Home Blog Page 60

Воридоти мошин зиёд шудааст. Аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон автомобил ворид мешавад?

0

Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 684,9 млн доллари ИМА, 63 ҳазору 961 мошини сабукрав ворид шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2024-ум 16 ҳазору 667 адад зиёд аст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Соли 2024 ба кишвар ба маблағи 521,2 млн доллар, 47 ҳазору 294 мошини сабукрав ворид шуда буд.

“Вақте маблағи нобудсозии мошинҳо ҷорӣ шуд, дар ҳама ҷо ҷор заданд (нагуфт, ки кӣ ҷор задааст, аз идора), ки дигар ба Тоҷикистон мошин ворид намешавад. Соли 2025 танҳо мошини сабукрав назар ба соли 2024-ум 16 ҳазору 600 бештар ворид шуд”, – изҳор дошт Каримзода.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки соли гузашта ба Тоҷикистон дигар навъи нақлиёт чӣ миқдор оварда шудааст.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, қисми бештари воситаҳои нақлиёт аз 10 кишвари зерин ворид шудааст:

Чин – 28%;

Русия – 26,9%;

Қазоқистон – 13,3%;

Ӯзбекистон – 5,2%;

Эрон – 4,5%;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар 5 моҳ қариб 13 ҳазор мошини барқӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст

Белорус – 2,6%;

Туркия – 2,4%;

Ҷумҳурии Корея – 2,4%;

Олмон – 1,6%;

Ҷопон – 1,4%.

Ҳамчунин, Хуршед Каримзода илова кард, ки соли гузашта воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла, электромобилҳо, электробусҳо ва тролейбусҳо ба маблағи 1 млрд 181 млн сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод шудааст. Вале ӯ нагуфт, ки дар ин давра чӣ қадар мошинҳои барқӣ ба кишвар оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, то 1-уми июни соли 2025 дар кишвар 34 ҳазору 354 нақлиёти барқӣ буд. Соли 2024 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 695 ва давоми 5 моҳи аввали соли 2025 – 12 ҳазору 821 электромобил ворид шудааст.

Ин ниҳод чанде пеш дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон 701 ҳазору 231 адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 676 ҳазору 782 адад мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад

0

Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар канораи Маскав гуфтааст, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад. Дар доираи ин парванда 19 гумонбар, аз ҷумла чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов.

Тафтишоти ин ҳодиса қариб ду сол аст идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки ҳамаи боздоштшудагон вакили дифоъ доранд ё не.

Музокироти ахири додгоҳӣ аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 пушти дарҳои баста ҷараён дорад.

Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ин ҳамла гуфтааст: “Дар ҷараёни музокироти додгоҳӣ дар доираи муҷозотҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад, ба ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ба таъини ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона – то ҳабси якумрӣ пофишорӣ хоҳем кард”.

Ба қавли Людмила Айвар, ҳадафи ҷабрдидагон интиқомгирӣ набуда, “таъмини адолат ва ҳифзи амнияти ҷомеа аст, зеро терроризм ҷиноятест, ки на танҳо ба шахсони алоҳида, балки ба эҳсоси амният дар кишвар зарба мезанад”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?

Гуфта мешавад, ки ҷониби ҷабрдидагон ҳамчунин, нисбати гумонбарон даъвоҳои шаҳрвандӣ  пешниҳод кардаанд ва барои қонеъ гардонидани он низ вакили дифоъ талош хоҳад кард.

“Ҳаҷми умумии даъвоҳои шаҳрвандӣ ба даҳҳо миллион рубл баробар аст, аммо дар ин масъала мо хушбин нестем, зеро дар сурати қонеъ шудани талабот аз ҷониби додгоҳ, рӯёнидани он ғайриимкон аст”, – изҳор доштааст ӯ.

Қаблан гуфта мешуд, ки ҳаҷми даъвоҳои пешниҳодшудаи ин парванда тақрибан 66 миллион рублро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии зарари расида бошад, 6 миллиард рубл гуфта мешавад. Бояд гуфт, 1700 нафар ва чор ташкилот дар доираи ин парванда чун ҷабрдида эътироф шудаанд.

Муҳокимаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” 4 августи соли 2025 оғоз шуда, ҳафтае се навбат дар Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 дар яке аз биноҳои Додгоҳи шаҳри Маскав сурат мегирад. Парванда аз ҷомеа ва ВАО пӯшида баррасӣ мешавад.

Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд".

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд

0

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба сокинони кишварн ҳушдор додааст, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро, ки ширкати “DANONE” истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия навиштааст, ки ин маҳсулот дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда – ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад”.

“Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” дар таркиби сислсила (партия)-и муайяни маҳсулоти мазкур, эҳтимоли вуҷуд доштани токсини сереулид мебошад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сереулид токсинест, ки аз он баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши босуръати нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди шикам гардад.

“Тоҷикстандарт” мегӯяд, танҳо силсилаҳои муайянаи омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд:

NUTRILON PREMIUM 1400 гр – силсилаҳои 20261119, 20260808;

NUTRILON PREMIUM 2400 гр – силсилаҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222;

NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр – сислсилаҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210;

NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр – силсилаҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230;

MALYUTKA 1 GOLD 600 гр – силсилаҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон

MALYUTKA 1 GOLD 300 гр – силсилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода кунанд.

“Тоҷикстандарт” гуфтааст, сокинони кишвар барои бозгардонидани маҳсулот метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – +992 934444899, +992 939998153

Вилояти Суғд – +992 934444899,

Вилояти Хатлон – +992 934444899, +992 938804954

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти ғизои кӯдакона аз фурӯш гирифта мешавад. Чанде пеш дар кишвар баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” низ, ки “Nestlé” истеҳсол мекунад, бозхонд ва аз фурӯш гирифта шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 180 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст

0

Соли гузашта дар Тоҷикистон 177 ҳолати савдои одамон, аз ҷумла, 10 ҳолати хариду фурӯши кӯдак сабт шудааст. Дар робита ба ин ҳолатҳо, алайҳи 73 нафар 56 парвандаи ҷиноӣ (8 парванда вобаста ба савдои кӯдакон) боз шудааст.

Дар ин бора Хайриддин Илёсзода, сардори раёсати тафтишоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабари иттилоъ дода, гуфт, тафтиши ду парванда идома дошта, дигар парвандаҳо барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудаанд.

Маълум нест, онҳое, ки парвандаҳояшон дар робита ба ҷинояти савдои одамон ба додгоҳ рафтааст, чӣ ҷазо гирифтаанд.

Қаблан дар гузориши ахири “Савдои одамон – 2025”, ки ҳукумати Амрико дар саҳифаи расмиаш нашр кард, гуфта мешуд, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 57 парвандаи марбут ба савдои одамон боз шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 3 ҳолат камтар будааст.

Бо вуҷуди ин, дар гузориш гуфта мешавад, ки нишондодҳои Тоҷикистон ба меъёри ҳаддиақал ҷавобгӯ нест, “аммо ин кишвар барои коҳишёбии фурӯши одамон кӯшиши зиёд карда истодааст”.

Ҳамчунин, дар гузориши мазкур зикр мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024-ум 272 ҷабрдидаи савдои одамонро муайян кардааст, ки 238 нафар ҷабрдидаи меҳнати маҷбурӣ ва 34 нафар ҷабрдидаи истисмори ҷинсӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, нишондоди ошкорсозии ҷабрдидагони савдои одам дар соли 2023 дар Тоҷикистон 47 нафарро ташкил медодааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в", қисми 3, моддаи 130), хариду фурӯши одамон (моддаи 130(1), ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ (банди "б", қисми 3, моддаи 131), хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167), ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаи 335), ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ (моддаи 335(2), тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр (қисми 3, моддаи 339) ва ғайра дохил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи инсон ва решакан кардани ин зуҳурот аз авлавиятҳои кораш аст ва маҳз барои ҳамин аз соли 2005 то кунун Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 27

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту ҳафтуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст

0
photo_2026-02-11_09-08-14

Соли 2025 дар Тоҷикистон 2560 хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло  теъдоди умумии онҳо дар кишвар 200 ҳазору 349 ададро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, аз ин шумор қариб 71 ҳазору 572 хоҷагӣ дар вилояти Суғд, 75 ҳазору 653 адад дар вилояти Хатлон, 16 ҳазору 723 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва 36 ҳазору 4101 хоҷагӣ дар шаҳру навоҳии тобеи  ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 теъдоди саҳмдорон дар хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон зиёда аз 796 ҳазору 94 нафарро ташкил медиҳад.

