Home Blog Page 57

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1993 – Дафтари САҲА фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард.

Соли 2003 – Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 345 килограмм ҳероин мусодира гардид, ки ин он замон бузургтарин ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.

Соли 2009 – Олим Зикаев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи кушоди XIII  Беларус оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.

Соли 2020 – Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Тоҷикистон Созишномаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро ба имзо расониданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Наҷмиддин Раҳимов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Наҷмиддин Раҳимов маълумоти махсуси касбӣ дар ҷодаи санъат надорад. Аммо бо вуҷуди ин тавонист, то дараҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон расад.

Ӯ солҳои 1938-1968 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст, вале аз суруду мусиқӣ лаҳзае дил накандааст. Ӯ иштирокдори фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъат буд. Баъдтар бо иҷрои таронаҳои классикии “Дугоҳ”, “Тановор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Ороми ҷон” ба дилҳо нишастаанд.

Наҷмиддин Раҳимов асосан сурудҳои классикӣ иҷро менамуд. “Дугоҳ”, “Танавор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Савти ушшоқ”, “Ороми ҷон” барин сурудҳояш дар дили ҳаводоронаш нишастаанд.

Соли 1939 – Мавлуди Тӯхта Иброҳимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Тӯхта Иброҳимова яке аз сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, соли 1960 ба ҷодаи санъат қадам ниҳодааст. Ӯ аввал, солҳои 1960-1973 сарояндаи Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва бахдан дар ансамбли Ҳофизони мақомхон ба фаъолият пардохт.

Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии “Тоҷикистон”, “Сози муҳаббат”, “Дурдона”, “Ҷашни дӯстӣ” ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст.

Соли 1965 – Мавлуди Раҳим Бобохонов, олим, муаррих, доктори илмҳои таърих.

Соли 1966 – Мавлуди Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Носир Саид 60 сола шуд. Ӯ ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио буда, қаблан низ дар ниҳодҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошт. Ҳамчунин, саҳми ӯ ҳамчун филмофар дар олами синамои миллӣ назаррас аст.

Ба қавли худи ӯ, рағбат ба филмофарӣ ӯро ба факултаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон бурд. Баъди хатми он дар идораи синамои “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт.

Ӯ солҳо дар киностудияҳои Русия фаъолият дошта, дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, “Зиндагии шахсии малика, “Падари маҳтобӣ”, “Шик” ҳамчун коргардони дуюм нақш доштааст. Филми нахустине, ки Носир Саидро ҳамчун коргардони ҳирфаӣ муаррифӣ кард, филми “Қиёми рӯз” аст. Филмҳои “Муаллим”, “Роҳ”-и ӯ низ аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешаванд.

Носир Саид соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” ва соли 2017 раҳбари телевизиони “Сафина” таъин гардид. Рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ба ҷои Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд.

Дар бораи фаъолияти то имрӯзаи Носир Саид ва интизориҳои ҷомеа аз ӯ дар ин маводи мо мутолиа кунед.

Соли 2024 – Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёдгузорони ансамбли эстрадии “Гулшан” дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Лайло Шарифӣ 28 январи соли 1930 дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва ё Рӯзи ҷаҳонии наҳангҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 пас аз мавриди амал қарор гирифтани мораторий дар бораи шикори наҳангҳо таъсис дода шуд. Кашфиёти палеонтологӣ собит менамоянд, ки китҳо ҳанӯз 26 миллион сол пеш вуҷуд доштанд.

Ширхӯрони китшакл як гурӯҳи ширхӯрони обӣ мебошанд, ки ба он наҳангҳо, делфинҳо ва хукҳои баҳрӣ дохил мешаванд. Китҳо тавассути шуш нафас мегиранд, ҷонварони гармхунанд ва бачаҳояшонро бо шир ғизо медиҳанд. Кити кабуд бузургтарин ҷонвари рӯи Замин маҳсуб ёфта, вазни он баъзан ба 200 тонна мерасад.

Имрӯз Рӯзи ихтирои харитаи синоптикӣ аст. Ин харитаи ҷуғрофиест, ки дар он маълумоти ҷамъоваришудаи обуҳавошиносӣ бо аломатҳои махсус ишора карда мешаванд.

Маҳз 19 феврали соли 1855, Урбен Леверье, директори расадхонаи Париж ва кашшофи сайёраи Нептун, харитаи нахустини обуҳавоии Аврупоро ба Академияи илмҳои Париж пешниҳод намуд.

Ин иқдом ба хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ асос гузошт. Таҳқиқоти Левере нишон дод, ки тавассути харитаҳои синоптикӣ метавон пайдоиши тӯфонҳои шадидро пешгӯӣ кард. Имрӯз харитаҳои синоптикӣ бо истифода аз системаҳои компютерӣ таҳия мешаванд ва компютер дар чанд сония ҳисобҳоеро анҷом медиҳад, ки пештар соатҳо вақт талаб мекард.

