Home Blog Page 53

Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург

0

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Қазон – Оренбург, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Аз фавтидагон Шерзод Сабуров, сокини 22-солаи ноҳияи Деваштич, Комрон Давлатмадзода, сокини 20- солаи ноҳияи Муъминобод ва Муҳандис Ҷонов, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ном мебаранд.

Сомонаи “lenta.ru” хабар медиҳад, ки ҳодиса рӯзи 21-феврали соли равон, тақрибан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, мошини “Тайота”, ки дар дохилаш панҷ ҷавони зодаи Тоҷикистон будаанд, ба “Мазда” бархурдааст, ки дар натиҷа се мусофири “Тайота” ва ронандаи “Мазда” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ду шаҳрванди 25 ва 20-солаи дигари Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба шуъбаи эҳёи беморхонаи Абдулинск интиқол дода шудаанд.

Додситонии Оренгбург тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст. Ҷузъиёти дигари садама маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони фавтидагон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳодиса дар наздикии марзи Қазоқистон рух додааст ва Шерзод Сабуров ронандаи мошине буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро баъди убури марзи Қазоқистон дубора ба маҳалли корашон мебурд.

Манбаъ гуфт, Сабуров чанд соли охир дар ин кишвар мусофиркашонӣ мекард ва ҳамроҳи ҳамсару 1 кӯдакаш дар Русия зиндагӣ мекарданд. Дар бораи қурбониҳои дигари ин садама маълумот дарёфт нашуд.

Ҷасади онҳо рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон ба хок супорида мешавад.

Ҳамасола даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои гуногун, аз ҷумла садамаҳои нақлиётӣ, тасодуф дар сохтмон, беморӣ дар Русия ҳалок ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад. Ҳодисаҳое ҳам ҳаст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз дасти миллатгароёни рус кушта мешаванд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Танҳо тавассути ду фурудгоҳ тобути беш аз 1,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд

Аз ҷумла, тақрибан ду моҳ пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.

Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҷасади беш аз 1 ҳазору 600 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум беш аз 400 тобут бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои “итоат накардан ба амри корманди милитсия…”

0

Ду фурӯшандаи гӯштро дар Душанбе барои  "итоат накардан ба амри корманди милитсия…" дар робита ба қимат фурӯхтани ин маҳсулот дар моҳи Рамазон 5 шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Дар ин бора пулиси пойтахт рӯзи 22-юми феврал хабар дода, аз ин гӯштфурӯшон Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов ном бурдааст.

Онҳо бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳабси маъмурӣ шудаанд. Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки онҳо барои итоат накардан ба амри корманди милитсия… ё моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳабс шуданд. Ин банди қонунгузорӣ аз 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима то 30 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки онҳо қаблан барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо расман огоҳӣ гирифта буданд, “бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ дидаву дониста гӯштро ба шаҳрвандон бо нархи баланд ба фурӯш гузоштаанд”.

Дар ҳамин ҳол, мақомот нагуфтаанд, ки ин гӯштфурӯшон кадом меъёри таъинкунандаи нархи гӯштро риоя накардаанд.

Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ин ниҳод бори дигар фурӯшандаҳоро огоҳ кардааст, ки “аз худсарона баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ намоянд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?

Дар 4 рӯзи моҳи Рамазон, ин дуввумин ҳолати ҷазои фурӯшандаҳои гӯшт барои қимат фурӯхтани ин навъи маҳсулот дар пойтахт аст. Дар рӯзи аввалаи моҳи Рамазон, 19-уми феврал мақомот ду фурӯшандаро барои гарон кардани нархи гӯшт, 4 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ карда буданд.

Аз ин пештар, бо оғози Рамазон пулиси пойтахт аз тоҷирону соҳибкорон хост, дар ин моҳ “инсофро пеша карда”, нархи маҳсулотро ба таври маснуӣ гарон накунанд.  Ин ниҳод дар изҳороте ба тоҷирон ҳушдор дод, ки дар акси ҳол, нисбати нафароне, ки нархҳоро баланд мебардоранд, “чораҳои дахлдор” меандешад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҷаримаи фурӯшандаҳо нархи гӯштро поин намебаранд. Ба таъкиди онҳо, он метавонад муваққатан фурӯшандагони ҷудогонаро нигаҳ доранд ва онҳоро маҷбур созанд, ки иловапулиҳои пӯшидаро истифода набаранд ё қоидаҳои савдоро риоя кунанд, вале ба омилҳои калидии иқтисодӣ, ки арзиши гӯштро ташкил медиҳанд, таъсир намерасонанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки нархи гӯшт пеш аз ҳама бо сабабҳои воқеӣ (объективӣ) боло меравад: гароншавии хӯрока, сӯзишворӣ, логистика, камшавии саршумори чорво ва афзоиши нархи ашёи хоми воридотӣ. Ҳеҷ кадом ҷарима ба бартараф намудани ин сабабҳо қодир нест.

Ғайр аз ин, рейдҳои шадид ва фишор болои фурӯшагндагон метавонад ба самараи баръакс боис гардад. Агар соҳибкорон ба хавфу хароҷоти иловагӣ дучор шаванд, ҳамаи ин хароҷотро ба арзиши маҳсулот дохил карда, дар натиҷа гӯшт боз гаронтар мешавад.

Бештар дар бораи он ки нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад, дар ин пайванди маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сиву дуввуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад

0

Ҳукумати Русия ба Дума ё парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он барои кормандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар лоиҳа манъи додани патент ба муҳоҷироне, ки даромади паст доранд, зикр мешавад. Хабаргузории РБК менависад, ки матни лоиҳа дар пойгоҳи электронии парлумон нашр шудааст. 

