст оранд.

Ба ҷоиза инчунин варзишгароне, ки ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷавонон ва наврасон мебошанд, ҳуқуқ доранд. Онҳо 25% маблағеро мегиранд, ки тибқи низомнома барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бузурги миёни калонсолон пешбинӣ шудааст.

Мураббиёни варзишгарони муваффақ низ мукофотпулӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад

0

Ҳавопаймои Ил-18, ки дар соҳили рӯдхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, чанд даҳсола рамзи ин шаҳр ба ҳисоб мерафт, тахриб шуд. Ин тасмим нигаронии бархе сокинони шаҳрро ба миён овард. Аксаран фикр карданд, ки ин ҳавопаймо нобуд карда мешавад. Вале Федератсияи парапланеризм ва ҳавонавардии сабуки Тоҷикистон гуфт, Ил -18 ба Осорхонаи ҳавонавардии Тоҷикистон интиқол дода мешавад ва ҳамчун яке аз нигораи ин осорхона нигоҳ дошта мешавад.

Ин ниҳоди ҷамъиятӣ баъди як рӯзи нигаронии сокинони Хуҷанд бо нашри як изҳорот гуфт, тахриби ҳавопаймо маънии нобуд кардани онро надорад.

“Як соҳибкори шаҳри Хуҷанд, ки ба сохтмони иншооти ҷашнӣ машғул аст, ба Федератсия муроҷиат кард, ки дар доираи сохтмони иншоот масъалаи макони ояндаи ҳавопаймо бояд ҳал карда шавад. Ҳамин тариқ, бо мувофиқаи ҷонибҳо тасмим гирифта шуд, ки Ил-18 ҳифз карда мешавад ва ба рӯйхати нигораҳои Осорхонаи ҳавонавардии Тоҷикистон шомил мегардад”, – зикр мешаваддар саҳифаи Федератсияи парапланеризм ва ҳавонавардии сабуки Тоҷикистон  дар Фейсбук.

Ҳоло Ил-18 пурра тахриб шуда, барои нигоҳдорӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд интиқол ёфтааст. Пас аз муайян кардани ҷойи ниҳоии Осорхонаи ҳавонавардӣ, ҳавопаймо ба таври пурра таъмир карда шуда, ҷойи худро дар байни дигар намунаҳои техникӣ пайдо хоҳад кард. Ҳоло маълум нест, ки ин осорхона дар куҷо ва кай бунёд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои таъмир ва нигоҳдории ҳавопаймо, мутахассисон аз кишварҳои гуногун, ба мисли Эрон, Русия ва Қазоқистон, ҷалб шудаанд. Ҳамаи корҳо мувофиқи меъёрҳо ва бо роҳнамоии мутахассисони соҳа гузаронда мешаванд.

 

Таърихи Ил-18 дар Хуҷанд

Ҳавопаймои Ил-18 дар охири солҳои 70-ум дар Хуҷанд пас аз як фоҷиаи ҳавонавардии ҳавопаймои монанда ба он- ИЛ-18В гузошта шуд. 24-уми феврали соли 1973 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (он замон Ленинобод) фоҷиаи маргбори ҳавонавардӣ бо ҳавопаймои Ил-18В ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 79 нафар ҷони худро аз даст доданд. Эҳтимол, Ил-18 ба хотири ёдбуди ин фоҷиа дар соҳили Сирдарё насб шуда бошад.

Пас аз “наҷот”-и Ил-18 он ҳамчун “тренажёр”и наҷотдиҳандагон дар фурудгоҳи “Ленинобод” истифода мешуд. Дар соли 1979 онро ба ҳисоби мақомоти шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) доданд ва ҳамчун ёдгорӣ истифода карданд. Дар солҳои 80-ум он ба қаҳвахон табдил ёфт, ки сокинон ва сайёҳон ба он ҷо мерафтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ оғоз мешавад. Дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинони шаҳр мегардад. Намоиш-фурӯши мазкур то 22-юми феврал идома мекунад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони зеристгоҳи “Лолазор-Хатлон” оғоз ёфт.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо Ҷазираҳои Соломон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2012 – Дар Маскав Маркази фарҳанги Тоҷикистон бо номи “Хайём” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки тибқи он метавон заминро ба гарав гузошт.

