Home Blog Page 59

Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад

0

“Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, беш аз 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ дар пайи санҷиш ҳамчун изофанависӣ ошкор шуда, аз меъёри умумии қарз ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1,7 млрд сомониро ташкил медод, ҳазф шудааст. Дар умум, дар пайи санҷиши ин ширкат ҳудуди 1,1 млрд сомонӣ қарзе, ки солҳои пеш ҳисоб шудаанд, бо сабаби беасос будан бекор шудааст.

Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 9-уми феврал ба “Азия-Плюс” қарзи аҳолӣ ва пардохти онро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Умарзода,  дар пайи санҷиши меъёри қарзи аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1 млрд 737 млн сомониро ташкил медод, 601 миллиони он бо сабаби беасос будани қарз бекор карда шудаанд.

“Ба қарзҳои солҳои қаблӣ, ҳатто аз солҳои 2000-ум пеш ҳам буданд, ислоҳот ворид карда шуда, беш аз 1,1 млрд сомонӣ, ки 601 миллиони он дар сатҳи аҳолӣ ташкил медод, ба хотири беасос будани қарздорӣ дар ҳисоботи муҳосиботӣ бекор карда шуданд. Дар соли 2025 қарзҳое, ки дар ҳисоботи солҳои қаблӣ то таъсиси ҶДММ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” буданд, санҷида шуда, ин ҳаҷми маблағи қарз бинобар нодуруст будан дар ҳисобот, берун карда шуд”, – гуфт Умарзода. 

Ин масъули ШТБ мегӯяд, ки соли гузашта, сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ боло рафта 99,34 дарсади пули барқи гирифтаашонро супоридаанд. Масъулин инро натиҷаи ҷорӣ кардани системаи “билингӣ” ва сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ рабт медиҳанд. 

“Аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 2 млрд 352 млн сомонӣ маблағи барқи ҳисобидашударо пардохт кард. Ҳамагӣ 25 млн 266 ҳазор қарзи ҷории аҳолӣ боқӣ мондааст, ки мумкин аллакай ин маблағ дар давоми моҳҳои январ-феврал пардохт шудааст. Чунки дар ҳолати пардохт накардани қарзи ҷорӣ системаи “билингӣ” барқи муштариро хомӯш мекунад”, – афзуд ӯ.

 

Тибқи маълумоти Ҷомӣ Умарзода, қариб 1 млн 700 муштарӣ бо нерӯи барқ таъмин мешаванд, ки ҳудуди 35 дарсади он ба системаи “билингӣ” пайваст мебошанд. Ӯ мегӯяд, қисме аз қарзе, ки дар сатҳи аҳолӣ аз ҷониби муҳосибот то таъсиси “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҳисобот навишта шудаанд, беасос мебошанд, ки дар натиҷаи санҷиши суратҳисоби худи муштарӣ асоснок будан ё набудани қарзро муайян мекунанд. Дар давраи фаъолияти “ШТБ”, ки он аз соли 2021 ба кор оғоз кард, ҳамагӣ 421 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ ҷамъ шудааст, боқимонда қарзе, ки ба аҳолӣ навишта шудаанд, аз солҳои қаблӣ будаанд. 

“Мо тариқи ирсоли паёмак ба муштарӣ оиди қарзи ҷорӣ, ки дар системаи “билингӣ” ҳисоб шудааст ва бақияи қарзи аз солҳои пешин мондаашон чанд аст, маълумот медиҳем. Мумкин чунин ҳолатҳое ҳам буданд, ки дар солҳои пеш муштарӣ дар асл ҳамон барқро истифода накардааст, аммо дар суратҳисоби ӯ нозирони барқ ҳамчун изофанависӣ навиштаанд. Мо ҳоло чунин нозирони барқро ихтисор карда истодаем”,-таъкид кард Умарзода.

Намояндаи “ШТБ” мегӯяд, ки нахуст қарзи пешинае, ки дар суратҳисоби муштарӣ навишта шудааст, таҳлил мекунанд ва дар ҳолати дуруст будани қарздорӣ ба системаи “билингӣ” ворид карда, ба муштарӣ огоҳӣ медиҳанд, то қарзашро пардозад. Дар ҳолати напардохтани қарзи аз солҳои пеш ҷамъшуда барқи муштарӣ қатъ карда мешавад. 

