Home Blog Page 61

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ФЕВРАЛ

Соли 1968 – Аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон, рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Тоҷикистон ба ҳайати Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) қабул шуд.

Соли 2007 – Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Будапешт медали тилло ба даст овард.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2010 – Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

Соли 2020 – Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти Халқии Тоҷикистон, маъруф бо номи “Хӯҷа-командир” аз Аморати Муттаҳидаи Араб  боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.

Соли 2022 – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои танзими муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷират имзо карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Салимшо Ҳалимшо, шоири саршиноси тоҷик.

Ӯ аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.

Солҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Пайванд” ҳамчун мудири шуъба ва муовини сармуҳаррир фаъолият бурда, муддате мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Салимшо Ҳалимшо нимаи дуюми солҳои 60-ум ба майдони адабиёт ворид гардида, ашъораш писанди хонандагон гардидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Оинаи виҷдон”, “Бурҷи Инсон”, “Хонаи Офтоб”, “Зодагони ҳафт тӯфон” ва драмаи “Кабутарони сафед” аст.

Салимшо Ҳалимшо июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Зодрӯзи Тӯхта Почомуллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, собиқ Додситони Тоҷикистон.

Ӯ солҳо муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи шаҳру навоҳии Ғарм, Деваштич, Истаравшан, Хуҷанд ва муовини аввали Додситонии куллли Тоҷикистон  буд

Солҳои 1981-1991 дар вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 2000-2005 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тӯхта Почомуллоев шурӯъ аз соли 2006 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба фаъолият пардохт ва профессори ин донишгоҳ аст.

Соли 1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва муовини пешини  сарвазири Тоҷикистон.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1954 дар оилаи маъруфи рӯҳонӣ – хонадони Эшони Тураҷон ба дунё омадааст.

Тураҷонзода солҳои 1972–1977 дар мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро таҳсил карда, сипас солҳои 1977–1980 донишҷӯи Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд буд. Баъди хатми донишгоҳ, солҳои 1980–1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кард.

Соли 1982 ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 хатм кард. Дар солҳои 1987–1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд машғул буд.

Аз 1988 то 1993 Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода масъулияти Идораи қозиёти мусулмонони Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Ҳамзамон, моҳи феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва баъдан узви Раёсати он интихоб шуд.

Солҳои 1993–1998 дар хориҷ аз кишвар қарор дошта, вазифаи ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ)-ро иҷро кард. Дар тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ӯ раҳбари ҳайати музокиракунандаи ИНОТ буд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба вазифаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин шуда, солҳои 1998–2005 дар ин мақом фаъолият кард. Сипас, дар солҳои 2005–2010 узви Маҷлиси миллӣ буд.

Имрӯз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода давлати пирӣ меронад.

Соли 1968 – Мавлуди Амрохон Муродзода, муаррих, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

Соли 1984 – Мавлуди Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд.

Фаъолияти кориашро солҳои 2001 ҳамчун сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд оғоз карда, солҳои 2015-2018 директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва солҳои 2018-2020 раиси шаҳри Гулистон буд.

Аз моҳи ноябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ифои вазифа мекунад.

Соли 1992 – Зодрӯзи Афшин Муқим, рӯзноманигор, сармуҳаррири маҷаллаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.

 

Афшин Муқим хатмкардаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳо дар риштаи рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Ӯ аввал солҳои 2011-2012 дар Кумитаи телевизион ва радио ва аз соли 2012 то соли 2015 дар АМИТ “Ховар” кор кардааст.

Афшин Муқим беш аз даҳ сол инҷониб, аз соли 2014 котиби матбуотӣ ва сармуҳаррири маҷалла дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аст.

Ӯ ҳамчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1923 экспедитсияи Ҳовард Картер санги тобути Тутанҳамонро пайдо кард. Гӯри Тутанҳамон, ки дар соли 1922 кашф шуда буд, ягона мақбараи фиръавн мебошад, ки ғорат нашудааст ва қариб дар шакли аслиаш боқӣ мондааст.

