Home Blog Page 55

Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд

0

Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон ва ду шарики ӯ, ки шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, барои қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, аз 14 то 19 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  дар як гузориш, ки рӯзи 19-уми феврал телевизиони “Тоҷикистон” нашр кардааст, хабар дода, гуфтааст, ки аз ин “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” 20 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш мусодира кардаанд.

Мақомот аз онҳо Туйчибек Хайриддинов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун, Абдувосӣ Умаров ва Мурат Псанбаев, шаҳрвандони 55-солаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд. Вале номи ин кишварро ифшо накардаанд.

КДАМ гуфтааст, онҳо қасд доштаанд, ки маводи мухаддиро тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбеки ноҳияи Мастчоҳ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки  Туйчибек Хайриддинов ҳангоми адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои Русия бо Қосим ном шахс шинос шуда, баъди озод шудан бо ӯ дидор доштааст.

“Дар яке аз вохӯриҳо онҳо дар хусуси ташкили канали қоҷоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба хориҷа созиш кардаанд. Бо маслиҳати пешакӣ Хайриддинов тариқи сарҳади давлатӣ дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз қоҷоқбарони Афғонистон бо номҳои Аҳмад ва Ҳоҷӣ дастрас карда, онро бо мошинаш ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд интиқол дода дар махфигоҳ, воқеъ дар километри 321 шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ пинҳон кардааст”,-гуфта шудааст дар гузориши мақомот.

Худи гумонбар Туйчибек Хайриддинов дар гузориши мақомот ба гуноҳи худ иқрор шуда, гуфтааст, ки маводи мухаддирро дар роҳи Мастчоҳ партофта ба хона баргаштааст, ки “як рӯз баъд кормандони амният дастгир карданд”. Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

Назари ду шаҳрванди хориҷӣ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”-и КҶ), “тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят” (моддаи 32, қисми 1 –и КҶ), “шарикони ҷиноят” (моддаи 36, қисми 5-и КҶ) парванда боз шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Туйчибек Хайриддиновро 18 сол, Абдувосӣ Умаровро 19 сол ва Мурат Псанбаевро 14 сол равонаи зиндон кардааст.

Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Аз ҷумла, охири соли гузашта додгоҳи шаҳри Панҷакент ду сокини ҷамоати деҳоти Саразми ин шаҳрро ба қоҷоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, якеро ба 19 ва дигариро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомот гуфтаанд, ки онҳо мехостанд тавассути сарҳади Тоҷикистон, 44 кило маводи мухадирро ба кишвари Ӯзбекистон интиқол диҳанд. Пештар аз ин низ се сокини ин шаҳр барои қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлати 15 ва 16 сол равонаи зиндон шуда буданд. 

Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и “Азия-Нефт” бо зарби 20 корд

0

Раёсати ВКД дар Хатлон як сокини 35-солаи ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони куштори хазинадори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и “Азия-Нефт” боздошт кардааст. Ин ниҳод аз гумонбар Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов ном бурда, гуфтааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ Қандаҳор Ғиёсови 51-соларо корд задааст.

Мақомот дар як гузориш гуфтаанд, ки гумонбар бо марҳум шинос ва аз вай 8 ҳазор сомонӣ қарздор будаааст, ки маҳз ин додугирифт сабаби муноқишаи лафзӣ байни онҳо гардида, оқибат ба марги Ғиёсов анҷомидааст.

Манбаъ гуфтааст, ки Абдусаммадов рӯзи 12-уми феврал нахуст барқи НФС-ро хомӯш кардаааст. Баъдан, вориди ҳуҷраи хазина гардида, “ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида” беш аз 20 корд зада, аз сандуқ 22 ҳазору 605 сомониро гирифтаву фирор мекунад. Дар пайи зарбаҳои корд, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

“Кордчаро аз корхона гирифтам, барқро худам куштам, дарро худаш боз кард, чанд кордча задам, дар он ҳолат намедонам. Аз хизина пулҳоро гирифтам ва рафтам”,-нақл кардааст гумонбар. Навори иқрори ӯ таҳти чӣ шароит сабт шудааст, маълум нест.

Назари пайвандони марҳум дар робита ба ин қазия маълум нест.