“Дар он ҳолате, ки қарзи муштарӣ бисёр бошад ва тибқи санҷиш ин қарздорӣ дуруст барояд, муштарӣ имкон дорад ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат карда, хоҳиш кунад, ки барояш имкон дода шавад, то қарзро марҳила ба марҳила пардохт кунад. Вобаста ба ҳаҷми маблағ, дар асоси салоҳияти роҳбарияти ШТБ тасмими тақсимбандии қарз гирифта мешавад”, – таъкид кард номбурда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ифшои 9 млн сомонӣ аз суратҳисоби як нозири барқ. Додситони кул аз “дуздӣ”-и пули барқ аз сӯйи кормандони барқрасонӣ нигаронӣ кард

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати ирсоли паёмак дар хусуси бақияи қарз ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат кунанд то дар ин асос дуруст будани он муайян карда шавад. 

Бояд гуфт, масъулини ширкатҳои барқрасонӣ мегӯянд, пас аз ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шудааст. 

Аз ҷумла, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудӣ дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд. Инчунин 406 корманди  идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Дар соли 2025 аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  дар умум 321 млн 464 ҳазор кВт соат нерӯи барқ изофанависӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 106 млн 393 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст.

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” ва изофанависӣ дар суратҳисоби муштарӣ хабар дода буд.  

Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

0

Ҳукумати Русия созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро тасдиқ кардааст. Ин имкон медиҳад, ки аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро ҳаминҷо гиранд. 

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки созишномаи байниҳукуматӣ барои тасдиқ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.

Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, дарёфти он пеш аз сафар ба Русия, "қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад".

“Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ки 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маъқул дониста шавад”, – зикр мешавад дар санад.

Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд

Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоина мегузаштанд, ки ҳам сарсонии зиёд дар пай дошт ва ҳам аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд. Бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд

Қаблан, Алексей Кузнетсов, ёвари вазири тандурустии Русия ба РИА Новости гуфта буд, ки дар доираи созишнома дар Тоҷикистон дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе нуқтаи махсуси ташхис таъсис меёбад. Ҳоло маълум нест, ки ин нуқтаи тиббӣ дар кадом муассисаи тандурустии кишвар таъсис дода мешавад.

Дар санад зикр мешавад, ки ин нуқтаи тиббӣ дар асоси қонунгузории Русия кор мекунад ва Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад. Дигар ҷузъиёти ин созишнома ҳоло маълум нест. Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ҷузъиёти ин созишнома ҳарфе нагуфтааст.

Алексей Кузнетсов гуфта буд, ки гузаштан аз муоинаи тиббӣ пулакӣ аст, вале то ҳол арзиши он маълум нест.

Дар Русия ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон машғули кор буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо маъмулан дар иқтисоди ҷумҳурӣ нақши назаррас дорад.

Солҳои ахир талабот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.

То ҳол бисёре аз муҳоҷирон пас аз омадан ба Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки ин ба афзоиши хароҷоти молиявӣ ва муҳлати анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо боис мегардид.

Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад "ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст".

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд

0

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардидааст.

Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шудааст.

Тавре зимни муаррифӣ, гуфта мешавад, Нигина Амонқулова барои густариши забони форсӣ бо эҷоди оҳангу суруд, ба вижа, иҷрои сурудҳои Мавлоно дар ҳамоиши ЮНЕСКО шоистаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст.

Нигина Амонқулова дар навори қаблансабтшудае, ки он дар ҳамоиш пахш шудааст, аз чунин қадрдонӣ сипосгузорӣ карда, онро мояи ифтихораш унвон кардааст.