Санги тобути фиръавн аз тилло сохта шуда, зиёда аз 100 кг тиллои холисро дар бар мегирифт. Худи ҷасади фиръавн мумиёшуда буд.

Имрӯз тобути Тутанҳамон ҳамоно дар мақбараи ӯ дар водии Фиръавнҳо боқӣ монда, ҳама ганҷҳои ёфтшуда дар Осорхонаи Қоҳира нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 2005 Протоколи Киото ба ҳукми амал даромад. Ин санади байналмилалӣ, ки дар моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Киото (Ҷопон) ба тасвиб расидааст, ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим замима шуда, кишварҳои рушдёфта ва давлатҳои дорои иқтисодиёти гузаришро уҳдадор менамояд, ки партовҳои газҳои гулхонаиро кам ё мӯътадил нигоҳ доранд.

Қисми зиёди кишварҳое, ки ин санадро тасвиб кардаанд, зиёда аз 55% ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил медиҳанд. Мӯҳлати амали созишнома то соли 2012 пешбинӣ шуда буд, бинобар ин, дар соли 2011 мувофиқаи тамдиди он то қабули як созишномаи нав ба даст омад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 6+8º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Саттор Турсун – озодамарди пурғурур

0

Агар умр бақо мекард, Саттор Турсун имрӯз 80-сола мешуд. Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, чеҳраи матраҳи адабӣ, шахси ошкорбаён ва соҳибмавқеъ буд. Ин нукта дар маҳфили ёдбудаш ҳам садо дод.

Рӯзи 13-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хотири 80-солагии ин нависандаи шинохта маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар он аҳли адаб, ҳамовардони нависанда, дӯстдорони адабиёт ва пайвандони Саттор Турсун ширкат доштанд. Ва аз марҳум чун адиби ҳақпараст, ҳақгӯ, пурғурур ва шахси шӯхтабиат ёд оварданд.

 

“Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра”

Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, ки маъмулан солҳои охир дар маҳофили адабии Иттифоқи нависандагон ширкат намекард, ба ёдбуди Саттор Турсун омад ва перомуни ғуруру ифтихороти дӯсташ ҳарф зада, гуфт, “мо якҷо бузург шудем, бузург ба маънои калон шудем”.

Ӯ гуфт, бо Саттор Турсун ҳамовард аст ва афзуд, ки “бидуни ҳеҷ таоруфу хоксорӣ бо ҳамин насле, ки маро тарбият кардааст, дар ғарибӣ, дар гуштанӣ, дар ташнагӣ ифтихор дорам”.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ифтихороварони ин насл Саттор Турсун аст, ки адабиёти навини тоҷикро оро додааст. Гулрухсор бо ишора ба ошкорбаёнӣ гуфт, ки “ману Саттор ба ҳам монандем”.

Гулрухсор гуфт: “Аммо Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра. Кошке намеомад ба ҳамин наздикӣ. Як қарн ақиб не, бояд як қарн баъдтар меомад. Саттор ба ин сайёра барои дидану шинохтани худаш омада буд, на худашро донист, на худашро дид, на худашро шинохт. Ва на мо иҷозаташ додем, ки гапашро гӯяд”.

 

Гулрухсор мехост гӯяд, ки андеша ва диди Саттор Турсун фарогир буд, вале замонаву ҷоиеа ӯро дарк накард. Агар садсол баъдтар меомад, қадраш бештар дониста мешуд.

Ӯ таъкид кард, ки Саттор Турсун шахси бисёр пурғурур ва боифтихор буд ва ба касе иҷоза намедод, ки ба он латма расонад. Аз охирин сафари ҳамроҳ бо Саттор Турсун ба Алмаато ва меҳмонӣ дар хонадони раисҷумҳур ёд овард ва гуфт, “дар ҳамон маҳфил аввал ба ману Саттор Турсун сухан доданд – ин шаҳодати он буд, ки Саттор миёни ҳамаи адибони Осиёи Миёна ва Русия эътироф шуда буд”.