Раёсати ВКД дар Хатлон гуфтааст, ки баъди як рӯзи ҳодиса гумонбарро дар ҳоле ки қасди фирор ба вилояти Суғдро доштааст, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кардаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд

Ҳоло алайҳи Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов бо гумони “одамкушӣ” (моддаи 104, қисми 2-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор аз сӯйи наздикону хешовандон дар Тоҷикистон зуд-зуд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи январи имсол Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир кардани як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки ба куштори ҳаммаҳаллааш гумонбар мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2025 дар кишвар 23 ҳазору 448 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1 ҳазору 134 ҳолат бештар аст. Аз ҷумла ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар соли гузашта 74 (2024-75) ҳолат сабт шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад

0

Додгоҳи шаҳри Конибодом Баҳоваддин Баҳоваддинзода, муовини раиси ин шаҳр, ки ҳамзамон, раиси комиссияи манзили Конибодом аст, барои ба 22 кас ғайриқонунӣ тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Вале ӯ то ҳол дар вазифааш кор мекунад.

Дар бораи ҷаримаи Баҳоваддинзода дар варақаи иттилоотии Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд зикр мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз сӯйи Баҳоваддинзода дар моҳи феврали соли 2023 ба 22 сокини Конибодом 512 метри  мураббаъ замин “ғайриқонунӣ ҷудо гардидааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Оҷонсӣ, муовини раис парвандаи сокинони воқеан эҳтиёҷманд ба заминро баррасӣ накарда, ҳуҷҷатҳои ин 22 нафарро бидуни гузаронидани маҷлиси Комиссияи шаҳри Конибодом, барои додани замини наздиҳавлигии якумраи меросӣ ба комисияи дахлдори болоӣ пешниҳод кардааст. Дар асоси пешниҳоди Баҳоваддин Баҳоваддинзода ба 22 тан замини наздиҳавлигии "ғайриқонунӣ" ҷудо гардидааст.

Мақомот дар робита ба ин қазия алайҳи Баҳоваддинзода ва як нафари дигар бо номи Н. Нозимзода, ки маълум нест, ӯ кӣ аст ва дар ин ҳодиса чӣ нақш дорад, бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ – 314 қисми 1 (Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “б,в” (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 323 (Сохтакории хидматӣ) парванда боз кардаанд.

Додгоҳи Конибдом моҳи октябри Баҳоваддинзодаро 52 ҳазору 500 сомонӣ ва Нозимзодаро 45 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест. Вале аз ҳукумати Конибодом ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд, ки Баҳоваддинзода то ҳол дар вазифааш кор мекунад ва масъалаи барканории ӯ дар баррасӣ аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси пешини Конибодом барои 12 сол равонаи зиндон шуд

Сафар Салимзода, сардори Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят ва зерсохторҳои он 83 ҷинояти вобаста ба фасод бо ширкати 28 нафар ошкор шудааст.

Қаблан, Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси пешини Конибодом, баъди 4 соли дар мансаб буданаш барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Якҷо бо Тӯхтасунзода, чанд мақомдори пешини шаҳри Конибодом низ боздошт шудаанд. Аммо онҳо мушаххасан ба кадом ҷурм муттаҳам мешаванд ва чӣ ҷазо гирифтанд, номаълум аст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳамаи онҳо, аз ҷумла раиси пешини шаҳр пас аз ташрифи гурӯҳи вижа ҷиҳати таҳқиқи кушторҳои пуровоза ва мармуз дар Конибодом давоми соли 2024 боздошт шудаанд.

Бояд гуфт, ки кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом дар соли 2024 тамоми сол ҷомеаро дар таҳлука қарор дод. Аз моҳи марти соли 2024 то охири ин сол дар ин шаҳр 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Баъди ин, Конибодом дар сархати расонаҳо қарор қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ду моҳи дигар муҳлат доданд”. Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод

0

Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар гуфт, бо сабаби сард омадани ҳаво натавонистанд бақайдгирии чеҳраи нафақагиронро ба анҷом расонанд ва аз ин рӯ, ҳукумат барои ин кор 2 моҳи дигар муҳлат дод.

“Моҳи декабр дар бисёр минтақаҳои кишвар ҳаво сард омад. Бо сабабҳои техникӣ ва дигар сабабҳо мо натавонистем пурра бақайдгириро ба анҷом расонем”, – зикр кард ӯ.