Соли 2017 – Телевизиони “Футбол” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2018 – Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2020 – Тоҷикистон  ва Қирғизистон дар бораи табодули 23 гектар замин ба созиш расиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1948 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Мирзошоев, нависанда, тарҷумон, рӯзноманигор.

Ӯ аз камтарин нависандагонест, ки дар бораи аксари бузургони илму фани тоҷик очеркҳо эҷод кардааст. Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии вай, очерки “Лутфулло Бузургзода” буда, минбаъд дар бораи корномаву зиндагии Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва дигарон очерк навиштааст.

Ӯ муаллифи китобҳои “Баҳодури Бағалак”, “Лолаҳои аз хун дамида”, “Аз санг нола хезад”, “Фарзонамард”, “Манзар-о-о-о, Манзар!” аст.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои 1969-1977 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати китобдор, ҳамзамон, дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати мусаҳҳеҳ кор кардааст. Сипас, як муддат чун ҷонишини муҳаррири ин рӯзнома буда, солҳои 1986-1990 узви Шӯрои этика ва ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ аз соли 1991 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан” буд. 

Соли 1953 – Мавлуди Истадой Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик.

Ӯ хатмкардаи Институти омӯзгории шаҳри Ленинобод буда, фаъолияти кориашро соли 1969 дар театри мусиқӣ драмавии шаҳри Конибодом оғоз кардааст.

Ӯ тӯли фаъолияти чандинсолааш беш аз 50 нақш офаридааст. Муҳаммадҷонова дар овозхонӣ низ муваффақ буда, дар саҳна ҳам нақш иҷро мекард ва ҳам тарона месароид.

Нақши Норгул дар намоишномаи “Ошуби рӯзгор”, рисолатпарӣ дар “Тошболтаи ошиқ”, муаллима Шаҳноза дар “Муаллим”, Зарина дар “Зафар ва Заррина” Нурхон дар “Нурхон” аз нақшҳои муваффақи ӯ дар театр мебошанд.

Ӯ 8-уми августи соли 2021, дар 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1963 – Зодрӯзи Муҳаррама Шарифзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Муҳаррама Шарифзода Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1991 ба ансамбли “Дарё” ба ҳайси овозхон шомил шудааст.

Беш аз 110 суруду таронаҳояш дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио маҳфузанд, аз ҷумла, “Давлати ман”, “Базми ағёр”, “Дили саргардон”, “Мепарастам”, “Доғи ману боғи манӣ”, “Суруди Гулизор”, “Гуларӯсак” ва даҳҳо таронаҳои дигар.

Соли 2021 овозхон бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шуд.

Соли 1965 – Зодрӯзи Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон.

Ҳабибулло Воҳидзода, ки беш аз як сол инҷониб додситони кулли кишвар аст, аллакай аз худ ҳамчун сиёсатмадори ҳирфаӣ дарак додааст. Ӯ ҳанӯз замоне ки дар мақоми роҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовар кор мекард, миёни рӯзноманигорон бо дастрасии худ маъруф шуда буд.

Додситон хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар мақомоти додситонӣ оғоз кард.

Аз соли 2011 то 2015 муовини додситони кулли Тоҷикистон буд, лекин дар соли 2015 пас аз интиқоди президент дар ҷаласаи Шӯрои амният, ҳамроҳи ду муовини додситони кулл аз ин вазифа барканор шуд.

Аммо чанде пас додситони вилояти Суғд таъин шуд. Соли 2020 директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Тоҷикистон таъин шуда, дар ин самт кор кард.

Соли 2024 Воҳидзода муовини додситони кулл – сардодситони ҳарбии Тоҷикистон таъин шуд ва баъди аз як сол фаъолият дар ин мансаб ба курсии Додситони кулли кишвар нишаст.

Соли 1983 – Зодрӯзи Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии пешини раисҷумҳур.

Абдулло Раҳмонзода, ки беш аз як моҳ қабл муовини раиси вилояти Хатлон дар самти идеология таъин гардид, ду соли қаблӣ ёрдамчии раисҷумҳури кишвар дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.

