Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд

Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон фиристода шуд, хабар медиҳад, ширкати муштараки Чину Ӯзбекистон "UTK International Logistics Co. Ltd". Ба иттилои манбаъ, "ин иқдом дар доираи созишномаҳои таҳкиму густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон соли 2025 дар Душанбе ба имзо расидааанд, қадами амалӣ аст". Қатора аз 8 "контейнер" иборат […]

Asia-Plus

Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон фиристода шуд, хабар медиҳад, ширкати муштараки Чину Ӯзбекистон "UTK International Logistics Co. Ltd".

Ба иттилои манбаъ, "ин иқдом дар доираи созишномаҳои таҳкиму густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон соли 2025 дар Душанбе ба имзо расидааанд, қадами амалӣ аст".

Қатора аз 8 "контейнер" иборат аст, ки дар онҳо маҳсулоти истеъмолии мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмонӣ бор шудааст.

Қатора аз истгоҳи Ланчжоу тавассути долони мултимодалии нақлиётии “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон” ба сафар баромада, нуқтаи таъиноташ истгоҳи "Душанбе-2" муқаррар шудааст.

Масофаи умумии хатсайр зиёда аз 3 ҳазору 500 километр ва вақти транзитии расонидани бор 18-20 рӯзро ташкил медиҳад.

 

"UTK International Logistics Co. Ltd" корхонаи муштаракест, ки моҳи июли соли 2025 аз ҷониби Ӯзбекистон ва Чин таъсис дода шудааст. Фаъолияти ширкат ба муттаҳид сохтани бору маҳсулот ва рушди ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан ва мултимодалӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мутамарказ гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 2025 дар гардиши моли дуҷониба он бори аввал аз Русия пеш гузашт.

Бино ба маълумоти омори расмии Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин дар соли 2025 ба 2 млрд 850 млн доллар расид, ки 46% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд

Аз ҷумла маблағи содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 524 млн доллар ва воридот аз Чин ба Тоҷикистон – 2 млрд 326 млн долларро ташкил дод.

Ҳиссаи Чин дар гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон ба 26,4% ва ҳиссаи Русия – ба ҳудуди 23% (2,5 млрд доллар) баробар аст.

Тоҷикистон аз Чин қисмати назарраси молу маҳсулоти истеъмолӣ, саноатӣ ва ашёи хому таҷҳизоти техникии таъиноти дигарро мехарад.

Молу маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон ба Чин асосан аз ашёи хом ва захираҳои табиӣ иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо Чин хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта, лекин танҳо қисмате аз боркашонӣ байни кишвраҳо тариқи ин самт сурат мегирад. Ин ба вазъияти бади роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма (сарҳади Чин) рабт дорад, ки интиқоли молу маҳсулотро тариқи роҳи мошингард душвор мегардонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.