Home Blog Page 58

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту нуҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст

0

Бо гузашти қариб чаҳор сол аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари ҳузури садҳо зодаи Тоҷикистон дар он расонаӣ шуд, аммо мақомоти Тоҷикистон расман мегӯянд, то ҳол ҳеҷ шаҳрванди худро барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот накардаанд. Ин дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари минтақа чандин нафар барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот ва равонаи зиндон шуданд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар як соли охир барои иштирок дар низои Русия дар Украина ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

 

Чаро парвандаи ҷиноятӣ боз нашуд?

Додситони кул рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро низ қабул кардаанд, “онҳо бояд ҳатман уҳдадориҳои ҳарбии ин кишварро низ ба ҷой биёранд”.

“Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон мо алайҳи шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русия доранду дар асоси созишнома аз ҷониби ин кишвар дар муҳориба бо Украина иштирок кардаанд, ҳаққи оғози парвандаи ҷиноятӣ надорем”,- гуфт Воҳидзода.

Додситони кул гуфт, дар ҳолате, ки шахс шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва шаҳрвандии Русияро интихоб накарда бошад, вале дар ҷанги зидди Украина иштирок карда бошад, “алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад”.

“Дар ҳаракатҳои ӯ албатта талаботҳои кодекси ҷиноятии ҶТ татбиқ мегардад. Ин моддаи 401, иловаи 1-и КҶ барои иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷ”, – гуфт Воҳидзода.

 

Аммо ӯ таъкид кард, ки дар ин бора “то имрӯз маълумоти дақиқ ва расмӣ дар прокуратура нест”.

Ҳабибуллоҳ Воҳидзода ин нуктаро тобистони соли 2025 низ зикр карда буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ низ дар нишасти матбуотии рӯзи 12-уми январ гуфт, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар муҳорибаҳои Русия дар Украина ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Дар ҷанги Украина шаҳрвандони мо чӣ қадар ҷанг карда истодаанд, накарда истодаанд, мо ягон ҳисобот ҳам намебарем, ягон уҳдадорӣ ҳам надорем дар ин масъала”,- гуфт Раҳимзода.

Давоми чаҳор соли ҷанг, ки идома дорад, расонаҳо аз ҳузури ҳазорҳо зодаи Тоҷикистон дар ин ҷанг хабар медиҳанд ва теъдои кушташуда миёни онҳоро садҳо нафар мегӯянд. Аммо ҳеҷ як мақомоти расмӣ онро тасдиқ ё рад намекунад.

Охирин хабари кушта шудани як зодаи Тоҷикистон ва ба ватан интиқол ёфтани ҷасади ӯ 12-уми феврал расонаӣ шуд. Ҷасади Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷикро, ки ба Русия барои кор рафта, дар ҷанги ин кишвар дар Украина кушта шуд, дар зодгоҳаш деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба хок супурданд.  

Дар соли 2025 низ чанд ҷасади зодагони Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд ба ватан оварда, ба хок супурда шудаанд.

 

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъ чӣ гуна аст?

Мақомоти кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай чандин шаҳрванди худро барои иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо доданд.

Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон соли гузашта як шаҳрванди 38-сола барои иштирок дар ҷанги зидди Украина ба се соли зиндон маҳкум гардид.

Тибқи иттилои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, аз соли 2022 то нимаи соли 2025 мақомоти ин кишвар 338 парвандаи ҷиноятӣ барои иштироки шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ боз кардаанд. Ҳарчанд мушаххас нест, ки чандтои он ба иштирок дар ҷанги Русия дар Украина рабт дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод

Чандин шаҳрванди Қазоқистон низ барои ширкат дар амалиётҳои ҷангии зидди Украина ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ гирифтанд. Дар умум, мақомоти ин кишвар дар соли 2025 нисбати шаҳрвандонаш, ки ба нерӯҳои низомии Русия ҷалб шуда буданд, 700 парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. 

Мақомоти Қирғизистон низ алайҳи шаҳрвандонаш барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украина парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Қонунгузории Тоҷикистон низ ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳоро манъ кардааст. Барои ин кирдор, тибқи моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ  ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ мешавад.

Илова бар ин тибқи ин моддаи қонунгузорӣ, шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъи амалиёти ҷангӣ даст мекашанд ва дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Теъдоди ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ дар артиши Русия чӣ қадар аст?

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить), ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели соли 2025 номи 3 ҳазору 62 шаҳрванди Тоҷикистон, Қазоқистон , Қирғизистон  ва Ӯзбекистонро, ки бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанги зидди Украина шартнома бастаанд, муайян ва нашр кард.

Ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Дертар моҳи октябри соли гузашта тарҳи мазкур боз номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки онҳо дар сафи артиши Русия бар зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд.

Ин тарҳ ҳамчунин, 1 ҳазору 110 шаҳрванди Ӯзбекистон, 661 шаҳрванди Қазоқистон ва 360 шаҳрванди Қирғизистонро, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд” нашр кард.  Баъдтар ин лоиҳа боз номи 270 шаҳрванди Қазоқистонро, ки дар ҷанг ширкат кардаву кушта шудаанд нашр кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчӣ бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад. Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон авфи маҳбусон, ки 18-уми августи соли 2006 оғоз шуда буд, анҷом ёфт ва дар натиҷа 6731 маҳбус аз зиндон озод шуданд.

Соли 2019 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” қабул шуд.

Соли 2021 – Хадамоти гумруки Тоҷикистон тафсилоти қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар ба хориҷро шарҳ дод.

Маълумоти расмӣ дар бораи шахсони ба ин парванда алоқаманд ва ҷазоҳои пешбинишуда иттилоъ надод, аммо ин ҳодиса таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ва расонаҳоро ба худ ҷалб кард.

Соли 2022 – Ба вазири тандурустии Тоҷикистон барои саҳмаш дар мубориза бо COVID-19 шаҳодатномаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тақдим шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1201 – Мавлуди Насируддин Тӯсӣ, шоир, файласуф, ахтаршинос, олим ва мунаҷҷими форс-тоҷик.