Ӯ хатмкардаи риштаи ҳуқуқ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳои 2005-2009 дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас, соли 2009 коршиноси пешбари шуъбаи қонунгузории кор, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузорӣ ва соли 2012 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ дар муносибатҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва соҳибкории ин ниҳод таъин шуд.

Аз соли 2013 то 2017 дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҳамчун коршинос ва ҳамзамон раиси созмони ҷамъиятии “Созандагони Ватан” фаъолият дошт ва соли 2017 мансаби раиси ин Кумита буд

Раҳмонзода солҳои 2020-2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буда, ахиран аз соли 2024 ёвари раисҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.

Ӯ 7-уми январи соли 2026 муовини идеологии раиси вилояти Хатлон таъйин шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад, ки онро Конфронси генералии ЮНЕСКО бо ҳадафи ҳифзи гуногунрангии забонӣ ва фарҳангӣ таъсис додааст.

Сабаби таъсиси ин ҷашн дар ин рӯз беасос нест. Рӯзи 21 феврали соли 1952 дар шаҳри Дакка (пойтахти ҳозираи Бангладеш) донишҷӯёне, ки барои расмӣ эътироф шудани забони бенгалӣ ба эътироз баромада буданд, аз тири полис ҳалок шуданд.

21 феврал инчунин Рӯзи байналмилалии роҳбаладон (экскурсоводҳо) мебошад. Дар солҳои 1970, талабот ба касбияти роҳбаладон зиёдтар шуд ва ҳоло онҳо бояд омӯзиши махсус гузаранд. Аммо дар асри гузашта ҳар шахси босавод, ки таърихи шаҳреро медонист, метавонист роҳбалад шавад.

Соли 1848 дар ҳамин рӯз Карл Маркс ва Фридрих Энгелс “Манифести Ҳизби Коммунистӣ”-ро нашр карданд. Ин нахустин матни барномавии коммунизми илмӣ буд, ки асосҳои назарияи марксизмро баён мекард.

Он бо ибораи машҳури таърихӣ ба поён мерасад: “Пролетарҳои ҳамаи кишварҳо, муттаҳид шавед!”

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 1+3º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст

0

Додгоҳи шаҳри Левакант ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки барои “як шаппотӣ” задани хонандаи синфи 11 алайҳаш парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд, содир кардааст. Ба омӯзгор ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян додаанд.

Дар ин бора, аз додгоҳи шаҳри Левакант ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, парвандаи омӯзгорро  Фарҳод Абдуллозода, раиси Додгоҳи шаҳри Левакант баррасӣ карда, рӯзи 16-уми феврал ҳукми ӯро содир кардааст.

“Нисбати Фарҳод Назаров тибқи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати 200 –соат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин шуд. Дар як шабонарӯз на бештар аз 3-соат ба корҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешавад, баъди равон кардани ҳукм ба Шуъбаи корҳои ислоҳӣ”,-гуфтанд аз додгоҳ.

Манбаъ гуфт, ки се рӯз қабл, 13-уми феврал дар мурофиа сухани Фарҳод Назаров ва ҷабрдида шунида шуда, се рӯз баъд ҳукм содир шудааст. Худи Назаров дар робита ба ҳукми додгоҳ эътироз накардааст.

Назари Фарҳод Назаров дар хусуси ҳукми додгоҳ маълум нест, кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои сӯҳбат бо омӯзгор бенатиҷа анҷомид.

Сафар Қурбонназаров, мудири мактаби рақами 4-и деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфт, ки ҳоло Фарҳод Назаров дар муассиса фаъолият надорад. Вале шарҳи бештар надод.

 

Намояндаи додгоҳ гуфт, ки бинобар як муддат бемор будани Фарҳод Назаров ва дар асоси маълумотномаи тиббие, ки аз сӯйи модари омӯзгор ба додгоҳ пешниҳод шудааст, аз 4-уми декабри соли 2025 то 13-уми феврали имсол, баррасии парванда боздошта шуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, Фарҳод Назаров як муддат дар шуъбаи асаби беморхонаи ноҳияи Кӯшониён бистарӣ шудааст, “ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст”.