“Бароям мояи ифтихор ва хушҳолии бузург аст, ки имсол дар арсаи хидмати забони порсӣ ва мероси куҳани он аз роҳи мусиқӣ шоистаи дарёфти ҷоизаи бузурги “Қанди порсӣ” дониста шудам. Ин ифтихорро аз они ҳамаи ҳунармандон, дӯстдорони ин забони муштарак медонам. Ба касоне, ки бо меҳр барои зинда нигоҳ доштани ин мекӯшанд. Забони модарӣ решаи ҳувият ва пули пайванди наслҳост ва посдорӣ аз он посдорӣ аз фарҳанг ва таърихи мост. Поянда бод забони порсӣ ва сарфароз бод мардуми нозанини он!”, – мегӯяд овозхони номдори тоҷик.

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро аҳли Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон ба масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё месупоранд, то онро ба овозхон расонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро гирифтанд

Ғайр аз Амонқулова, ҷоизаи “Қанди порсӣ”-и имсолро инчунин Майкл Берӣ, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико ва Латиф Нозимӣ, адабиётшинос аз Афғонистон низ соҳиб шудаанд.

Маблағи ҷоиза 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан 700 доллар аст.

Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар Бритониё баргузор мешавад. Қаблан, низ ин ҷоиза ба посдорони забони форсӣ аз Тоҷикистон дода шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2024 ин ҷоизаро ба шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор ва яке аз мудофеони забони тоҷикӣ дар Самарқанд Амина Шарофиддинова дода буданд. Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиони форсии ВВС, низ барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту ҳаштуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?

0

Оҷонсии байналмилалии радабандии "Standard&Poor's (S&P) Global" рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро аз пешгӯии “устувор” ба “мусбат” дар сатҳи “В” бозбинӣ кардааст. Дар ин бора дар гузориши навбатии ин агентиӣ зикр мешавад.

Коршиносони S&P зикр мекунанд, ки дурнамои “мусбат” беҳтар шудани мавқеи хориҷии Тоҷикистонро дар соли 2025 таҷассум мекунад.

Ба таъкиди онҳо, зиёдшавии интиқоли маблағҳо ба кишвар ва нархҳои мусоиди тилло дар соли гузашта, ба мавқеи Тоҷикистон дар ин рейтинг таъсир расонидааст. 

“Ин ба афзоиши захираҳои расмӣ то 6,4 млрд доллар (36% нисбат ба ММД) дар охири соли 2025 дар муқоиса бо 4,4 млрд доллар (31% нисбат ба ММД) дар охири соли 2024 оварда расонид”, – омадааст дар гузориш.

S&P гуфтаст, ки афзоиши рушди иқтисод дар соли гузашта, ҳамзамон, бо ҷараёни мусоиди мубодилаи қурб, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ба ҳар сари аҳолӣ то 1650 доллар боло бурданд. Дар ҳолест, ки соли 2019 ММД ба сари аҳолӣ 890 доллар буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
S&P радабандии соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи “дурнамои устувор” боқӣ гузошт

“Бо вуҷуди ин, мувофиқи арзёбиҳои байналмилалӣ сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ хеле паст боқӣ монда, дар маълумоти расмии суратҳисобҳои миллӣ норасоиҳои назаррас ҷой доранд”, – зикр мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон мисли пешина ба соҳаҳо паст ва аз интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз Русия вобаста аст.

Мутахассисони S&P гуфтаанд, ки ҳаҷми баланди интиқоли маблағ (то 60% нисбат ба ММД дар 9 моҳи аввали соли 2025), Тоҷикистонро ба шароити бозори кор дар дигар кишварҳо, пеш аз ҳама Русия вобаста мекунанд. Кишварҳои ИДМ, махсусан Русия зиёда аз 90%-и ҳамаи интиқоли маблағҳоро таъмин мекунанд.

Таъкид мешавад, ки ғайр аз ин, мавҷуд набудани роҳи баромад ба баҳр кишварро ба устувории хатсайрҳои асосии савдо вобаста месозад.

“Сарҳад бо Афғонистон сарчашмаи бесуботии имконпазир боқӣ монда, вобастагӣ ба нерӯи барқи обӣ  таъминот бо барқро бахусус дар фасли зимистон вобаста мекунад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

 

Радабандии "мусбат" дар сатҳи "В" чӣ маъно дорад?

Радабандии соҳибихтиёрии қарзӣ нишон медиҳад, ки то кадом андоза давлат боэътимод ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар бораи қарз, яъне баргардонидани қарзҳо ва пардохти фоизи онҳо қодир аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мақеъ аст?

