Home Blog Page 52

Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?

0

Беш аз 2,5 миллион сомонӣ, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба сокинони Ғазза ҷамъ оварда буданд, дар шакли ғизо, либосу пойафзол, кӯрпа ва дигар маводи зарурӣ ба Ғазза расонида шудааст. Навори раванди расонидани ин ёриҳоро чанд рӯз пеш саҳифаи фейсбукии “Saliheen” нашр кард.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и кишвар аз расидани корвони навбатии кумаки башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон ба Ғазза хабар дода, вале ҳаҷми онро нагуфта буд. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин кумак ҳамонест, ки қаблан вазорат хабар дода буд.

Ба иттилои саҳифаи фейсбукии “Saliheen”, ҳаҷми умумии маблағе, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба зарардидагони Ғазза гирд оварданд, 2 миллиону 627 ҳазору 5 сомонӣ буда, ин маблағ дар шакли маводи зарурӣ ба эҳтиёҷмандон расонида шуд.

Манбаъ менависад, кумакҳо аз маводи зерин иборат буданд:

1500 сабади ғизоӣ;

1500 кӯрпа;

300 ҷойхоб (матрас);

800 қуттии либос ва пойафзол;

490 печи рӯйпӯши обногузар.

Гуфта мешавад, ки маводи хӯрока аз орд, шакар, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ иборат буданд.

ВКХ -и Тоҷикистон гуфта буд, корвони ёрии Тоҷикистон шоми 8-уми феврал дар 6 мошини боркаш тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Мисру Фаластин бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайриявии Тоҷикистон ба дохили Ғазза интиқол дода шуд.

Рӯзи 16-уми феврал Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон низ аз расидани кумакҳо ва тақсими он миёни сокинони зарардидаи Ғазза хабар дода, аз қавли Адҳам Зайналдин, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон навишт, ки арзиши умумии кумакҳо ба 250 ҳазор доллар баробар аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод

Бояд гуфт, қаблан дар Тоҷикистон бо ташаббуси  ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода буданд.

Дар он то моҳи апрели соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, тақдири ояндаи ин маблағҳо норавшан буд. Ба иттилои “Saliheen”, ин ҳамон маблағ аст, ки бинобар баста будани роҳҳо ва маҳдудиятҳои сарҳадӣ имкони саривақт расонидани кумак фароҳам набуд ва бо боз шудани роҳ ин кумак ба мардуми Ғазза расонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон қаблан, дар моҳи январи соли 2025 низ якҷо бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристода буд. Ин кумакро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сиву сеюми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод

0

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тартиби навиштани номи тамға (бренд)-и хориҷиро шарҳ дода, гуфт, калимаҳое, ки ба фарҳанг, маданият ва умуман ба як миллат дахл доранд, бояд бо номи худ баён шаванд, аммо ширкатҳои хориҷӣ ҳангоми навишти вожаҳои ғайритамғавӣ дар Тоҷикистон бо Кумитаи забон ва ҳукумати шаҳру навоҳӣ мувофиқа бояд кунанд.

Ӯ дар нишасти хабарии ахир гуфт, “Toyota”,  “Hitachi”, “Shivaki”, “Nissan” ва садҳо ширкатҳои дигар, ки дар тамоми дунё бо номи худ фаъолият мекунанд, “бренд” дониста мешаванд.

“Дунё аз фарҳангҳои гуногун иборат аст. Имрӯз дар баъзе кишварҳо фарҳанги техникӣ  бисёр боло рафтааст. Фарҳанг, маданият, яъне ҳар чизе, ки ба яке аз миллатҳо дахл дорад, бо номи худаш бояд баён шавад”, – таъкид кард ӯ.

Раиси Кумитаи забон барои таъкиди андешааш ва тавзеҳи он гуфт, калимаҳое, ки ба фарҳанги тоҷикӣ дахл доранд, чун Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон дар тамоми ҷаҳон чунин ном бурда мешаванд, яъне бо номи аслии худашон.

“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” талаффуз намекунад-ку”, – тавзеҳ дод ӯ.

 

Номҳои “ғайрибренд”-и хориҷӣ

Раҳматуллозода  мегӯяд, аммо ширкатҳои хориҷӣ ҳангоми дар Тоҷикистон номгузорӣ кардан, бояд бо Кумитаи забон ва истилоҳот, ҳукумати шаҳру навоҳии дахлдор, ки комиссияи татбиқи қонуни забон онҷо фаъолият мекунад, ҳамкорӣ карда, номҳои ҳасана ва номҳоеро, ки ба меъёри забони тоҷикӣ мувофиқанд, интихоб кунанд.

“Аммо агар калима “ғайрибренд” асту ба забони худи он ширкати хориҷӣ сурат мегирад, ин камбудии ҷиддии корхонаҳоест,  ки аз хориҷа меоянд”, – илова кард ӯ.

Бо ин вуҷуд, номбурда бо таъкиди он ки Кумита бо тамоми мақомот ҳамкории ҳасана дорад, ба ҳалли ҳарчи зудтари ин мушкил умедворӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, ахиран аз ҷониби раисҷумҳури кишвар қонун дар бораи ворид кардани тайғирот ба қонун “Дар бораи забони давлатӣ” имзо шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба қонун “Дар бораи забон”-ро имзо кард. Акнун забони таблиғу эълон ва лавҳаю овезаҳо тоҷикӣ мешаванд?

Мувофиқи як банди қонуни имзошуда, акнун номгузории ташкилоту корхонаҳои хориҷӣ ва муштарак дар Тоҷикистон бояд дар мадди аввал ба забони тоҷикӣ сурат гирифта, метавонад ба забонҳои дигар низ бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷума шаванд.

Мушкили истифодаи забони тоҷикӣ дар номгузории мағозаву қаҳвахона, ошхона, кошонаҳои ҳусн ва шиору овезаҳои марказҳои хидматрасонӣ, таблиғ ва дигар лавҳаю овезаҳо нигаронии ҷомеаро ба миён оварда, аз ҷониби зиёиён низ тунд интиқод мешавад.

Бо ин вуҷуд, ин мушкил ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст ва дар баробари он ки Кумитаи забон ва истилоҳот пайваста аз гузаронидани санҷиш ва чораандешӣ дар ин самт иддао мекунад, ҳар фард метавонад дар мисоли номвожаҳои кӯчаҳои шаҳри Душанбе вазъи воқеиро мушоҳида кунад.

“Азия-Плюс” низ чанд моҳ пеш ин мавзуъро дубора ба баҳс кашид ва навиштаҷоти яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанберо таҳлил карда, назари коршиносонро дар мавриди хатарҳои истифодаи номвожаҳои ғайритоҷикӣ нашр кард. Матлаби моро инҷо хонед: “Шаҳрро мисли Амрикову Туркия оро додаанд”. Истифодаи номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо чӣ хатар дорад?

Забоншиносон гуфта буданд, ки дар ҳолати зиёд будани номвожаҳои ғайритоҷикӣ аз вожаҳои аслӣ, “забон дар ҳолати таҳаввул қарор мегирад ва зери таъсири ангезаҳои сиёсиву иқтисодиву бозаргонии забонҳои бегона ва давлатҳои бегона мемонад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қабули имтиҳонҳо барои кор дар Корея. Кай, дар куҷо оғоз мешавад ва кӣ метавонад ширкат кунад?