19 феврали соли 1878 оғози марҳилаи сабти овоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин рӯз Томас Эдисон патенти фонограф – дастгоҳи сабт ва такрори овозро ба даст овард.

Соли 1879 фонограф дар Русия низ намоиш дода шуд. Яке аз хидматҳои бузурги Эдисон ин буд, ки ӯ бо фиристодани фонограф ба шахсони машҳури давр садои онҳоро барои таърих ҳифз намуд. Дар осорхонаи адабии Русия имрӯз низ овози Лев Толстойро шунидан имкон дорад.

Имрӯз Рӯзи ихтирои барномаи “Photoshop”аст. Томас Нолл, як амрикоӣ барномаи коркарди тасвирҳои графикиро таҳия кард. Томас барномаро ба бародараш Ҷон Нолл, ки яке аз машҳуртарин масъулони назорат ва ҳамоҳангсозии эффектиҳои визуалӣ (VFX) дар филмҳои маъруфи ҷаҳонӣ буд, нишон дод. Ҷон ба лоиҳа шавқ зоҳир карда, дар такмили он ширкат намуд.

Бародарон ибтидо барномаро “Display” номиданд ва соли 1988 онро ба “ImagePro” иваз карданд. Хеле зуд ширкати “Adobe Systems” ҳуқуқи онро харид ва соли 1989 ба барнома номи “Photoshop” гузошт. 19 феврали соли 1990 нахустин версияи “Photoshop 1.0” нашр шуд ва ин рӯзро метавон ҳамчун Рӯзи таваллуди “Photoshop” арзёбӣ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-32º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бебокиаш сабаб шуд, ки…”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе

0

Ба муносибати 90-солагии Алӣ Бобоҷон – шоир, нависанда ва публитсисти тоҷик рӯзи 17-уми феврал адибон, адабиётшиносон ва дӯстдорони адабиёти бачагона дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гирд омаданд, то хотира ва мероси ӯро гиромӣ доранд.

Толиби Луқмон, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон (ИН), хотирнишон кард, ки Алӣ Бобоҷон аз шоирони шинохтаи бачагон аст, ки тамоми умр барои наврасон қалам суфтааст.

Ба ғайр аз эҷоди худаш, ба қавли Толиби Луқмон, инчунин, Алӣ Бобоҷон дар муҳокимаи осори дигарон ҳам ҳамеша пешсаф буд: “ашъори дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” чопшударо ҳам дар худи рӯзнома қалам зада, онро ба дасти сармуҳаррир оварда месупорид”.

 

“Ашъораш аз назари олимон дур мондааст”

Насимбек Қурбонзода, мудири Шӯъбаи адабиёти бачагонаи ИН гуфт, Алӣ Бобоҷон дар интихоби мавзӯъ бо эҳтиёт муносибат мекард ва дар мавзӯъҳои муҳиму мубрам эҷод мекард.

“Ба мавзӯъҳои тарбият, ахлоқ, инсонгароӣ таваҷҷуҳ дошт. Омӯзиш, мактаб, маориф ва тарбият дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дорад. Барои бачаҳоро бо табиат ва зебоиҳои он, парандагон, гулу дарахтон ва амсоли ин шинос кардан шеъри зиёд рӯйи коғаз овардааст”, – гуфт Қурбонзода.

Қурбонзода таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки муаллиф зодаи даврони шӯравӣ аст, “барои сиёсати рӯз хеле кам шеър бахшидааст, то тавонистааст худро аз гуфтани шеъре, ки умри кӯтоҳ дорад, дур гирад”.

Ба гуфтаи вай, осори барои бачаҳо навиштаи Алӣ Бобоҷон бояд густардатар ва доманадор таҳқиқ шавад: “…ашъори шоир камтар мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст ва бисёр масъалаҳои ашъори ӯ аз назари олимон дур мондааст”.

 

“Дар бари шоироне, ки вазни ашъорашон вайрон аст, наменишаст”

Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷонро дар қатори беҳтарин адибони бачагонаи тоҷик, ба мисли Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Убайд Раҷаб ҷой дод.

“Ҳарчанд дар наср ва публитситика ҳам қалам ронд, вале ашъори бачагонааш беҳтар ва бештар қабул шудаанд”, – гуфт Ҳошимӣ.

Ба қавли Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон ба вазни ашъораш ҳам зиёд диққат медод, ҳамеша шеърҳои бевазну қофияро мазаммат мекард ва ҳамчунин, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки “ҳатто дар бари шоироне, ки вазни ашъорашон вайрон аст, наменишаст”.

 

Раҷабалӣ Қудратов, адибу рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкурси Алӣ Бобоҷон аз дӯстиаш бо марҳум ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳатто қаробати наздикашон ба дараҷаи бародарӣ расида буд. Ӯ гуфт, ки Бобоҷон аз даврони донишҷӯӣ худро ҳамчун шоири бачаҳо муаррифӣ карда буд.

