Home Blog Page 56

Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?

0

Ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд.

Заминаи афзоиши ҷаримаҳо тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16-уми феврали имсол имзо кард.

Ба гуфтаи мақомот, далели сангин шудани ҷазо, камтаъсир будани ҷаримаҳои пешина ва ба коҳиши қоидаваронкуниҳо мусоидат накардани онҳо мебошад.

Аз ҷумла, ҷавобгарӣ барои идораи мошин бе рақами давлатӣ ё бо рақами ноаён, роҳ надодан ба мошини ёрии таъҷилӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ, таваққуф ва бозистӣ дар чорроҳаҳо, риоя накардани аломату нишонаҳои роҳ пурзӯр шуд.

Барои кадом қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиёт ҷаримаҳо сангинтар мешаванд, дар баргаҳои мо бинед:

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Лоиҳаи тағйирот ба қонун, рӯзи 21-уми январи имсол дар маҷлиси вакилони парлумон баррасӣ ва қабул шуда буд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун гуфт, солҳои 2024-2025 дар Тоҷикистон 699 тан бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохта, 1876 кас ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин давра дар умум, 1297 ҳолати ба ҳам бархурдани мошинҳо сабт шудааст.

Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, истифода накардани тасмаи бехатарӣ аст ва дар кишвар танҳо 13,4% мусофирон, 24,5% ронандагон, аз ҷумла 8% мусофирони пеш аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд.

Аламшозода гуфтааст, “пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои ин қоидавайронкуниҳо ба бартараф шудани ҳолатҳои зикршуда мусоидат карда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ҳудуди маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба танзим медарорад".

Бояд гуфт, дар соли 2026 бо боло рафтани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 ба 78 сомонӣ, дар баробари андоз, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ зиёд шуд.

Қаблан барои кадом қоидавайронкуниҳои марбут ба роҳу нақлиёт чӣ қадар ҷарима таъин мешуд, дар маводи мазкур бинед: Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд

0

Дар Тоҷикистон беш аз 700 ҳунарманд аз андоз зиёда аз 660 ҳазор сомонӣ қарздор будаанд. Аксари ҳунармандони “андозгурез” раққосаву навозандаву барандагони ҷашну маъракаҳо ва қисми зиёди қарздорон аз шаҳри Душанбе будаанд.

Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба қавли манбаъ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026, дар ҷумҳурӣ 701 ҳунарманд дар назди буҷет аз ҳисоби андоз 665,1 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Ин қарзест, ки аз солҳои пешин ҳам боқӣ мондааст. Ин теъдод назар ба соли пеш 32 нафар ва қарзи онҳо 65,5 ҳазор сомонӣ камтар будааст.

Ба иттилои Кумита, 71 нафари онҳо сарояндагон буда, қисми аксари ҳунармандони “андозгурез” навозандагону раққосон ва барандагони ҷашну маъракаҳо будаанд. Ҳаҷми қарзи ҳунармандон вобаста ба навъи фаъолияташон чунин аст:

330 раққос, навозанда ва барандаи ҷашну маъракаҳо – 236,2 ҳазор сомонӣ;

71 сароянда – 227,2 ҳазор сомонӣ;

185 суратгир ва наворбардор – 87,4 ҳазор сомонӣ;

115 соҳибкоре, ки ба таъмини мошин ва ороишот барои тӯю маъракаҳо машғуланд – 114,3 ҳазор сомонӣ.

Аммо аз Кумита номи ҳунармандони аз андоз қарздорро нагуфтанд. Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш мақомот номи аксари онҳоро расонаӣ мекард ва дар байни онҳо ҳунармандони маъруфи кишвар низ буданд.

 

Ҳамчунин, аз рӯйи табақабандии минтақаҳо ҳунармандони пойтахт аз ҳама зиёд аз андоз қарздор будаанд:

Шаҳри Душанбе – 296,5 ҳазор сомонӣ;

Вилояти Хатлон – 105,1 ҳазор сомонӣ;

Вилояти Суғд – 188,7 ҳазор сомонӣ;

ВМКБ – 3 ҳазор сомонӣ;

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 59,2 ҳазор сомонӣ.

