Додгоҳҳои Тоҷикистон соли гузашта ба буҷети кишвар беш аз 125,6 миллион сомонӣ ворид кардаанд

Соли гузашта додгоҳҳои кишвар аз рӯи ҳама парвандаҳо, аз ҷумла ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда, боҷи давлатӣ беш аз 125,6 миллион сомонӣ рӯёнида, ба буҷети давлат ворид кардаанд. Тибқи омори ин Додгоҳи олӣ, соли 2024 ин ниҳод дар маҷмӯъ, 169 ҳазору 614 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Соли гузашта додгоҳҳои кишвар аз рӯи ҳама парвандаҳо, аз ҷумла ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда, боҷи давлатӣ беш аз 125,6 миллион сомонӣ рӯёнида, ба буҷети давлат ворид кардаанд.

Тибқи омори ин Додгоҳи олӣ, соли 2024 ин ниҳод дар маҷмӯъ, 169 ҳазору 614 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷроро баррасӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2023-юм додгоҳҳо 137 ҳазору 950 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмуриро баррасӣ карда буданд.

Вале дар омори нави Додгоҳи олӣ парвандаҳо ба таври алоҳида зикр нашудааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки аз рӯи ин парвандаҳо чанд нафарро ҷазо додаанд, аз ҷумла, зиндонӣ кардаанд.

Мақомот танҳо гуфтаанд, ки барои риоя накардани қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 1 ҳазору 435 парвандаи маъмуриро баррасӣ карда 1 ҳазору 409 нафарро ҷарима кардаанд. Мақомот аз ин афрод дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ҷарима ситонидаанд.

Соли 2023-юм барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим беш аз 800 нафарро ба маблағи зиёда аз 4,6 миллион сомонӣ ҷарима баста буданд. 

Инчунин, дар соли 2024-ум барои вайрон кардани қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 27 ҳазору 782 парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд. Дар натиҷа ба 4 ҳазору 135 нафар огоҳӣ дода шуда, 23 ҳазору 670 кас ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.

Соли 2023-юм бошад барои вайрон крадани ин қонун нисбати беш аз 8 ҳазору 700 нафар зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда буданд.

Омори соли 2024-ум нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2023-юм шумораи парвандаҳои маъмурӣ ва ҳаҷми ҷарима дар Тоҷикистон ба маротиб афзудааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъолият мекунанд, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд. Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Охири соли гузашта дар як мулоқоти хосааш бо додрасҳои тоҷик аз кори онҳо сахт интиқод кард ва гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.