Ҳалимзод дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 13 феврал гуфт, бақайдгирии нафақагирон 1-уми декабр шуруъ шуд ва то ҳол (13-уми феврал) 839 ҳазору 968 ё 95,7% нафақагир аллакай, шиносоӣ шудаанд.

Ӯ афзуд, ҳадаф аз бақайдгирии нафақагирон муайян кардани ҳувияти нафақагир аст, ки зинда ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаст.

“Айнияткунонӣ мунтазам идома меёбад, чунки ҳамарӯза мо нафақагири нав ба қайд мегирем”, – илова кард ӯ.

Чанде пеш аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамии кишвар ба "Азия-Плюс" иттилоъ дода буданд, ки шиносоии чеҳраи нафақагирон то 1-уми феврали имсол 80% иҷро шудааст.

Хуршед Файзуллозода, раҳбари ин Оҷонсӣ 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ин низом метавонад, “омилҳои инсониро, ки дар миён ҳаст, аз байн барад” ва дар оянда нафақагирон метавонанд, маблағи нафақаашонро ба дилхоҳ корт ё ҳамёне, ки дар махзан ворид мекунанд, гиранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад

Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё шиносоии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.

Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар ҳадафи барномаро “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ" унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат

0

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ин минтақа аст, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад.

Ин ниҳод рӯзи 19-уми феврал навишт, ки Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи октябри соли гузашта барои озод кардани ду ҷавон аз хидмати ҳарбӣ аз волидайни онҳо дар умум 10 ҳазор доллар (қариб 95 ҳазор сомонӣ) гирифтааст. Аз яке 6 ва аз дигаре 4 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбар ҳангоми гирифтани пора аз волидайни яке аз ин даъватшавандаҳо моҳи октябри соли гузашта дастгир шудааст.

Назари ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Алайҳи Файзализода бо иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ (моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷноӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Танҳо иттиҳоми якум аз ҷарима то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомдорони давлатӣ, аз ҷумла кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷумри порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Қаблан, низ дар бораи боздошти кормандони мизи ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар хабарҳо нашр шуда буд.

Ҳамасола мавсими даъвати ҳарбӣ, ки дар кишвар дар як сол ду маротиба-баҳору тирамҳ сурат мегирад, хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ мегардид. Вале мақомот ин ҳамаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар шахс баъди гирифтани даъвататномаи ҳарбӣ ба комимисариат ҳозир нашавад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро маҷбурӣ меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 31

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сиву якуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии “India AI Impact Summit 2026”

0

Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар дар "Нишасти ҷаҳонӣ дар робита ба таъсири ҳуши маснӯӣ 2026" (India AI Impact Summit 2026), ки аз 16 то 20-уми феврал дар шаҳри Деҳлии нави Ҳиндустон мегузарад, иштирок дорад.

Тавре ки Вазорати саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи нишаст Шералӣ Кабир бо Сэм Алтман, мудири кулли "OpenAI"  дидору гуфтушунид кардааст. Дар ҷараёни мулоқот, имконоти истифодаи дастовардҳои ширкат барои тағйири рақамии саноати Тоҷикистон ва роҳандозии лоиҳаҳои санҷишӣ дар соҳаи ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) баррасӣ шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

Дар доираи чорабинӣ, Шералӣ Кабир, ҳамчунин, бо намояндагони сохторҳои давлатии Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарони ширкатҳо дар соҳаи ҳуши маснӯӣ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Аз ҷумла, Шералӣ Кабир бо Ашвини Вайшнаму, вазири роҳи оҳан, электроника ва технологияҳои иттилоотии Ҳиндустон дидор карда, “сатҳи баланди иштироки кишвар дар муколамаи байналмилалиро таъкид кардааст".