0

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки қабули аризаҳо барои иштирок дар имтиҳони "EPS-TOPIK", ки марҳилаи ҳатмӣ барои бо кор таъмин шудан дар Корея  мебошад, оғоз мешавад.

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, як ниҳоди тобеи вазорат мегӯяд, ҳуҷҷатҳо аз 2 то 5-уми март дар бинои ин ниҳод қабул гардида, барои пешниҳоди ариза бояд 330 сомонӣ маблағ супоранд.

 

Кӣ метавонад иштирок кунад?

Ба иттилои ин ниҳод, ба имтиҳон шаҳрвандони синни аз 18 то 38-сола, ки доғи судӣ надоранд ва пештар аз Кореяи Ҷанубӣ ихроҷ нашудаанд, роҳ дода мешаванд. Онҳо бояд вазъи солиими хуб ва бемориҳои сироятӣ надошта бошанд, инчунин мутобиқи талаботи низоми "EPS-TOPIK" забони кореягиро донанд.

Барои бақайдгирӣ ба аризадиҳандагон пешниҳоди рақами телефон, нусхаи шакли электронии шиносномаи хориҷӣ ва акси рангаи андозаи 3,5×4,5 лозим аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Барои кор рафтан ба Кореяи Ҷанубӣ чӣ бояд кард?

Дар Агентӣ таъкид мекунанд, ки ҳамаи маълумот бояд қатъиян бо забони лотинӣ ворид шуда, пурра ба шиносномаи хориҷӣ мувофиқ бошанд. Хатогиҳо зимни пур кардан метавонанд ба роҳ надодан ба имтиҳон ва рад кардани додани раводид сабаб шаванд.

Ҳуҷҷатҳо дар кӯчаи Лоҳутӣ, 80 -и Душанбе қабул карда мешаванд.

Маълумот барои иттилои бештар бо телефонҳои зерин дастрас аст: 221-39-83, 221-39-67, 930 934 994 (WhatsApp, Telegram).

Дар Агентӣ аз шаҳрвандон дархост кардаанд, ки бо шартҳои иштирок бодиққат шинос шуда, барои ба қайд гирифтан бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шаванд. 

 

Кор дар Корея

Моҳи январи соли 2026 Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар бораи оғози бақайдгирии шаҳрвандон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ тибқи низоми давлатии "Employment Permit System" хабар дода буд.

Низоми EPS барои расман таъмин шудан бо кор дар Кореяи Ҷанубӣ бидуни миёнаравон имкон медиҳад. Муваффақона супурдани имтиҳони EPS-TOPIK аз забони кореягӣ шарти ҳатмӣ мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бо гулдаста пешвоз гирифтанд. Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик тариқи барномаи EPS барои кор ба Корея рафтаанд

Пас аз имтиҳон номзадҳо аз интихоб гузашта, корфармоҳо дар Кореяи Ҷанубӣ кормандонро тариқи платформаи давлатӣ интихоб мекунанд. Бо номзадҳое, ки маъқул дониста мешаванд, шартномаи меҳнатӣ баста шуда, баъдан ба муҳлати то 5 сол раводиди кории категорияи Е-9 дода мешавад.

Соли 2025 Тоҷикистон ба барномаи EPS ҳамроҳ шуда, аллакай дар соли аввал даҳҳо шаҳрвандони кишвар муваффақона аз имтиҳон гузаштанд ва ба барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ рафтанд.

Моҳи декабри соли 2025 барои довталабон дар Душанбе маркази омӯзиши забони кореягии "Titan Training Center" боз шуд. Дар ин ҷо номзадҳоро ба имтиҳони "EPS-TOPIK" бо истифода аз методикаҳои муосир бо шумули технологияҳои рақамӣ омода мекунанд.

Кореяи Ҷанубӣ тайи солҳои ахир фаъолона қувваи кориро ба бахши истеҳсолӣ ҷалб мекунад ва иштироки Тоҷикистон дар барномаи EPS ҷиҳати муҳоҷирати кории қонунӣ барои шаҳрвандони кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2004 – Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ моҳи июни соли 2003 дар Маскав боздошт шуда ва то вақти истирдод дар боздоштгоҳи “Лефортово” нигоҳ дошта мешуд. 

Ӯ дар Тоҷикистон бо ҷурми "хиёнат ба ватан", "нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб"  ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2016 баъди татбиқи қонуни авф ва 13 соли боздошту зиндон аз мащбас озод гардид.

 

Соли 2010 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авф намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонии баъзе маблағҳои пулӣ”-ро қабул намуд. Ин қонун ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имконият дод, ки маблағҳои пулии қаблан пинҳонкардаашонро бидуни таҳти таъқиби ҷиноятӣ ё маъмурӣ қонунӣ гардонанд.

Соли 2012 – Дар вилояти Суғд як гурӯҳ афрод, ки бо ташкилоти мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” алоқаманд буданд, маҳкум шуданд. Ин афрод барои иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти ташкилоти динӣ ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ айбдор дониста шуданд.

Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст.

Соли 2017 – Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро бозпас гирифт. Ин қарор дар асоси мушкилоти молиявии ҷиддии ин бонкҳо, аз ҷумла нокифоягии сармоя ва нотавонии иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ қабул гардид.

Соли 2020 – Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) кишварҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки барои эҳтимоли пандемияи коронавирус омодагӣ бинанд. Дар ин замон, вируси "SARS-CoV-2", ки боиси бемории COVID-19 мегардад, дар зиёда аз 30 кишвар паҳн шуда, шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда ба 80,000 наздик мешуд.

Соли 2021 – Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз сокинони вилоят барои норасоии нерӯи барқ узр пурсид. Ӯ дар муроҷиати худ изҳор дошт, ки маҳдудиятҳои барқтаъминкунӣ бо сабаби кам шудани об дар обанборҳо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар фасли зимистон ба вуҷуд омадаанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Ҳомид Маҳмудов, нахустин коргардони касбии театри тоҷик.

 

Соли 1929 вақте аввалин дастаи касбии театрӣ таъсис дода шуд (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) Ҳомид Маҳмудов коргардон ва сарвари он таъин шуд.

Нахустин маҳсули эҷодаш “Наврӯз ва Гулчеҳра”, вале беҳтарин намоиши мавсуф “Маликаи Турандот” буд. Сипас Ҳомид Маҳмудовро барои ташкили театри дуввум (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд.

Ӯ дар саҳнаҳои теарти тоҷик даҳҳо намоишномаҳо гузоштааст. “Маликаи Турандот”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Ревизор”, “Фарзанди бегона”, “Ҳалима”, “Рустам ва Суҳроб”, "Тоҳир ва Зуҳро”, “Душман”, “Саодат”, “Зиндагии нав”, “Ҳукм”, “Ғалаба” ва ғайра аз намоишҳои офаридаи ӯ мебошанд.