Насируддини Тӯсӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва фалсафа нақши назаррас гузоштааст. Ӯ дар Ҳамадон ва Нишопур таҳсил карда, дар давраи ҳуҷуми муғулон ба хидмати Ҳулокухон гузашта, расадхонаи машҳури Мароғаи Озарбойҷонро таъсис додааст.

Тӯсӣ дар риёзиёт, ҳандаса ва ситорашиносӣ кашфиётҳои муҳим анҷом дода, “Зиҷ”-и машҳури худро эҷод кард. Осораш, аз ҷумла “Ақли Қавл”, "Таҳзиб-ул-ахлоқ” ва “Асос-ул-иқтибос” то имрӯз дар илм ва фалсафа арзиши баланд доранд. Вай яке аз аввалин олимоне буд, ки назарияи заминмеҳварии Батланиемро ба чолиш кашида, роҳро барои инқилоби илмии минбаъда ҳамвор кард.

Соли 1942 – Зодрӯзи Сафаралӣ Кенҷаев, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик ва муассиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон.

Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва бунёдгузори Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум буда, аз чеҳраҳои матраҳ ва машҳур дар ин кишвар ба шумор мерафт. Аз ӯ ҳамчун муассис ва роҳбари "Фронти халқӣ" ном мебаранд, ки дар бақарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.

Ӯ фаъолияти кориашро аз обмони одӣ дар колхози “Бурднок” оғоз карда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои додситони ноҳияи Фрунзе (Фирдавсии имрӯза)-и Душанбе, додситони нақлиёти Тоҷикистон, муовини додситони Роҳи оҳан ва раиси Кумитаи назорати назди раисҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст.

Сафаралӣ Кенҷаев ба саҳнаи сиёсат тавассути Шӯрои олӣ роҳ ёфт. Ӯ аввал вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд ва баъди баргузории нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991, вакилони парлумон бо пешниҳоди Раҳмон Набиев ӯро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.

Ӯ то 22-юми апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Сипас дар ҳодисаҳои муқовимати сиёсии солҳои 1992-1997 ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон буд. 24-уми октябри соли 1992 бо нерӯҳои ҳарбӣ аз самти ғарби Душанбе вориди пойтахт шуд ва чанде аз биноҳои маъмуриро ғасб карда, аз сӯйи ҷонибдоронаш тавассути садову симо раисҷумҳури кишвар эълон шуд. Аммо дар ниҳоят ин ҳамла ноком анҷомид ва Кенҷаев аз пойтахт хориҷ шуд. 

Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 замоне, ки роҳбари яке аз кумитаҳои парлумони Тоҷикистон буд, аз ҷониби ашхоси ношинос дар Душанбе ба қатл расонида шуд.

Соли 1945 –  Мавлуди Сайдулло Абдуллоев, муаррих, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Сайдулло Абдуллоев, ки аз соли 1995 то охири умр – моҳи май соли 2001 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дошт, хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод буда, солҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси муаллим, дотсент, муовини декан ва декани факултети таърих ва ноиби ректор ифои вазифа кардааст.

Ӯ доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва беш аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ ба нашр расонидааст.

Соли 1946 – Мавлуди Рустам Муқимов, меъмори тоҷик.

Соли 1948– Зодрӯзи Гулсара Абдуллоева ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Гулсара Абдуллоева яке аз ҳунарпешагони маъруф ва аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик аст.

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А В. Луначарскийи Маскав буда, фаъолияти ҳунариашро соли 1971 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов оғоз кард.

Дар саҳнаи театр бештар аз 100 нақш офаридааст, ки беҳтаринашон Сайёрахонум дар "Робиаи Балхӣ", Васса Железнова дар "Васса Железнова", судя-модар дар "Арӯс ва домод", Попоян дар "Ҳамин тавр ҳам мешавад", Ситорабону дар "Ибни Сино" мебошанд.

Гулсара Абдуллоева дар синамо низ бештар аз 70 нақш бозидааст. Ӯ симои модаронро муассиру табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд инъикос намудааст. Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офаридааст, муборизу фаъоланд ва ба сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд.

Гулсара Абдуллоева дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 нақшҳоро бозидааст.

Соли 1961 – Зодрӯзи Хурсандмурод Зарифов, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хурсандмурод Зарифов, бародари овозхон Қобил Зарифов ҳамчун ҳунарманде бо садои ҷаззоб ва сабки иҷрои хос дар рушди мусиқии классикии тоҷик саҳм гузоштааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфта, солҳои зиёд дар дастаи “Зарафшон” таҳти роҳбарии Ҷӯрабек Муродов фаъолият кардааст. Ӯ бо маҳорати хоси иҷроии худ таронаҳои классикиро дар шохаҳои овозии мақомҳо, аз ҷумла “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори Ороми ҷон”, “Ироқи Бухоро” ва дигар намунаҳо сабт кардааст.

Соли 1962 – Зодрӯзи Мирзонабӣ Холиқзод, рӯзноманигори тоҷик.

Мирзонабӣ Холиқзод пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавӣ ба фаъоляит пардохта, баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст. Ӯ соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.

Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ ба фаъолият пардохт ва муддате роҳбарии дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе бар уҳда дошт.

Соли 1971 – Зодрӯзи Раъно Бобоҷониён, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Соли 2024 – Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик дар синни дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Давлатманд Холов аз насли фалаксароёни маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои сурудҳои марғуб дилҳои мардумро тасхир намудааст.

Ӯ аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кард. Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов соли 1963 дар 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш мерос гирифтааст.

Соли 1978 ӯ дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба кор оғоз кардааст. 20-уми июли соли 1989 дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ӯ ансамбли давлатии “Фалак” таъсис шуд. 

Ҳунарпеша аз соли 2004 бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он ба фаъолият пардохтааст.

Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва беш аз 200 оҳанг ба мерос гузошт. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб меёбанд.

Ӯ яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ӯ қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намудааст. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунаванда доранд.

Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт ва баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард.

Соли 2014 – Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст. Номбурда солҳои гуногун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти адабиёт яке аз заминагузорон буд.

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст. Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1911 дар ҳамин рӯз аввалин маротиба почта тавассути ҳавопаймо интиқол дода шуд. Парвози аввалин дар таърихи почтаи ҳавоӣ дар Ҳиндустон аз Аллоҳобод ба Наини сурат гирифт. Ҳавопаймо, ки ҳомили 6,5 ҳазор нома ва 250 корти махсус буд, аз ҷониби халабони фаронсавӣ – Анри Пике идора мешуд.

Номаҳо бо муҳри махсус бо навиштаҷоти: “First aerial post. U. P. Exhibition. Allahabad. 1911” (“Аввалин почтаи ҳавоӣ. Намоишгоҳи иттиҳоди миллӣ. Аллоҳобод. 1911”) мӯҳр зада шуданд.

Маблағи аз интиқоли почта бадастомада барои дастгирии донишҷӯён ба меҳмонхонаи “Оксфорд ва Кембриҷ” дода шуд.

18 феврали соли 1930 астроном Клайд Томбо сайёраи Плутонро кашф кард. Ҳуқуқи номгузории он ба расадхонаи Ловелл, ки Томбо дар он ҷо кор мекард, тааллуқ дошт. Пешниҳодоти гуногуни ном барои сайёра аз саросари ҷаҳон ворид шуданд ва аввалин шуда духтари 11-солаи англис Венесия Берни номи “Плутон”-ро пешниҳод намуд.

Ҷолиб аст, ки дар моҳи августи соли 2006, дар анҷумани Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ дар Прага, Плутон аз рӯйхати сайёраҳои системаи офтобӣ хориҷ карда шуд ва акнун ҳамчун “сайёраи карликӣ” (сайёраи хурд) шинохта мешавад.

Пас аз хориҷ шудани Плутон, танҳо 8 сайёра дар системаи офтобӣ боқӣ монданд: Меркурий, Зӯҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун.

18 феврали соли 1942 дар баҳри Кариб бузургтарин киштии зериобии фаронсавӣ – “Сюркуф” ғарқ шуд. Он то замони сохтани киштии зериобии ҷопонии I-400, бузургтарин киштии зериобӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, “Сюркуф” шаби 18 феврали 1942 пас аз бархӯрд бо киштии ҷангии ИМА – “Томсон Лайкс” ғарқ гардид.

Аз он вақт, на худи киштӣ, на одамон ва на ҳеҷ як қисмҳои он пайдо нашуданд. 130 маллоҳ бо зериобӣ бедарак шуданд.

18 феврал Рӯзи байналмилалии батарея таҷлил мешавад. Интихоби ин рӯз ба таваллуди Алессандро Волта, олими машҳури итолиёвӣ, яке аз поягузорони илми барқ, ки 18 феврали соли 1745 таваллуд шудааст, алоқаманд аст.

Номи Алессандро Волта дар таърих бо воҳиди ченкунии шиддати барқ – “волт” сабт шудааст. Яке аз ихтироҳои муҳими ӯ батареяи аввалини барқӣ – “сутуни Волта” мебошад, ки асоси батареяҳои муосир гардид.

18 феврал ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии тушбера (пелмен) ҷашн гирифта мешавад.

Ҷолиб аст, ки калимаи “пелмен” аз забонҳои уғро-финӣ гирифта шуда, маънояш “гӯшти нонӣ” аст. Он яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи мардум дар саросари ҷаҳон буда, аввалин зикри он дар осори таърихӣ ба асри XV рост меояд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар  доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 27-29º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон

0

Барканории Қамчибек Тошиев аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ибтидои соли 2026 на танҳо дар ин кишвар, балки минтақа ба шумор рафта, аз поёни як модели мудирияти қудрати мувозӣ, ки кишварро дар пешорӯи буҳрони сиёсӣ қарор дода буд, хабар дод.

Ин навъи мудирият дар Қирғизистон собиқаи пешин дошт, аммо барои муддати дароз пойдор намонда буд. Аз ин лиҳоз, эътилофи Ҷаборов ва Тошиев ҳам, ки панҷ сол побарҷо монд, ҳамеша бо худ суоле дошт: То куҷо?

Ҳоло, ки он пош хурд суолҳои дигар ҳам зам шуданд: Чаро ин иттифоқ афтод, оянда чӣ гуна хоҳад шуд ва таъсири пошхурии ин эътилоф ба минтақа чӣ хоҳад буд?

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, ки собиқаи чандсолаи кор дар Қирғизистонро дорад ва аз равандҳои сиёсиву хусусиятҳои ҷомеаи ин кишвар ба хубӣ огоҳ аст, ба ин суолҳо посух гуфтааст.

 

Барканории барқосо

Аз қудрат канор гузошта шудани Қамчибек Тошиев тавассути раиси ҷумҳур Содир Ҷаборов барои бисёриҳо он қадар ғайриинтизор буд, ки ба ҳаққонияти он танҳо пас аз интишори фармони расмӣ дар расонаҳо бовар карданд. Ин тасмим ба сурати табиӣ мавҷи густурдаи баҳсу таҳлилҳоро ҳам дар дохили ин кишвар ва ҳам берун аз он ба миён овард.

Ҷаборов ва Тошиев, ки пас аз истеъфои раиси ҷумҳури пешин дар поёни соли 2020 ба қудрат расиданд, дар муддати кутоҳ ба муҳимтарин муттаҳиди сиёсии якдигар табдил шуданд. Илова бар он, бо тасвиби қонун дар бораи Девони вазирони Қирғизистон дар моҳи октябри соли 2021, раиси КДАМ ҳамзамон вазифаи муовини раиси Девонро низ уҳдадор шуд.