Ёдрас мешавем, ки қазияи муноқиша миёни омӯзгор ва Меҳмед Бозоров, хонандаи синфи 11 дар шаҳри Левакант рӯзи 6-уми сентябри соли гузашта сар зада буд. Худи омӯзгор онвақт ба “Азия-Плюс” гуфта  буд, ки хонанда “раванди дарсро вайрон карда, ба гапҳои ман гӯш надод” ва ба ин сабаб як шаппотӣ задааст. Баъди ин қазия Меҳмед Бозоров алайҳи омӯзгор шикоят кард, додситонии шаҳри Левакант алайҳи омӯзгор парвандаи ҷиноятӣ боз кард.  Дар моҳи октябри соли гузашта парвандаи омӯзгор ба додгоҳ рафт ва чанд маротиба мурофиаи ӯ баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки қазияи оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фарҳод Назаров, миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Аксари фаъолони ҷомеа аз мавқеъ ва шаъну шарафи муаллим пуштибонӣ карданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ он вақт гуфта буд, ки аз омӯзгор пуштибонӣ мекунад.

Ҷузъиёти дигари ин қазияро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?

0

Маркази миллии патенту иттилоот мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 ҳазору 600 ихтироъкорро ба қайд гирифтаанд, ки онҳо дар соҳаҳои тиббу кишоварзӣ, металургия, саноату нақлиёт, барқу сохтмон навоварӣ кардаанд. Танҳо соли 2025-ум 173 ариза дар бораи ихтироъот ба ин ниҳод пешниҳод гардидааст, ки ба 88 – тои он нахустмуҷаввиз додаанд.

Мирзо Исмоилзода, роҳбари ин Марказ ба “Азия-Плюс” гуфт, шумораи аризаҳои воридшуда нисбат ба соли 2024-ум (118 ариза) 55 адад ва нахустпатент 20 (108) адад зиёд мебошад. 

Номбурда афзуд, ки бархе ихтироот дорои чанд муаллиф аст, вале танҳо ба худи ихтироъ як патент ва ба дигарон ҳуқуқи муаллифӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, ихтироъкорони тоҷик бештар ба соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, дорусозӣ таваҷҷуҳ доранд.

“Қисме аз ихтироъҳо аллакай дар бахшҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ҷумла, бештари асбобҳои махсусе, ки дар соҳаи тиб ихтироъ шудаанд, духтурон дар беморхонаҳо дар амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода мекунанд”,-гуфт номбурда.  

 

Онҳо чӣ ихтироъ кардаанд?

Тибқи маълумоти ин ниҳод ихтироъкорони тоҷик аз соли 2012 то 2023-юм 1 ҳазору 8 навоварӣ кардаанд, ки ҳамагӣ беш аз 260 адади он дар амал татбиқ гардидаасту халос. Боқимонда навовариҳо ҳоло дар марҳилаи омӯзиш ва ҷустуҷӯи сармоягузор қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло бештари ихтироъи олимони тоҷик дар соҳаҳои тиб, металлургия, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, химия, физика, гармидиҳӣ, механика, барқ, мошинсозӣ, байторӣ ва хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд.

Мирзо Исмоилзода таъкид кард, бештари ихтироъҳо ҳоло танҳо дорои санади татбиқи озмоишӣ буда, ҷиҳати пурра дар истеҳсолот амалӣ гардидани онҳо, сармоягузорӣ зарур аст.

Номбурда илова кард, ки раванди фурӯши ихтироъҳо тавассути бастани шартномаи дуҷониба байни ихтироъкор ва харидор анҷом дода мешавад.

 “Аммо мушкиле, ки дар ин самт вуҷуд дорад, ки набудани нархгузорони касбии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Аз ин сабаб нархи ихтироъро худи ихтироъкор вобаста ба аҳамият ва хароҷоти сарфшуда мустақилона муайян мекунад. Барои ҳалли ин мушкил бо ибтикори Идораи патентии Тоҷикистон мутахассисон дар риштаи нархгузории объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил карда истодаанд”, – иброз дошт ӯ.