Ба сурати умум, қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ 5 млн 91 ҳазору 223 гектарро ташкил медиҳад, ки ба 73% аз масоҳати умумии заминҳои таъиноти кишоварзӣ баробар аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мутобиқшавӣ барои оянда. Ё чӣ гуна деҳқонон бо тағйирёбии иқлим мубориза мебаранд?

Қитъаи замине, ки ба як хоҷагии деҳқонӣ рост меояд, ба ҳисоби миёна, ҳудуди 25,9 гектар ва ба як саҳмдор 6,4 гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи замин, дар вилояти Суғд зиёда аз 990 ҳазор гектар замин дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар вилояти Хатлон зиёда аз 1,1 млн гектар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳудуди 915 ҳазор гектар  ва дар ВМКБ зиёда аз 2 млн гектар замин дар ихтиёри хоҷагиҳои дҳқонӣ аст. 

Ба иттилои ин ниҳод, тақрибан 40%-и ин заминҳо бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, масоҳати заминҳои шӯрхок ва серсанг мутаносибан 15% ва 18%-ро ташкил медиҳад. Дар ин заминҳо зиёда аз 90%-и ҳамаи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбад, ки ба ҳудуди 25%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Бояд гуфт, ки масоҳати заминҳои коршоям барои обёрӣ дар Тоҷикистон 1,57 млн гектар арзёбӣ шуда, аз он 763 ҳазор гектараш азхуд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси Кумитаи андоз: “Дар Тоҷикистон сарбории андоз баланд нест”

0

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон иддаои баланд будани сарбории андоз дар кишварро рад кард ва гуфт, "бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқисодӣ ва ҷалби сармоя, такмилу таҷдиди низоми андози Тоҷикистон идома дорад".

"Тоҷикистон, чуноне ки аксар вақт иддаъо мешавад, сарбории баланди андоз надорад. Мо пайваста барои коҳиш додани сарбории андоз кор мебарем, то фазои соҳибкориро беҳтар карда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ бошем", – изҳор дошт Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд

Ӯ илова кард, ки кам кардани шумори андоз ва меъёри онҳо идома дошта, "ба ин васила барои соҳибкорон шароити бештар судманд фароҳам мешавад".

Раиси Кумитаи андоз мисол овард, ки дар пайи ислоҳоти соҳа, соли 2022 теъдоди андозҳо аз 10 то 7 адад кам шуд, ки низоми андозситониро барои тоҷирон содаву осонтар кард.

Ба гуфтаи Нусрутулло Давлатзода, сарбории андоз дар Тоҷикистон аз давлатҳои ҳамсоя баландтар нест. Ҳоло дар Ӯзбекистон — 9 навъии андоз, дар Қазоқистон — 11, дар Қирғизистон — 8, дар Арманистон — 10, дар Озарбойҷон — 13, дар Беларус — 9 ва дар Русия — 15 навъи андоз мавҷуд аст.

 

Бартарият барои тиҷорат

Номбурда афзуд, тағйирот дар қонунгузории андоз ба коҳиши сарборӣ ва осону соддатар кардаи низоми андозситонӣ ва он дар навбат худ, ба беҳбуди шароит барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар  мусоидат мекунад.

Ба таъкиди Давлатзода, Тоҷикистон барои беҳтар кардани мавқеъи худ дар радабандиҳои байналмилалӣ кор бурда,  ба ҷалби ҳарчи бештар сармоягузориҳои хориҷӣ идома медиҳад.