Сатҳи “В” чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон метавонад қарзҳояшро баргардонад, вале ба хавфҳои беруна ва дохилӣ осебпазир боқӣ мемонад.

Зимни бад шудани вазъи иқтисодӣ, камшавии даромад ба буҷет ё коҳиши захираҳои асъор вазъияти молиявӣ метавонад ба таври назаррас душвор шавад.

Дурнамои мусбат чунин маъно дорад, ки агар беҳбудӣ идома ёбад, оҷонсӣ барои эҳтимол баланд бардоштани радабандӣ имконоти бештар мебинад.

Дар ҳамин ҳол, дурнамои “мусбат” маънои онро надорад, ки радабандиро аллакай баланд бардоштаанд. Ин танҳо як огоҳиест, ки эҳтимоли баланд бардоштан зиёдтар шуд.

Standard & Poor’s бо қароргоҳ дар Ню-Йорк яке аз панҷ агентии бонуфузи ҷаҳон оид ба радабандӣ маҳсуб меёбад. Ин созмон дар асоси созишномаи дуҷониба барои ба Тоҷикистон додани мақом дар радабандии мустақили қарзӣ машғул аст. Бар асоси созишнома, агентӣ вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи амнияти иқтисодии кишварро арзёбӣ мекунад. Маълумоти таҳлилии агентӣ ба мақоми додашуда дар радабандӣ, барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ истифода шуда, дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалиро барои ҷумҳурӣ боз мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?

0

Барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки интизор мерафт, бо нашри китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия ва ба истифода дода шавад, бо гузашти инак, 4 сол аз эълони таҳияи он, ҳанӯз дастраси корбарон нашудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” мунташир шуд.

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ҳанӯз дастраси умум нагардидани барномаро тасдиқ карда гуфт, “кор дар ин самт рафта истодааст”.

Ба қавли ӯ таҳияи комили ин барнома “ниҳоят кори вазнин аст” ва бо вуҷуди ин, аллакай дастраси баъзе ниҳодҳо буда, “имтиҳон” мешавад.

“Кори он бисёр аст ва ҳоло мо феълҳоро ҷамъ карда истодаем. Масалан, як феъл 56 шакл дорад. 56 шаклро дуруст ва онҷо ҷойгир кардан, бисёр кори душвор аст”, – дубора таъкид кард ӯ.

Аммо соле қабл низ ӯ иддао карда буд, ки “барнома аз ҷониби кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот пурра таҳия шуда, дар худи ин ниҳод ва чанд вазорату идораҳо аз таҷриба гузаштааст”.

“Ислоҳнигорӣ” барномаест, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад.

Баҳонаҳои пайдарпайи Кумитаи забон ва истилоҳот

Соли чорум аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун худро дар истифода қарор нагирифтани барномаи “Ислоҳнигорӣ” “сафед мекунад”.

Як сол қабл, дар нишасти хабарии ин ниҳод Раҳматуллозода гуфта буд, ки баъди ба нашр расидани китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” барномаи мазкур дастраси омма мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзи “Х”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай роҳандозӣ мегардад?

“Муҳимтарин санаде, ки барои “Ислоҳнигорӣ” лозим аст, ҳамин “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” аст. Агар ҳамин фарҳанг пурра чоп шавад, фикр мекунам, ки дар самти “Ислоҳнигорӣ” корҳо зудтар вусъат хоҳад ёфт”, – гуфта буд раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Ӯ таъкид карда буд, ки “агар мо дар “Ислоҳнигорӣ” фарҳанги кӯҳнаро дохил мекардем, имрӯз боз маҷбур мешудем, фарҳанги навро илова кунем. Ин кори осон нест, бояд миллионҳо калима ворид кунем”.

Аммо чуноне дар гузориши раиси Кумита шунида шуд, соли 2025 китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” аз ҷониби ин ниҳод мунташир шуд ва баҳсҳои зиёде низ дар пай дорад.

Аввалин маротиба моҳи августи соли 2022 Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳияи ин барнома иттилоъ дода, гуфта буд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2022) дастраси корбарон мегардад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад. Вале то имрӯз ин барнома дастраси корбарон нашудааст.