Қудратов нақл кард, ки боре аз Алӣ Бобоҷон мепурсад: чаро шуморо фақат адиби бачаҳо муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле ки дар ҳамаи жанрҳо шеър гуфтаеду наср навиштаед?

“Намедонам, ин кори кадом дӯстам буд ё душманам, вале вақте шеърҳои худро аз забони бачаҳо мешунавам, гул-гул мешукуфам”, – гуфтааст шоир.

Вай таъдик дошт, ки Алӣ Бобоҷонро фақат шоири бачаҳо гуфтан кори начандон хуб аст, ӯ адиб ва публисист ҳам ҳаст ва барои ин муҳаққиқон бояд он қисматҳоро бештар муаррифӣ кунанд.

 

“Бебокиаш сабаб шуд, ки…”

Юсуфҷон Аҳмадзода, шоиру нависандаи тоҷик, гуфт, Алӣ Бобоҷон “инсони воқеан накӯкор, бебок ва адолатхоҳ буд”.

Ба қавли ӯ, ҳар гоҳ ки касе беасос ё ноҳақ чизе мегуфт, Бобоҷон бе тарс ба он посух медод, ҳақиқатро рӯйрост баён мекард. Аммо дар айни замон, ӯ аз пушти сари касе бад намегуфт ва ғайбат намекард.

Аҳмадзода изҳор дошт, ки маҳз ҳамин бебокӣ ва ростқавлии беолоиши Алӣ Бобоҷон буд, ки ӯ “дасти холӣ” аз ин дунё рафт. Яъне, ӯ ҳеч гоҳ ба хотири манфиатҳои шахсӣ чизе нагуфт, ба ҳеч кас тамаллуқ накард. Ин хислатҳо ӯро аз унвону мукофотҳое, ки сазоворашон буд, бенасиб кард.

“Ҳарчанд сазовори ҳар гуна унвон буданд, вале дасти холӣ аз дунё рафтанд. Боиси афсӯс аст…”, – гуфт Юсуфҷон Аҳмадзода.

 

“Хомӯш истода наметавонист”

Профессор Бадриддин Мақсудов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳам дар бораи Алӣ Бобоҷон гуфт, “ӯ гарчи дар назму наср ва жанрҳои гуногун менавишт, аммо қабл аз ҳама, ҳамчун шоири бачаҳо шинохта шудааст ва ин паҳлӯи кори эҷодиашро худаш ҳам эътироф ва тасдиқ мекард”.

“Вақте ба навиштаҳои Алӣ Бобоҷон менигарем, хоҳем дид, ки дар ин самти халлоқияти адабӣ ӯ яке аз шоирони муваффақ будааст. Аз ҳамин ваҷҳ аст, ки ҳар ҷо сухан дар бораи адабиёти бачаҳо мерафт, хомӯш истода наметавонист, ҳамеша кӯшиш мекард роҷеъ ба мушаххасоту мушкилоти ин соҳаи эҷоди адабӣ ибрози назар намояд”, – иброз дошт адабиётшинос.

Вай афзуд, “ашъори бачагонаи шоир ба хонандаи хурдсол донишҳои ибтидоӣ медиҳанд ва фикри онҳоро ноаён аз осон ба душвор ва аз сода ба мураккаб пеш мебаранд. Ин ва дигар шеърҳои бачагонаи Алӣ Бобоҷон ҳам барои бачаҳо завқовару хонданбоб ҳастанд ва ҳам унсурҳои лирикӣ доранд”.

Ғайр аз ин, Мақсудов таъкид кард, ки Алӣ Бобоҷон барои калонсолон ҳам шеъри бисёр навиштааст: “Онҳо ба мавзӯъҳои байналмилалӣ, ишқу муҳаббати пок, васфи модар, табиати нотакрори Тоҷикистон, ҷавонӣ, заҳмату кор ва ғайра бахшида шудаанд. Як даста шеърҳои ӯ мазмуни ҳаҷвӣ-танқидӣ дошта, дар онҳо хислатҳои пасти баъзе одамони танбалу коргурез, муросокор, фиребгару бадмаст, ки шоир онҳоро “хор дар гулзор” номидааст, накӯҳиш шудаанд. Ин даст шеърҳои Алӣ Бобоҷон дар китобҳои “Мавҷи сурур” (1973) ва “Меҳрпайванд” (2006)-и ӯ гирд оварда шудаанд”.

 

Аз зиндагиномаи Бобоҷон​​​​​​​

Алӣ Бобоҷон 10-уми феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз кард. Минбаъд дар нашриёти “Маориф”, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал” ва “Занони Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” кор кард. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) ва соҳиби “Нишони сухан” мебошад. Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977) мукофотонида шудааст.