 

Ин таҷриба дар минтақа камназир буда, ба Тошиев ихтиёроти фаротар аз вазифаҳои сирфан амниятиро вогузор кард. Вай, аз ҷумла, ҳаққи назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дахолат ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, воридоту содирот, мубориза бо фасоди молӣ дар сохторҳои ҳукуматиро ба даст оварда, дар тасмимгириҳои марбут ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ ширкат мекард, ки пеш аз ин берун аз салоҳияти КДАМ буданд. Тошиев бо доштани ихтиёроти густурда ба қудратмандтарин чеҳраи ҳукумати Қирғизистон табдил шуда буд ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз мансабдорон бақои худро дар курсиҳояшон ба садоқату вафодорӣ ба раиси КДАМ марбут медонистанд. Тошиев ба қавле “ҳукумат дар даруни ҳукумат” эҷод карда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Аммо дар 10-уми феврали соли ҷорӣ содир шудани фармони барканории Тошиев аз вазифаи раиси КДАМ ва муовини Девони вазирон на танҳо дар миёни доираҳои сиёсиву коршиносӣ ва ҷомеаи Қирғизистон, балки берун аз он ҳам вуқуъи раъду барқ дар фасли тобистонро мемонд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни шарҳи тасмими худ гуфт, ки ҳадафи ӯ ҳифзи суботу оромиш ва ваҳдати миллату кишвараш аст.

Дар пайи барканории Тошиев билофосила чандин мақоми калидии вобаста ба ӯ низ, аз ҷумла ҳамаи муовинони раиси КДАМ ва сардори сарраёсати КДАМ дар шаҳри Бишкек (ва баъдан ҳама сардорони раёсатҳои вилоятии ин сохтор), аз вазифаҳояшон маҳрум шуданд ва ба курсиҳои онҳо мансабдорони нав такя заданд. Ҷаборов ҳамзамон тағйироте дар сохтори КДАМ анҷом дод, ки тибқи он Хадамоти марзбонӣ аз сохтори КДАМ берун карда шуд ва Хадамоти 9-уми КДАМ ба Хадамоти муҳофизати давлатӣ табдил ёфт, ки ба сурати мустақим ба раиси ҷумҳур итоат мекунад.

Тошиев, ки ӯро дар Олмон хабари барканориаш ғофилгир карда буд, шаби 13-уми феврал ба Бишкек баргашт, то  ба истилоҳ “чанду чуни масъаларо” маълум кунад. Зоҳиран ҳанӯз ба қудрати худ бовар дошт, аммо бо гузашти чанд рӯз дигар ҷузъитарин нишонае аз нуфузи сиёсии пешинааш дар расонаҳо дида намешавад.

Дар ниҳоят дар 16-уми феврал Содир Ҷаборов зимни мусоҳиба бо хабаргузории "Кабар" эълон кард, ки ба тозагӣ бо Қамчибек Тошиев мулоқот доштааст ва “…ҳарду дӯст боқӣ хоҳанд монд, аммо ӯ дигар ҳеҷ вазифаи давлатӣ нахоҳад дошт, беҳтар аст истироҳат кунад ва ба саломатиаш бирасад”. Ин изҳорот ба поён расиданаи “Даврони Тошиев”-ро тасдиқ кард. Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешини давлатдорӣ дар Қирғизистон, метавон гуфт, ки ин “ҳукм” метавонад “бозбинӣ” шавад ва куллан тағйир ёбад ва барои содиркунанда мушкилҳое пеш орад.

 

Таҷрибаи нокоми қудрати дугона

Ҳангоме ки дар беш аз панҷ соли пеш эътилофи шимолу ҷанубии “Ҷаборов-Тошиев” ҳукуматро дар ихтиёр гирифт, чунин ба назар мерасид, ки яке нақши “бозуи нарм” (сиёсӣ)-ро ва дигаре нақши “бозуи сахт” (қудратӣ)-ро бозӣ мекунад. Аммо дар чанд соли ахир ин формулаи “ҳамёриву ҳамафзоӣ” ба тадриҷ ба “рақобати пинҳон” табдил шуд, ки дар натиҷаи он ду конуни қудрат ба вуҷуд омад. Ҳатто гоҳе чунин ба назар мерасид, ки Тошиев дар ҳукумат ва парлумон бештар аз Ҷаборов нуфуз дорад. Шумори зиёде аз мансабдорони сатҳи марказиву минтақаӣ вафодории худро ба Тошиев тазминкунандаи бақояшон дар вазифа медонистанд. Фаъолияти ҳеч мақоми расмии дигар дар Қирғизистон ба андозаи Тошиев дар расонаҳои ин кишвар бозтоб намеёфт.

Ҳатто дар ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳое аз эҳтимоли муаррифии номзадии раиси КДАМ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон матраҳ мешуд, ки бо дархости 75 нафар арбоби сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар барои баргузории интихоботи зудҳангом баландпарвозиҳои сиёсии Тошиев намоёнтар шуд. Ба маҳзи барканории Тошиев “довталабона” истеъфо додани раиси парлумони Қирғизистон Нурланбеку Тургунбек уулу низ баёнгари вуҷуди нимкосаи зери коса буд. Агар Ҷаборов бамавқеъ даст ба кор намешуд, бо пойгоҳи идорие, ки Тошиев барои худ сохта буд, амалӣ кардани чунин як сенария – аз шахси №2 ба шахси №1 расидан низ аз эҳтимол дур набуд.

Аммо таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти ду конуни қудрати мувозӣ зуд ё дер ба буҳрон меанҷомад. Намунаи боризи онро дар чанд соли пеш дар Қазоқистон мушоҳида кардем. Қосимҷомарт Токаев дар соли 2019 раиси ҷумҳур интихоб шуд, аммо баъзе аз вазирону мансабдорон аз “Китобхона” – дафтари нахустин раиси ҷумҳур ва раиси Шурои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур мегирифтанд. Вуҷуди ду конуни қудрати мувозӣ дар ин кишвар ба рақобати дохилии нухбагон доман зад ва дар ниҳоят дар идораи кишвар мушкилоте пеш овард, ки буҳрони сиёсиву амниятии моҳи январи соли 2022-ро дар пай дошт. Қазоқистон замоне ба шароити одиву маъмулӣ бозгашт, ки қудрати дугона ҷойи худро ба қудрати ягонаву воҳид вогузор кард.