Бояд гуфт, ки дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон (толори хурд) ба муносибати бузургдошти Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик маҳфили ёдбуд доир мешавад. Чорабинӣ соати 14:00 оғоз шуда, вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Соли 2012 – Дар Душанбе муҳокимаи парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев, ки 4 ноябри соли 2011 дар бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур фавтида буд, оғоз ёфт.

Соли 2018 – Дар асоси пешниҳоди ҳукумати кишвар номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.

Соли 2019 – Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифини Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба Маскав аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт ва маҷбуран ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Пас аз ду ҳафта, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ, ӯ ба Нидерландия, ки дар он ҷо паноҳандаи сиёсӣ буд, бозгашт. Ин ҳодиса баҳсҳои зиёдеро дар бораи муносибати ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон бо мухолифини сиёсӣ ба миён овард.

Соли 2020 – Виталий Левченко сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ӯ баъди 2 сол аз сармуррабигӣ рафт ва дубора моҳи феврали соли равон сармурабии "Истиқлол" таъин шуд.

Соли 2022 – Ҳукумати шаҳри Душанбе эълом дошт, ки нақшаи генералии шаҳр махфӣ нигоҳ дошта мешавад, "то ба дасти террористон ва экстремистон наафтад".

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1903 – Мавлуди Содиқ Ҳидоят, нависандаи шинохтаи эронӣ.

Содиқ Ҳидоят нависанда, мутарҷим ва мутафаккири эронӣ ва аз муҳимтарин адибони адабиёти муосири форсӣ маҳсуб меёбад. Ӯ бо асарҳои рамзӣ ва фалсафии худ, махсусан бо романи “Буфи кӯр” шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Асарҳои Ҳидоят бештар мавзӯъҳои танҳоӣ, ноумедӣ ва бемағзии зиндагиро инъикос мекунанд. Содиқ Ҳидоят зиндагии пуртазоди шахсӣ дошт ва дар ниҳоят дар Париж худкушӣ кард.

Асарҳои Содиқ Ҳидоят дар Тоҷикистон ҳам хонанда ва ҳаводори зиёд дорад.

Соли 1940 – Мавлуди Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ҳадиса Қурбонова, шоир ва нависандаи тоҷик солҳо дар нашриёти “Ирфон”, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” фаъолияти дошт. Ӯ аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, маҷмуаҳои “Паймон”, “Лоиқ намеояд дигар”-ро ба табъ расонидааст. Соли 2003 барои китоби “Лоиқ намеояд дигар” ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.

Ӯ як қатор очерк ва драма низ эҷод кардааст. Аз ҷумла, “Машъали ҷовид”, “Дуроҳа”, “Зиндагӣ” ва “Савти нотамом” аз ин қабиланд.

Соли 1955 – Зодрӯзи Тағойназари Бақо, шоири тоҷик.

Соли 1959 – Мавлуди Фатҳулло Абдуллоев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

Фатҳулло Абдуллоев, ҳаҷвнигори тоҷик, ки бо тахаллуси Коно маъруф буд, бештар аз як моҳ пеш дар 67-солагӣ даргузашт.

Ӯ нахуст, аз соли 1980 то соли 1994 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон фаъолият карда, баъдан ба вилояти Суғд рафт ва дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ кор кардааст. Сипас, бо ҳамроҳии дӯсташ Каримҷон Ғафуров театрстудияи “Коно ва Доно”-ро дар вилоят таъсис дод. Баъди таъсиси театр-студияи “Хандинкамон” ба ин театри ҳаҷвӣ мепайвандад. Ҳамзамон, мудири бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таъйин шуда, чандин солҳо дар ин вазифа кор кардааст.

Ӯ дар чандин филмҳо аз ҷумла “Хобҳои апрелӣ”, “Ишқи ман-инқилоб”, “Биҳишт фақат барои мурдагон”, “Дарди ишқ” ва телеспектакли “Мактаби куҳна” нақш офаридааст.