 

Дар ин нишаст, ҳайати Тоҷикистон афзалияти Тоҷикистонро дар соҳаи саноат ва ҷорисозии ҳуши маснӯӣ муаррифӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, ба масоили таъмиру таҷдиди раванди истеҳсолот, рушди иқтисоди рақамӣ, инчунин омодасозии кадрҳо барои саноати оянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

 

Майдони байналмилалӣ барои баррасии рушди ҳуши маснӯӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон дар бахши давлатӣ браузери ҳуши маснӯиро ҷорӣ мекунад. Ин яке аз аввалин таҷриба дар ҷаҳон аст

Нишасти мазкур, ки таҳти роҳбарии нахуствазири Ҳиндустон мегузарад, чорумин вохӯрӣ дар силсилаи ҳамоиши глобалӣ дар бораи ҳуши маснӯӣ астд, ки аз соли 2023 гузаронида мешавад. Қаблан чорабиниҳои ба ин монанд дар Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир доир гардида буданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони зиёда аз 100 кишвар ширкат меварзанд.

Аз ҷумла, Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ Дзимни суханронии худ дар ин ҳамоиш даъват кард, ки дастрасии васеъ ва боадолат ба технологияҳои ҳуши маснӯӣ таъмин шавад ва ояндаи ин соҳа набояд аз ҷониби доираи маҳдуди бозигарони хусусӣ муайян карда шавад.

Дар чаҳорчӯби кори нишаст сарони кишварҳои ҷаҳон доир ба масоили танзими ҳуши маснӯӣ, таъсири технологияҳо ба бозори кор ва таъмини амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ изҳори назар карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

0

Дар нишастҳои матбуотии оғози соли 2026 дар панҷ ниҳоди Тоҷикистон ба қаллобӣ даст задани биносозон ва миёнаравҳои онҳо мавриди баҳс қарор гирифт, ки мансабдори тоҷик мушкилотро эътироф, баъзе ҷузъиётро ифшо ва ду роҳҳал пешниҳод карданд.

 

“Дар ҳузури вакили дифоъ шартнома бандед”

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли 2025-ум 112 ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби биносозон ва ё миёнаравҳои онҳо барои хариду фурӯши хонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Вазир дар бораи ҷузъиёти ин парвандаҳо гуфт, аксаран бунёдкорони хонаҳои истиқоматии баландошёна ё шахсони алоҳида “бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, як хонаро ба 2 ва зиёда шаҳрвандон ба фурӯш баровардаанд”.

“Қисме қаллобоне ҳастанд, ки барои хонафурӯшӣ ба боварии сохтмончиён даромада, бо ин роҳ ба қаллобӣ даст задаанд”, – бо нигаронӣ афзуд Раҳимзода.

Рамазон Раҳимзода ин  кирдорро боиси нигаронӣ хонда, дар идома гуфт, ки танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи соли 2026 беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд.

 

Вазири корҳои дохилӣ барои коҳиши ин гуна ҷиноятҳо аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки эҳтиёткор бошанд, ҳангоми хариди манзил ҳуҷҷатҳои ба расмият даровардашудаи биносозро пурсанд ва ё бо ҳузури вакили дифоъ ба шартномаи хариди хона имзо гузоранд.

Ӯ гуфт, шаҳрдории Душанбе барноме омода кардааст. ки дар он маълумоти ҳамаи биноҳои сохтамешуда, иҷозатномаи он ва ҳувияти бинокор зикр шудааст ва аз шаҳрвандон хост, ки ҳангоми хариди хонаҳо аз он истифода баранд, то ба доми қаллобон наафтанд.

 

“Боиси норозигии оммавӣ шудааст”

Дар нишасти матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мушкилии мазкур аз сӯйи рӯзноманигорон матраҳ шуд ва роҳбари ин ниҳод ҳам онро эътироф карда, омори парвандаҳои бозшударо гуфт.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулл рӯзи 13-уми феврал иброз дошт, ки сохтмони баландошёнаҳо ба зебогии шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсиргузор аст, вале бо вуҷуди “тадбирҳои андешида” ба фиребгарӣ даст задани биносозон ҳамоно вуҷуд дорад.

 

“Ҳолатҳои аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба якчанд нафар фурӯхтани як манзили истиқоматӣ, худсарона ва яктарафа бекор кардани шартномаҳо, ки боиси норозигии оммавии саҳмгузорон мегарданд, аз байн нарафтааст”, – эътироф кард Воҳидзода.

Ба қавли ӯ, дар натиҷаи санҷишҳо танҳо ниҳоди зери роҳбариаш 308 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 37 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо додситон дар мавриди “тадбирҳои андешида” ва чанд парванда ба додгоҳ ирсол шудан ҳарфе назад.