“Поин бурдани меъёри андозҳо ва соддаву осонтар кардани пешниҳоди ҳисобот, инчунин баланд бардоштани сатҳи шаффофияти тиҷорат ба мустаҳкам намудани иқтисоди кишвар ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ кумак мекунад”, – илова кард раиси Кумитаи андоз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ифшои 9 млн сомонӣ аз суратҳисоби як нозири барқ. Додситони кул аз “дуздӣ”-и пули барқ аз сӯйи кормандони барқрасонӣ нигаронӣ кард

0

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки бархе нозирони барқ пули нерӯи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда, аммо ба таври ғайринақдӣ ба давлат пардохт накарда, ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, азхуд мекунанд. Ӯ гуфт, ки танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқеро, ки аҳолӣ пардохтаанд, ошкор кардаанд.

Ӯ ин нуктаро дар нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал зирк кард.

“Чунин ҳолатҳо бисёранд, аз ҳисоби ҷамъ кардани маблағи барқ, азхуд кардани он ва дигар корҳое, ки дар самти барқ ба анҷом мерасонанд”,-илова кард Воҳидзода.

Ба гуфтаи додситони кул, дар натиҷаи санҷишҳои кормандони додситонӣ бештар ҳолатҳои азхудкардани маблағи буҷет, маблағи соҳа, иловаи ҳисобҳои нодуруст ва системаи билингӣ ва ғайра ошкор карда шудаанд.

“Аз ҷониби кормандони прокуратура ҷавобгарӣ нисбати кормандони соҳаи барқ ва дигар шахсони масъуле, ки ба дуздии барқ роҳ додаанд ба амал бароварда шуд. Аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар натиҷаи дахолати прокурорӣ зиёда аз 365 млн сомонӣ ба давлат ворид карда шуд”,-изҳор дошт додситони кул.

Ба қавли Воҳидзода, давоми соли гузашта 4 ҳазору 972 нафар барои истифодаи ғайриқонунии барқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

 

Сарвар Азимзода,  муовини додситони кул гуфт, ки дар ин давра дар умум 245 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, нисбати 23 нафар роҳбарони шабакаҳои барқрасонӣ, 120 нафар нозирони барқ ва дигар муштариён парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Ӯ гуфт, ки дар умум беш аз 46,6 млн сомонӣ зарари расида ба манфиати давлат рӯёнида шудааст. 

Пештар намояндаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” низ гуфта буд, ки соли 2025 дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд.

Масъули ин ниҳод гуфт, дар пайи қабули ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ “камбуди зиёд дар кори кормандони барқрасонӣ ошкор шудааст”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эътирофи камбуд дар кори таъмини сокинон бо барқ. 125 корманди барқ аз кор ронда ва 400 тани дигар ҷарима шудаанд

Зимнан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика низ гуфтанд, ки соли гузашта 406 корманди  идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин 406 нафар 375 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, 12 корманди “Шабакаҳои интиқоли барқ”, 9 корманди ширкати “Барқи тоҷик” ва 10 корманди “Помирэнерҷӣ” ҳастанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо бар асоси моддаҳои 394 ва 397-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, “риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ ва қоидаҳои истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқиву гармидиҳанда” ҷарима шудаанд.

Бояд гуфт, ки Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” хабар додааст.

“Шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ФЕВРАЛ

Соли 1968 – Аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон, рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Тоҷикистон ба ҳайати Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) қабул шуд.

Соли 2007 – Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Будапешт медали тилло ба даст овард.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2010 – Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

Соли 2020 – Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти Халқии Тоҷикистон, маъруф бо номи “Хӯҷа-командир” аз Аморати Муттаҳидаи Араб  боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.

Соли 2022 – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои танзими муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷират имзо карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Салимшо Ҳалимшо, шоири саршиноси тоҷик.

Ӯ аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.

Солҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Пайванд” ҳамчун мудири шуъба ва муовини сармуҳаррир фаъолият бурда, муддате мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Салимшо Ҳалимшо нимаи дуюми солҳои 60-ум ба майдони адабиёт ворид гардида, ашъораш писанди хонандагон гардидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Оинаи виҷдон”, “Бурҷи Инсон”, “Хонаи Офтоб”, “Зодагони ҳафт тӯфон” ва драмаи “Кабутарони сафед” аст.

Салимшо Ҳалимшо июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Зодрӯзи Тӯхта Почомуллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, собиқ Додситони Тоҷикистон.