 

Эҳтимолан Ҷаборов маҳз бо дарки таҷрибаи кишвари ҳамсояи худ тасмим гирифт пеш аз он ки интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2027 ба як рақобати хатарнок табдил ёбад, ба дугонагии қудрат хотима диҳад. Зеро вобастагии ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба Тошиев метавонист КДАМ-ро дар рақобатҳои интихоботӣ ба як бозигари фаъоли сиёсӣ табдил кунад, ки бо моҳияти вуҷудии ин ниҳод комилан носозгор аст. Дар ин масир пеш рафтани таҳаввулот метавонист раҳбарии ягона бар ҳукумат, бахусус сохторҳои низомӣ, амниятӣ, интизомӣ ва ҳуқуқиро аз дасти раси ҷумҳур хориҷ кунад. Бинобар ин, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо барканории Тошиев ба таври возеҳу рушан ба нухбагони кишвараш ин паёмро дод, ки дигар ду конуни қудрат вуҷуд надорад ва ҳар касе дар сохтори ҳокимиятӣ боқӣ монданӣ бошанд, бояд қоидаи нави бозиро пазиранд.

 

Оё нооромӣ имконпазир аст?

Яке аз нигарониҳои асосӣ ин аст, ки барканории ногаҳонии Тошиев аз қудрат ба суботи дохилии Қирғизистон чӣ таъсире хоҳад дошт? Зеро дар ин кишвар риояи мувозинаи манфиатҳои шимолу ҷануб ҳамеша масъалаи ҳассос буда, агар ба барканории Тошиев ба унвони “аз қудрат дур кардани ҷанубиҳо” доман зада шавад, мумкин аст дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури шакли муборизаи байни ду минтақаро ба худ гирад.  

Мусоҳибаи ёдшудаи Ҷаборов бо хабаргузории "Кабар" нишон медиҳад, ки ӯ ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта, саъй мекунад то аз қудрат канор гузошта шудани Тошиев, ба истилоҳ, рангу бӯи минтақаӣ ба худ нагирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат барои роҳ надодан ба истифодаи омили минтақаӣ дар муборизаҳои сиёсӣ талошҳои зиёде анҷом додааст, ки яке аз иқдомоти муҳим таъйини роҳбарони вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявии “шимолӣ” дар ҷануб ва “ҷанубӣ” дар шимол мебошад. Ҷаборов мехоҳад ин иқдомро дар сатҳи сохторҳои дигари маҳаллии кишвараш низ роҳандозӣ кунад.

То кунун барканории Тошиев ҳеч гуна вокунишҳои ҷиддии сиёсӣ, аз ҷумла эътирозҳои хиёбониро дар пай надоштааст. Ин масъала пеш аз ҳама ба он иртибот дорад, ки пойгоҳи идорӣ аз ихтиёри Тошиев хориҷ шудааст. Аммо кафолати адами чунин тасмим дар оянда ҳам нест.

 

Манфиатҳои бозигарони хориҷӣ

Кишварҳои хориҷӣ ба сурати табиӣ барканории Тошиевро як масъалаи сирфан дохилии Қирғизистон медонанд, аммо нисбат ба таъсири эҳтимолии он ба муносибатҳояшон бо ин кишвар бетаваҷҷуҳ нестанд.

Бетардид кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳазф шудани як конуни қудрати мувозии дар ҳоли табдил шудан ба рақиби раиси ҷумҳури Қирғизистон истиқбол мекунанд. Русия низ ба унвони яке аз шарикони муҳимму роҳбурдии Қирғизистон аз поён ёфтани дугонагии қудрат дар ин кишвар ва тақвияти мавқеи раиси ҷумҳури он эҳсоси ризоят дорад.

Барои Чин низ ба сурати калон суботу амнияти Қирғизистон ва коромадии сохторҳои он муҳим аст, то дар иҷрои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаии Пекин халале ворид нагардад.

Туркия бархилофи Чин ба равобити хусусӣ бо иртибот чеҳраҳои калидии қудрат дар ҳар кишваре таваҷҷуҳ дорад, ки ин масъала ба Қирғизистон низ марбут мешавад. Аммо аз вуруд ба ихтилофоти дохилии қудрат дар кишварҳое, ки мумкин ба раванди ҳамгироии туркӣ халал ворид кунад, парҳез менамояд. Шояд минбаъд тамаркузи ин кишвар ба тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷаборов бештар мушоҳида шавад.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба эҳтимоли зиёд ба таҳаввулоти дохилии Қирғизистон аз зовияи рақобати худ бо Маскав ва Пекин нигоҳ мекунанд. Барои ҳардуи ин бозигар нуктаи муҳим ва роҳбурдӣ пойбандии Бишкек ба уҳдадориҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи истифода аз захираҳои табиии ҳаётист, ки ба он ба унвони фурсати муқовимат бо нуфузи Русия, Чин ва Эрон нигоҳ мекунанд.

 

Хулоса

Барканории Қамчибек Тошиев ба як давраи чолишбарангезу хабарноки қудрати мувозӣ дар Қирғизистон поён дод. Ин иқдом нишон медиҳад, ки дар шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷудияти ду маркази қудрат зуд ё дер ба буҳрон меанҷомад. Ҷаборов бо ин тасмим на танҳо мавқеи шахсии худро уствортар кард, балки ба нухбагони сиёсӣ ин паёми равшанро фиристод, ки қоидаҳои бозӣ дигар шуда ва аз ин ба баъд танҳо як конуни қудрат вуҷуд дорад. Сарнавишти Тошиев бори дигар ҳаққонияти зарбулмасали маъруфро собит кард, ки “Бозӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб…”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қариб 250 млн сомонӣ ришва танҳо дар БДА. Оҷонсии зиддифасод ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистонро гуфт

0

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД соли гузашта яке аз ниҳодҳои фасодзада буд ва бо ришваситонии ҳаҷман зиёд дар мақоми дуввуми рӯйхати фасодзадаҳои ин ниҳод қарор гирифт. Ин нукта рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотии Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон зикр шуд.