Ҳамчунин, дар санад пешбинӣ шудааст, ки фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ бо расидан ба синни 18 бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ё барои ба кор машғул шудан патент ба расмият дароранд.

Яъне фарзандони ноболиғи муҳоҷирон танҳо дар сурате дар ин кишвар ҳақи иқомат пайдо мекунанд, ки волидайнашон андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ҳам барои худ ва ҳам барои фарзандонашон, ки дар қаламрави кишвар қарор доранд, пардохт кунанд.

"Пас аз расидан ба синни 18 барои тарк кардани қаламрави Русия ё додани ариза барои гирифтани иҷозаи кор барои худ, як моҳ муҳлат дода мешавад", -зикр мешавад дар лоиҳа.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ба хориҷиёне, ки даромадашон аз ҳадди ақалл (минимум)-и зист паст аст, додан ё дароз кардани муҳлати патент манъ карда мешавад.  Барои ин, мақомоти андоз ба таври худкор ҳар 3, 6, 9 ва 12 моҳ маълумот дар бораи даромади муҳоҷиронро ба ВКД мефиристанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар соли аввал ҷои корашонро иваз накунанд

Патенти корӣ ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти қонунӣ дар Русия ҳуқуқ медиҳад.

Он барои шаҳрвандони кишварҳои дорои реҷаи бидуни раводид, аз ҷумла Тоҷикистон ҳатмист.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 33-солагии Артиши миллии Тоҷикистон чорабинии асосии идона баргузор мешавад.

– Имрӯз соати 10:00 дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки сарбозону афсарон ва намояндагони ҳуқумати шаҳр ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии асосии шаҳрӣ доир мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин рӯз аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамасола, 23-юми феврал дар Тоҷикистон расман ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил мешавад.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборак бод!

Соли 1925 – Дар Душанбе аввалин беморхонаи ҷумҳуриявӣ – “Беморхонаи ҷарроҳии чашм” кушода шуд.

Соли 1965 – Аввалин маротиба Заводи яхдони Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2010 – Бо қарори Маҷмаи умумии СММ ҷашни "Наврӯз" мақоми байналмилалӣ гирифт.

Соли 2017 – Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон соҳиби иншооти нави таълимӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Шароф Маҳмудов, ҳуқуқшинос, собиқ вазири адлия ва раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Аз Шароф Маҳмудов ҳамчун охирин раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Додгоҳи олии Тоҷикистони соҳибистиқлол ном мебаранд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.

Ӯ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти худро ба ҳайси додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз карда, солҳои 1971-1978 муовини вазири адлия ва солҳои 1978-1990 вазири адлияи Тоҷикистон буд.

Вай соли 1990 раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 1994 дар ин вазифа кор кард. Баъд  бознишаста шуд.

Шароф Маҳмудов 25 -умиавгусти соли 2020 дар синни 90-солагӣ даргузашт.

Соли 1935 – Ином Бобоҷонов, химик, номзади илмҳои физика ва математика 91 сола шуд.

Ином Бобоҷонов яке аз поягузорони таҳқиқоти физикаи ҳастаӣ дар Тоҷикистон буда, дар ташкили кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ва Эксперименти машҳури "Помир" саҳми арзанда доранд. Муаллифи мақолаву китобҳои зиёде ҳастанд, ки барои донишҷӯёну муҳаққиқон арзишманд аст.

Ӯ хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо ихтисоси физика буда, аз соли 1959 дар Маркази байналмиллалии таҳкикоти ҳастаӣ дар назди Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2013 то 2017 ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ин Институт буд.

Ӯ дар соҳаи физикаи ҳастаии атом, физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи нурҳои кайҳонӣ дар солҳои 1962 – 2012 дар маҷаллаҳои илмӣ 170 мақола чоп кардааст.

Соли 1936 – Мавлуди Исроил Исмоилов, забоншиноси тоҷик.

Соли 1938 – Зодрӯзи Амон Нуров, донишманд, луғатшиноси варзидаи тоҷик.

Амон Нуров яке аз пуркортарин олимони соҳаи луғатшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ дар таҳияи илмии “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳамчун яке аз мураттибон саҳми арзанда гузоштааст.

Саҳми ӯ дар баргардон ва таҳияи фарҳангҳои классикӣ ба хати сириллик хеле бузург аст. Аз ҷумла, “Фарҳанги осори Ҷомӣ”, “Фарҳанги осори Рӯдакӣ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Чароғи ҳидоят”, “Бурҳони қотеъ” бо кӯшиши ӯ ба нашр расидаанд.

Инчунин, ӯ муаллифи силсиламақолаҳои илмӣ дар ҷилдҳои “Энсиклопедияи советии тоҷик” аст.

Ӯ худ дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили илм намуда, солҳои 1959-1966 ходими илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо ва дар як вакт наттоқи теливизиони навбунёди тоҷик буд.

Сипас як муддат дар яке аз мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун муаллим дарс гуфта, соли 1969 ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ба кор омад ва чун муҳаррири калон фаъолият мекард.

Ӯ 9-уми августи соли 2020 дар 82-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Мавлуди Шариф Назаров, футболбоз (ҳимоятгар) ва муррабии шинохтаи тоҷик.

Шариф Назаров ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахассис дастаи “Помир”-и Душанбе дар замони Иттиҳоди шӯравӣ соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд.

Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) шуд. Ӯ дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” –и Ӯзбекистон буд.

Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.

“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав ва мураббии шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ ягона намояндаи аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки унвони “Мураббии шоистаи СССР”-ро дошт.

Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.