Кумита яке аз омилҳои саривақт пардохт нашудани андоз ва қарздор мондани ҳунармандонро дар сафарҳои ҳунарӣ будани онҳо ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ гуфтааст.

“Бо ҳамин баҳона, онҳо уҳдадориҳои ба зимма гузоштаашонро фаромӯш месозанд, ки ин боиси дар фаъолияташон ба миён омадани бақияи қарзи андозҳо мегардад”, – навиштааст рӯзномаи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андоз.

Ба иттилои манбаъ, дар ин баробар, дар моҳи январи соли 2026 аз ҳисоби 32 ҳунарманд 148,2 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ситонида шудааст ва кумита мегӯяд, ки барои рӯёнидани маблағи боқимонда корбарӣ мекунад.

 

Ҳоло дар кишвар чанд ҳунарманд фаъолият мекунад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сангалӣ, Фараҳноз, Фаридун, Нигора… Кумитаи андоз рӯихати овозхонҳои андозгурезро нашр кард

Ба иттилои Кумитаи андоз, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026, дар кишвар 1618 санъаткор сабтином буда, 1586 нафари онҳо дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 32 нафар бо шаҳодатномаи низоми содакардашуда фаъолият мекунанд.

Аз ҷумла, 176 сароянда, 750 баранда, навозанда ва раққос, 449 суратгир ва наворбардор, 214 нафар, ки ба пешниҳоди мошинҳо ва ороишот дар ҷашну маъракаҳо маҳғуланд, ҳуҷҷати соҳибкорӣ ба даст овардаанд.

Ба қавли манбаъ, 397 ҳунарманд дар соли 2025 худро ба қайди кумита гузоштаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 79, дар вилояти Суғд 211, Хатлон 61, ВМКБ 11 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 35 ҳунарманд сабтином шудаанд.

Андозҳои ҳисобшудаи ҳунармандон танҳо дар 12 моҳи соли 2025, дар умум 4 миллиону 970 ҳазору 100 сомонӣ буда, дар ин давра 4 миллиону 899 ҳазору 700 сомонӣ пардохт шудааст.

Бояд гуфт, Кумитаи андоз сарояндагон, ровиёни тӯю маъракаҳо, навозандагон, раққосон, наворбардорони ҷашну маъракаҳо ва онҳоеро, ки барои таъмини мошинҳо ва дигар ороишот дар базмҳои арӯсӣ фаъолият мекунанд, ҳамчун ҳунарманд ба қайд мегирад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон номи сарояндагони дар назди буҷет қарздорро нашр мекард. Аз ҷумла, соли 2024 дар феҳристе, ки мақомот расонаӣ карда буд, номи Сангалӣ Мирзоев, Ғолибҷон Юсупов ва дигар сарояндаҳои маъруфи тоҷик буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд

0

Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон фиристода шуд, хабар медиҳад, ширкати муштараки Чину Ӯзбекистон "UTK International Logistics Co. Ltd".

Ба иттилои манбаъ, "ин иқдом дар доираи созишномаҳои таҳкиму густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон соли 2025 дар Душанбе ба имзо расидааанд, қадами амалӣ аст".

Қатора аз 8 "контейнер" иборат аст, ки дар онҳо маҳсулоти истеъмолии мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмонӣ бор шудааст.

Қатора аз истгоҳи Ланчжоу тавассути долони мултимодалии нақлиётии “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон” ба сафар баромада, нуқтаи таъиноташ истгоҳи "Душанбе-2" муқаррар шудааст.

Масофаи умумии хатсайр зиёда аз 3 ҳазору 500 километр ва вақти транзитии расонидани бор 18-20 рӯзро ташкил медиҳад.