Ҳомид Маҳмудов соли 1945 аз саҳнаи театр дур шуд. Баъд аз он дар вазифаи мудири Комиссариати халқии кишоварзии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1959 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ғоибона хатм карда, то соли 1966 дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ кор кардааст.

Ӯ 12-уми марти 1977 дар 77-солагӣ даргузашт. Пиромуни зиндагӣ ва эҷоди коргардон дар маводи муфассали “Азия-Плюс” Ҳомид Маҳмудов – нахустин коргардони касбии театри тоҷик мутолиа кунед.

Соли 1923 – Зодрӯзи Рафаэл Толмасов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

 

Ў бори нахуст дар 10-солагиаш дар спектакли мусиқӣ-драмавии “Наҷот” иштирок кардааст.

Оғози ҳунарнамоии касбиаш дар театр аз операи “Шӯриши Восеъ” буда, дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро кардааст.

Ӯ нашқи Сулаймон дар “Аршин мол-олон”, Ренато дар “Отелло”, Нозим дар “Шӯриши Восеъ”, Шаҳрубон дар “Коваи оҳангар”, Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Баҳодур дар “Лаънаткардаи халқ”, Пӯлод дар “Пӯлод ва Гулрӯ”-ро иҷро кардааст.

Соли 1952 – Мавлуди Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори тоҷик.

 

Сироҷиддин Зуҳуриддинов муаллифи лоиҳаҳои бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои пешини парлумони Тоҷикистон, Майдони “Истиқлол” дар Душанбе, хонаи истироҳати “Пугус” дар ноҳияи Варзоб, марказҳои савдои “Меҳргон” ва “Пойтахт”, толори қабули ҳайатҳои ҳукуматӣ, толори "VIP"-и фурудгоҳи Душанбе ва чанд биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт аст.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар идораи “Душанбегипрогор” оғоз ва беш аз 20 сол онҷо фаъолият кардааст.

Солҳои 1995-1997 сардори раёсати меъморӣ ва банақшагирии ҳукумати шаҳри Душанбе буд ва сипас ҳамчун Сармеъмори шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Аз соли 2015 Директори устохонаи Илмӣ-истеҳсолии “Академия меъморӣ ва сохтмонии Тоҷикистон” буд.

Ӯ соли 2021 дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1954 – Мавлуди Абдухолиқ Сӯфиев, овозхон ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

 

Абдухолиқ Сӯфиев аз модар нобино ба дунё омад. Ӯ соли 1983 ба Бадахшон рафт ва бо мусоидати котиби ҳизбии вилоят Муминшоҳ Абдулвосиев ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни “Панҷтанон” буд.

Абдухолиқ Сӯфиевро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи машриқзамин Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар филмҳои “Ишқ ва фалсафа”-и Муҳсини Махмалбоф ва “Овора”-и Далер Раҳматов нақш бозидааст.

Абдухолиқ Сӯфиев 26 сентябри соли 2015 дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1969 – Зодрӯзи Зафарҷон Ҳусейнов, доктори илми тиб.

Соли 1971 – Мавлуди Бахтиёр Маҳмадалӣ, иқтисоддон, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.

Соли 1992 – Ҳодӣ Кенҷаев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар 78-солагӣ даргузашт.

Соли 2025 – Гавҳар Тоҷибоева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар 84-солагӣ даргузашт.

 

Гавҳар Тоҷибоева ҳанӯз дар наврасӣ барои иҷрои нақши аввалини худ ба театр даъват шудааст. Баъдан дар Техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд ва омӯзишгоҳи санъат таҳсил кардааст.

Ҳунарпеша соли 1961 ба Театри Камоли Хуҷандӣ омада, даҳсолаҳо онҷо фаъолият дошт. Ӯ дар театр ва синамо дар беш аз сад нақш офаридааст, аз ҷумла, дар филмҳои “Рустам ва Суҳроб”, “Арӯси шаҳрӣ”, “Модар нигарон буд”, “Ҳечбудагон”, “Бачаи обӣ” ва “Ишқи маҳтобӣ”.

Номбурда 24-уми феврали соли 2025 дар 84-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

24 феврали соли 2022 Владимир Путин, президенти Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки барои ҳимояи мардум дар Донбасс, ки ба гуфтаи ӯ “ҳашт сол таҳти таҳқир ва генотсиди режими Киев қарор доштанд”, амалиёти махсуси ҳарбиро оғоз мекунад. Ӯ ҳадафи ин амалиётро “демилитаризатсия ва денасификатсияи Украина” номид. Дар натиҷаи ин изҳорот ҳамон рӯз нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, ки ин ба оғози ҷанги васеъмиқёс байни ду кишвар оварда расонд.

 

24 феврали соли 1852 Николай Гогол дастнависи қисми дуюми “Ҷонҳои мурда”-ро сӯзонд.

 

Гогол дар охири умраш зери таъсири шадиди изтиробҳои динӣ қарор дошт. Ӯ дар ин давра аз мушкилоти равонӣ, эҳтимолан психоневроз ранҷ мебурд ва таҳти таъсири машваратҳои рӯҳонии худ Матвей Константиновский қарорҳои ғайриоддӣ мегирифт. Ин рӯҳонӣ ӯро водор месохт, ки худро аз корҳои дунёӣ дур кунад ва ҳатто аз хондани китобҳои худ даст кашад.

Шоми 24 феврали соли 1852 Гогол, эҳтимолан дар ҳолати бӯҳрони шадиди рӯҳӣ, дафтареро, ки қисми дуюми “Ҷонҳои мурда” дар он нигаҳдорӣ мешуд, ба оташ партофт. Бархе муҳаққиқон бар инанд, ки ӯ онро на якбора, балки қисм-қисм сӯзонд. Гогол чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бистарӣ шуд ва 4 март (21 феврал бо тақвими кӯҳнаи русӣ) дар синни 42-солагӣ аз олам даргузашт.

24 феврали соли 1938 аввалин чӯткаи дандон бо мўйи синтетикии сунъӣ ба истеҳсолот ворид шуд.

 

Ин воқеа як инқилоби воқеӣ дар саноати маҳсулоти дандонӣ буд, зеро истифодаи мўйи синтетикии найлон ба ҷои мўйи табиӣ, ки пештар дар истеҳсоли чӯткаҳо истифода мешуд, имконоти нав ва самаранокро барои беҳтар кардани сифати нигоҳубини дандонҳо ба вуҷуд овард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 1+3º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 5-7º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст

0

Дар шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири ӯзбекистонӣ кӯдаки ҳафтсолаеро, ки аз тирезаи ошёнаи 7-уми биное дар кӯчаи Петрозаводская меафтод, наҷот додааст. Ба гузориши расонаҳо, ин ҳодиса рӯзи 22-юми феврал рух додааст.

Аз муҳоҷири ӯзбек Хайрулло Ибодуллоеви 36-сола ном бурда мешавад. Ӯ чор моҳ боз дар ин шаҳр ҳамчун кӯчарӯб кор мекунад. 