Ӯ 30-юми декабри сооли 2025 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Назарбек Абдолов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1961 – Зодрӯзи Шариф Ҳакимзода, вакили парлумони кишвар дар ду даъвати охир.

Соли 1963 – Мавлуди Лола Азизова, овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Лола Азизова, ки яке аз сарояндагони пешгоми “Шашмақом” аст, Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1982 ҳамчун овозхони дастаи бонувони рубобии Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд ба ҳайси сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радио ва овозхони дастаи ҳунарии “Дарё” фаъоляият кардааст.

Лола Азизова офарандаи маҷмӯи таронаҳои халқию касбии “Афсонаи ишқ”, “Нилуфар”, “Рубоиҳои саргаҳи Зарафшон”, “Наврӯз”, “Ганҷи дил”, “Шаби борон”, “Алла” аст.

Пиромуни корнома ва эҷоди Лола Азизова дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бахшида ба 60-солагии сароянда дар матлаби Лола Азизова: Дар ҷодаи санъат худамро қурбон кардам мутолиа кунед.

Соли 1967 – Зодрӯзи Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиб.

Соли 1970 – Алоуддин Баҳоуддинов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар синни 58-солагӣ даргузашт.

Соли 1984 – Мавлуди Бахтовар Раҳмонзода, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Бахтовар Раҳмонзода аз соли 2023 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, аз рӯйи тахассус коргардон аст. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Академияи идоракунии давлатӣ бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва идоракунии давлатӣ таҳсил намудааст.

Фаъолияти ӯ соли 2003 дар Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ оғоз шуда, беш аз даҳ сол – то соли 2014 мутахассиси студияи сабти овоз буд. Аз соли 2015 муовини аввали директори Иттиҳодияи давлати гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, баъдан аз соли 2017 то соли 2023 директори Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ буд.

Бахтовар Раҳмонзода моҳи сентябри соли 2023 директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шуд ва то ҳол дар ин мақом ифои вазифа мекунад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 2010 дар 64-умин сессияи Маҷмаи умумии СММ "Наврӯз" ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Ин таъкид мекунад, ки "Наврӯз" рамзи эҳёи табиат, эҳтиром ба фарҳангҳи гуногун ва ҳамдилии мардум аст. Ҷашни "Наврӯз" соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО  дохил гардида буд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо "Наврӯз"  дар сатҳи байналмилалӣ истиқбол гирифта мешавад.

23 феврали соли 1874 барои майдони бозии теннис патент гирифта шуд. Он ба таъсиси аввалин клуби ин бозӣ дар майдони Лимингтон, ки соли 1872 таъсис ёфта буд, рабт мегирад. Онро Хоа Перейра, Фредерик Хейнс ва Уэлсли Томкинсон, ки португалӣ буданд, таъсис доданд. Онҳо майдони теннисро тарҳрезӣ карданд, ки соли 1874 барои он патент гирифтанд.

Имрӯз теннис яке аз намуди варзиши олимпӣ аст.

Соли 1959 дар ҳамин рӯз дар Страсбург аввалини сессияи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон кушода шуд. Ин додгоҳ як дастгоҳи додгоҳӣ буда, ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар саросари давлатҳои узви Шӯрои Аврупо масъул аст.

Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон имрӯз аз 47 додрас иборат аст, ки ҳар яки онҳо ба муддати 9 сол интихоб мешаванд ва метавонанд танҳо як маротиба ба ин вазифа интихоб шаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Teach For Tajikistan”. Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад

0

Дар Тоҷикистон лоиҳаи миллии таълимии "Омӯзгор барои Тоҷикистон" ("Teach For Tajikistan") оғоз мешавад. Ин на танҳо як имкони хуб барои омӯзгорон ҷиҳати андӯхтани таҷриба, балки имкони омӯзишу гирифтани маълумот барои кӯдаконест, ки дар минтақаи онҳо дастрасӣ ба таълими босифат маҳдуд аст. 

Барномаи таълимии "Teach For All — Global Network" дар зиёда аз 60 кишвар фаъолият мекунад. Акнун дар  Тоҷикистон лоиҳаи "Teach For Tajikistan"-ро, ки ба такмили низоми маорифи кишвар нигаронида шудааст, амалӣ мекунад. Бо ин мақсад, дар марҳилаи шарикӣ бо "Teach For All" ташаббуси миллӣ аллакай аз лиҳози стратегӣ ва омӯзгорӣ дастгирӣ ёфт, то ки лоиҳа дар кишвари мо муваффақона оғоз шавад.

 

Моҳияти "Teach For Tajikistan" чист?

Созмони ҷамъиятии хайриявии "Teach For Tajikistan" 31-уми декабри соли 2024 ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти соли 2025 он бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҳамон вақт барнома бо ин ниҳод амалӣ мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад

"Teach For Tajikistan" барномаи омӯзишу таълимиест, ки тариқи омодагӣ ва дастгирии омӯзгорони тайёр барои кор дар мактабҳои минтақа амалӣ мешавад.

Мақсади асосии он, додани имкон ба кӯдакони деҳот ҷиҳати таҳсил ва гирифтани маълумот на танҳо аз омӯзгорони ҳирфаӣ, балки аз муаллимоне, ки дар синф муҳити дӯстона эҷод мекунанд ва мавзӯи худро ҷолиб таълим медиҳанд. 

Таваҷҷуҳи асосӣ ба STEM-самт (риёзӣ, физика, информатика ва кимиё), инчунин забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ) дода мешавад.