 

"UTK International Logistics Co. Ltd" корхонаи муштаракест, ки моҳи июли соли 2025 аз ҷониби Ӯзбекистон ва Чин таъсис дода шудааст. Фаъолияти ширкат ба муттаҳид сохтани бору маҳсулот ва рушди ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан ва мултимодалӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мутамарказ гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 2025 дар гардиши моли дуҷониба он бори аввал аз Русия пеш гузашт.

Бино ба маълумоти омори расмии Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин дар соли 2025 ба 2 млрд 850 млн доллар расид, ки 46% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд

Аз ҷумла маблағи содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 524 млн доллар ва воридот аз Чин ба Тоҷикистон – 2 млрд 326 млн долларро ташкил дод.

Ҳиссаи Чин дар гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон ба 26,4% ва ҳиссаи Русия – ба ҳудуди 23% (2,5 млрд доллар) баробар аст.

Тоҷикистон аз Чин қисмати назарраси молу маҳсулоти истеъмолӣ, саноатӣ ва ашёи хому таҷҳизоти техникии таъиноти дигарро мехарад.

Молу маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон ба Чин асосан аз ашёи хом ва захираҳои табиӣ иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо Чин хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта, лекин танҳо қисмате аз боркашонӣ байни кишвраҳо тариқи ин самт сурат мегирад. Ин ба вазъияти бади роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма (сарҳади Чин) рабт дорад, ки интиқоли молу маҳсулотро тариқи роҳи мошингард душвор мегардонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд

0

Соли гузашта се сокини вилояти Суғд  барои таҷовуз ва дастдарозӣ ба номус ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Дар ин бора Тоҷиддин Ҳафиззода,  муовини якуми раиси додгоҳи ин вилоят рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ ҷузъиёти дигаре дар мавриди ҳувияти ин маҳкумшудаҳо ироа накард.

Ҳамчунин, Ҳафиззода изҳор дошт, ки додгоҳҳои вилояти Суғд дар умум, соли гузашта вобаста ба ҷинояти таҷовуз ва дастдарозӣ ба номус (моддаҳои 138 ва 139 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) 12 парвандаи ҷиноиро нисбати 26 нафар баррасӣ кардаанд, ки 7 нафари онҳо ноболиғ будаанд. 

Дар пайи баррасии ин парвандаҳо, се нафар барои як умр ва 23 тани дигар аз 20 то 25 сол равонаи зиндон шудаанд.

Назари ҳеҷ яке аз ин маҳкумшудаҳо маълум нест.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли гузашта 49 ҷинояти таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 8 ҳолат бештар аст.

Тобистони соли гузашта Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни шинасти матбуотӣ бо ишора ба афзоиши ин намуди ҷиноят дар ним сол дар сатҳи вилоят гуфт, ки  аксари ҷинояти таҷовуз ба номус аз ҷониби наздикони ҷабрдидаҳо сурат гирифтааст.

“Дар парвандаҳое, ки баррасӣ шуданд, ҳолатҳои аз ҷониби падар таҷовуз шудани духтар ҳам ба сабт шудааст. Ба хотири масъалаҳои ахлоқӣ мо аз овардани мисол худдорӣ мекунем”, – афзуд Фурқат Хоҷазода.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир қазияҳои дастдарозӣ ба номус зиёд расонаӣ мешавад, ки дар аксар ҳолат ҷабрдидагон духтарони ноболиғ ҳастанд. Аз хабарҳои расонаӣ ҳам бармеояд, ки духтарон, ба вижа ноболиғон аз сӯйи пайвандон ё ҳамсояҳои худ дастдарозӣ мешаванд.