Дар наворе, ки худи Ибодуллоев лаҳзаи қаҳрамониашро нақл мекунад, мегӯяд, эҳсос мекард, ки кӯдак аз тиреза меафтад аз ин рӯ, аз қабл фарёд кард, ки аз тиреза дур шавад. Вале писарча ба поён афтад ва муҳоҷири ӯзбекистонӣ ӯро дошт. Писарча зинда мондааст, аммо пой ва узвҳои дохилии ӯ осеб гирифта, дар шуъбаи эҳё қарор доштааст.

Гуфта мешавад, даст ва чанд дандони муҳоҷире ҳам, ки кӯдакро наҷот додааст, шикастааст, вале саломатияш хуб гуфта мешавад.

Хайрулло Ибодуллоев дар Ӯзбекистон чор фарзанд доштааст.

 

Қаҳрамониҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Бояд гуфт, ки муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо дар Русия ҷони одамонро наҷот додаанд. Вале ин қаҳрамониҳо аксаран аз сӯи расонаҳои марказии ин кишвар нодида гирифта мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Чаро он паси парда мемонад?

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Пас аз тақрибан як моҳ муҳоҷири дигари тоҷик, Сайидвалӣ Шарипов, се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод. Ӯ бегоҳии 14-уми майи соли 2025 ҳангоми харидории дору аз нуқтаи фуруши доруворӣ дар шаҳри Екатеренбург садои фиғон ва имдодталабии кӯдаки хӯрдсолро шунида, ба кӯмаки ӯ шитофт.

Инчунин, моҳи июли соли 2025 панҷ ҷавони тоҷик кӯдакону занони русро аз обанборе дар шаҳри Истра аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Сарфи назар аз ин қаҳрамониҳо, дар Русия нисбати муҳоҷирон ҳамоно дидгоҳи хашин ва муносибати дурушт мушоҳида мешавад. Махсусан, мақомоти ин кишвар дар ҷараёни рейдҳои худ муҳоҷиронро таъқиб ва дар бисёр ҳолатҳо латукӯб ҳам мекунанд.

Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд ва аз инъикоси рафтори хуби онҳо, аз ҷумла наҷоти одамон худдорӣ мекунанд ва ё аз ҳодиса ҳам гӯянд ҳувияти муҳоҷиронро ишкор намекунанд. Мисли қаҳрамонии Хайрулло Ибодуллоев, ки аксари расонаҳои марказии ин кишвар дар ин бора чизе нагуфтанд ва ё танҳо бидуни ишораи ҳувияташ дар ин бора гузориш пахш карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”

0

Имрӯз, 23-юми феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Нерӯҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад. Ҳамин рӯзи соли 1993 кишвари мо соҳиби артиши миллӣ шуд ва аз он замон то имрӯз – зиёда аз се даҳсола – дараҷаҳои низомии он бо вожаҳои русӣ хонда мешаванд: сержант, прапоршик, лейтенант, полковник, генерал…

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси шинохтаи тоҷик беш аз 10 сол боз мекӯшад ин вазъро тағйир диҳад. Ӯ тарҳе таҳия кардааст, ки дараҷаҳои низомиро аз “Шоҳнома” ва мероси низомии Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бармегардонад: размовар, размдор, таҳмдор, саргурд, сарҳанг, артишсолор…

Аммо тарҳ ҳанӯз расман қабул нашудааст. Дар мусоҳибаи зерин Умед Ҷайҳонӣ аз таърихи ин тарҳ, монеаҳои сиёсию забоншинохтӣ ва умедҳои оянда сухан мегӯяд.

 

Бахши I. Таърихи тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ

– Шумо соли 2018 тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомиро пешниҳод кардед, аммо то соли 2026 он бенатиҷа монд. Дар паси ин 8 соли сукут чӣ буд: бетаваҷҷӯҳии сиёсӣ, тарс аз тағйирот, камбуди маблағ ё чизи дигар?

– Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ аз барномаҳои Вазорати дифоъ буд, ки дар соли 2018 бо Кумитаи забону истилоҳот коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ ташкил кард. Ман бо пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳот ба ин коргурӯҳ пайвастам ва тарҳи худро дар ихтиёраш гузоштам. Он тарҳ бо баҳрагирӣ аз унвону мансабҳои низомии сипоҳи Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ва равишҳои вожасозии забони форсӣ таҳия шуда буд. Коргурӯҳ он тарҳро асос қарор доду худ вожаҳоеро сохт, ки на бо равишҳои вожасозӣ созгор буданд ва на бо равишҳои истилоҳгузинӣ. Тарҳи коргурӯҳи муштарак дар Шурои амнияти миллӣ баррасӣ шуд, вале қабул нашуд. Пас аз он тарҳи дигареро бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” таҳия кардам, ки дар расонаҳо мунташир шуд, вале ҳанӯз расман ба ҳукумат пешниҳод нашудааст.

– Шумо худатон гуфтед, ки “дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст”. Оё ин маъно дорад, ки масъалаи тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ аз рӯзи аввал на забоншиносӣ, балки сиёсӣ буд?

– Тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомиро аз ҳамон оғоз сиёсӣ кардан мехостанд. Чанде аз рӯзноманигорони русизабони тоҷикистонӣ дар расонаҳои Русия онро “тахрибкории забоншинохтӣ” хондаву ҳангома бар по карданд, ки гӯё Тоҷикистон бо Русия ва забони русӣ душманӣ пеш гирифта бошад. Аммо бархе аз коршиносони низомии Русия дар вокуниш ба он ҳангомаҷӯйҳо ин тарҳро “кори дохилии Тоҷикистон” дониставу таъкид карданд, ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва Русия ҳаққ надорад дар умури дохилии он мудохила кунад. Ман ҳамчунон бар ин боварам, ки агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, ин тарҳ бечунучаро иҷро мешавад.

– Поёни соли 2025 Вазорати мудофиа аз Шумо дубора сардӯшиҳоро барои “тарҳи ислоҳи пӯшоки низомиён” хост. То кунун натиҷа ё посухе дарёфтед?

– Вазорати дифоъ дар назар дорад пӯшоки низомиёнро ислоҳ кунад. Тарҳи сардӯшиҳоро барои ҳамон тарҳи ислоҳи пӯшок хоста буданд, ки ҳамакнун дар дасти иҷро аст. Натиҷаҳои онро дертар намоиш хоҳанд дод.

– Дар тарҳи нави дараҷаҳои низомӣ нисбат ба тарҳи 2018 чӣ тағйирот ворид кардаед?

– Дар тарҳи нав дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ бознигарӣ ва бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” баробарҳои дигаре интихоб шудаанд. Чунончи, аз "Шоҳнома" размовар ва размсозро гирифтаву баробари “сержант” ва “прапоршик” ниҳодаам.

– Шумо ҷашни 35-солагии истиқлол (соли 2026)-ро фурсати муносиби татбиқи ин лоиҳа медонед. Агар то он вақт тасмим гирифта нашавад, лоиҳаи омодакардаи Шумо боз дар бойгонӣ мемонад ё чораи дигаре ҳаст?

– Маъмулан, ислоҳоти муҳимро ҳамзамон бо солгарде анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷашни истиқлоли кишвар, хоҳ 35-умин солгард бошаду хоҳ 40-умин, муносибтарин фурсат барои чунин ислоҳоте аст.