Матлуба Солеҳова, ҳаммуассис ва мудири кулли "Teach For Tajikistan" гуфт:

“Хатмкардагони барнома метавонанд роҳҳои мухталиф дошта бошанд. Касе дар мактаб монда, таълим медиҳад. Яке директор ё методист мешавад. Нафари дигар лоиҳаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда, бо имконоти фарогир кор мекунад. Чанде ба дастгирии кӯдакони лаёқатманд, технологияҳо ва таҳқиқот машғул мешавад. Яке ба сохтори идоракунии давлатӣ ё ба корҳои таҳлилӣ ба соҳаи маориф меравад. Дар ҳамаи ин самтҳо онҳо ба рушди низоми таълим саҳм мегузоранд. Вижагии "Teach For Tajikistan" маҳз дар ҳамин нигоҳи дарозмуҳлат аст. Мо бо кори иштирокчӣ дар мактаб маҳдуд нашуда, огоҳона онро ба рушди минбаъда сармоягузорӣ мекунем".

 

Фёдор Шеберстов, намояндаи минтақавии "Teach For All — Global Network" дар Осиёи Марказӣ мутмаин аст, ки заҳмати муаллим дар минтақаҳои дурдаст ба фидокорӣ баробар аст ва чунин омӯзгорон барои шогирдон намунаи ибрат мешаванд.

“Ҳадафи аслӣ, тайёр кардани захираи оянда барои низоми маориф аст. На танҳо муаллимоне, ки бо тарзи нав таълим дода тавонанд, балки кадрҳои нави омодагардида,  ки ба таълими насли наврас саҳми худро мегузоранд”, – гуфт ӯ.

 

Кӣ метавонад иштирокчии "Teach For Tajikistan" шавад?

Шаҳрванди Тоҷикистон, ҳама гуна хатмкарда ё донишҷӯи курсҳои охири мактабҳои олӣ метавонанд иштирокчии ин барнома шаванд. Доштани маълумоти омӯзгорӣ ҳатмӣ нест: дар ҷараёни омодагӣ ба иштирокчиён асосҳои таълим, методика, кор бо кӯдакон ва технологияҳои муосири таълим омӯзонида мешавад.

Аз ҳама муҳим, хоҳиши кор кардан дар мактабҳо ва гузоштани саҳм ба низоми маориф, бахусус дар минтақаҳои деҳот дошта бошанд.

 

Иштирок бар асоси озмун

Барои ширкат бояд аз чанд марҳила гузашт:

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?

– пешниҳоди онлайн-дархост;

– гузаштан аз мусоҳиба ва музокираи муайян кардани ҳадафҳо;

– гузаштан аз марҳилаи амалӣ бо модел кардани машғулиятҳо;

– гузаштан аз мусоҳибаи хотимавӣ.

"Teach For Tajikistan" шумори маҳдуди ҷойҳо пешниҳод мекунад: ба ҳар як мавқеъ, 30-40 номзад.

 

Омӯзиш чӣ гуна сурат мегирад?

Барномаи таълимӣ 2 сол давом ёфта, аз донишкадаи тобистона, таълим, омӯзгорӣ ва кор бо ҷомеа иборат аст.

Донишкадаи тобистона. Ин марҳилаи омодагӣ пеш аз оғози таълим буда, моҳиятан марҳилаи охири интихоб мебошад. Он 5 ҳафта давом мекунад. Дар ҳафтаҳои 1-3-юм таълими босуръати тарзу равишҳои омӯзгорӣ, асосҳои равоншиносӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ҳамчунин низоми маорифи Тоҷикистон, мушкилоти рӯзмарра ва дигар масоили муҳими ин соҳаро меомӯзанд.

Дар идома урдӯгоҳ (лагер)-и таълимӣ ташкил мешавад, ки 2 ҳафта идома меёбад. Давоми ин муддат иштирокчиён бо кӯдакони мактабҳое, ки дар онҳо оянда дарс медиҳанд, ба таври воқеӣ машғулият мегузаронанд. Онҳо малакаҳои роҳбарии худро дар амал нишон дода, комиссияи коршиносон ба он баҳо мегузорад. Сипас, иштирокчиён тасдиқи расмии иҷоза ба таълим доданро дарёфт мекунанд.

 

Таълим дар мактабҳо. Пас аз донишкадаи тобистона иштирокчиён ба таҷрибаи 2-солаи омӯзгорӣ фиристода мешаванд. Онҳо ба сарбории пурраи омӯзгорӣ кор карда, дар тренингҳои мунтазами касбӣ, семинарҳо, давраҳои такмили ихтисос иштирок мекунанд ва ба платформаҳои пӯшидаи таълимӣ дастрасӣ пайдо карда, барои худ масъули шахсӣ, муаллими касбӣ ва дигар шахсони заруриро доранд.

 

Хатмкардагони "Teach For Tajikistan" дар куҷо кор мекунанд?

Аксаран дар мактабҳои деҳот ва дурдаст кор мекунанд Хатмкардагон ҳамчунин, метавонанд дар мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф низ кор карда, лоиҳаҳои "EdTech" роҳандозӣ кунанд. Ғайр аз ин, метавонанд созмонҳои ғайриҳукуматӣ ё ҷамъиятӣ таъсис дода, ташаббусҳои иҷтимоӣ зоҳир намоянд. 

“Баъди 2 сол, хатмкунандагони мо мактабро бо таҷрибаи нодир тарк мекунанд. Онҳо медонанд, ки низоми таълим дар минтақаҳо воқеъан чӣ гуна кор мекунад, кӯдакону омӯзгорон бо кадом мушкилот дучор мешаванд ва чӣ чиз воқеан кӯмак мекунаду чӣ чизҳо як расмият боқӣ мондаанд. Ин донишро наметавон дар як донишгоҳ ё барномаи идоракунии таълимӣ дарёфт, зеро онро метавон танҳо дар таҷриба омӯхт”, – зикр кард Матлуба Солеҳова.