Яке аз чунин қазияи пурбаҳс таҷовуз шудани духтари 12-сола дар шаҳри Ҳисор буд, ки ноболиғ обистан шуда, фарзанд таваллуд кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Афзоиши ҷинояти дастдарозӣ ба номус. Додситони Суғд гуфт, аксаран аз сӯи наздиконашон таҷовуз мешаванд

Қазияи аз ҳама пурсарусадо дар чанд соли охир таҷовузи Руфейда Иноятоваи 7-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Моҳи июли соли 2021 ин ноболиғ аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.

Руфейда Иноятоваи 7-сола моҳи июли соли 2021 аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.

Ба гуфтаи мақомот, Раҳматулло Гадоев бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон қотили Руфейдаро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Қазияи таҷовуз ба номус ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст ва баҳси осебпазир будани ноболиғонро ба миён овардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пайвандони ҷабрдидагон аз мақомоти масъул борҳо хостаанд, ки барои кам кардани ҷинояти таҷовуз ба номус, ба вижа барои ноболиғон чораҳои ҷиддӣ андешанд ва ҳатто ба муҳаттаҳамон ҳукмҳои сангин эълон кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар

0

Додгоҳҳои Тоҷикистон соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 120 парвандаи ҷиноиро нисбати 96 ҷавон баррасӣ карда, алайҳи 27 нафар ҷазои маҳрумият аз озодӣ ва нисбати 69 ҷавони дигар ҷарима таъин кардаанд.

Дар ин бора намояндаи Додгоҳи олӣ рӯзи 18-уми феврал ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, парвандаи онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ – саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ баррасӣ шуда, ҷазо таъин шудааст.

Аз ин ниҳод дар бораи ҳаҷми ҷарима ва муҳлати маҳрумият аз озодӣ иттилоъ надоданд. Вале, ин банди қонунгузорӣ, аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима (ба ҳолати соли 2025) ва ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар соли 2024 низ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷинояӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо таъин шудааст.

Инчунин, дар ин давра барои “саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё бо роҳи дигар” (моддаи 376-и КҶ) нисбати 25 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шуда, бо ҳукми додгоҳ 9 тани онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд. Аз додгоҳ нагуфтанд, ки ин шахсон чанд сол ҳукми зиндон гирифтаанд, вале қисмҳои алоҳидаи ин банди қонунгузорӣ аз 2 то 12 сол зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Манбаъ гуфт, ки алайҳи 16 сарбози дигар мӯҳлати санҷиш муқаррар шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ иҷрои ҷазо мекунанд.

 

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 71-и Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо додгоҳ мӯҳлати санҷиш таъин мекунад, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад.

Мӯҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин шуда, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

Қаблан низ расонаҳо аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ҷавонон барои саркашӣ кардан аз хидмати ҳарбӣ иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, дар соли 2024 мақомот аз оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини 22-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буданд.

Ҳамасола бо шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити хидмату муносибати дағал бо эшон доғ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед

0

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифторро рад карда, гуфт, ки барои гузаронидани ин гуна маъракаҳо маҳдудият ҷорӣ нашудааст, вале ба исроф роҳ надиҳед.

Дар пайи паҳн шудани ин овозаҳо, рӯзи 18-уми феврал аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки чунин хабарҳо “асоси воқеӣ надоранд ва маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст”.

Бояд гуфт, ифтор таомест, ки мусулмонон пас аз ғуруби офтоб дар моҳи шарифи Рамазон тановул мекунанд ва бо он рӯзаи худро мекушоянд. То имрӯз қонуни танзим барои он ҳеч маҳдудияте пешбинӣ накардааст.

Мусалмонон одатан дар Рамазон маъракаи ифтор баргузор карда, наздикону ҳамсояҳоро даъват мекунанд, ки ин, ба қавли онҳо, “боиси мустаҳкам шудани дӯстӣ ва меҳру муҳаббат мегардад”.

Ҳамасола тарабхонаву ошхонаҳои Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ ҳам барои баргузории ифтор ба сокинон шароит пешниҳод мекунанд.