 

Бахши II. Системаи дараҷаҳои пешниҳодӣ

– Шумо дараҷаҳоро ба 6 гурӯҳ тақсим кардаед: солорон, сардорон, саркардагон, размсозон, размоварон ва сарбозон. Мантиқи ин радабандӣ чист ва аз кадом сарчашмаи таърихӣ бармеояд?

– Ин радабандӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” сарчашма мегирад, ки низомиёнро ба чунин ҳайатҳо ҷудо кардааст: аскарҳо, сержантҳо ва страшинаҳо, прапоршикҳо ва афсарҳо, ки хурду калону олӣ мешаванд. Дар истилоҳи низомӣ афсарҳои олиро умуман солор, афсарҳои калонро сардор ва афсарҳои хурдро саркарда меноманд. Размсоз аз “Шоҳнома” гирифтаву баробари “прапоршик” ва размовар низ баробари “сержант”-у “старшина” ниҳода шуданд. Аксарро сарбоз мегӯянд. Ин вожаҳо аз беху бун тоҷикӣ ҳастанд ва дар фарҳангҳо оварда шудаанд.    

– “Разм” дар вожаҳои размюз, размовар, размдор, разморо, размпардоз, размсоз дар форсии классикӣ ба маънои ҷанг ва набард аст. Чаро “разм”-ро барои дараҷаҳои сержантӣ интихоб кардед, на барои афсарон?

– Ин вожаҳоро навгузиниш кардаем. Навгузиниш равише дар вожагузинӣ аст, ки дар он вожае мавҷуд дар забон бо маъное нав, ки бо нахустмаънояш пайванд дорад, дар баробари вожаи бегона баргузида мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Артиши миллӣ тоҷикӣ намешавад. Ҳукумат тарҳи тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомиро напазируфт

Чунончи, разм дар улуми низомӣ навгузиниш ва “бахше аз набард миёни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар” таъриф шудааст. Ин вожа дар порсии миёна razm “ҷанг, набард, пайкор” маъно дошта, вале дар порсии бостон *razma – “якони низомӣ” буда, ки аз *raźman – “ороиши ҷангӣ” дар эронии бостон густариш ёфтаву решааш √*raź – “оростан; тартиб додан, идора кардан” аст.

Бояд гуфт, ки он разма, ки дар фарҳангҳо оварда ва “баста” таъриф шудааст, аз ҳамин *razma – дар арабӣ вом гирифта шудааст. Аз дигар сӯ, *razma –и порсии бостонро чун разма навгузиниш кардаем ва онро навсохта аз разм- + (асоси замони ҳозира аз масдари раз­мидан + пасванди исмсози ) гирифта “даста – якони размӣ” таъриф кардаем ва баробар бо отделение ниҳодаем.

Размовар, размдор ва разморо аз разм бо афзудани пасвандҳои -вар, -дор ва -оро сохта шудаанд, ки дар истилоҳоти низомӣ силсиламаротибро бозтоб медиҳанд. Ин вожаҳо низ навгузиниш ва баробари сержантҳо ниҳода шуданд, зеро сержантҳо маъмулан фармондеҳи отделение ҳастанд. Размовару размдору разморо вожаҳои мавҷуд дар забонамон ҳастанд ва маънои аввалияашон разманда аст, вале бо навгузиниш мафҳумашон “фармондеҳи разма” мешавад.

– “Сарҳанг” барои “полковник” – ин вожа дар Эрон ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад. Оё Шумо аз таҷрибаи Эрон огоҳона баҳра гирифтед ё мустақилона ба ин вожа расидед?

– Сарҳангро огоҳона аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтаем, зеро ин дараҷа ҳанӯз дар сипоҳи Сосониён ва Сомониён мансабе баробар бо полковник дар артишҳои имрӯзӣ буд. Сарҳангро бузургвор Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст. Аз чунин мероси гаронбаҳо набояд гузашт.

– “Таҳм” дар таҳмовар, таҳмдор, таҳморо ба маънои далерӣ ва нерӯ аст – барои “лейтенант”. “Гурд” дар саргурд ба маънои паҳлавон аст – барои “майор”. “Солор” барои “генерал”. Инҳоро ҳам тавзеҳ диҳед, то ин решаҳо барои сарбоз ва афсари имрӯзаи тоҷик фаҳмо бошад.

– Баробарҳои дараҷаҳои лейтенантӣ бо ду равиш – навгузиниш ва вожасозӣ сохта шудаанд. Чунончи, таҳмдор аз мансабҳои афсарии сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва фармондеҳи таҳм буд. Онро баробар бо лейтенант навгузиниш кардем ва дар қиёс бо он аз таҳм, ки баробар бо взвод ниҳодаем, таҳмовар ва таҳморо сохтем, ки баробар бо лейтенанти хурд ва лейтенанти калон ҳастанд. Маънои таҳмовар, таҳмдор ва таҳморо “фармондеҳи таҳм” аст. Навгузинишро дар забони ибрӣ барои офаридани вожагони низомӣ бисёр ба кор мебаранд. Яҳудиҳо забонеро, ки ду ҳазор сол пеш мурда буд, бо ин равиш зинда кардаанд. Мо ҳам аз он баҳра мебарем.  

Саргурд аз дараҷаҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст, ки дар соли 1935 барои мақоми фармондеҳи гурдон аз фарҳанги “Хизонаи омира” (1871) навгузиниш карда буданд, ки дар он “фармондеҳи дастае аз лашкар” таъриф шуда аст. Мо ҳам ин дараҷаро ҳамроҳ бо гурдон аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтаем.

Солор гунае дигар аз “сардор” аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои “генерал” барои номгузории унвонҳо ва дараҷаҳои олии низомӣ ба кор меравад. Сипаҳсолор ва гундсолор гувоҳ бар ин гуфта ҳастанд.

Ман боварии комил дорам, ки ин вожаҳоро ҳар сарбозе дар камтарин замон ёд мегирад, хоҳ “Шоҳнома” хонда бошаду хоҳ на.

– “Размомӯз” барои курсант – аз ҳама равшан ва зебо ба назар мерасад. Кай ва чӣ гуна ба ин истилоҳ расидед?

– Бояд донист, ки курсант рутба нест, балки мақом аст. Курсант донишҷӯи донишгоҳи низомӣ ё донишомӯзи давраҳои размӣ аст. Размомӯзро аз разм + омӯз дар қиёс бо донишомӯз дар соли 2018 сохта будам. Ҳамин размомӯз далел шуд, ки барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ ҳам аз разм баробарҳое ёфтаву сохта шаванд. 

 

Бахши III. Сардӯшӣ ва нишонаҳои рутба

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Умед Ҷайҳонӣ: Президент тасмим мегирад, ки дараҷаҳои низомӣ миллӣ бошанд ё не

– “Погон” ё “пагона” – ин вожаҳои русӣ ва тоҷикишудаи он дар матбуот ва ҳуҷҷатҳо зиёд истифода мешаванд. Шумо “сардӯшӣ”-ро пешниҳод мекунед. Оё ин вожа дар забони классикии тоҷикӣ решае дорад, ё навсохта аст?