 

Оё барои иштирокчиён ягон хел дастгирӣ ҳаст?

Бале, идропулӣ ва ҷуброни хароҷоти заминавӣ, дастгирии моҳонаи омӯзгор, дастгирии методӣ ва маънавӣ, кумак дар рушди касбӣ ва дастрасӣ ба таҷрибаи байнулмилалӣ.

 

Дар куҷо метавон барои иштирок дархост дод?  

Дар сомонаи расмии "Teach For Tajikistan" – teachfortajikistan.org.

 

Шумо ҳам метавонед ба барнома кумак кунед

"Teach For Tajikistan"-ро метавон бо тарзҳои гуногун дастгирӣ кард: дастгирии молиявӣ, ризкорӣ, дастгирии иттилоотӣ ва шарикии соҳавӣ.

Ҳамчунин метавон таҷҳизот, мебел, китоб, бино барои дарсҳои фарогир (инклюзивӣ) ва STEM-синфҳо пешниҳод кард ё аз лиҳози масоили техникӣ ва логистика кумак кард.

Суроға:  Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 13/1

Телефон: (+992) 48 701 7010 ( аз соати 10:00 то 16:00).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?

0

Дар вилояти Суғд ният доранд, ки истифодаи меҳнати дастӣ дар ҷамъоварии пахтаро ба таври назаррас кам карда, ҷамъоварии пахтаро тариқи техника зиёд кунанд. Ин дастур дар яке аз ҷаласаҳои Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилоят садо додааст.

Ин дастур, дар пасманзари изҳороти Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ садо дод, ки мансабдорони маҳаллиро барои маҷбур кардани деҳқонон барои кишти пахта интиқод кард. Кишти иҷбории "тиллои сафед"   солҳост боиси норозигии кишоварзон ва ҳомиёни ҳуқуқ мешавад.

 

Байни нақша ва воқеият

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон маъмулан соҳаи стратегӣ шуморида мешавад, вале дар амал он аз ҳама бештар мушкилот дорад. Пахтаро то ҳол бештар бо даст мечинанд.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзон чанд маротиба норозигӣ карданд, ки интихоби зироат барои кишт аксар вақт ихтиёрӣ нест. Вале сарфи назар аз хавфҳои иқтисодӣ, норасоии об ё қувваи корӣ, аз деҳқонон иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахтаро талаб мекунанд. Маҳз ин низоми фишорро чанде пеш вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотӣ интиқод кард.

"Ин зарба ба ҷайби деҳқон аст. Ин нодуруст ва барои иқтисод зараровар мебошад", – изҳор дошт Қурбон Ҳакимзода.

Ӯ тасдиқ кард, ки дар бархе минтақаҳо деҳқононро маҷбур мекунанд, ки кишти дигар зироатро вайрон карда, ба ҷои он пахта коранд. Ба таъкиди ӯ, дар ин ҳолат "тибқи қонун, хароҷоти деҳқонон бояд аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ҷуброн карда шавад".

 

Истифода аз техника

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд

Соли 2025 дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд комбайнҳои пахтағундорӣ истифода шуданд. Чунин техника дар ноҳияҳои Зафарободу Ашт ва Мастчоҳу Ҷаббор Расулов кор мекарданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта дар вилояти Суғд зиёда аз 195 ҳазор тонна ё худ 90,4%-и нақшаи ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи ҷамъоварӣ тариқи техника начандон назаррас буд. Бо истифода аз комбайнҳо ҳамагӣ 3 ҳазор тоннаи ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Сарбории асосӣ, мисли пешина ба ҷамъоварии дастӣ рост омад. Ба маъракаи ҷамъоварии пахта чинакчиёни зиёд ҷалб шуданд. Ҳатто омӯзгорону хонанагон ва кормандони тиб ба саҳро сафарбар шуданд.

 

Дар вилояти Суғд, ҳамасола, то 70 рӯзи заҳмати пардохтнашудаи чинакчиёни пахта ба қайд гирифта мешавад. Дар ин маърака ноҳияи Мастчоҳ яке аз пешсафон буд, нақшаашро дар муддати ду моҳ 100% иҷро кард.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ноҳия зиёда аз 27 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Масоҳати заминҳои кишти пахта зиёда аз 10 ҳазор гектар ва ҳосилнокии миёна  27 сентнер аз як гектарро ташкил дод. Соли 2024 аз ҳисоби зиёдтар будани майдони кишт натиҷаҳо баландтар буданд. Аммо сарфи назар аз нишондиҳандаҳо, ҳиссаи асосии ҳосил мисли пешин дастӣ ҷамъоварӣ карда шуд.

“Бале, техникаи пахтағундорӣ истифода шуд. Чор комбайни аз Ӯзбекистон овардашуда кор карданд. Вале ҷамъоварӣ хоҳ-нохоҳ тариқи дастӣ анҷом дода шуд”, – гуфтааст Фитрат Ҳикмат, роҳбари хадамоти матбуоти ноҳияи Мастчоҳ зимни суҳбат бо рӯзноманигорон.

 

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъоварии пахта тариқи техника дарвоқеъ ҳам тезтар ва самараноктар аст, вале он ба маҳдудиятҳои сохторӣ вобаста аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта кам мешавад. Мақомот роҳҳои раҳоӣ аз буҳронро меҷӯянд

Номбурда илова кардааст, ки мушкили дигари истифода нашудани техникаҳо ба худи хоҷагиҳо вобаста аст. Яъне истифодаи  танҳодар заминҳои масоҳаташон калон – аз 100 гектар ва зиёдтар аз он мувофиқи мақсад аст.