Фатҳулло Абдуллоев, ба гуфтаи пайвандонаш,  рӯзи 7-уми декабри соли 2025 ба сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафт ва дар аснои адои он дар Мадина бемор шуда, қариб 20 рӯз дар беморхонаи ин шаҳр бистарӣ буд.

Соли 1964 – Мавлуди Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи ҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни ин соҳа фаъолият бурдааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 намояндаи  Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал буд.

Солҳои 2004-2005 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2011 намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва аз соли 2011 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба буд.

Ӯ моҳи ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Соли 2012 – Нуъмонҷон Тоштемиров, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Нуъмонҷон Тоштемиров, овозхони тоҷик солҳо барои рушди санъати тоҷик заҳмат кашидааст. Ӯ аввал қариб даҳ сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндагӣ кард ва соли 1960 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба маълумоти касбҳои техникӣ таъин гардид. Баъдан ба дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ омада, солҳо он ҷо фаъолият дошт.

Ӯ дар тарғибу ташвиқи мероси суннатии мусиқии тоҷик – “Шашмақом” заҳмат кашид ва сурудаҳояш дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд.

Овозхон шохаҳои муҳими овозии мақомҳоро бо сабки хоси иҷро, аз ҷумла “Орази Наво”, “Савти Наво”, “Дугоҳ”, “Тулқун”, “Қӯшчинор”, “Савти Мискин”, “Сегоҳи ду”, “Савти Муноҷот” сабт кардааст.

Соли 2022 – Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам чашм баст.

Аловуддин Абдуллоев бо барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи "Central Asia Got Talant" буд.

Ӯ фаъолиятро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии  “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Давлати Сомониён” нақши марказиро бозидааст. Ба ҷуз ин дар филмҳое чун  “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, силсилафилми “Хуррамдиёр” нақшҳои мондагор офаридааст.

Соли дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев таъсис дода шуд, ҳамзамон Қасри фарҳанги Бохтар ба номи ин ҳунарпеша гузошта шуд.

Ёди ҳамкасбонашро дар бораи ин ҳунарпешаи мумтози театру синамо ва ҳаҷвнигори барҷаста дар ин матлаби мо мутолиа кунед: "Рӯзе бармегардам”. Ёде аз Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17 феврали соли 1852 Осорхонаи Эрмитаж барои боздиди мардум расман боз гардид. Он соли 1764 ҳамчун маҷмӯаи хусусии малика Екатеринаи II таъсис ёфта буд. Ӯ дар Берлин аз тоҷири олмонӣ И. Готсковский маҷмӯаи 225 асари рассомони ҳолландӣ ва фламандиро харидорӣ карда буд. Дар аввал аксари ин расмҳо дар ҳуҷраҳои хоси қаср нигоҳ дошта мешуданд ва калимаи фаронсавии “Эрмитаж” низ маънои хилватро дорад.

Имрӯз Эрмитаж яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҷаҳон буда, аз шаш бинои боҳашамат иборат аст, ки дар соҳили дарёи Нева, дар маркази Санкт-Петербург ҷойгир аст.

17 феврали соли 1600 дар Рим файласуфи итолиёвӣ Ҷордано Бруно бо иттиҳоми бидъат зинда сӯзонида шуд.

Ҷордано Бруно боварӣ дошт, кайҳон беохир аст, ситораҳо монанди Офтобанд ва зиндагӣ дар дигар сайёраҳо имконпазир аст. Ақидаҳои ӯ зидди таълимоти калисои католикӣ буданд, бинобар ин, Инквизитсия ӯро ба бидъат айбдор карда, зинда сӯзонд. Бо вуҷуди қатли ӯ, идеяҳояш дар бораи коинот ба пешрафти илм таъсири бузург расониданд.

Аз соли 2003 инҷониб 17 феврал ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии рӯҳи инсон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба ҳама пешниҳод мешавад, ки соати 15:00 ду дақиқа хомӯш бошанд ва ба таври комил рӯҳи озодӣ ва сулҳро эҳсос намоянд. Ибтикоркунандаи ин чорабинии нодир Майкл Левӣ, муаллифи фалсафаи ҳаёт ва маърифат мебошад.