– Сардӯшӣ аз вожаҳои навсохта аст, вале таърихи беш аз 100 сол пешина дорад. Аммо дар сипоҳи Сосониён ҳар сипоҳӣ дараҷае дошта, ки онро ба забони порсии миёна pāyag (поя) меномидаанд ва он бо сардӯшиҳое рангин нишонагузорӣ мешуд. Яъне, сипоҳиёни сосонӣ сардӯшӣ ҳам доштаанд, ки рангашон сурху майгуну зарду бунафшу арғувонӣ буда, ки рангҳои вижаи табақаи артишторон (низомиён, сипоҳиён) буданд.

– Агар дараҷаҳои низомӣ бо вожаҳои тоҷикӣ иваз шаванд, оё нишона ва шакли сардӯшӣ ҳам бояд тағйир ёбад? Ё ин ду масъала мустақил ҳастанд?

– Дар соли 2023 ҳамроҳ бо устод Далер Миҳтоҷов тарҳе барои ислоҳи сардӯшиҳо низ таҳия карда будем. Нишонҳои дараҷаҳо дар сардӯшиҳоро аз ситораҳои чаҳоргӯша (аз артиши сурхи Бухоро) ва панҷгӯша (аз артиши Шуравӣ) ва тиру шамшеру гурзҳо (аз намодҳои артишторони сосонӣ) сохта будем. Аммо ин сардӯшиҳо танҳо барои ҳамсонаи ҷашнӣ дар назар гирифта шудаанд, на барои размҷома (пӯшоки саҳроии сипоҳиён) ва корҷома (пӯшоки кории сипоҳиён).

– Дар сардӯшиҳои пешниҳодии Шумо ду шамшери мутақотеъ (ду шамшер) нигоҳ дошта шудааст, аммо ранги заминаи сардӯшӣ сабз аст ва нишонаҳо тиллоӣ – ин аз анъанаи Шуравӣ меояд. Оё шакли графикии сардӯшӣ ҳам бояд аз нав тарҳрезӣ мешуд ё ин кор барои марҳилаи дуюм аст?

– Дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ранги сабзи тирагун ё хокӣ (хаки дар русӣ ва khaki дар англисӣ ҳамин хокӣ аст) дар пӯшоки низомиён барои ниҳуфтор (камуфляж) ба кор меравад. Бино бар ин, дар сардӯшиҳо замина хокиранг аст. Дар сардӯшиҳои ҷашнӣ замина метавонад зарин ё симин бошад, чунонки дар сардӯшиҳои кунунӣ аст.

– Ситораҳо ва хатҳо рӯи сардӯшӣ ҳам рамзҳои шуравианд. Оё дар осори бозмонда аз давраи Ашкониён ё Сосониён ягон рамзи дигаре вуҷуд дошт, ки метавон ба ҷойи ситора ва хат ба кор бурд?

– Намодҳои шуравиро дар сардӯшиҳо огоҳона нигаҳ доштаем, то ёдгор аз пирӯзии падарбузургонамон дар Ҷанги Бузурги Меҳанӣ бошанд. Ин шояд ягона ҷанге бошад, ки тоҷикон дар он бар душмане пирӯз шудаанд, ки бар меҳанашон тохт овардааст. Чунин пирӯзиро бояд гиромӣ дошт.

Аз ёфтаҳои бостоншиносон медонем, ки дар сипоҳи Ҳахоманишиён мансабҳо бо ситораҳо нишонагузорӣ мешудаанд. Дар “Шоҳнома” аз нишони дирафшҳои паҳлавонон бисёр ёд шуда, ки ёдгор аз дирафшҳои Ашкониён ва Сосониён ҳастанд ва бештар нигораи ҷонварон доштаанд. Шояд дар оянда аз рӯи он дирафшҳо барои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Вазорати дифоъ, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, якон (воҳид)-ҳои размӣ нишону дирафшҳое тарроҳӣ ва пешниҳод кунем, агар чунин дархосте аз онҳо дарёфт шавад.

 

Бахши IV. Пӯшоки низомӣ ва вожагони он

– Шумо мегӯед, дар “Динкард” ранги ҷомаи низомиён сурх ва майгун (арғувонӣ) нишон дода шудааст ва пешниҳод мекунед, ки Посгони арҷгузорӣ (Қаровули фахрӣ) кители сурхранг бипӯшанд. Таҳқиқе доштед: посгонҳои фахрии кишварҳои дигар низ либоси таърихӣ мепӯшанд?

– Бале, дар ин замина ҳам пажӯҳиш доштаам. Дар кишварҳое, ки таърихи низомии пурифтихор доранд, пӯшоки посгони арҷгузорӣ баргирифта аз пӯшоки ҳамон даврони пурифтихорашон аст. Чунончи, ҳамсона (униформа)-и посгони арҷгузории Муғулистон аз пӯшоки сипоҳиёни Чингизхон гирифта шудааст. Ҳамсонаи посгони арҷгузории Русия низ баргирифта аз ҳамсонаи посгони подшоҳии Русия дар солҳои 1909 – 1913 аст. Камобеш ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳамин равишро ба кор мебаранд.

– “Мундир”, “китель”, “фуражка”, “кепӣ”, “берет” – ҳама аврупоӣ ва русӣ ҳастанд. Дар адабиёти классикии тоҷикӣ барои пӯшоки сар ва тан “кулоҳхӯд”, “зиреҳ”, “ҷавшан” гуфта мешуд. Оё ин вожаҳои таърихӣ барои пӯшоки муосири низомӣ қобили корбурданд, ё маъноашон аллакай дигар шудааст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Ҳоло не". Рамазон Раҳимзода аз миллӣ шудани рутбаҳои низомӣ ҷонибдорӣ накард

– Дар “Шоҳнома” пӯшоки сипоҳиён умуман “ҷома” ва “ҷомаи разм” номида шуда, ки аз он “размҷома” сохтаанд. Мундир ҷашнпӯш аст, яъне пӯшоке, ки дар ҷашну базм мепӯшанд, кител – сонпӯш, фуражка – кулоҳ, кепӣ – сорвор, каска – хӯд. Мо худ берет доштаем ва ҳамин пакулест, ки ҷовидном Аҳмадшоҳ Масъуд дошт.  

– “Камуфляж”, “бронежилет”, “каска” – инҳо дар аксари забонҳои ҷаҳон бетарҷума истифода мешаванд. Оё дар тоҷикӣ ҳам бояд ба ҳамин роҳ рафт, ё барои ин истилоҳҳо ҳам вожаи тоҷикӣ сохтан лозим аст?

– Мо баробарҳои ин вожаҳоро аз қадим дорем. Чунончи, камуфляж – палангина (ҷомае, ки холҳои сиёҳ монанди пӯсти паланг дошта бошад), бронежилет – барвон (аз varpānak < *u̯arah-pānaka- “нигаҳбони синаву паҳлӯ”), каска – хӯд аст. Он забонҳо “Шоҳнома” надоранд, ки тавони вожасозии забони моро дошта бошанд.