“Танҳо харидани комбайн кофӣ нест. Имрӯз пунбадона мисли пешин бо усули замони шӯравӣ, яъне дар ҷӯякҳои барашон 60 сантиметр кишт мешавад, дар ҳоле, ки барои кори техникаи муосир ҷӯяки на камтар аз 80 сантиметр лозим аст. Дар мо бисёр хоҷагиҳо 1-2 гектар ва баъзеҳояшон ҳамагӣ 0,7 гектар қитъаи замин доранд. Дар чунин масоҳат истифодаи техника фоидаовар нест, гузашта аз ин, он гарон аст. Ҳалли ин кор танҳо дар сурати ҳамкории кишоварзон, ки заминҳояшон паҳлӯи ҳаманд ва ташкили муштараки ҷамъоварии ҳосилро роҳандозӣ мекунанд, имкон дорад”, – шарҳ додааст Фитрат Ҳикмат.

 

Коршиносон мегӯянд, мушкили обёрӣ, омили алоҳидаи боздорандаи рушди соҳа аст. Бисёре аз наҳрҳо (каналҳо)-и обёрӣ фарсуда шуда, ҳанӯз аз замони шӯравӣ таъмиру таҷдид нашудаанд. Бидуни ҳалли таъмини об, дар бораи ҳосили устувор ва зиёд кардани масоҳати кишт ҳарф задан душвор аст. Онҳо роҳи ҳалро дар обёрии қатрагӣ мебинан.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, барои обёрии қатрагӣ низ бо кишоварзон корбарӣ карда истодаанд

“Кишоварзон дар семинарҳои таълимӣ иштирок карда, технологияҳои муосирро меомӯзанд. Масалан, соли гузашта ҳудуди 200 гектар қитъаи замин бо плёнка пӯшонида шуданд, ки ин нашъунамои растаниҳоро тезонида, аз як гектар метавон то 50 сентнер ҳосили пахта гирифт", – иброз доштааст Фитрат Ҳикмат.

 

На танҳо харидани техника, балки тағйири равиш лозим аст

Дар вазорату идораҳои марбута таъкид мекунанд, ки гузаштан ба ҷамъоварии пахта тариқи техника маънои бозбинии тамоми маъракаи ҷамъоварии пахта – аз кишт то ҷамъоварии ҳосилро дорад.

Аз ҷумла, Абдуазиз Маҳмудзода, муовини роҳбари Раёсати кишоварзии вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки "масалан, пунбадона бояд 15-20 сантиметр баландтар аллакай дар давраи баромадани муғҷа кишт шавад. Равиши мазкур ҳанӯз солҳои 90-ум истифода мешуд, ки қисмати назарраси нақшаи пахта аз ҳисоби техника иҷро мешуд”.

Ба гуфтаи ӯ, техникаи муосир ба худкор гардонидани на танҳо ҷамъоварии пахта, балки давраҳои омода кардани замин ва кишт низ имкон медиҳад, ки мустақиман ба хароҷот ва ҷамъоварии саривақтии он таъсир мерасонад.

“Як комбайн ба ҳисоби миёна аз 10 то 11 тонна пахта ҷамъоварӣ мекунад. Ҳамин қадар ҳосилро ҳудуди 100 нафар метавонанд ҷамъоварӣ кунанд. Ин ҳам бо шарте, ки ҳар кадоме аз онҳо дар як рӯз 100 кг пахта супорад. Агар 50 кг супорад, пас аллакай 200 нафар чинакчӣ лозим аст”, – шарҳ дод Маҳмудзода.

Мақомот бар ин назаранд, ки техникаро бояд корхонаҳои коркарди пахта харанд. Барои кишоварзоне, ки ба харидани техника хоҳиш доранд, имкони пешниҳоди лизинг (иҷора)-и дарозмуҳлат баррасӣ мешавад.

Бо вуҷуди ин, масъулин таъкид мекунанд, ки барои рушди соҳаи пахтакорӣ нақша доранд, ки тадриҷан аз чинаки дастии пахта даст кашида, ба кори техника афзалият диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Афсона дар бораи харгӯшак ва рӯбоҳак” ба саҳна гузошта мешавад. Архиши чипта барои вуруд 25 сомонӣ буда, метавон аз сомонаи ticketon харидорӣ кард. 

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2001 – Дар парлумони Тоҷикистон ду гурӯҳи вакилони мардумӣ сабти ном гардиданд: фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва гурӯҳи “Ваколатдори мардум”.

Соли 2007 – Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар бораи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Нерӯгоҳи барқӣ-обии "Вахш" то "Шерхон-Бандар", воқеъ дар марзи Афғонистон созишнома ба имзо расид.

Соли 2018 – Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои “Ғаюр” таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Соли 2018 – Аввалин луғати онлайнии тоҷикӣ бо номи “Вожаҷӯ” дар шабакаи интернет тавассути суроғаи vazhaju.com дастрас гардид. Ин важанома бо мақсади фароҳам овардани имконияти ҷустуҷӯ ва омӯзиши вожаҳои забони тоҷикӣ барои доираи васеи истифодабарандагон таҳия шудааст.

Cоли 2018 – Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон” ба имзо расид.

Соли 2019 – Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Ба Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноии беш аз 30 гумонбари иштирокчии ошӯб дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и шаҳри Хуҷанд ирсол шуд, ки сири “маҳфӣ” дошт.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018, дар ин муассиса ошӯби хунине рух дод, ки дар натиҷаи он, 25 нафар, аз ҷумла ду корманди маҳбас ба ҳалокат расиданд. Мақомоти расмӣ ин ҳодисаро ба аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” нисбат доданд. Пас аз таҳқиқоти муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятии беш аз 30 иштирокчии ин ошӯбро бо нишони “махфӣ” ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол карданд.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид намуд, ки фарзандони аъзои ҳукумат бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Зодрӯзи Ҳомид Аҳмадов, муаррихи тоҷик, доктори илми таърих.