Ҳадафи ин рӯз он аст, ки одамон дар як лаҳзаи хомӯшӣ бо ҳам пайвастанд, зеро ин як анҷомдиҳии пурқуввати оромиш ва ҳамоҳангӣ мебошад. Ҳар қадар одамони зиёдтар дар ин мулоҳизаи хомӯшона ширкат варзанд, ҳамон қадар ҷаҳон пур аз сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд

0

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон давоми як соли гузашта 405 нафарро барои гузоштани “лайк” зери муҳтавои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин нафарон баъди дастури раисҷумҳури кишвар дар хусуси худдорӣ кардан аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба гузоштани “лайк”, шарҳ ва вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери муҳтавои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта ва иловаи эзоҳи дахлдор ба Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.

“Соли 2025 нисбати 405 нафар эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии ҶТ вобаста ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию терористидошта татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, – гуфт Воҳидзода.

Ба қавли додситони кул, дар пайи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ин теъдод одамон, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта (террористиву экстремистӣ) нисбат ба соли 2024-ум 314 адад ё 23,3% кам шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ шуд.

 

Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ шуд. Чанд соли амали ин меъёри қонун, мақомоти кишвар аз боздошту зиндонӣ шудани нафарони зиёд бо ин иттиҳом, хабар медоданд.

Моҳи апрели соли гузашта, Умед Каримзода, муовини якуми додситони кул, бори аввал ва ба таври бесобиқа гуфта буд, ки то он лаҳза 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд. Ин омор дар соли ҷорӣ тағйир ёфтааст ё не, маълум нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукм барои “лайк”. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ки имкони бозбинии ин парвандаҳо ҳаст

Баъди шаш соли қабули ин илова, моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк”-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод ва бекор кардани онро талаб кард.

Дар пайи ин, моҳи апрели соли гузашта зимни як иҷлосия парлумони кишвар илова ба Қодекси ҷиноятӣ бекор кардани “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк” баррасӣ ва пазируфта шуд. Онро 14-уми майи соли 2025 раисҷумҳур имзо кард.

Ҳамин тавр, баъди мавриди амал қарор гирифтани он, гуфтугӯҳо дар мавриди бозбинии ҳукмҳое, ки барои писандидану бознашри матолиб дар интернет содир шуда буданд, доғ шуд.

Қонунгузории кишвар имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан (“лайк”)-у бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда содир шудаанд, пешбинӣ кардааст.

Вале, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта ягон муроҷиат дар хусуси бозбинии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои кишвар ворид нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?

0
photo_2026-02-13_09-36-33

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8% афзудааст. Аз кадом ҳисоб?

Бино ба маълумоти мақомоти омори кишвраҳои минтақа (маълумоти ХБА дар мавриди Туркманистон), ММД Қазоқистон дар соли 2025 бори нахуст аз 300 млрд доллар зиёд шуд.

Дар идома Ӯзбекистон қарор дорад, ки ММД-и номиналии ин кишвар дар соли гузашта 152,5 млрд долларро ташкил дод.

Дар зинаи баъдӣ Туркманистон ҷойгир шудааст, ки ММД-и номиналиаш ба 72,1 млрд доллар баробар аст.

Мавқеъҳои охирро Қирғизистон (22,6 млрд доллар) ва Тоҷикистон (19 млрд доллар) касб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тайи соли охир рушди аз ҳама зиёди воқеии ММД маҳз дар ҳамин кишварҳо ба қайд гирифта шудааст: дар Қирғизистон 11,1% ва Тоҷикистон – 8,4%.

Соли 2025 рушди вооқеии иқтисоди Ӯзбекистон – 7,7%, Қазоқистон – 6,5% ва Туркманистон – 2,3%-ро ташкил медиҳад.

 

Қобили зикр аст, ки то соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон боло аз Қирғизистон буд, аммо тайи се соли охир ин мавқеъро аз даст дод.