Алӣ Бобоҷон 16-уми октябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Дар бораи рӯзгор ва осори ин адиби шинохтаи бачаҳо дар чеҳракушоии зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед: “Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

0

Мақомоти амнияти Тоҷикистон ду аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздошт карда, аз онҳо 58 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва героин мусодира кардаанд.  Маводи мухаддирро қочоқбарони афғонистонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар гузорише, ки имрӯз, 18-уми феврал, Телевизиони Тоҷикистон нашр кардааст, гуфтааст, “гумонбарон мехостаанд, маводи мухадирро ба шаҳри Душанбе ва сипас тавассути шарикони худ ба кишварҳои хориҷа интиқол диҳанд”. 

Мақомот гуфтаанд, Ғуломалӣ Собирови 57-сола ва Сайфулло Сайфуллоеви 55-сола, сокинони деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маводи нашъадорро аз махфигоҳ дастрас карда, дар пинҳонгоҳи мошинашон ҷобаҷо кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз боздошшудаҳо 30 кг маводи мухаддири навъи афюн, 19 кг ҳашиш ва 9 кг героин дар умум 58 кг маводи нашъаддор дарёфту мусодира кардаанд.   

“Қочоқбарони афғон хатти сарҳади давлатиро дар самти деҳаи Кишт ғайриқонунӣ убур карда ва маводи мухаддирро интиқол дода, онро дар махфигоҳ пинҳон намуданд”,-гуфтааст ин ниҳод.

Дар гузориши мақомот, ҳарду гумонбар иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо қабул карда, раванди қоҷоқу муомилоти маводи нашъадорро гуфтаанд. Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

 

“Аз махфигоҳи махсус, ки шаҳрвандони Афғонистон маводи мухаддирро оварда мемонданд, аз онҷо гирифта ба хонаҳои худ оварда дар махфигоҳи мошинҳоямон ҷойгир кардем. Як соат нагузашта кормандони мақомоти амният омада моро дастгир карданд”,-гуфтааст Сайфулло Сайфуллоев, яке аз боздошшудаҳо.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ…”, “қочоқ” ва  “ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”, моддаи 289, қисми 3 ва моддаи 335, қисми 1-и  КҶ) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

Бар асоси ин бандҳои қонунгузорӣ дар алоҳидагӣ ба гумонбарон то 20 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад. Назари боздоштшудаҳо ва пайвандонашон дар робита ба ин қазия маълум нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нигаронии роҳбари Оҷонсии зиддинашъа аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон. Дар нишасти хабарии ин ниҳод чӣ гуфтанд?

Бояд гуфт, ки пештар аз ин низ мақомоти амнияти Тоҷикистон аз пешгирии қоҷоқу муомилоти маводи мухаддир дар кишвар изҳорот нашр кардааст.

Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбари афғонистонӣ боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддир мусодира шуда буд. Гуфта мешуд, ки се ҳамроҳи ӯ ба самти Афғонистон фирор кардаанд.

Тибқи маълумоти Зафар Самад, раиси Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта мақомоти тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир мусодира кардаанд. Манбаъ афзуд, ки аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти марзи Афғонистон бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

Дар умум, ба иттилои ин ниҳод дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон миёни мақомоти тоҷик ва қочоқбарони афғонистонӣ 17 задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа 10 шаҳрванди Афғонистон ва 2 марзбони тоҷик кушта шудаанд. Инчунин 9 шаҳрванди Афғонистон аз суи мақомоти тоҷик барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст

0

Соли 2025 барои мусоидат ба дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 9 тан даст ба ришваситонӣ задаанд, ки ҷинояташон ошкор ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонсии зиддифасод, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта 14 ҳолати гирифтани пора ошкор шудааст, ки ҳамаи он ба мусоидат ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ марбут будааст.

Дар пайи ин, ба гуфтаи Камолзода, нисбати 9 нафар барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Муовини раиси Оҷонсии зиддифасод барои мисол аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (дар Хуҷанд) ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ном бурд.

Назари масъулини ин донишгоҳҳо ба мо дастрас нест.

Камолзода ҳам номи дигар донишгоҳу донишкадаҳо зикр накард, ҳувияти ба фасод дастзадаҳоро ошкор насохт ва ҳамчунин ҳаҷми пораро ҳам нагуфт. Танҳо аз ин раванд изҳори нигаронӣ кард.

 

Марказе, ки мақсадаш аз байн бурдани фасод аст

Беш аз 12 сол аст, ки дар Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ (ММТ) фаъолият мекунад. Ин марказ довталабонро ба таври ройгон ба муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ дохил месозад ва яке аз ҳадафҳои асосии он пешгирӣ аз фасод дар раванди қабул эълон шудааст.