Соли 1945 – Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 29-солагӣ дар яке аз муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар назди Полша ба ҳалокат расид.

Ӯ 14 феврали соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Соли 1942 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, 22-юми феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Вай бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит кардт, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандустиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Соли 1948 – Зодрӯзи Хайрулло Сайфуллоев, забоншиноси тоҷик, омӯзгори забони олмонӣ.

Соли 1951 – Зодрӯзи Исмоил Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Исмоил Назрӣ, овозхон ва оҳангсози тоҷик, фарзанди Абдуллоҳ Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ буда, соли 1951 дар Дарвоз ба дунё омадааст.

Ӯ барои таронаҳояш асосан аз осори классикон суруд интихоб мекунад ва пайрави равия, усул ва мактаби падараш Абдуллоҳ Назрӣ мебошад.

Номбурда хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе буда, баъди анҷоми таҳсил дар ҳамин ҷо ба таълими шогирдон оғоз кард ва ҳамзамон роҳбарии дастаи ҳаваскорони донишкадаро ба ӯҳда дошт. Бо ибтикори ӯ он ҷо дастаи ҳунарии “Наргис” таъсис ёфт, ки миёни дастаҳои ҳунарии макотиби олии ҷумҳурӣ соҳиби мақом гардид.

Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соли 2004) дар ин ҷо ба сифати устоди кафедраи овозхонии анъанавӣ фаъолияташро шурӯъ намуд ва чанд сол муовини ректори ҳамин боргоҳи ҳунар буд.

Соли 1952 – Зодрӯзи Ҷумъабой Сангинов, пизишк, муовини пешини раиси вилояти Суғд.

Фаъолияти коришаро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. 

Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе буд.

Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маҷлиси Олӣ – даъватҳои II, III, IV, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буд.

Дар ин замон ҳамеша бо ҷомеа ва расонаҳои кишвар иртибот дошт. Аз вакилони ҲХДТ буд, ки аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ намекард. 

Соли 2011 муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Дар ин солҳо лаҳзаҳои ҳассоси баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт. Ҷумъабой Сангинов дар ин давра низ аз чеҳраҳои матраҳ буд. Соли 2015 аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд ба нафақа рафт. 

Ҳоло машғули фаъолияти тиббӣ ва тадриси донишҷӯён мебошад.

Соли 1953 – Зодрӯзи Абдуалӣ Абдуманнонов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1967 – Зодрӯзи Марат Мамадшоев, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва аз муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон.

Ӯ солҳо дар Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" аввал ба ҳайси рӯзноманигор ва солҳои дароз ба сифати муҳаррир ва сармуҳаррир кор кардааст. Ӯ яке аз рӯзноманигорони шинохта ва муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон аст. Ҳоло дар IWPR дар Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир кор мекунад. 

Соли 2011 – Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, драманавис дар синни 65-солагӣ даргузашт.

Сафармуҳаммад Айюбӣ аз сухансароёни нуктасанҷест, ки асосан бо эҷоди асарҳои саҳнавӣ дар адабиёти тоҷик номи худро сабт кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 асари саҳнавӣ буда, беш аз 40 адади онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳнагузорӣ шудаанд.

Ӯ таҳсилкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, рӯзноманигорӣ низ кардааст. Як муддат сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти телевизиони "Сафина", сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг ва мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Душанбе будааст.

Айюбӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Гули гандум”, “Роҳи  сафар”, “Шохаи барқ”, “Фалаки   роғӣ”,  достонҳои “Хоҳиши  дарё”, “Мунзим”, “Вафои Зарробӣ”, “Маснавии мирӣ” ва “Шаҳриёрнома” аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 22-юми феврал дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи дастгирии қурбониёни ҷиноятҳо таҷлил мешавад, ки он ғайрирасмӣ буда, бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба одамони аз амалҳои ҷиноятӣ зарардида таҷлил карда  мешавад. Имрӯз, дар ҷаҳон бештар аз 200 барнома барои кӯмак ба қурбониёни ҷиноятҳо фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, 22-юми феврал дар ИМА Рӯзи таваллуди Ҷорҷ Вашингтон – аввалин президенти ИМА ва яке аз асосгузорони кишвар таҷлил мешавад. Ҷорҷ Вашингтон 22-юми феврали соли 1732 таваллуд шудааст ва дар истиқлолияти Амрико, таъсиси ҳукумати федералӣ ва рушди ибтидоии кишвар нақши калидӣ доштааст.

То соли 1971, 22-юми феврал дар ИМА ҳамчун “Рӯзи Вашингтон” (Washington's Birthday) ҷашн гирифта мешуд ва баъд он ба таври ғайрирасмӣ “Рӯзи президентҳо” (Presidents' Day) номгузорӣ шуд, гарчанде ки тибқи қонун номи расмии он ҳамоно “Рӯзи Вашингтон” боқӣ монд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят

0

Соли 2025 дастикам 14 корманди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз кор озод шудаанд. Аз ин нисбати 7 тан барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷазо аз сӯи додгоҳ аз ин ниҳод ронда шудаанд. Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори ин Раёсат дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки аз 14 корманди озодшуда, 7 тани онҳо баъди қарори додгоҳ барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ҳамшарикӣ дар ҷиноят ва иҷро накарадани вазифаи хидматӣ аз мансаб озод шуданд.

“Онҳо дар гузаргоҳии гумукии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ,  гумруки шаҳри Истаравшан ва дигар манотиқи Суғд кор мекарданд”, – гуфт Зафар Маҳмадиев.