Аммо Кумитаи дин аз сокинони Тоҷикистон хост, ки “зимни баргузории маъракаи ифтор ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд”. 

“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар аҳодиси паёмбар Муҳаммад (с) ҳам ифтор додан тавсия шудааст: “Ҳар касе, ки ба рӯзадоре ифтор диҳад, барои ӯ аҷру савобе монанди савоби рӯзадор навишта мешавад” (Тирмизӣ).

Ҳамчунин, Кумитаи дин “бо дарназардошти он ки анҷоми хайру садақот танҳо бо додани таом маҳдуд намегардад” ба сокинон тавсия дод, ки  “дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ дошта бошанд”.

Бояд гуфт, ки имрӯз – 19-уми феврал дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа моҳи шарифи Рамазон оғоз шуд. Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳои дунё вуҷуд дорад.

Рӯзадорӣ ба кӣ фарз аст ва кӣ аз он озод мешавад, инчунин чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.

Ва тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026-ро ин ҷо дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту чаҳоруми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст

0

Раҳбарияти ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди долонҳои нақлиётие, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст месозад, тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад.

Зимни дидору гуфтушуниди Комил Мирзоалӣ ва Талгат Алдибергенов, роҳбарони роҳи оҳани ду кишвар таъкид шудааст, ки ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот ва бор байни Тоҷикистону Қазоқистон 15,1% афзуда, ҳаҷмии умумии он ба 5,9 млн тонна расидааст.

"Содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 7,6% – то 2,6 млн тонна зиёд шудааст. Асоси содиротро зироати ғалладона, орд, маҳсулоти нафтӣ, фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, маъдани ранга ва равғани растанӣ ташкил додаанд", – навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак дар робита ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамгироии равандҳои логистикӣ ва рақамисозии ҳуҷҷатҳо тавофуқ ҳосил кардаанд.

Илова бар ин, ба тавофуқ расидаанд, ки ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки ба тақвияти имконоти транзитии минтақа муосидат мекунанд, таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Дар хабар таъкид мшавад, ки ҳамкорӣ байни ширкатҳои "Қазақстан темір жолы" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба шарикии чандинсола асос ёфта, ба таъмини робитаи устувор ва мунтазам байни Тоҷикистон ва Қазоқистон равона шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протокол дар бораи натиҷаҳои кор дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 ба имзо расидааст.

Ғайр аз ин, дар доираи сафар дидору гуфтушуниди Талгат Алдибергенов бо муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ доир гардидааст.

Дар ҷараёни гуфтушуниди ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ баррасӣ шуда, самтҳои стратегии рушди имконоти транзитиву логисткиии ду кишвар муайян карда шудаанд.

Дар назар аст, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва бунёди хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории мутақобила байни кишварҳо такони иловагӣ мебахшанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст

0

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал бо Муҳаммад Атобак, вазири санъат (саноат), маъдан  ва тиҷорати Эрон, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидор ва вазъу дурнамои ҳамкорӣ байни ду кишварро баррасӣ кардааст. 

Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2025 ба 483 миллион доллар расида, назар ба соли 2024-ум 28% афзудааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо, инчунин, ба рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои энерҷӣ, саноати коркард, маъдан, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ кардаанд.

Муҳаммад Атобак ду рӯз пеш ба Тоҷикистон омада буд ва қаблан бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навин, Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои об ва Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошт. 

Зимни вохӯрӣ, Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар саноати кимиё, содироти пахта ва истифода аз бозори Эрон ироа кардааст.

Вазири саноати Эрон низ омодагии кишварашро ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол изҳор дошта, зикр кардааст, ки "Эрон дар соҳаҳои саноати истихроҷӣ кӯҳӣ, коркарди захираҳои минералӣ, дорусозӣ ва саноати нассоҷӣ имкониятҳои зиёд дорад".