– Агар бихоҳем як унсури миллии тоҷикиро ба пӯшоки ҳарбии имрӯза ворид кунем, бе он ки ба меъёрҳои байналмилалӣ зид бошад, он унсур кадом мешуд: ранг, буриш, нақш ё нишона?

– Ҳар кишваре дар интихоби рангу буришу дӯхти ҳамсона ё пӯшоки расмии низомиёнаш соҳибихтиёр аст. Аммо размҷома ё пӯшоки размӣ тақрибан дар саросари ҷаҳон яксон аст, зеро кӯшиш мешавад, ки бо пешрафтатарин фанновариҳои низомӣ дӯхту сохта шаванд.

 

Бахши V. Рамзҳо ва решаи таърихии истилоҳот

– Нишонҳои имрӯзаи Нерӯҳои мусаллаҳ то куҷо забону рамзҳои классикии форсии тоҷикиро бозтоб медиҳанд? Ё бештар пасошуравӣ ҳастанд?

– Яксара шуравӣ ва русӣ ҳастанд. Аз “Шоҳнома” дар онҳо рангу нишоне дида намешавад. Нишони имрӯзаи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бояд шере зарину болдор ва шамшер ба чанг мебуд. Ҳамин нишон агар бар парчами яксара сурх нигошта мешуд, Дирафши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сохта мешуд, ки ёдовари дирафшҳои “Шоҳнома” мебуд.

– Номи яконҳои низомӣ – “батальон”, “полк”,  “бригада”, “дивизия” – барои инҳо ҳам бояд баробариҳои тоҷикӣ ҷуст?

– Бале. Номи яконҳои низомиро ҳанӯз соли 2018 тоҷикӣ карда будем: армия – артиш, корпус – сипоҳ, дивизия – лашкар, бригада – гунд, полк – ҳанг, батальон – гурдон, рота – вашт, взвод – таҳм, отделение – рада ё разма, ки нав сохтаем.

Дар забони мо номи дараҷаҳо аз номи яконҳои размӣ сохта мешавад: артиш – артишсолор, сипоҳ – сипаҳсолор, лашкар – лашкарсолор, гунд – гундсолор, ҳанг – сарҳанг, гурдон – саргурд, вашт – сарвашт ё сарвон, таҳм – таҳмовар, таҳмдор, таҳморо, разма – размовар, размдор, разморо.

Боз ҳам мегӯям, ки вожаҳои сипоҳ, лашкар, гунд, сарҳанг, гурдон, размовар – ҳама аз “Шоҳнома” гирифта шудаанд.

– Қонуни забони давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 истилоҳоти расмиро танзим мекунад. Дар амал Вазорати мудофиа ин қонунро дар ҳуҷҷатнигорӣ то куҷо иҷро мекунад? Яъне, забони ҳуҷҷатнигории имрӯзаи мо чӣ гуна аст?

– Кӯшиш доранд дар суханрониву мақолаҳо меъёрҳои забони давлатиро нигаҳ доранд, вале вожаву истилоҳоти корбурдиашон ҳамчунон русӣ аст. Далелаш ҳам ин аст, ки низомиёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд ва забони андешаву пиндорашон русӣ аст. Русӣ меандешанду тоҷикӣ менависанду мегӯянд. Ин масъаларо коршиносони дигар улуму фунун ҳам доранд. Камтар касе аз онҳо метавонад андешаашро ба забони илмии тоҷикӣ равону расо бозгӯ кунад. 

– Шумо борҳо гуфтаед, забоне, ки истилоҳоти илмиву низомии худро надорад, “дарахти бесамар” аст. Инро дар мисоли забони низомӣ тавзеҳ диҳед.

– Ҳамин вожаҳое, ки болотар овардаем, ҳама истилоҳоти низомӣ ҳастанд. Ин вожаҳоро дар “Фарҳанги истилоҳоти низомии русӣ ба тоҷикӣ” овардаам, ки дар солҳои 2018 – 2025 таҳия кардаам. Ин фарҳанг беш аз ду ҳазор истилоҳро дар бар мегирад. Агар Вазорати дифоъ онро мунташир кунад, камбуди истилоҳоти улуми низомӣ дар Тоҷикистон аз миён меравад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ӯзбекистон дараҷаҳои низомиро ӯзбекӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамоно мехоҳанд дараҷаҳои низомӣ тоҷикӣ шаванд

– Се истилоҳи ҳарбие, ки ба назари Шумо бояд имрӯз иваз шаванд, кадомҳоянд ва барои ҳар яке баробари тоҷикии пешниҳодии Шумо чист?

– Дар ҳамин мусоҳиба камубеш чиҳил истилоҳи низомӣ ба кор рафта, ки 19 то аз онҳо дараҷаҳои низомӣ ҳастанд, ки бояд ба кор гирифта шаванд. Ҳамчунин, бояд қӯшунро бо нерӯ, сарҳадро бо марз ва сарҳадбониро бо марзбонӣ ҷойгузин кард. Умуман, истилоҳоти улуми низомӣ бояд тоҷикӣ бошанд.

– Ба насли ҷавони афсарон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносоне, ки ҳар рӯз бо истилоҳоти низомӣ сарукор доранд, чӣ тавсия медиҳед?

– Тавсия медиҳам забони миллӣ ва забонҳои хориҷиро чунон хуб фаро бигиранд, ки тавонанд фарҳангҳои дузабона дар улуми низомӣ ва ҳуқуқшиносӣ таҳия кунанд. Ҳеч донишу илме бе истилоҳоти дақиқу расо пешрафт намекунад. Коршинос касест, ки тавонад дониши андӯхтаашро барои дигарон ба забони илмӣ, равону расо бозгӯ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд

0

Соли гузашта додгоҳҳои кишвар аз рӯи ҳамаи парвандаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда ва пардохти боҷи давлатӣ беш аз 216,3 миллион сомонӣ рӯёнида, ба буҷет ворид кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024-ум беш аз 90,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 12-уми феврал иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла барои риоя накардани қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 1 ҳазору 297 парвандаи маъмуриро (1 ҳазору 435 дар соли 2024) баррасӣ карда, 1 ҳазору 268 касро ҷарима кардаанд. Мақомот аз ин афрод, дар умум 10 млн 989 ҳазору 681 сомонӣ ҷарима ситонидаанд.

Дар соли 2024-ум барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим 1 ҳазору 400 нафарро ба маблағи бештар аз 11 млн сомонӣ сомонӣ ҷарима баста буданд. 

Инчунин, соли гузашта додгоҳҳои кишвар барои вайрон кардани қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 10 ҳазору 536 адад (27 ҳазору 782 дар соли 2024) парвандаи маъмуриро баррасӣ ва нисбати 8 ҳазору 561 нафар дар ҳаҷми 6 млн 957 ҳазору 634 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Соли 2024 барои вайрон кардани ҳамин қонун аз 23 ҳазору 670 кас ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Омори соли гузашта нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2024-ум шумораи парвандаҳои маъмурӣ кам, вале ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашуда дар Тоҷикистон ба маротиб афзудааст.