Номбурда аз ин бештар дар бораи кирдори ҳамкасбони собиқаш ҷузъиёт надод. Танҳо гуфт, ки 3 каси дигар баъди расидан ба синни нафақа ва 4 тани дигар бо хоҳиши худ аз кор рафтанд.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки онҳо пурра аз мақомоти гумрук ронда шуданд ё танҳо аз ин Раёсат аз кор озод шуданду халос.

Маҳмадиев илова кард, ки соли 2025 ба ин сохтор 34 нафар тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳашт корманди Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд аз мақомот пурра ронда шудаанд

Бори аввал нест, ки кормандони ин Раёсат барои чунин кирдорҳо аз кор ронда мешаванд. Соли гузашта, сардори кадрҳои ин раёсат хабар дода буд, ки нисбати 8 корманди ин Раёсат барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷарима аз сӯи додгоҳ аз мақомот пурра ронда шудаанд.

Номбурда гуфт, ки ҷинояти 8 корманди ин ниҳод аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилоят ва додситонии Суғд ошкор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз кор рафтани шумораи зиёди кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилоят соли 2020 бесобиқа буд. Шаш сол пеш, 30 корманди ин ниҳод, ки “таҷриба”-и  20-25-солаи корӣ доштанд, бо сабаби  нагузаштан аз  аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ ва роҳ додани дигар камбудиҳо дар фаъолият аз кор ронда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?

0

Тасаввур кунед, ки корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) рақами мошини шуморо канду гирифт. Ин амал ҳам қонунӣ ва ҳам ғайриқонунӣ аст.

Дар кадом ҳолат нозир ба ин кор ҳуқуқ дорад ва чӣ гуна метавон рақамҳои худро бозпас баргардонид. "Азия-Плюс" кӯшиш кард, ба ин саволҳо рӯшанӣ андозад.

 

Дар кадом ҳолатҳо корманди БДА ба гирифтани рақами мошин ҳақ дорад?

Мувофиқи қисми 2 моддаи 72 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон корманди БДА дар чунин ҳолатҳо ҳақ дорад, ки рақами мошини шуморо гирад:

– муҳлати аз ташхиси техникӣ гузаштан ба охир расида бошад ё умуман аз он нагузашта бошед№

– чанбарак ё таҷҳизоти боздоранда (тормозҳо)-и вайрон бошад;

– ба мошин ғайриқонунӣ таҷҳизоти равшанидиҳанда ё махсуси садодиҳанда гузошта шуда бошад.

То бартараф кардани ин камбудиҳо, корманди БДА барои идораи мошин иҷозат намедиҳад.

 

Корманди БДА рақамҳоро гирифт. Минбаъд чӣ мешавад?

Пас аз гирифтани рақамҳо, корманди БДА бояд дар бораи қонуншиканиии маъмурӣ протокол ва дар бораи гирифтани рақами қайд санад тартиб диҳад. Ин ҳуҷҷатҳо ба ронанда ҷиҳати рафтан то ҷойи бартараф кардани  камбудиҳо, яъне то устохона ё маркази ташхиси техникӣ ва бозпас омадан ба БДА барои азназаргузаронии такрорӣ имкон медиҳад.

 

Маро боз метавонанд ҷарима кунанд?

Бале, корманди БДА ҳангоми гирифтан рақами қайди давлатӣ, вобаста ба навъи қонуншиканӣ шуморо метавонанд аз 1 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (соли 2026 -ум 1 нишондиҳана – 78 сомонӣ) ҷарима кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Радар ва камераҳои Душанбе. Дар куҷо насб гардида, кадом қонуншиканиҳоро сабт мекунанд ва андозаи ҷаримаҳо чӣ қадар аст?

Маблағи ҷарима чунинанд:

– барои идораи воситаи нақлиёте, ки аз муоинаи техникӣ нагузаштааст – 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои идораи воситаи нақлиёти низоми боздоранда ё чанбараки идоракунаиаш нуқсондор – аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-барои идораи мошин дар ҳолати ҷой доштан дигар нуқсонҳо (ба истиснои низоми боздоранда ва чанбарак) –  аз нисф то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– идораи воситаи нақлиёт бо насби таҷҳиҳоти равшанидиҳандае, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест ё таҷҳизоти махсуси садодиҳанда (мигалка) бидуни иҷозат – аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

 

Чӣ гуна метавонам рақамҳоямро бозпас гирам?

Баъди бартараф кардани камбудӣ, ронанда бояд ба Раёсати БДА дар маҳалли содир гардидани қонуншиканӣ равад ва баъди такрорӣ гузаштан аз муоинаи техникӣ ва пардохти ҷарима, ба ронанда рақами қайди давлатии мошинаш бозпас баргардонида мешавад.

 

Агар ба ҷазои таъиншуда розӣ набошам, чӣ бояд кард?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Аз аттестатсия нагузаштанд”. 83 корманди БДА аз кор озод шудаанд

Агар шумо ба ҷазои таъиншуда розӣ набошед ва онро ғайриқонунӣ шуморед, ҳуқуқ доред, ки ба зинаи таҷдиди назар (апеллятсия) шикоят баред.

Яъне метавонед, аз болои қарори додрас ба додгоҳи болоӣ, аз болоиқарори  мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдор  ба мақомоти болоии ваколатдори далатӣ ё шахси мансабдори зинаи болоӣ ё додгоҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муроҷиат кунед.

Дар ҳолати охир, агар шикоят ба мақомоти болоӣ ва додгоҳ расида бошад, парванда дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

 

Баъдан корманди БДА ҷазо дода мешавад?

Бале, агар корманди БДА рақамро аз автомашина ғайриқонунӣ гирифта бошад, ӯ мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.