 

Беш аз 400 парванда ба додгоҳ рафтааст​​​​​​​

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад, рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ парвандаҳои алайҳи ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандонро ҳам мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ номида, омори парвандаҳои онро ба рӯзноманигорон пешниҳод кард.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта вобаста ба баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои биносоз ва баръакс, баҳси ширкатҳои биносоз нисбат ба шаҳрвандон дар ҷамъ 421 парванда дар додгоҳҳои кишвар ворид шудааст.

 

Мирзозода гуфт, ки дар як соли охир 106 парванда аз сӯйи шаҳрвандон бо даъвои рӯёнидани маблағи барои сохтмон пардохта ва рафъи “дигар мушкилот” дар додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудааанд, ки то охири сол аз он 58 парванда қонеъ гардонида, 37 парванда “бинобар созиши ҷонибҳо” қатъ шудаанд. Ба қавли бахши матбуоти додгоҳ, 11 парвандаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Рустам Мирзозода, соли 2025 аз ҷониби ширкатҳои биносоз алайҳи шаҳрвандон “вобаста ба кӯчонидани манзили истиқоматӣ ё бартараф кардани масъалаҳои молиявӣ” 315 парванда ба додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудаанд. Аз ин шумора, то охири сол 114 парванда қонеъ карда шуда, 188 парванда “бинобар созиши ҷонибҳо” қатъ гардидааст.

Имрӯз, 19-уми феврал, аз бахши матбуоти Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 11 парвандаи дигар аз сӯйи шаҳрвандон ва 13 парвандаи дигар аз сӯйи ширкатҳои биносоз дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

 

Муовини Рустами Эмомалӣ ин кирдорро “нанговар” номид​​​​​​​

Баҳси фурӯши як хона ба чанд кас ва сохтани ошёнаҳои берун аз нақша рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ҳам матраҳ шуд.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини Рустами Эмомалӣ ба чанд кас фурӯхтани як хона аз сӯйи бархе ширкатҳои бинокоронро кирдори “нанговар” хонда, гуфт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати худи шаҳрдори Душанбе қарор дорад.

 

Ӯ ҳам зикр кард, ки ба хотири такрор нашудани чунин кирдорҳо минбаъд, дар ҳамаи биноҳои баландошёнаи пойтахт QR-рамзҳо насб мешаванд, то сокинон дар мавриди ширкатҳои бинокор маълумот гиранд.

Бахтиёр Шарифӣ илова кард, ки “марҳала ба марҳала ширкатҳое, ки дар фаъолияташон ба фиребгарӣ даст мезананд, муайян карда, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд".

“Хато аз ҷониби худи шаҳрвандон низ дида мешавад, агар камтар нархи арзонро бинем, кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар онро харидорӣ кунем. Он чизе, ки арзон аст, беиллат нест”, – изҳор дошт Шарифӣ.

 

“Дар “нотариус” шартнома бандед”​​​​​​​

Аз ин пештар, рӯзи 30-юми январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш тасдиқ кард, ки баъзе ширкатҳои бинокор воқеан шаҳрвандонро фиреб дода ва шартномаҳои басташударо бекор мекунанд.

Мирзозода дар пайванд ба шикояти сокинон аз кори ширкатҳои бинокор изҳор дошт, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар “нотариус” шартнома банданд.

 

“Вақте дар нотариус ба қайд мегиранд, аллакай, он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва дилхоҳ баҳсу мунозираҳое, ки сар мезанад, тавассути додгоҳ ҳаллу фасл мешавад. Дигар ин хонаро ба чанд кас фурӯхта наметавонад. Лекин бисёр ширкатҳои сохтмонӣ аз ин кор худдорӣ карда, дур мегурезанд”, – таъкид кард раиси Кумита.

 

Аз шикояти сокинон то боздошти гумонбарон​​​​​​​

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Ҳам мақомот аз ифшои камбудӣ ва боздошти қаллобон хабар медиҳанду ҳам сокинон аз фиреб додани биносозон зиёд шикоятҳо мекунанд.

Сокинон аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят мекунанд, ки бар хилофи шартномаҳо хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад.