Сулаймон Султонзода, раҳбари ин ниҳод гуфт, ки фасоди бештар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва пасон дар Раёсати БДА ошкор шудааст.

Ба қавли ӯ, дар ниҳодҳои зерин соли гузашта фасоди зиёд ошкор шуд:

Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе – 319, 3 млн сомонӣ;

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД – 248,4 млн сомонӣ;

Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо – 18,3 млн сомонӣ;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ то мақомоти корҳои дохилӣ. Оҷонсии зиддифасод соҳаҳои фасодзадаро эълон кард

КВД “Обу корези Душанбе” – 5,9 млн сомонӣ;

Филиали “Маркази барқу гармидиҳӣ 2” – 5,9 млн сомонӣ

 

Ифшои беш аз 240 млн сомонӣ зарар танҳо дар як шуъбаи БДА

Ба гуфтаи Оҷонсии зиддифасод, танҳо дар як шуъбаи Раёсати БДА беш аз 240 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст.

“Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и ВКД-и Тоҷикистон барои бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба қайди давлатӣ гирифтан ва додани рақам ба 2 ҳазору 725 воситаи нақлиёт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд”, – гуфт Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонсӣ дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, дар ҷараёни таҳқиқ “зиёда аз 253 миллион сомоние, ки барои насупоридани пардохтҳои гумрукӣ ба миён омада буданд, аз ҳисоби нафарони даст ба ин ҷиноятзада, соҳибкорон ва шахсоне, ки ба таври қочоқ воситаҳои нақлиётро ворид карда буданд, ба буҷа барқарор карда шуд”.

Ба қавли Камолзода, нисбати гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтишот он ба додгоҳ ирсол шудааст.

Назари масъулини ин ниҳод ба гуфтаҳои масъулини Оҷонсии зиддифасод маълум нест.

 

Мушкили №1 дар БДА  – ришваситонӣ

Ришваситонӣ дар БДА масъалаи нав нест. Тибқи таҳлили коршиносон ва оморе, ки ҳамасола Оҷонсии зиддифасод расонаӣ мекунад, мушкили №1 дар ин ниҳод ришваситонӣ аст.

Ронандагон ҳам шикоят доранд, ки кормандони БДА аз онҳо пора талаб мекунанд. Дар пайи талаби пора чандин ҳолати ҷанҷоли корманди БДА ва ронандагон низ сабт шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ёддошт”-и куҳна барои сардори нави БДА

Чанд соли пеш мо барои ҳалли чанд мушкили БДА, аз ҷумла коҳиши сатҳи фасод тавсияҳо дода будем, ки бо он метавонед дар ин пайванд шинос шавед: “Ёддошт”-и куҳна барои сардори нави БДА.

Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳар сол рӯйхати ниҳодҳо ва соҳаҳоеро нашр мекунад, ки кормандони он бештар аз ҳама даст ба фасод мезананд ва ё дар онҳо аз ҳама зиёдтар ҷиноятҳои коррупсионӣ сар мезанад.

Дар солҳои гуногун ин рӯйхат фарқ мекунад, аммо чанд соли охир, дар сархати соҳаҳои фасодзада ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, мудофиа, мақомоти корҳои дохилӣ, меҳнату муҳоҷират, кишоварзӣ ва Кумитаи идораи замин қарор гирифтаанд.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар индекси дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2024-ум  бо 19 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 164-умро ишғол кард

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта содироти ангур аз Тоҷикистон ба Русия 25% зиёд шудааст

0

Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 4,5 млн доллар тақрибан 7,4 ҳазор тонна ангур содир шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 25% зиёд мебошад.

Дар ин бора дар мулоқоти онлайнии Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2025 баргузор гардид, зикр шудааст.

Ҷоинбҳо дар ин гуфтугӯ, рафти иҷрои дастурҳое, ки дар пайи сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта, ироа шуда буд, баррасӣ кардаанд. Он замон, Владимир Путин гуфта буд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар бояд 2,5 маротиба афзоиш дода шавад.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия менависад, ки дар мулоқоти Абдураҳмонзода ва Решетников ба афзоиши таъминоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Русия, аз ҷумла ангур, пиёзи барвақтӣ, кабудӣ ва дигар молҳо диққати махсус дода шудааст.

Ба гуфтаи Максим Решетников, яке аз аввалин натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо, афзоиши чашмраси содироти ангур аз Тоҷикистан ба Россия гардид, ки соли 2025 ҳаҷми содироти он назар ба соли 2024-ум 25% афзуд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 30-юми янва гуфта буд, ки соли 2025 ангур “маҳсули асосӣ”-и Тоҷикистон барои содирот ба Русия гашт.

Илова ба Русия, Тоҷикистон содироти ангури тару тоза ва хушкшударо ба дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Покистон, Узбекистон ва Ироқ низ афзуд.

Ҳаҷми умумии содироти ангури тару тоза ва хушкшударо дар соли 2025 тақрибан 32,6 ҳазор тонна ташкил дод, ки барои кишвар беш аз 9,4 миллион доллар фоида овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири тандурустӣ гуфт, табибони халқӣ чӣ гуна бояд фаъолият кунанд

0

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 пизишки халқӣ ба табобат машғул буда, ҳамаи онҳо иҷозатномаи фаъолият доранд ва дар қайди вазорат ҳастанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода гуфт, "дар Тоҷикистон ягон кас ҳуқуқ надорад, ки худсарона ҳамчун табиби халқӣ ба табобат машғул шавад ё чунин марказ боз кунад".