 

Намунаи ихтироъи олимони тоҷик дар соли 2025

Ба иттилои мақомот, соли гузашта, олимон ва ихтироъкорони тоҷик дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, химия, саноати хӯрокворӣ ва металургия дастовардҳо ба даст оварданд, ки ҳашт намунаи онҳоро дар зер меоварем:

1. Сӯзани махсус барои дӯхтани захмҳои ҷарроҳӣ. Ин асбоб дар амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода мешавад ва кори духтурро осонтар мекунад.

2. Усули нави ба даст овардани нури минералии гуминдор. Ин кашфиёт дар соҳаи химияи минералӣ ва энергетика татбиқ мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Барои ҳалли мушкили мардум ихтироъ мекунам”. Моҳҷабин Давлатқадамова – “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?

3. Биопардаи зиддимикробӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ. Ин парда хӯрокҳои тозаро аз бактерияҳо муҳофизат мекунад ва мӯҳлати нигоҳдории онҳоро дароз мекунад.

4. Усули беҳтар кардани хокҳои шӯр. Ин тарз хоки шӯрро барои зироат мувофиқ мекунад ва ҳосилнокии заминро меафзояд.

5. Хӯроктақсимкунаки пневматикӣ. Дастгоҳест, ки хӯрок ва дигар маводҳоро дар истеҳсолот зуд ва самаранок тақсим мекунад.

6. Иловаи зиддидудӣ. Ин модда аз ифлосшавии ҳаво пешгирӣ мекунад ва ба муҳофизати муҳити зист кӯмак мерасонад.

7. Усули электрохимиявии сайқалдиҳии маснуоти нуқрагӣ. Бо ёрии ин усул маснуоти нуқрагӣ ва металлҳои дигарро равшан ва зебо мекунанд.

8. Дастгоҳи ба даст овардани гази гидроген тавассути электролизи об. Ин дастгоҳ аз об гази гидроген истеҳсол мекунад ва барои энергияи тоза ва сабз кор мебарад.

Чанд соли охир, мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки соҳаи ихтироъкорӣ дар кишвар рушд карда, таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар гардад. Ҳоло дар кишвар ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва дар ду сол як маротиба озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Соли гузашта дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 156 нафар ғолиб дониста шудаанд, аз ҷумла 26 нафар соҳиби ҷойи аввал, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ғолиби ҷойи сеюм гардидаанд. Ду соли охир бинобар набудани довталаби арзанда “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба касе дода нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад

0

Мақомоти бахши молияи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои аз зери таҳрим хориҷ намудани се бонки тиҷоратии Тоҷикистон гуфтушунид доштаанд. Се бонки кишвар тирамоҳи соли гузашта зери таҳрими ИА афтоданд.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зимни нишасти матбуоти ахираш гуфт, бо ин мақсад гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст.

“Бо сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, -зикр кард ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ аллакай якчанд вохӯрӣ гузаронидааст. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо шахси ваколатдоре таъин шудааст, ки ин масъала бо ӯ баррасӣ мешавад.

“Кор дар ин самт идома дорад”, – илова кард Толибзода.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки бонкҳои кишвар низоми назоратро тақвият медиҳанд. Ҳамчунин, ба қавли ӯ, дар БМТ барои такмили қонунгузории бонкӣ бо мақсади ба ҳадди поинтарин овардани хавфҳои зери таҳрим қарор гирифтани бонкҳо, корҳо ҷараён доранд.

Толибзода эътироф кард, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида, таҳримҳо ба ин ё он гунае ба фаъолияти бонкҳои зери онҳо қарордошта таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Бонкҳои Тоҷикистон чӣ гуна зери таҳримҳои ИА қарор гирифтанд?

Таҳримҳо нисбати се бонки Тоҷикистон дар доираи маҳдудиятҳои 19-уми Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ҷорӣ шуда, аз 12 ноябри соли гузашта ба ҳукми иҷро даромаданд. ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” таҳти таҳрим қарор гирифтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таҳрими 3 бонки Тоҷикистон аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо. Масъулини ин бонкҳо мегӯянд, ба корашон таъсир намерасонад

Дар иттилоияи расмии Шӯрои ИА зикр шуда буд, ки дар таҳримҳо манъи анҷом додани амалиётҳо бо як қатор бонкҳо ва ширкатҳо аз кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳонконг ҷорӣ карда шудааст, ки тибқи арзёбии ИА, ба Русия барои канорагирӣ аз маҳдудиятҳо кумак мекунанд.