Аз ҷумла, соли 2025 муштариёни ширкати “Салмон-иншоот” дар шаҳри Душанбе норозигӣ карданд, ки ширкат як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Мақомот ҳам ин мушкилро тасдиқ мекунанд ва чанд нафарро бо чунин иттиҳом дастгир ва ҳатто зиндонӣ карда буданд.

 

Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта ВКД аз боздошти директори як ширкати сохтмонии “Сохтмон Палас” хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.

Баъди чанд моҳ, августи соли 2025 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳам аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.  Ин ниҳод ӯ Содиқ Одинаеви 32-сола ном бурда, гуфт, ки ҳангоми роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ “Ҷамол-Басир” буданаш, “беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо, маблағҳои калони пулияшонро азхуд кардааст”.

“Гумонбаршаванда як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст”, – навишта буд РВКД пойтахт.

Ба қавли ин ниҳод, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

Ифшои камбудӣ дар рақамҳо

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2025 дар кори 1 ҳазору 288 ширкати бинокор 7 ҳазору 331 камбудӣ ошкор шуда, онҳо дар умум 547 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аз ҷумла, соли гузашта 72 ширкати бинокор бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд: дар Душанбе – 15 ҳолат, дар Рӯдакӣ – 8, Турсунзода – 10, Ваҳдат – 20 ва Кӯлоб – 9 ҳолат.

Ёдовар мешавем, ки ҳудуди 4 сол пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе талабот ба иҷрои корҳои сохтмонро сангинтар кард, то ки ба интихоби ширкати арзанда, ҳимоя аз ҳиссагузорону моликон ва пешгирии муҳлати тӯлонӣ давом додани корҳои сохтмон мусоидат кунад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ин иқдом низ  мушкилиҳо дар ин самтро пурра ҳал карда натавонист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 – Тоҷикистон расман ба Барномаи “Шарикӣ баҳри сулҳ” (Partnership for Peace)-и НАТО ҳамроҳ шуд.

Соли 2006 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, ки лоиҳаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст, оғоз гардид.

Соли 2019 – Парлумони Тоҷикистон барои ифтитоҳи гузаргоҳи нави “Боботоғ” дар марзи Ӯзбекистон иҷозат дод.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ мулоқот кард.

Соли 2023 – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Муқаддас Маҳмудов, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик, собиқ директори киностудияи “Тоҷикфилм”.

Муқаддас Маҳмудов, ки муддате роҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” ҳам буд, бо ба саҳна овардани чанд филми мондагор дар таърихи синамои миллӣ номи худро сабт кардааст.

Ӯ мактаби махсуси артиллерия ва Консерваторияи Маскавро хатм намуда, фаъолияташро дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ оғоз кардааст. Як муддат дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.

Муқадас Маҳмудов дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз Александр Затсепин филмҳои “Рояли сафед”, “Ошпаз ва сароянда”, “Шераки далер”, “Духтарон аз Суғдиён”-ро офаридааст.

Филмҳои “Шаби 1002-юм”, “Арӯсу домод”, “Вақте ки осиёб бозистод”, “Панҷ нафар дар роҳ”, “Забткорӣ”, “Дар гузаргоҳ тир напарронед!”, “Риштаи нуқрагин”, “Дом барои шағолҳо” аз филмҳои дигарест, ки офаридааст.

Аз ҷумла, соли 1986 филми “Дом барои шағолҳо”-и ӯ дар Ҷашнвораи 19 – уми Умумииттифоқӣ дар (Алма-Ато) соҳиби ҷоиза гардид.

Муқадас Маҳмудов 18-уми апрели соли 1991 дар 65-солагӣ даргузашт.

Соли 1929 – Мавлуди Ёқуб Сабзанов, оҳангсози тоҷик.

Ёқуб Сабзанов оҳангсоз ва таронанависи маъруф аст, ки оҳанги таронаи “Зебида туро либоси атлас” бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода яке аз офаридаҳои маъруфи ӯст.

Ӯ то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият кардааст. Аз ҷумла, омӯзгори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, муҳаррири сарредаксияи мусиқии ТВ Тоҷикистон, муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон, роҳбари бадеии коллективҳои бадеии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва қариб 20 сол мудири кафедраи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Ӯ аз соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико истиқомат мекард.

Оҳангҳои зиёди ӯ ба таронаҳои “Аз қадат гардам”, “Шаҳри ман”, “Тӯёна”, “Ишқ” ва “Ба дилбар” дар иҷрои ситораҳои шуҳратёре чун Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд.