Вазир рӯзи 28-уми январи имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар кишвар “Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ” амал мекунад ва табибон дар ин муассиса такмили ихтисос гирифта, баъди ба даст овардани иҷозатнома ҳаққи фаъолият ба даст меоранд.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, маҳсдармонӣ, сӯзандармонӣ, истифодаи гиёҳҳои шифобахш, шулукдармонӣ, аз ҷумлаи навъҳои табобати мардумӣ буда, табибони халқӣ дар Тоҷикистон бо ин навъҳо иҷозаи дармон доранд.

Ба қавли вазир, сохторҳои дахлдор ҳолатҳои худсарона машғул шудан ба табобати мардумиро санҷида, дар сурати ошкор гардидани чунин табибон, фаъолияти онҳоро қатъ мекунанд.

Аммо вазир нагуфт, ки то имрӯз чунин ҳолатҳо вуҷуд доштанд ва оё мақомоти назоратӣ ин гуна шахсон ва ё марказҳоро ошкор кардаанд ё не.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар солҳои охир аз боздошти чанд муллову ҷинбарор ва ё фолбин, ки зери номи “табиби мардумӣ” ба фаъолият машғул буданд, хабар медиҳад.

Аксаран дар Тоҷикистон онҳое, ки ба фолбиниву сеҳру ҷоду ва эмкунӣ машғуланд, худро "табибони халқӣ" муаррифӣ мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Чанд рӯз қабл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, беш аз 5 ҳазор нафар, ки дар кишвар ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будаанд, ба қайд гирифта шудаанд. Аммо нагуфт, ки чанд нафари онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, чӣ ҷазо гирифтанд.

 

Табибоне, ки аз кишварҳои дигар вориди Тоҷикистон мешаванд

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ҳамчунин дар робита ба табибоне, ки аз кишварҳои дигар вориди ҷумҳурӣ мешаванд, гуфт, “онҳо бе сертификат (гувоҳинома)-и Вазорати тандурустӣ ва бе шаҳодатномаи Хадамоти фаъолияти тиббӣ-фармасевтӣ ҳуқуқи фаъолият дар қаламрави кишварро надоранд".

Бояд гуфт, ахиран, Иқбол Солиев, ном табибе аз Ӯзбекистон, ки аз Тоҷикистон низ муштариён дошт ва гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард, барои бе иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ машғул шудан ҳабс шуд. Ӯ чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон ҳам омада буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад

0

“Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, беш аз 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ дар пайи санҷиш ҳамчун изофанависӣ ошкор шуда, аз меъёри умумии қарз ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1,7 млрд сомониро ташкил медод, ҳазф шудааст. Дар умум, дар пайи санҷиши ин ширкат ҳудуди 1,1 млрд сомонӣ қарзе, ки солҳои пеш ҳисоб шудаанд, бо сабаби беасос будан бекор шудааст.

Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 9-уми феврал ба “Азия-Плюс” қарзи аҳолӣ ва пардохти онро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Умарзода,  дар пайи санҷиши меъёри қарзи аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1 млрд 737 млн сомониро ташкил медод, 601 миллиони он бо сабаби беасос будани қарз бекор карда шудаанд.

“Ба қарзҳои солҳои қаблӣ, ҳатто аз солҳои 2000-ум пеш ҳам буданд, ислоҳот ворид карда шуда, беш аз 1,1 млрд сомонӣ, ки 601 миллиони он дар сатҳи аҳолӣ ташкил медод, ба хотири беасос будани қарздорӣ дар ҳисоботи муҳосиботӣ бекор карда шуданд. Дар соли 2025 қарзҳое, ки дар ҳисоботи солҳои қаблӣ то таъсиси ҶДММ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” буданд, санҷида шуда, ин ҳаҷми маблағи қарз бинобар нодуруст будан дар ҳисобот, берун карда шуд”, – гуфт Умарзода. 

Ин масъули ШТБ мегӯяд, ки соли гузашта, сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ боло рафта 99,34 дарсади пули барқи гирифтаашонро супоридаанд. Масъулин инро натиҷаи ҷорӣ кардани системаи “билингӣ” ва сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ рабт медиҳанд. 

“Аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 2 млрд 352 млн сомонӣ маблағи барқи ҳисобидашударо пардохт кард. Ҳамагӣ 25 млн 266 ҳазор қарзи ҷории аҳолӣ боқӣ мондааст, ки мумкин аллакай ин маблағ дар давоми моҳҳои январ-феврал пардохт шудааст. Чунки дар ҳолати пардохт накардани қарзи ҷорӣ системаи “билингӣ” барқи муштариро хомӯш мекунад”, – афзуд ӯ.

 

Тибқи маълумоти Ҷомӣ Умарзода, қариб 1 млн 700 муштарӣ бо нерӯи барқ таъмин мешаванд, ки ҳудуди 35 дарсади он ба системаи “билингӣ” пайваст мебошанд. Ӯ мегӯяд, қисме аз қарзе, ки дар сатҳи аҳолӣ аз ҷониби муҳосибот то таъсиси “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҳисобот навишта шудаанд, беасос мебошанд, ки дар натиҷаи санҷиши суратҳисоби худи муштарӣ асоснок будан ё набудани қарзро муайян мекунанд. Дар давраи фаъолияти “ШТБ”, ки он аз соли 2021 ба кор оғоз кард, ҳамагӣ 421 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ ҷамъ шудааст, боқимонда қарзе, ки ба аҳолӣ навишта шудаанд, аз солҳои қаблӣ будаанд. 