Масъулини ММТ иддао доранд, ки дар тӯли ин солҳо сатҳи фасодро ба маротиб коҳиш додаанд ва борҳо аз аҳолӣ хоҳиш кардаанд, ки ба қаллобон барои тағйири натиҷаҳо пул напардозанд.

 

Коршинос чӣ назар дорад?​​​​​​​

Коршиносон ҳам эътироф мекунанд, ки ММТ дар тӯли як даҳсола тавонист теъдоди зиёди довталабонеро, ки бо низоми пешина донишҷӯ шуданашон душвор буд, бидуни “миёнарав” ба донишгоҳҳо дохил кунад, вале “таъсироти инсонӣ”-ро набояд сарфи назар кард.

Комилҷон Раҳимов, коршиноси масоили илму маориф пештар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки низоми анъанавии мерос аз давраи шӯравӣ ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дошт.

Ба қавли ӯ, бо низоми анъанавӣ донишҷӯ шудан кори басо сангин буд, аз довталаб дониши хуб ва ҷаҳонбинии фарохро талаб мекард, довталаб рӯбарӯи муаллим менишаст ва ба устоди огоҳ аз ихтисос имтиҳон месупорид, аз ин рӯ, довталаб тасодуфан ба ин ё он ихтисос дохил шуда наметавонист.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу илм ва мудофиа. Агентии зиддифасод фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард

“Аммо ин низом – ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол – ба фасод олуда гардид. Роҳҳои “миёнабур” сохта шуд ва бачаҳои донишманд, вале камбағал ва бепул донишҷӯ шуданашон душвор буд”, – мегуфт коршинос.

Дар ҳамин ҳол, Раҳимов таъкид мекунад, “агар ММТ-ро бо низоми пешина муқоиса кунем, албатта, пешравиҳо ҳастанд, пеш аз ҳама, ММТ мизони фасод ва хешутаборбозиро хеле коҳиш дод ва заминаи ба таври бесобиқа донишҷӯ шудани довталабони донишманд, аммо камбағалро гузошт”.

“То кунун дар ягон ҷои дунё системаи идеалӣ сохта нашудааст. Шумо метавонед ба натиҷаҳои санҷиши ММТ 100 дарсад бовар кунед, аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ба омили инсонӣ вобастигӣ доранд, масъалан, ҷойгиркунии довталабон дар донишгоҳҳо ва қабули донишҷӯ берун аз тестҳо, ки бояд онҳоро нодида нагирем”, – хулоса мекунад Раҳимов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?

0

Русия паёмрасони “WhatsApp”, ки муҳоҷирони тоҷик барои муошират бо оилаҳои худ аз он бештар истифода мекунанд, пурра бастааст. Инчунин кори баъзе паёмрасонҳои дигар маҳдуд гардидааст.

Хабаргузории русии “РБК” рӯзи 12-уми феврал навиштааст, ки домени паёмрасони “WhatsApp” ва шабакаи “YouTube” аз корзор (сервер)-и “Роскомандзор”, ниҳоди танзимкунандаи интернет дар ин кишвар нопадид шудааст, ки маънои баста шудани онҳоро дорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сабаби баста шудани ин паёмрасонро, ки ба ширкати “Meta” тааллуқ дорад, “риоя накардани қонунҳои Русия гуфтааст”. Ин кишвар “Meta”-ро ба рӯйхати созмони экстремистӣ ворид кардааст.

“Бозгашт ба кор “WhatsApp” имконпазир аст, агар “Meta” барои гуфтугӯ бо ҳукумат ва ва риояи қонунҳои Русия омода бошад”, – изҳор доштаанд аз Кремл.

Ширкати “Meta” аз ин тасмими ҳукумати Русия нигаронӣ карда, ин иқдомро “зарба ба амнияти мардуми Русия” гуфтааст. Ширкат гуфтааст, “кӯшиш мекунанд, ки иртиботро барои корбарон дар Русия дар заминаи манъ шудани паёмрасон таъмин кунад”.

“Роскомнадзор” ҳамчунин, гуфтааст, ки паёмрасони “Telegram” низ ба  нақзи қонунҳои Русия идома медиҳад ва аз ин рӯ ба ин паёмрасон низ маҳдудиятҳои пайдарпай ҷорӣ хоҳад кард.

Қаблан бо баҳонаи “мубориза бо терроризм ва экстремизм” низ то чанд муддат “Telegram”-ро маҳдуд карда буд. Аз ҷумла, аз моҳи августи соли гузашта зангҳои садоӣ ва видеоӣ дар ин паёмрасон баста шуда буд.

Бо вуҷуди ин, корбарон барои истифода аз паёмрасонҳо аз филтршикан ё VPN истифода мебаранд. Мақомоти Русия таблиғ мекунад, ки шаҳрвандон ва меҳмонони ин кишвар аз паёмрасони русии “MAX” истифода кунанд.

Барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, ки барои гуфтугӯву тамос бо наздикону пайвандони худ тариқи ин паёмрасонҳо одат карда буданд, ин як мушкили ҷиддӣ аст. Вале барои занг ва суҳбати бемушкил  ҷойгузинҳои ин паёмрасонҳо мавҷуд аст.

 

Акнун чӣ гуна метавон занг зад?

Ҳозир барои идомаи гуфтугӯ чанд восита мавҷуд аст:

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маҳдуд шудани зангҳо тариқи "WhatsApp" ва "Telegram". Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?

– Истифодаи паёмрасонҳо, вале насби филтиршикан ё ба қавле VPN барои зангҳои бемушкил;

– Гузаштан ба замимаҳои алтернативӣ, ки то ҳол бидуни маҳдудият кор мекунанд;

– Истифодаи алоқаи маъмулӣ – занг тариқи телефон ё паёмак (SMS).

Дар ҳамин ҳол, операторни мобилии Тоҷикистон ҳам чанд замимаи алоҳидаро барои тамос бо кишварҳои хориҷа, махсусан Русия пешниҳод мекунанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд бо истифода аз онҳо бо наздиконашон дар тамос шаванд.

 

Чӣ гуна дар Русия ҳузур дошта, аз ин замимаҳо истифода бурд?

Барои бисёре аз ин замимаҳо доштани симкорти ҳамон ширкате лозим аст, ки шумо аз замимаи он истифода мебаред. Танҳо "МегаФон Life" истисно аст.

 

"MobiГап" аз "Babilon-Mobile"

Ин замима ба занги ройгон ва гуфтугӯ тариқи видео бо дигар корбарони "MobiГап" имкон фароҳам меорад. Агар ба рақамҳои одии Тоҷикистон занг занед, таърифаҳо (тарифҳо) хеле пастанд: наздики 10 дирам барои 1 дақиқа дар дохили шабака ва каме зиёдтар ба дигар операторон.

Замима бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ кор мекунад, вале барои бақайдгирӣ симкорти "Babilon-Mobile" лозим аст.  

 

"Чӣ Гап?" аз "Tcell"

Воситаи қулайи дигар замимаи "Чӣ Гап?" аст. Тариқи он метавон дар дохили замима бепул занг зад,  вале 1 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои "Tcell" тақрибан 10 дирам ва ба дигар операторон ҳудуди 12 дирам аст.

Бақайдгирӣ танҳо ба воситаи симкорти "Tcell" имконпазир буда, сифати зангҳо маъмулан хуб аст.

 

"Салом" аз "ZET-Mobile"

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Русия мехоҳанд, насби замимаи "Мax"-ро барои муҳоҷирон ҳатмӣ кунанд

"Салом" ба гуфтугӯи ройгон байни корбарони замима имкон медиҳад. Зангҳо ба рақамҳо дар дохили шабака ҳудуди 10 дирам ва ба дигар шабакаҳо  18 дирам нарх доранд.

Замима миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Туркия, ИМА ва Олмон маъруфу писандида аст. Агар мехоҳед, ки тез-тез ба хона занг занеду алоқа усутвор бошад, истифодаи он бароҳат аст.

 

"МегаФон Life" бо ҳама симкортҳо кор мекунад

"МегаФон Life" ҳатто бо симкортҳои дигар операторони Тоҷикистон кор мекунад, ҳарчанд корбурди комили он аз ҳама бештар барои муштариёни "MegaFon" дастрас аст. Дар дохили замима зангҳо ройгон буда, инчунин корбурдҳо (функсияҳо)-и иловагӣ низ дастрасанд: интиқол, кэшбэк ва идораи таърифаҳо. Ин барои касоне, ки ҳамаашро дар як замима дидан мехоҳанд, бароҳат аст.

 

Чанд маслиҳат барои муҳоҷирон

– Агар наздикону пайвандонатон дар Тоҷикистон қарор доранд, пас замимаи оператори худатонро истифода баред. Ин арзонтар ва қулайтар аст;

– Агар наздикону пайвандонатон дар Русия зиндагӣ кунанду симкорти Русия дошта бошанд, пас симкорти Тоҷикистон харидан беҳтар аст;

-Гузинаи ҳамагонӣ (универсалӣ) ва беҳтар "МегаФон Life" аст. Он бо ҳама гуна симкорт кор карда, зангу интиқол ва идоракунии таърифаҳоро дар бар мегирад;

– Паёмрасони русии “MAX”-ро боргирӣ ва истифода кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд

0

Ҷасади Дилрабо Азизбекова, зани 36-солаи тоҷикро, ки ду ҳафта пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохт, имшаб ба ватан меоранд. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҷасади ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд ва интизор меравад, ки имшаб ба Душанбе расад.

Ба иттилои пайвандонаш, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал дар масҷиди маъруф ба “Мехкалон” -и пойтахт хонда мешавад.