 

Тибқи арзёбии Хазинаи байнулмилалии асъор, соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ дар зинаи охир қарор гирифт. Ин маънои онро дорад, ки дар фазои пасошӯравӣ низ Тоҷикистон дар охир аст, зеро Осиёи Марказӣ минтақаи бештар қафомонда аз лиҳози иқтисод байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) маҳсуб меёбад:

– Қазоқистон – 14,7 ҳаз. доллар

– Туркманистон – 10,8 ҳаз. доллар

– Ӯзбекистон – 3,7 ҳаз доллар

– Қирғизистон – 2,8 ҳаз доллар

– Тоҷикистон – 1,6 ҳаз. доллар

Таҳлилгарони Forbes зикр мекунанд, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ншондиҳандаи калидӣ барои арзёбии миқёси иқтисоди кишварҳо шуморида мешавад.

Равиши маъмулии баҳодиҳӣ ба ММД-и кишвар аз усули хароҷот иборат аст, ки дар он нишондиҳандаи умумӣ бо роҳи ҷамъбасти хароҷот ба маҳсулоти нави истеъмолӣ, сармоягузориҳои нав, хароҷоти давлатӣ ва арзиши софи содирот ҳисоб мешавад.

Дар нашрия доир ба даҳ иқтисоди бузургтарини ҷаҳон дар соли 2025 маълумот дода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.   

“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон

0

Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ба таълими динии ғайриқонунии 13 ноболиғ, азобу уқубати онҳо гумонбар аст. Дар пайи ин, нисбати мард ва 9 волидайни таълимгирандагон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) имрӯз, 16-уми феврал бо пахши гузорише аз ин мард Абдулло Асламови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш ном бурд, ки дар пойтахт 4 фарзанди худ ва 9 кӯдаки дигаронро ба таълимоти динӣ ҷалб карда, ҳамзамон, аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳо маҳрум кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, Абдулло Асламов “танҳо маълумоти миёна дошта, таълимоти диниро дар назди бародараш гирифтааст”. Қаблан, дар масҷиде дар ноҳияи Вахш имомхатиб ҳам будааст.

“Соли 2014 ҳангоми имомхатибиаш барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар (моддаи 200 КҶ) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Худаш ҳам дар навор иқрор мешавад, ки барои истеъмоли афюн “ба даст афтидааст”. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки чанд вақт пеш ӯ ба Душанбе омада, хонаеро 10 ҳазор сомонӣ ба иҷора гирифта, “бо ивази 3 ҳазор сомонӣ ба бачаҳо таълими Қуърон медод”.

РВКД дар Душанбе мегӯяд, аксари кӯдакон аз 3 то 8 моҳ волидайни худро намедиданд. Падаре, ки номаш дар навор зикр нашудааст, инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки “5 моҳ боз фарзандашро надидааст”.

Инчунин, дар рафти тафтиш ошкор шудааст, ки Асламов кӯдаконро озору азияти ҷисмонӣ медод. Худаш ҳам иқрор мекунад, ки дар сурати омода накардани дарсҳо “бо химча ба даст ё пойи кӯдакон” мезадааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид

Дар навор мақомот манзили Абдулло Асламовро намоиш дода, мегӯянд, ки кӯдакон дар шароити ғайрибеҳдоштӣ дар хона нигоҳ дошта мешуданд ва бинобар ин ба бемориҳои гуногун гирифтор шудаанд.

Худи кӯдакон дар суҳбат бо мақомот мегӯянд, ки борҳо гурусна мондаанд, ба корҳои вазнини хона, аз ҷумла ба тамиз кардани ҳаммому ҳоҷатхона машғул мешудаанд.

РВКД мегӯяд, нисбат ба Абдулло Асламов барои азобу уқубат (моддаи 117) ва монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ (моддаи 164) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Ғайр аз ин, алайҳи 9 падару модар барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ (моддаи 164) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Моддаи 164-и КҶ аз 78 ҳазор то 93 ҳазору 600 (1 ҳазор то 1 ҳазору 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Моддаи 117-и КҶ бошад, дар умум аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва волидайн вогузор гардид. Он замон  беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуда, ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо таълимоти динӣ тадрис дода намешавад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба таҳсили кӯдакон ҷазо пешбинӣ шудааст. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (синфи 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд. Вале соли 2024 таҳсили миёна (10-ва 11) ҳам ҳамтӣ шуд. Бештар дар ин бора, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.