Ӯ солҳо муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи шаҳру навоҳии Ғарм, Деваштич, Истаравшан, Хуҷанд ва муовини аввали Додситонии куллли Тоҷикистон  буд

Солҳои 1981-1991 дар вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 2000-2005 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тӯхта Почомуллоев шурӯъ аз соли 2006 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба фаъолият пардохт ва профессори ин донишгоҳ аст.

Соли 1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва муовини пешини  сарвазири Тоҷикистон.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1954 дар оилаи маъруфи рӯҳонӣ – хонадони Эшони Тураҷон ба дунё омадааст.

Тураҷонзода солҳои 1972–1977 дар мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро таҳсил карда, сипас солҳои 1977–1980 донишҷӯи Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд буд. Баъди хатми донишгоҳ, солҳои 1980–1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кард.

Соли 1982 ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 хатм кард. Дар солҳои 1987–1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд машғул буд.

Аз 1988 то 1993 Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода масъулияти Идораи қозиёти мусулмонони Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Ҳамзамон, моҳи феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва баъдан узви Раёсати он интихоб шуд.

Солҳои 1993–1998 дар хориҷ аз кишвар қарор дошта, вазифаи ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ)-ро иҷро кард. Дар тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ӯ раҳбари ҳайати музокиракунандаи ИНОТ буд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба вазифаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин шуда, солҳои 1998–2005 дар ин мақом фаъолият кард. Сипас, дар солҳои 2005–2010 узви Маҷлиси миллӣ буд.

Имрӯз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода давлати пирӣ меронад.

Соли 1968 – Мавлуди Амрохон Муродзода, муаррих, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

Соли 1984 – Мавлуди Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд.

Фаъолияти кориашро солҳои 2001 ҳамчун сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд оғоз карда, солҳои 2015-2018 директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва солҳои 2018-2020 раиси шаҳри Гулистон буд.

Аз моҳи ноябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ифои вазифа мекунад.

Соли 1992 – Зодрӯзи Афшин Муқим, рӯзноманигор, сармуҳаррири маҷаллаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.

 

Афшин Муқим хатмкардаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳо дар риштаи рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Ӯ аввал солҳои 2011-2012 дар Кумитаи телевизион ва радио ва аз соли 2012 то соли 2015 дар АМИТ “Ховар” кор кардааст.

Афшин Муқим беш аз даҳ сол инҷониб, аз соли 2014 котиби матбуотӣ ва сармуҳаррири маҷалла дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аст.

Ӯ ҳамчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1923 экспедитсияи Ҳовард Картер санги тобути Тутанҳамонро пайдо кард. Гӯри Тутанҳамон, ки дар соли 1922 кашф шуда буд, ягона мақбараи фиръавн мебошад, ки ғорат нашудааст ва қариб дар шакли аслиаш боқӣ мондааст.

Санги тобути фиръавн аз тилло сохта шуда, зиёда аз 100 кг тиллои холисро дар бар мегирифт. Худи ҷасади фиръавн мумиёшуда буд.

Имрӯз тобути Тутанҳамон ҳамоно дар мақбараи ӯ дар водии Фиръавнҳо боқӣ монда, ҳама ганҷҳои ёфтшуда дар Осорхонаи Қоҳира нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 2005 Протоколи Киото ба ҳукми амал даромад. Ин санади байналмилалӣ, ки дар моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Киото (Ҷопон) ба тасвиб расидааст, ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим замима шуда, кишварҳои рушдёфта ва давлатҳои дорои иқтисодиёти гузаришро уҳдадор менамояд, ки партовҳои газҳои гулхонаиро кам ё мӯътадил нигоҳ доранд.

Қисми зиёди кишварҳое, ки ин санадро тасвиб кардаанд, зиёда аз 55% ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил медиҳанд. Мӯҳлати амали созишнома то соли 2012 пешбинӣ шуда буд, бинобар ин, дар соли 2011 мувофиқаи тамдиди он то қабули як созишномаи нав ба даст омад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 6+8º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Саттор Турсун – озодамарди пурғурур

0

Агар умр бақо мекард, Саттор Турсун имрӯз 80-сола мешуд. Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, чеҳраи матраҳи адабӣ, шахси ошкорбаён ва соҳибмавқеъ буд. Ин нукта дар маҳфили ёдбудаш ҳам садо дод.