“Мо тариқи ирсоли паёмак ба муштарӣ оиди қарзи ҷорӣ, ки дар системаи “билингӣ” ҳисоб шудааст ва бақияи қарзи аз солҳои пешин мондаашон чанд аст, маълумот медиҳем. Мумкин чунин ҳолатҳое ҳам буданд, ки дар солҳои пеш муштарӣ дар асл ҳамон барқро истифода накардааст, аммо дар суратҳисоби ӯ нозирони барқ ҳамчун изофанависӣ навиштаанд. Мо ҳоло чунин нозирони барқро ихтисор карда истодаем”,-таъкид кард Умарзода.

Намояндаи “ШТБ” мегӯяд, ки нахуст қарзи пешинае, ки дар суратҳисоби муштарӣ навишта шудааст, таҳлил мекунанд ва дар ҳолати дуруст будани қарздорӣ ба системаи “билингӣ” ворид карда, ба муштарӣ огоҳӣ медиҳанд, то қарзашро пардозад. Дар ҳолати напардохтани қарзи аз солҳои пеш ҷамъшуда барқи муштарӣ қатъ карда мешавад. 

“Дар он ҳолате, ки қарзи муштарӣ бисёр бошад ва тибқи санҷиш ин қарздорӣ дуруст барояд, муштарӣ имкон дорад ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат карда, хоҳиш кунад, ки барояш имкон дода шавад, то қарзро марҳила ба марҳила пардохт кунад. Вобаста ба ҳаҷми маблағ, дар асоси салоҳияти роҳбарияти ШТБ тасмими тақсимбандии қарз гирифта мешавад”, – таъкид кард номбурда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ифшои 9 млн сомонӣ аз суратҳисоби як нозири барқ. Додситони кул аз “дуздӣ”-и пули барқ аз сӯйи кормандони барқрасонӣ нигаронӣ кард

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати ирсоли паёмак дар хусуси бақияи қарз ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат кунанд то дар ин асос дуруст будани он муайян карда шавад. 

Бояд гуфт, масъулини ширкатҳои барқрасонӣ мегӯянд, пас аз ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шудааст. 

Аз ҷумла, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудӣ дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд. Инчунин 406 корманди  идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Дар соли 2025 аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  дар умум 321 млн 464 ҳазор кВт соат нерӯи барқ изофанависӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 106 млн 393 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст.

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” ва изофанависӣ дар суратҳисоби муштарӣ хабар дода буд.  

Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

0

Ҳукумати Русия созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро тасдиқ кардааст. Ин имкон медиҳад, ки аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро ҳаминҷо гиранд. 

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки созишномаи байниҳукуматӣ барои тасдиқ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.

Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, дарёфти он пеш аз сафар ба Русия, "қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад".

“Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ки 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маъқул дониста шавад”, – зикр мешавад дар санад.

Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд

Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоина мегузаштанд, ки ҳам сарсонии зиёд дар пай дошт ва ҳам аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд. Бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд

Қаблан, Алексей Кузнетсов, ёвари вазири тандурустии Русия ба РИА Новости гуфта буд, ки дар доираи созишнома дар Тоҷикистон дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе нуқтаи махсуси ташхис таъсис меёбад. Ҳоло маълум нест, ки ин нуқтаи тиббӣ дар кадом муассисаи тандурустии кишвар таъсис дода мешавад.

Дар санад зикр мешавад, ки ин нуқтаи тиббӣ дар асоси қонунгузории Русия кор мекунад ва Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад. Дигар ҷузъиёти ин созишнома ҳоло маълум нест. Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ҷузъиёти ин созишнома ҳарфе нагуфтааст.

Алексей Кузнетсов гуфта буд, ки гузаштан аз муоинаи тиббӣ пулакӣ аст, вале то ҳол арзиши он маълум нест.

Дар Русия ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон машғули кор буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо маъмулан дар иқтисоди ҷумҳурӣ нақши назаррас дорад.

Солҳои ахир талабот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.

То ҳол бисёре аз муҳоҷирон пас аз омадан ба Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки ин ба афзоиши хароҷоти молиявӣ ва муҳлати анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо боис мегардид.

Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад "ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст".

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд

0

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардидааст.

Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шудааст.

Тавре зимни муаррифӣ, гуфта мешавад, Нигина Амонқулова барои густариши забони форсӣ бо эҷоди оҳангу суруд, ба вижа, иҷрои сурудҳои Мавлоно дар ҳамоиши ЮНЕСКО шоистаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст.

Нигина Амонқулова дар навори қаблансабтшудае, ки он дар ҳамоиш пахш шудааст, аз чунин қадрдонӣ сипосгузорӣ карда, онро мояи ифтихораш унвон кардааст.

“Бароям мояи ифтихор ва хушҳолии бузург аст, ки имсол дар арсаи хидмати забони порсӣ ва мероси куҳани он аз роҳи мусиқӣ шоистаи дарёфти ҷоизаи бузурги “Қанди порсӣ” дониста шудам. Ин ифтихорро аз они ҳамаи ҳунармандон, дӯстдорони ин забони муштарак медонам. Ба касоне, ки бо меҳр барои зинда нигоҳ доштани ин мекӯшанд. Забони модарӣ решаи ҳувият ва пули пайванди наслҳост ва посдорӣ аз он посдорӣ аз фарҳанг ва таърихи мост. Поянда бод забони порсӣ ва сарфароз бод мардуми нозанини он!”, – мегӯяд овозхони номдори тоҷик.

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро аҳли Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон ба масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё месупоранд, то онро ба овозхон расонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро гирифтанд

Ғайр аз Амонқулова, ҷоизаи “Қанди порсӣ”-и имсолро инчунин Майкл Берӣ, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико ва Латиф Нозимӣ, адабиётшинос аз Афғонистон низ соҳиб шудаанд.

Маблағи ҷоиза 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан 700 доллар аст.

Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар Бритониё баргузор мешавад. Қаблан, низ ин ҷоиза ба посдорони забони форсӣ аз Тоҷикистон дода шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2024 ин ҷоизаро ба шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор ва яке аз мудофеони забони тоҷикӣ дар Самарқанд Амина Шарофиддинова дода буданд. Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиони форсии ВВС, низ барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.