Аммо дар изҳороти расмии Иттиҳоди Аврупо ҷузъиёти ин масъала, маҳз кадом муқарраротро риоя накардан ва маблағҳо зикр намешаванд. Ба истилоҳи дигар, бонкҳо ба “нодида гирифтани таҳримҳо”, “дастгирии иқтисоди Русия” (саноати ҳарбӣ) айбдор мешаванд, вале ба таври маъмулӣ тавре ки дар таҷрибаи таҳримҳои ИА роиҷ аст, ҷузъиёташ саҳеҳ шаҳр дода нашудааст.

 

Маҳдудиятҳо дар амал чӣ маъно доранд?

Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба анҷоми ҳеҷ гуна амалиётҳо бо ташкилоту шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ надоранд. Ин маънои қатъи пардохтҳо, ғайриимкон будани кор бо ширкатҳо аз ИА, боздоштани ҳама гуна амалиёти марбут ба ИА-ро дорад.

Дар дохили Тоҷикистон кори бонкҳо бо реҷаи муқаррарӣ идома дорад: хидматрасонӣ ба суратҳисобу кортҳо, банкомат ва замимаҳои мобилӣ қатъ нашудааст. Лекин дар мавриди интиқолҳои байнулмилалӣ, бахусус дар самти Аврупо санҷишҳои иловагӣ ва тағйири расмиётҳои маъмулӣ имкон доранд.

Ҳатто агар таҳримҳо расман хусусияти “дақиқкорӣ”-ро дошта бошанд ҳам, онҳо ба таври худкор назоратро аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ ва низомҳои пардохт пурзӯр мекунанд. Ҳама гуна ниҳоди молиявии аврупоӣ ба санҷидан ва зимни зарурат қатъи амалиёти марбут ба сохторҳои зертаҳрим уҳдадор аст.

 

Вокуниши Душанбе ва худи бонкҳо

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нигаронии ВКХ Тоҷикистон аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки кишвар

Баъди эълони таҳримҳо БМТ изҳор дошт, ки якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.

Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба мизоҷони худ итминон медиҳанд, ки вазъ устувор буда, тадбирҳои ҷоригардида нисбати онҳо “беасос аст”. Аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки амалиёти дохилӣ бидуни маҳдудият иҷро шуда, аз рӯйи самтҳои ҷудогонаи байнулмилалӣ ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҷойгузин ҷараён дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ин иқдом, зикр кард, ки ҳукумат баҳри коҳиши осеби эҳтимолӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад. Ба сурати умум, мавқеи Душанбеи расмӣ ботамкину мулоҳизакорона буд: бидуни ихтилофоти расмии ошкоро, вале бо таваҷҷуҳ ба муколама.

 

Чаро ин масъала барои низоми бонкии кишвар муҳим аст

Коршиносон зикр карда буданд, ки мушкили аслӣ барои бонкҳо дар чунин ҳолатҳо на танҳо манъи амалиёт бо ИА, балки ҳифзи обрӯву нуфуз низ ҳаст. Қарор гирифтан дар рӯйхати таҳримҳо метавонад ба шадид шудани санҷишҳо аз ҷониби шарикони баййнулмилалӣ, афзоиши хароҷот ба мутобиқат ва канда шудани робитаҳои муросилотӣ боис шавад.

Ҳатто агар кори устувори бозори дохилӣ идома ёбад ҳам, ҳисоббаробариҳои байнулмилалӣ суст ва гаронтар афтода, қисмате аз шарикони хориҷӣ бар асари хавфҳои баланд, метавонанд аз ҳамкорӣ худдорӣ кунанд.

Маҳз дар ҳамин росто гуфтушунидҳои ҳозира бо Иттиҳоди Аврупо ва талошҳо ҷиҳати мутобиқат, барои на танҳо бекор кардани маҳдудиятҳо аз бонки мушаххас, балки коҳиш додани хавфҳои дарозмуҳлат барои тамоми низоми бонкии кишвар ба назар мерасанд.