Рӯзи 13-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хотири 80-солагии ин нависандаи шинохта маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар он аҳли адаб, ҳамовардони нависанда, дӯстдорони адабиёт ва пайвандони Саттор Турсун ширкат доштанд. Ва аз марҳум чун адиби ҳақпараст, ҳақгӯ, пурғурур ва шахси шӯхтабиат ёд оварданд.

 

“Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра”

Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, ки маъмулан солҳои охир дар маҳофили адабии Иттифоқи нависандагон ширкат намекард, ба ёдбуди Саттор Турсун омад ва перомуни ғуруру ифтихороти дӯсташ ҳарф зада, гуфт, “мо якҷо бузург шудем, бузург ба маънои калон шудем”.

Ӯ гуфт, бо Саттор Турсун ҳамовард аст ва афзуд, ки “бидуни ҳеҷ таоруфу хоксорӣ бо ҳамин насле, ки маро тарбият кардааст, дар ғарибӣ, дар гуштанӣ, дар ташнагӣ ифтихор дорам”.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ифтихороварони ин насл Саттор Турсун аст, ки адабиёти навини тоҷикро оро додааст. Гулрухсор бо ишора ба ошкорбаёнӣ гуфт, ки “ману Саттор ба ҳам монандем”.

Гулрухсор гуфт: “Аммо Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра. Кошке намеомад ба ҳамин наздикӣ. Як қарн ақиб не, бояд як қарн баъдтар меомад. Саттор ба ин сайёра барои дидану шинохтани худаш омада буд, на худашро донист, на худашро дид, на худашро шинохт. Ва на мо иҷозаташ додем, ки гапашро гӯяд”.

 

Гулрухсор мехост гӯяд, ки андеша ва диди Саттор Турсун фарогир буд, вале замонаву ҷоиеа ӯро дарк накард. Агар садсол баъдтар меомад, қадраш бештар дониста мешуд.

Ӯ таъкид кард, ки Саттор Турсун шахси бисёр пурғурур ва боифтихор буд ва ба касе иҷоза намедод, ки ба он латма расонад. Аз охирин сафари ҳамроҳ бо Саттор Турсун ба Алмаато ва меҳмонӣ дар хонадони раисҷумҳур ёд овард ва гуфт, “дар ҳамон маҳфил аввал ба ману Саттор Турсун сухан доданд – ин шаҳодати он буд, ки Саттор миёни ҳамаи адибони Осиёи Миёна ва Русия эътироф шуда буд”.

Гулрухсор идома дод, ки барои Саттор Турсун ғурураш, шахсияташ, миллаташ аз ҳама чиз боло буд. Дар ҳамон сафари Алмаато касе чи ҳарфе зад, ки ба ин нависанда бархӯрд. Шаб хобаш набурд. Сафарро нотамом партофту ба Тоҷикистон баргашт. Чунин буд Саттор Турсун. Намегузошт, ки ба номи миллаташ ё шахсияташ латма расонанд.

Ба таъкиди Гулрухсор, Саттор Турсун аввал шахсият буд, баъд нависанда. Ҳунари шоирӣ ҳам дошт. Ӯ Саттор Турсунро “муаллими ман” номид, зеро бори аввал маҳз ҳамин нависанда ба ин шоир ҳунари тарҷумаи назмро омӯзонидааст.

 

“Сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд”​​​​​​​

Равшани Махсумзод, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон гуфт, дарднок аст реҳлати инсонҳои эҷодгар, ки умре худ месӯзанду меофаранд, то роҳи дигаронро ҷиҳати дарки маънии ҳастӣ, аз ёд набурдани қарзи инсонии хеш дар назди ҷомеа ва тантанаи адолату ҳақиқат равшан кунанд.

Ӯ афзуд, хушбахтии ин фарзонагон дар он аст, ки дар ёди ҳаводорон, дар ҳар саҳифаи асарҳои бамағзу маъниашон ҳамеша зинда мемонанд.