Пайвандонаш мегӯянд, се кӯдаки ноболиғи ӯ ҳоло дар Амрико буда, яке аз наздиконаш барои нигоҳубини онҳо ба ин кишвар рафтааст.

Ёдрас мешавем, ки Дилрабо Азизбековаи 36-сола рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраскаи Амрико, ҳангоми идораи мошин, ки фарзандонаш низ ҳамроҳаш буданд, ба садама дучор шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё  ва духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон буданд.

Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.

Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Корти сабз (Грин-корт) шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафта буд.

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд

0

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон нигаронии миёни ҷомеа пайдошударо шарҳ дод, ки чаро дар баъзе кишварҳо оғози моҳи шарифи Рамазон тафовут дорад.

Шоми дирӯз, чанд кишвари мусулмонӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бо дидани моҳ рӯзи 18-уми февралро оғози моҳи шарифи Рамазон эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзи 19-уми февралро оғози ин моҳи муборак эълон кардааст.

Тафовути як рӯз дар оғози моҳи Рамазон миёни сокинони кишвар шакку нигарониҳоеро ба миён овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Мо имрӯз аз муфтии Тоҷикистон тавзеҳ пурсидем.

 

“Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест”

Саидмукаррам Абдулқодирзода ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин масъала ҷои ташвишу нигаронӣ надорад ва дар асоси руъяти моҳ (бо чашм дидани моҳ) 19-уми феврал дар кишвар моҳи шарифи Рамазон эълон шудааст.

“Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест. Сайру хуруҷу дохилшавиву ғуруби худро дорад. Баъд хат дорад. Вақте ки кишварҳо аз ҳамдигар ба масофаи 4-5 ҳазор [км] ё зиёду кам фарқият доранд, дар баъзе ҷой дида мешавад, дар баъзе ҷой дида намешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Муфтӣ таъкид кард, ки дар дини Ислом таваллуди моҳ муҳим нест, балки дидани моҳтоб бо чашми сар муҳим аст: “Паёмбар (с) мегӯянд, ки моҳро дидед – рӯза бигиред, моҳро дидед – бихӯред”.

Абдулқодирзода гуфт, ки чунин ихтилоф дар замони саҳобаҳо ҳам вуҷуд дошт, вале ин “як мушкил аст, на тафриқа, на фитна”.

 

Ӯ дар мавриди чанд кишваре, ки 18-уми февралро рӯзи оғози моҳи муборак эълон карданд, иброз дошт, ки “шояд бо дурбинҳои пурбин [моҳро] дида бошанд, вале бо чашми сар ҳеҷ эҳтимоли диданаш набуд”.

“Дар Тоҷикистон [моҳ] дида нашуд. Аз ҳама баландтарин расадхонаҳоро мо дорем. Дар кӯҳҳои баланд, сарбафалак. Вале надиданд. Ягон мушкиле нест. Яъне, дар Тоҷикистон ва аксарияти кишварҳои исломии мусулмоннишин фардо аст Рамазон. Мувофиқи шариат, онҳое, ки моҳро диданд – рӯза мегиранд, онҳое, ки надиданд, кай бинанд – баъд рӯза мегиранд”, – гуфт муфтии Тоҷикистон.

 

Моҳи Шаъбон 29 рӯз аст ё 30 рӯз?

Дар ҳоле ки чанд кишвари мусулмонӣ 18-уми февралро аввали моҳи Рамазон эълон карданд, моҳи аз он пеш – Шаъбон 29 рӯз шуд. Вале дар кишварҳои дигар, ки 19-уми февралро оғози моҳи муборак гуфтанд, ҳамон моҳи Шаъбон 30 рӯз шуд. Мо аз муфтии Тоҷикистон пурсидем, ки мешавад, ки моҳи Шаъбон дар як ҷо 29 ва дар ҷойи дигар 30 рӯз шавад?

Саидмукаррам Абдулқодирзода посух дод, ки вақте моҳтоби моҳи шарифи Рамазон дида намешавад, бе шакку гумон бояд Шаъбон 30 рӯз эълон шавад.

Вай тавзеҳ дод, ки тибқи шариат, ҳатто агар моҳ таваллуд шуда бошад ва ҳатто баъди ғуруби офтоб аз намози шом то қариби хуфтан дар осмон пайдо шавад, вале абр бошаду моҳи нав бо чашми сар дида нашавад, Шаъбон 30 рӯз мешавад ва фардояш моҳи Рамазон эълон мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026

“Ин мушкилӣ надорад. Ягон муаммо нест. Ягон чизи печида нест. Ошкору равшан аст. Инсонҳое, ки савод надоранд, ба умқи масъала даркашон намерасад, барои онҳо хеле мушкилу душвор мешавад. Ранге, ки осмон дар замин расида бошад. Не, ин масъалаи содда аст. Моҳтоб дар ихтиёри ҳеҷ кас нест. Хатти худро дорад. Бо хатти худаш меравад. Ҳар куҷое диданд – рӯза мегиранд, надиданд – рӯза намегиранд”, – иброз дошт муфтии Тоҷикистон.