 

Маълумотномаи мухтасар дар бораи бонкҳои зери таҳрим қароргирифта

 "Коммерсбонк Тоҷикистон"

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?

Сармояи оинномавӣ — 370 млн сомонӣ. Бонк аз соли 2007 фаъолият дошта, ба рушди ҳисоббарбариҳои ғайринақдӣӣ, инчунин дастгирии тиҷорати хурду миёна таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Саҳмиядори асосӣ (93%-и саҳмияҳо) ба ширкати суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” тааллуқ дорад.

"Спитамен Бонк"

Сармояи оинномавӣ — зиёда аз 180 млн сомонӣ. Бонк соли 2014 дар заминаи ташкилоти қарзии хурди "Спитамен Капитал” (соли 2008 таъсис дода шудааст) ба фаъолият оғоз кард. 100% саҳмияҳои онро ширкати суғуртавии “Спитамен Иншуренс” дар ихтиёр дорад

"Душанбе Сити Бонк"

Сармояи оинномавӣ — 221 млн сомонӣ. Иҷозатнома барои анҷоми амалиёти бонкиро соли 2022 дарёфт кард. Бонк дар заминаи ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”, ки аз соли 2007 фаъолият мекард, таъсис дода шудааст. Бастаи назоратии саҳмияҳо (70%) ба ширкати “Авесто Групп” таааллуқ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд

0

Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон ва ду шарики ӯ, ки шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, барои қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, аз 14 то 19 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  дар як гузориш, ки рӯзи 19-уми феврал телевизиони “Тоҷикистон” нашр кардааст, хабар дода, гуфтааст, ки аз ин “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” 20 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш мусодира кардаанд.

Мақомот аз онҳо Туйчибек Хайриддинов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун, Абдувосӣ Умаров ва Мурат Псанбаев, шаҳрвандони 55-солаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд. Вале номи ин кишварро ифшо накардаанд.

КДАМ гуфтааст, онҳо қасд доштаанд, ки маводи мухаддиро тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбеки ноҳияи Мастчоҳ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки  Туйчибек Хайриддинов ҳангоми адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои Русия бо Қосим ном шахс шинос шуда, баъди озод шудан бо ӯ дидор доштааст.

“Дар яке аз вохӯриҳо онҳо дар хусуси ташкили канали қоҷоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба хориҷа созиш кардаанд. Бо маслиҳати пешакӣ Хайриддинов тариқи сарҳади давлатӣ дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз қоҷоқбарони Афғонистон бо номҳои Аҳмад ва Ҳоҷӣ дастрас карда, онро бо мошинаш ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд интиқол дода дар махфигоҳ, воқеъ дар километри 321 шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ пинҳон кардааст”,-гуфта шудааст дар гузориши мақомот.

Худи гумонбар Туйчибек Хайриддинов дар гузориши мақомот ба гуноҳи худ иқрор шуда, гуфтааст, ки маводи мухаддирро дар роҳи Мастчоҳ партофта ба хона баргаштааст, ки “як рӯз баъд кормандони амният дастгир карданд”. Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

Назари ду шаҳрванди хориҷӣ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”-и КҶ), “тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят” (моддаи 32, қисми 1 –и КҶ), “шарикони ҷиноят” (моддаи 36, қисми 5-и КҶ) парванда боз шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Туйчибек Хайриддиновро 18 сол, Абдувосӣ Умаровро 19 сол ва Мурат Псанбаевро 14 сол равонаи зиндон кардааст.

Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Аз ҷумла, охири соли гузашта додгоҳи шаҳри Панҷакент ду сокини ҷамоати деҳоти Саразми ин шаҳрро ба қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, якеро ба 19 ва дигариро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомот гуфтаанд, ки онҳо мехостанд тавассути сарҳади Тоҷикистон, 44 кило маводи мухадирро ба кишвари Ӯзбекистон интиқол диҳанд. Пештар аз ин низ се сокини ин шаҳр барои қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлати 15 ва 16 сол равонаи зиндон шуда буданд. 

Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.