“Устод мақоми суханро воло дониста, ҳангоми таълиф ҳаргиз аз ҳақиқати зиндагӣ рӯ натофтаанд, сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд ва ҳамеша хиёнату разолат ва ноинсофию бевафоиро мазаммат карданд”, – гуфт ӯ.

Махсумзод барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд сатрро аз андешаҳои адиби марҳум мисол овард: “Нависанда агар ҳақиқатан баистеъдод аст, танҳо ба тақозои ҳамин касбаш ҳеҷ гоҳ наметавонад дурӯғ гӯяд, сиёҳро сафед маънидод кунад. Муҳимтарин шуғли вай ҷустуҷӯи ҳақиқат аст”.

Ба қавли Махсумзод, ин мароми зиндагии Саттор Турсун буд, ҳақиқатро меҷуст, ҳақиқатро мегуфт, ҳатто агар душвор буд.

 

Охирин ҳарфҳояшро ҳам гуфт…​​​​​​​

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос ва мунаққид, ки аз давраи донишҷӯӣ бо Саттор Турсун ошноӣ дошт, аз он вақт ёд оварда, гуфт, “аввалин ҳикояҳои Саттор ҳамон замон рӯйи чоп омада, аз он вақт ӯ чун нависанда шинохта шуд”.

 

Абдуманнонов гуфт, ки асарҳои Саттор Турсун басо тунду тез баррасӣ мешуд. Масалан романи “Се рӯзи як баҳор”-ро чор-панҷ сол муҳокима карданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар баррасии роман аз муаллиф талаб карданд, ки қисмҳоеро иваз кунад. Аз миёни муҳокимакунандагон танҳо Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар ва Абдуманнонов ҷонибдори чопи “Се рӯзи як баҳор” буданд. Ҳатто устод Лоиқ, ки сардабири “Садои Шарқ” буданд, гуфтанд, ки чопаш вазнин…

“Вале Саттор гуфт, иҷоза диҳед, ягон ҳарфашро иваз накунам, ҳамин хел истад, ягон сол чоп мешудагист. Баъди чанд сол, ки бозсозӣ сар шуд, устод Лоиқ шахсан Саттор Турсунро даъват карда, романро гирифта, дар “Садои Шарқ” чоп карданд. Акнун замон мебардорад гуфтанд”, – ба ёд овард Абдуманнонов.

Ба қавли мунаққид, замон нишон дод, ки Саттор мавқеи дуруст дошт, романи “Се рӯзи як баҳор” баъдтар дар Маскав бо теъдоди беш аз 2 миллион нусха нашр шуд ва яке аз асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик шуд.

“Нависандаи тозакор буд, гапи гуфтанӣ дошт, дар зиндагӣ мавқеи худро дошт, агарчи ба баъзеҳо писанд набуд. Баъд аз Фазлиддин Муҳаммадиев Саттор насрнависӣ барҷаста буд. Зиёд мехонд, дар муҳокимаи асарҳо ҳам ҳамеша ҳусну қубҳро ошкоро мегуфт. Ин ба дигарон писанд набуд”, – гуфт ӯ.

Абдуманнонов ба ёд овард, ки соли 2020 дар Анҷумани Иттифоқи нависандагон Саттор Турсун хоҳиш кард, ки “бештар вақт диҳед, то ҳарфҳоямро гӯям. Ва охирин ҳарфҳову пешниҳоди худро ҳамон ҷо гуфту пас аз се сол реҳлат кард. Гӯё эҳсос мекард, ки вақташ кам мондааст…”

 

“Ҳам аввалу ҳам охири дунёст сухан”​​​​​​​

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо Саттор Турсун дар як ҳуҷра менишаст, аз қаламбадастӣ, озодагӣ ва ҷобаҷогузории ашёҳояш ҳарф зад.

 

Вай таъкид кард, ки “вақте асареро барои таҳрир ба Саттор Турсун медоданд, мисли асари худаш таҳрир мекард. Яъне зиёд ва аз таҳти дил ба таҳрири асар даст мезад. Бо тамоми вуҷуд ба даст қалам мегирифту эҷод мекард”.

“Адиби рӯҳшинос буд. Бештар бо олами маънавии қаҳрамононаш сари кор мегирад, дунёи рӯҳонии онҳоро мавриди пажӯҳиши бадеӣ қарор медиҳад. Қаҳрамононаш андешапарваранд”,-гуфт Камол Насрулло.