Ҷонибҳо зарурати суръат бахшидан ба амалисозии созишномаҳои имзошуда ва бартараф намудани монеъаҳои маъмуриро баҳри расидан ба натиҷаҳои мушаххас дар фаъолияти муштарак таъкид доштаанд.

Қобили зикр аст, ки Эрон ба панҷгонаи кишварҳои асосии шарики тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дохил мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар аз 377,7 млн доллар дар соли 2024 то ба 483,9 млн доллар дар соли 2025 зиёд шудааст. Яъне ба маблағи 106,2 млн доллар ё худ ба андозаи ҳудуди 28% зиёд шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ва Эрон раводидро барои ронандагони якдигар бекор мекунанд

Дар соли 2025 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Эрон 112,8 млн доллар ва воридот аз Эрон – 371,2 млн долларро ташкил додааст.

Аз Эрон ба Тоҷикистон аксаран маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ содир мегардад.

Ҳамчунин полимерҳо, аз ҷумла полиэтилени навъҳои гуногун, инчунин сементи портланд ва клинкер (масолеҳи сохтмон) низ ҳиссаи назаррас доранд.

Содирот аз Тоҷикистон ба Эрон асосан ба маҳсулоти ашёи хом рост меояд: нахи пахта, ришта (калоба)-и пахтагину коғазӣ, алюминии аввалия ва дигар ашёи хом.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1993 – Дафтари САҲА фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард.

Соли 2003 – Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 345 килограмм ҳероин мусодира гардид, ки ин он замон бузургтарин ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.

Соли 2009 – Олим Зикаев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи кушоди XIII  Беларус оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.

Соли 2020 – Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Тоҷикистон Созишномаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро ба имзо расониданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Наҷмиддин Раҳимов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Наҷмиддин Раҳимов маълумоти махсуси касбӣ дар ҷодаи санъат надорад. Аммо бо вуҷуди ин тавонист, то дараҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон расад.

Ӯ солҳои 1938-1968 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст, вале аз суруду мусиқӣ лаҳзае дил накандааст. Ӯ иштирокдори фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъат буд. Баъдтар бо иҷрои таронаҳои классикии “Дугоҳ”, “Тановор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Ороми ҷон” ба дилҳо нишастаанд.

Наҷмиддин Раҳимов асосан сурудҳои классикӣ иҷро менамуд. “Дугоҳ”, “Танавор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Савти ушшоқ”, “Ороми ҷон” барин сурудҳояш дар дили ҳаводоронаш нишастаанд.

Соли 1939 – Мавлуди Тӯхта Иброҳимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Тӯхта Иброҳимова яке аз сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, соли 1960 ба ҷодаи санъат қадам ниҳодааст. Ӯ аввал, солҳои 1960-1973 сарояндаи Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва бахдан дар ансамбли Ҳофизони мақомхон ба фаъолият пардохт.

Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии “Тоҷикистон”, “Сози муҳаббат”, “Дурдона”, “Ҷашни дӯстӣ” ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст.

Соли 1965 – Мавлуди Раҳим Бобохонов, олим, муаррих, доктори илмҳои таърих.

Соли 1966 – Мавлуди Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Носир Саид 60 сола шуд. Ӯ ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио буда, қаблан низ дар ниҳодҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошт. Ҳамчунин, саҳми ӯ ҳамчун филмофар дар олами синамои миллӣ назаррас аст.

Ба қавли худи ӯ, рағбат ба филмофарӣ ӯро ба факултаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон бурд. Баъди хатми он дар идораи синамои “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт.

Ӯ солҳо дар киностудияҳои Русия фаъолият дошта, дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, “Зиндагии шахсии малика, “Падари маҳтобӣ”, “Шик” ҳамчун коргардони дуюм нақш доштааст. Филми нахустине, ки Носир Саидро ҳамчун коргардони ҳирфаӣ муаррифӣ кард, филми “Қиёми рӯз” аст. Филмҳои “Муаллим”, “Роҳ”-и ӯ низ аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешаванд.