Шаби гузашта ҳам, Шӯрои уламо бо нашри як изҳорот гуфт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо оғози моҳи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал рост меояд.

“Дар аксари кишварҳои минтақа низ оғози моҳи шарифи Рамазон рӯзи панҷшанбе, 19 феврал муайян гардидааст”, – гуфт Шӯрои уламо.

Чанд лаҳза баъд, маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” дар тақвияти фатвои Шӯрои уламо номи чанд кишвар, аз ҷумла Миср, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Уммон, Сингапур, Ҳиндустон, Австралия, Ҷопон ва чанд кишвари дигарро навишт, ки рӯзи 19-уми февралро оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кардаанд.

Ҳамчунин, ба қавли манбаъ, Шӯрои аврупоии фатво ва таҳқиқот низ 19-уми февралро рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон кардааст.

 

“Рӯза танҳо нахӯрдану наошомидан нест”

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳои дунё вуҷуд дорад.

Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.

Ва тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026-ро ин ҷо дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард

0

Таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ниҳод тартиби сабтиноми таҷҳизоти интернети моҳвораии Starlink-ро тавзеҳ доданд: акнун корбарон худ метавонанд таҷҳизотро дар сомонаи расмии ширкат –  starlink.com/tj фармоиш диҳанд ва сабтином кунанд.

"Ширкати Starlink корбарон ва таҷҳизотро сабтином ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон, маълумоти заруриро ба ниҳоди ваколатдори давлатӣ ироа мекунад”, – гуфтанд дар Хадамоти алоқа.

Пештар хабар дода мешуд, ки барои сабтиноми таҷҳизот бояд ба дафтари таҳвилдиҳандаи миллии “Тоҷиктелеком” муроҷиат кард.

Барои сабтином ва фаъолсозии таҷҳизот корбар бояд нусхаи шиноснома (силсила ва рақам), рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами телефон ва ҳамчунин маълумоти корти бонкӣ барои пардохти хадамот пешниҳод кунад.

Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, ки Starlink дар Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2026 ба таври расмӣ фаъолият мебарад ва шаҳрвандону ширкатҳо метавонанд аз хадамоти ин ширкат ба таври қонунӣ истифода кунанд.

Ба корбароне, ки таҷҳизотро то оғози фаъолияти расмии ин ширкат дар Тоҷикистон дастрас ва истифода мекарданд, тавсия дода мешавад, ки онро тибқи тартиби муқарраршуда сабтином кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд

0

Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, дар моҳи Рамазон маҳдудият ё "лимт"-и интиқоли барқ барои аҳолии кишвар сабуктар шуда, сокинон дар як шабонарӯз 17 соат бо барқ таъмин мешаванд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ин ширкат ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Шурӯъ аз 19-уми феврал, оғози моҳи Рамазон ба мардум аз соати 15:00 то 8:00-и субҳ барқ дода мешавад. Аз соати 8:00-и субҳ то 15:00 бошад, нерӯи барқ қатъ мегардад”,- гуфт Аҳмадзода.

Ӯ илова кард, ки аз соати 8-и субҳ то 15 нерӯи барқ қатъ мегардад. 

Ҳамчунин, дар нусхаи қароре, ки аз сӯйи сардори Раёсати марказии диспечерии Шабакаҳои интиқоли барқ ба сохторҳои зертобеаш ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки "сар аз пагоҳ, 19-уми феврал дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ дода шавад". Нусхаи ин қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр шуд ва ба дасти "Азия-Плюс" ҳам расид. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Аҳолӣ дар моҳи Рамазон бештар барқ хоҳанд гирифт”. Вазири энерҷӣ реҷаи интиқоли барқро шарҳ дод

Қаблан, Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон ба аҳолӣ барқи бештар дода мешавад. Дар пайи ин, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки зиёд кардани реҷаи таъмини барқ ​​ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва резиши об ба дарёи Вахш вобаста аст.

Ба иттилои Далер Ҷумъа, то кунун, ба сокинони минтақаҳои Тоҷикистон 7 соат, субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 барқ дода мешуд.

Соли гузашта дар моҳи Рамазон реҷаи муайянкардаи Вазорати энерҷӣ ва захираҳои об, ки бояд аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 соат барқ мегирифтанд, риоя нашуд ва масъулини ширкатҳои барқрсонӣ сабабро “сардии ҳаво рабт дода буданд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.

Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон аз “лимит”-и шадиди барқ нигаронӣ карда гуфтанд, ки баъзе вақтҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин буданд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешуд. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ карданд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба  камобӣ рабт медоданд.

Қаблан масъулини Вазорати энерыии кишвар кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту нуҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.