Ӯ таъкид кард, ки яке аз хусусиятҳои ҷолиби эҷодии Саттор Турсун офариниш ва таҳқиқу тасвири симоҳои муассир аст. Махсусан, дар ду асари “Зиндагӣ дар домани талхии сурх” ва “Пайванд” симоҳои нобе офаридааст.

 

“Аввал сахт танқид мекард, баъд…”​​​​​​​

Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон аз дидорҳои солҳои охираш бо Саттор Турсун ёд оварда, гуфт, “солҳои охир Саттор Турсун бемор буду ба Иттифоқи нависандагон омада наметавонист ва вақте бо Равшани Махсумзод ба дидор мерафтем, камбудҳои Иттифоқи нависандагонро ба рӯямон мекашиданд, баъд маслиҳат медоданд”.

 

Мирхоҷа гуфт, “вақте ба романҳои Саттор Турсун рӯй меовардам, намефаҳмидам, ки дар кадом услуби бадеӣ навишта шудааст. Лирика дошт, бадеият дошт, дар баъзе ҳолат насраш ба назм ҳам монанд буд”.

Ӯ аз хотироташ қисса карда, гуфт, вақте романи “Сарои санг"-ро навишт, онро ба Саттор Турсун дод, то ҳусну қубҳашро гӯяд.

“Устод гуфтанд, ки ту ба роман чӣ кор дорӣ, рав шеъратро навис?! Баъди чанд вақт занг зада, гуфтанд, ки наздам биё, гап дорам. Рафтам, аввал хеле танқид карданд, арақи пешониамро бароварданд, баъд баъзе бартариҳоро гуфтанд ва як сарсухани хубе ҳам ба роман навиштанд”, – иброз дошт Мирхоҷа.

 

Ёде аз мунозираҳои ширин ва пешниҳоди нашри куллиёт​​​​​​​

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам аз баҳсҳои зиёдаш бо Саттор Турсун ва пурмутолиа будани ӯ ёд оварда, гуфт, баъзан мунозираҳо дар каҳвахонаву китобхонаҳо сар мезад, вале ҷамъбаст намешуд.

 

“Соати ёздаҳу дувоздаҳи шаб хона мерафтам, ки телефон занг мезад. Мебардоштам, ки Саттор Турсун ва давоми баҳс…”, – бо табассум гуфт ӯ.

Қарор Муҳаммадӣ, муҳаққиқи осори Саттор Турсун, дар як маърӯзаи муфассал хулоса кард, ки “Саттор Турсун дар адабиёти нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 ҷойгоҳи худро дошта, дар ғанӣ гардонидани адабиёти ин давра саҳми арзанда гузошт”. Ин адабиётшинос зарур донист, ки куллиёти осори нависанда ба баҳонаи 80-солагиаш рӯйи чоп ояд.

 

Кӯҳе, ки дар ёдҳо мемонад​​​​​​​

Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар 5-солагӣ модарашро аз даст дод ва ин фоҷеа то охири умр варо азоб дод.

Соли 1965 ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шуъбаи забони арабӣ дохил шуд ва соли 1970 онро хатм кард. Дар замони донишҷӯӣ ба эҷодиёти адабӣ машғул шуд ва бо дастгирии Мирзо Турсунзода ва Убайд Раҷаб дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор оғоз кард. Бист сол дар ин маҷалла дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш “Дили гарм” соли 1971 нашр шуд. Баъдан ҳикояёту романҳои “Камони Рустам”, “Сукути қуллаҳо”, “Пайванд”, “Санг дар бағал ба тӯфон” ва чандеи дигараш ба чоп расиданд.

 

Соли 1993 нахустин сухангӯйи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, соли 1994 Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон, соли 2006 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.

Шоми 5-уми июни соли 2023 дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва канори аҳли зиё дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Ҳамовардону дӯстону шогирдонаш ба ин боваранд, ки Саттор Турсун кӯҳи пуршукӯҳи адабиёти муовири тоҷик буд, ки ҳамвора бошаҳомат дар ёдҳо боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.