Носир Саид соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” ва соли 2017 раҳбари телевизиони “Сафина” таъин гардид. Рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ба ҷои Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд.

Дар бораи фаъолияти то имрӯзаи Носир Саид ва интизориҳои ҷомеа аз ӯ дар ин маводи мо мутолиа кунед.

Соли 2024 – Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёдгузорони ансамбли эстрадии “Гулшан” дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Лайло Шарифӣ 28 январи соли 1930 дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва ё Рӯзи ҷаҳонии наҳангҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 пас аз мавриди амал қарор гирифтани мораторий дар бораи шикори наҳангҳо таъсис дода шуд. Кашфиёти палеонтологӣ собит менамоянд, ки китҳо ҳанӯз 26 миллион сол пеш вуҷуд доштанд.

Ширхӯрони китшакл як гурӯҳи ширхӯрони обӣ мебошанд, ки ба он наҳангҳо, делфинҳо ва хукҳои баҳрӣ дохил мешаванд. Китҳо тавассути шуш нафас мегиранд, ҷонварони гармхунанд ва бачаҳояшонро бо шир ғизо медиҳанд. Кити кабуд бузургтарин ҷонвари рӯи Замин маҳсуб ёфта, вазни он баъзан ба 200 тонна мерасад.

Имрӯз Рӯзи ихтирои харитаи синоптикӣ аст. Ин харитаи ҷуғрофиест, ки дар он маълумоти ҷамъоваришудаи обуҳавошиносӣ бо аломатҳои махсус ишора карда мешаванд.

Маҳз 19 феврали соли 1855, Урбен Леверье, директори расадхонаи Париж ва кашшофи сайёраи Нептун, харитаи нахустини обуҳавоии Аврупоро ба Академияи илмҳои Париж пешниҳод намуд.

Ин иқдом ба хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ асос гузошт. Таҳқиқоти Левере нишон дод, ки тавассути харитаҳои синоптикӣ метавон пайдоиши тӯфонҳои шадидро пешгӯӣ кард. Имрӯз харитаҳои синоптикӣ бо истифода аз системаҳои компютерӣ таҳия мешаванд ва компютер дар чанд сония ҳисобҳоеро анҷом медиҳад, ки пештар соатҳо вақт талаб мекард.

19 феврали соли 1878 оғози марҳилаи сабти овоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин рӯз Томас Эдисон патенти фонограф – дастгоҳи сабт ва такрори овозро ба даст овард.

Соли 1879 фонограф дар Русия низ намоиш дода шуд. Яке аз хидматҳои бузурги Эдисон ин буд, ки ӯ бо фиристодани фонограф ба шахсони машҳури давр садои онҳоро барои таърих ҳифз намуд. Дар осорхонаи адабии Русия имрӯз низ овози Лев Толстойро шунидан имкон дорад.

Имрӯз Рӯзи ихтирои барномаи “Photoshop”аст. Томас Нолл, як амрикоӣ барномаи коркарди тасвирҳои графикиро таҳия кард. Томас барномаро ба бародараш Ҷон Нолл, ки яке аз машҳуртарин масъулони назорат ва ҳамоҳангсозии эффектиҳои визуалӣ (VFX) дар филмҳои маъруфи ҷаҳонӣ буд, нишон дод. Ҷон ба лоиҳа шавқ зоҳир карда, дар такмили он ширкат намуд.

Бародарон ибтидо барномаро “Display” номиданд ва соли 1988 онро ба “ImagePro” иваз карданд. Хеле зуд ширкати “Adobe Systems” ҳуқуқи онро харид ва соли 1989 ба барнома номи “Photoshop” гузошт. 19 феврали соли 1990 нахустин версияи “Photoshop 1.0” нашр шуд ва ин рӯзро метавон ҳамчун Рӯзи таваллуди “Photoshop” арзёбӣ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-32º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.