Операҳои “Бозгашт” бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ, “Имтиҳон”, достонҳои симфонии “Турнаҳо”, “Мақом”, “Ёди Рӯдакӣ” аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мондаанд.

Ӯ 11-уми сентябри соли 2013 дар Амрико дар синни 84 даргузашт.

Соли 1931 – Мавлуди Дӯстмурод Саидмуродов, арбоби ҳизбию давлатӣ, шарқшинос, собиқ директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дӯстмурод Саидмуродов, ки муддате директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, солҳо чун шарқшинос дар идораҳои гуногуни кишвар ва берун аз он фаъолият кардааст.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи педагогии тоҷикии Самарқанд ба номи С. Айнӣ, факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, фаъоляити худро ҳамчун муаллими мактаб оғоз кардааст.

Соли 1958 ба шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон омад ва муддате инҷо кор кард. Солҳои 1963-1965 тарҷумони идораи сохтмони Сепули вилояти Ҷалолободи Афғонистон буд ва баъди бозгашт дар Мактаби ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба омӯзгорӣ пардохт. Сипас, дипломат-мушовири ҳизбӣ дар назди КМ ҶХД Афғонистон буд. Соли 1980 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти шарқшиносӣ таъин шуда. се сол дар ин вазифа буд ва баъдан муддате ҳамчун шореҳи рӯйдодҳои байналмилалии Телевизиони Тоҷикистон кор кард.

Дӯстмурод Саидмуродов 5-уми июли соли 2021 дар 90-солагӣ даргузашт.

Соли 1940 – Мавлуди Ғоиб Сафарзода, шоир.

Соли 1948 – Зодрӯзи Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик.

Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст.

Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар бораи эҷоди бузургони классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Қоонии Шерозӣ, Носири Хусрав ва дигарон таҳқиқотҳо анҷом дода, китобҳои алоҳида таълиф ва ё намунаҳои осори онҳоро мураттаб кардааст. Ӯ дар баргардони осори бисёр шоиру нависандагони эронӣ ва пажӯҳиши эҷоди онҳо низ саҳм дорад.

Ӯ 25 январи соли 2023 дар 74-солагӣ даргузашт.

Соли 1950 – Мавлуди Шералӣ Гул, собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

Шералӣ Гул, ки номаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, қудои раисҷумҳури кишвар буда, солҳо дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ, аз ҷумла вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.

Номи ӯ замоне пурмухотаб шуҳд, ки писари ӯро боздошт ва зиндонӣ карданд.

Шералӣ Гул хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намудааст.

Солҳои 1994-2001 раиси ноҳияи Данғара ва солҳои 2001-2006 Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ буд. Аз 1-уми декабри соли 2006 то соли 2013 дар вазифаи Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ифои вазифа кард ва ҳоло бознишаста аст.

Соли 1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумидати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Сайдамир Зуҳуров аз шахсиятҳои таъсиргузори тоҷик дар мақомоти амниятии кишвар буда, солҳо раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва муовини сарвазири Тоҷикистон буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко аст ва фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор оғоз кардааст.

Фаъолияти Зуҳуров дар соҳаи амният аз соли 1983 шурӯъ шуда, аввал корманди фаврии дастгоҳи марказии КДАМ ва сипас муовини сардори раёсати КАМ дар минтакаи Кӯлоб буд.

Солҳои 1992-1995 раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон буд ва сипас як сол ҳамчун Вазири корҳои дохилӣ кор карда, аз соли 1996-1999 Вазири амнияти миллӣ буд.

Зуҳуров соли 1999 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2005 дар ин вазифа буд.

Соли 2006 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2016 – замони ба нафақа баромаданаш фаъолият кард.

Ҳоло бознишаста аст.

Соли 1953 – Мавлуди Раҳмон Улмасов, фалсафашинос, номзади илмҳои филологӣ

Соли 1985 – Мавлуди Маҳмадалӣ Қурбонзода, иқтисодшинос, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар.