 

Соли гузашта додгоҳҳои кишвар нисбати чанд кас ва чӣ ҷазо таъин карданд?

Тибқи  иттилои Додгоҳи олӣ, соли гузашта додгоҳҳои кишвар дар умум, 153 ҳазору 150 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷроро баррасӣ кардаанд. Ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум (169 ҳазору 614 адад) 16 ҳазору 464 парванда камтар будааст.

Ба гуфтаи Рустам Мирзозода, додрасҳои кишвар дар соли 2025 алайҳи 13 нафар ҳукми абад содир карданд, ки нисбат ба соли 2024-ум (12 – кас) 1 нафар зиёд аст. Инчунин 5 ҳазору 496 нафар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Дар ин давра, нисбати 1 ҳазору 185 нафар ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, 620 кас корҳои ислоҳӣ таъин шуда, алайҳи 7 ҳазору 126 тани дигар ҷарима татбиқ карда шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъолият мекунанд, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд. Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Раисҷумҳур ду сол қабл дар як мулоқоти хосааш бо додрасҳои тоҷик аз кори онҳо сахт интиқод кард ва гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.

Аз ҷумла, дар соли 2025-ум се додрас “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” бо фармони раисҷумҳур аз вазифа барканор шуданд. Дар Додгоҳи олӣ дар шарҳи барканории онҳо гуфтанд, ки ин се додрас даст ба “ҷинояти коррупсионӣ” зада будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд

0

Вакилони Дума ё парлумони Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки намозхонӣ ва дигар маросимҳои диниро дар биноҳои ғайриистиқоматӣ дар манзилҳои бисёрошёна ва иншооти марбут ба он манъ мекунад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як муҳоҷири ӯзбекистониро баро намозхонӣ дар хобгоҳ ҷарима ва аз Русия ихроҷ карданд.

Хабаргузории русии “РБК” 13-уми феврал навишт, ки лоиҳаи қонунро 67 вакили парлумони ин кишвар пешниҳод кардаанд ва дар тарҳи лоиҳа шарҳ додаанд, ки маросимҳои динӣ ҳоло дар биноҳои истиқоматӣ дар баъзе мавридҳо хусусияти оммавӣ доранд, ки “ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамонеро, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, поймол мекунад”.

“Мо зидди ягон маросими динӣ нестем. Вале бигузор онҳо дар ҷойҳои мувофиқ ба он иҷро карда шаванд. Биноҳои истиқоматӣ макони оромиву истироҳат барои калонсолон ва кӯдакон мебошанд. Ман фикр намекунам ки ғалоғула ва дигар нораҳатиҳои марбут ба баргузории маросимҳои диннӣ дар хонаҳо, даромадгоҳҳо ё майдончаҳои бозӣ оромии сокинонро халалдор намекунад", – гуфтааст Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатии Русия, яке аз муаллифони лоиҳа.

Дар қонун намозгузорӣ барои сокинони биноҳои истиқоматӣ ва “барои қонеъ кардани ниёзҳои инфиродии маънавии” онҳо иҷозат дода мешавад. Аммо ин банд ҳанӯз дар қонун вуҷуд надорад.

Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи одил” ("Справедливая Россия") ва аз вакилони муҳоҷирситези порлумони Русия гуфтааст, ки интихобкунандагон ин тарҳро “қонуни манъи “ҳуҷраҳои ибодат” номидаанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хондани намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Маскав имсол манъ шуд

Ӯ афзудааст, "издиҳоми одамон, бетартибӣ дар даромадгоҳҳо, нодида гирифтани қоидаҳои рафтори умумӣ қабулшуда – ҳамаи ин аксар вақт бо фаъолияти онҳо ҳамроҳ мешавад ва боиси низоъҳо байни сокинон ва ибодаткунандагон мегардад”.

Дар ҳамин ҳол, Талъат Сафо Тоҷуддин, муфтии Русия гуфтааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ утоқҳои махсуси ибодат ташкил кардан зарур аст.

“Дар бисёр кишварҳо, ин мушкилотро бо ин роҳ ҳал мекунанд: онҳо дар мағозаҳои калон ва марказҳои тиҷоратӣ ҷойҳои ибодат ташкил мекунанд, ки барои чор ё панҷ нафар пешбинӣ шудаанд. Омаданд, хонданд ва рафтанд. Онҳо ба касе халал намерасонанд”, – шарҳ додааст Муфтии Русия.

 

Ихроҷи муҳоҷири ӯзбекистонӣ барои намозхонӣ дар хобгоҳ

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш додгоҳе дар ноҳияи Нижневартовски вилояти Тюмени Русия як муҳоҷири ӯзбекистониро барои хондани намоз дар хобгоҳ 30 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардааст. “Комерсант” 16-уми феврал навишт, ки муҳоҷири ӯзбекистонӣ бо ҳукми додгоҳ аз ин кишвар ихроҷ шудааст.

Ба навиштаи ин расона шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар хобгоҳи яке аз пойгоҳҳои истеҳсолӣ зиндагӣ мекард, “ҳар рӯз панҷ маротиба намоз мехонд”.

Ин расона бо такя ба хабари додгоҳ навиштааст, ки намоз хондани ин муҳоҷир “хусусияти оммавӣ дошт, зеро дари ҳуҷраро намебаст ва сокинони хобгоҳу шахсони сеюм ба он дастрасии озод доштанд”.

“Дар хобгоҳ ӯ ба шахсони сеюм ва бошандагони хобгоҳ дар бораи таълимоти динии худ, эътиқодҳои мазҳабии худ нақл мекард ва адабиёти динии ба ӯ тааллуқдоштаро нигоҳ медошт, ки дар дастрасии озод қарор дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.

Назари худи муҳоҷир вобаста ба ин қазия маълум нест.

Додгоҳ муҳоҷири ӯзбекистониро барои анҷом додани фаъолияти таблиғӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ содир шудааст (қисми 5 моддаи 5.26 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия) гунаҳкор дониста, ӯро 30 ҳазор рубли русӣ (наздики 3 ҳазору 700 сомонӣ) ҷарима баста, ҳамчунин бо қарори додгоҳ ба таври маҷбурӣ аз ҳудуди Русия ихроҷ карда шудааст.

Ин бори аввал нест, ки баҳси хондани намоз ба гуфтаи мақомоти Русия “дар маконҳои ҷамъиятӣ” расонаӣ мешавад. Қаблан низ мақомоти Русия аз боздошти муҳоҷирон барои хондани намоз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хабар дода буданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони кории тоҷикро огоҳ кард, ки дар сурати гум кардани ҳуҷҷатҳо – шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷиратӣ, патент ё дигар ҳуҷҷатгузорӣ бояд чӣ гуна чораҷӯӣ кунанд, то ҷарима ва ё ихроҷ нашаванд.

“Гум кардани ҳуҷҷат худ аз худ сабаби ихроҷ ё бекоршавии иҷозатномаи корӣ (патент) намешавад, вале барқарор кардани он барои қонуниву расмӣ мондан дар Русия ҳатмӣ аст”, – менависад манбаъ.

Дар зер қадамҳое, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони корӣ тавсия додааст, пешниҳод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.