Соли 2021 – Носир Ҳасанов, ҳунарпеша ва коргардони театру синамои тоҷик дар синни 85-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2022 – Зайналобуддин Кобулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

 Имрӯз Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ таҷлил мешавад. Ин сана дар натиҷаи нишасте, ки моҳи марти соли 1995 дар Копенгаген баргузор гардид, таъсис ёфтааст. Дар ин ҳамоиш ҳадафҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи муосир эълон шуданд.

Мақсади таҷлили ин рӯз аз байн бурдани камбизоатӣ, таъмин намудани мардум бо ҷойи кор ва кори арзанда, баробарии ҷинсӣ, инчунин беҳбуд бахшидани адолати иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ аст.

20 феврали соли 1986 ба мадори Замин истгоҳи илмии “Мир” бароварда шуд, ки барои понздаҳ сол ягона лабораторияи кайҳонии идорашаванда дар ҷаҳон ҳисобида шуд.

Дар ин муддат дар он таҷрибаҳои илмӣ-техникӣ ва омӯзиши организми инсон дар кайҳон гузаронида шуданд. Дар тӯли мавҷудияти ин истгоҳ 28 экспедитсияи кайҳонӣ гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 139 кайҳоннаварди рус ва хориҷӣ дар он ҳузур доштанд. Дар истгоҳ 240 номгӯй таҷҳизоти илмӣ аз 27 кишвари ҷаҳон, ки 11,5 тонна вазн дошт, ҷойгир шуда буд. Моҳи январи соли 2001 ҳукумати Русия дар бораи қатъи фаъолияти истгоҳ қарор қабул кард. 23 марти соли 2001 маҷмааи мадорӣ парвози тантанавии худро ба анҷом расонд.

20 феврали соли 1940 бори аввал қаҳрамонҳои машҳури аниматсионӣ – Том ва Ҷеррӣ дар экранҳо пайдо шуданд. Ин силсилафилми аниматсионии машҳур аз ҷониби аниматорон Уилям Ҳанна ва Ҷозеф Барбера эҷод шудааст.

Мавзӯи аксари қисмҳои ин филми тасвирӣ – кӯшишҳои бенатиҷаи Том барои дастгир кардани муш ва оқибатҳои харобиоваре мебошад, ки аз ин амалҳо ба вуҷуд меоянд.

Филмҳои Ҳанна-Барбера, ки солҳои 1940-1958 офарида шуданд, яке аз беҳтарин филмҳо эътироф шуда, ҳафт ҷоизаи Оскарро соҳиб гаштаанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0-2º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?

0

Ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд.

Заминаи афзоиши ҷаримаҳо тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16-уми феврали имсол имзо кард.

Ба гуфтаи мақомот, далели сангин шудани ҷазо, камтаъсир будани ҷаримаҳои пешина ва ба коҳиши қоидаваронкуниҳо мусоидат накардани онҳо мебошад.

Аз ҷумла, ҷавобгарӣ барои идораи мошин бе рақами давлатӣ ё бо рақами ноаён, роҳ надодан ба мошини ёрии таъҷилӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ, таваққуф ва бозистӣ дар чорроҳаҳо, риоя накардани аломату нишонаҳои роҳ пурзӯр шуд.

Барои кадом қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиёт ҷаримаҳо сангинтар мешаванд, дар баргаҳои мо бинед:

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Лоиҳаи тағйирот ба қонун, рӯзи 21-уми январи имсол дар маҷлиси вакилони парлумон баррасӣ ва қабул шуда буд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун гуфт, солҳои 2024-2025 дар Тоҷикистон 699 тан бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохта, 1876 кас ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин давра дар умум, 1297 ҳолати ба ҳам бархурдани мошинҳо сабт шудааст.

Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, истифода накардани тасмаи бехатарӣ аст ва дар кишвар танҳо 13,4% мусофирон, 24,5% ронандагон, аз ҷумла 8% мусофирони пеш аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд.

Аламшозода гуфтааст, “пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои ин қоидавайронкуниҳо ба бартараф шудани ҳолатҳои зикршуда мусоидат карда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ҳудуди маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба танзим медарорад".

Бояд гуфт, дар соли 2026 бо боло рафтани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 ба 78 сомонӣ, дар баробари андоз, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ зиёд шуд.

Қаблан барои кадом қоидавайронкуниҳои марбут ба роҳу нақлиёт чӣ қадар ҷарима таъин мешуд, дар маводи мазкур бинед: Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.