Гулрухсор идома дод, ки барои Саттор Турсун ғурураш, шахсияташ, миллаташ аз ҳама чиз боло буд. Дар ҳамон сафари Алмаато касе чи ҳарфе зад, ки ба ин нависанда бархӯрд. Шаб хобаш набурд. Сафарро нотамом партофту ба Тоҷикистон баргашт. Чунин буд Саттор Турсун. Намегузошт, ки ба номи миллаташ ё шахсияташ латма расонанд.

Ба таъкиди Гулрухсор, Саттор Турсун аввал шахсият буд, баъд нависанда. Ҳунари шоирӣ ҳам дошт. Ӯ Саттор Турсунро “муаллими ман” номид, зеро бори аввал маҳз ҳамин нависанда ба ин шоир ҳунари тарҷумаи назмро омӯзонидааст.

 

“Сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд”​​​​​​​

Равшани Махсумзод, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон гуфт, дарднок аст реҳлати инсонҳои эҷодгар, ки умре худ месӯзанду меофаранд, то роҳи дигаронро ҷиҳати дарки маънии ҳастӣ, аз ёд набурдани қарзи инсонии хеш дар назди ҷомеа ва тантанаи адолату ҳақиқат равшан кунанд.

Ӯ афзуд, хушбахтии ин фарзонагон дар он аст, ки дар ёди ҳаводорон, дар ҳар саҳифаи асарҳои бамағзу маъниашон ҳамеша зинда мемонанд.

“Устод мақоми суханро воло дониста, ҳангоми таълиф ҳаргиз аз ҳақиқати зиндагӣ рӯ натофтаанд, сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд ва ҳамеша хиёнату разолат ва ноинсофию бевафоиро мазаммат карданд”, – гуфт ӯ.

Махсумзод барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд сатрро аз андешаҳои адиби марҳум мисол овард: “Нависанда агар ҳақиқатан баистеъдод аст, танҳо ба тақозои ҳамин касбаш ҳеҷ гоҳ наметавонад дурӯғ гӯяд, сиёҳро сафед маънидод кунад. Муҳимтарин шуғли вай ҷустуҷӯи ҳақиқат аст”.

Ба қавли Махсумзод, ин мароми зиндагии Саттор Турсун буд, ҳақиқатро меҷуст, ҳақиқатро мегуфт, ҳатто агар душвор буд.

 

Охирин ҳарфҳояшро ҳам гуфт…​​​​​​​

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос ва мунаққид, ки аз давраи донишҷӯӣ бо Саттор Турсун ошноӣ дошт, аз он вақт ёд оварда, гуфт, “аввалин ҳикояҳои Саттор ҳамон замон рӯйи чоп омада, аз он вақт ӯ чун нависанда шинохта шуд”.

 

Абдуманнонов гуфт, ки асарҳои Саттор Турсун басо тунду тез баррасӣ мешуд. Масалан романи “Се рӯзи як баҳор”-ро чор-панҷ сол муҳокима карданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар баррасии роман аз муаллиф талаб карданд, ки қисмҳоеро иваз кунад. Аз миёни муҳокимакунандагон танҳо Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар ва Абдуманнонов ҷонибдори чопи “Се рӯзи як баҳор” буданд. Ҳатто устод Лоиқ, ки сардабири “Садои Шарқ” буданд, гуфтанд, ки чопаш вазнин…

“Вале Саттор гуфт, иҷоза диҳед, ягон ҳарфашро иваз накунам, ҳамин хел истад, ягон сол чоп мешудагист. Баъди чанд сол, ки бозсозӣ сар шуд, устод Лоиқ шахсан Саттор Турсунро даъват карда, романро гирифта, дар “Садои Шарқ” чоп карданд. Акнун замон мебардорад гуфтанд”, – ба ёд овард Абдуманнонов.

Ба қавли мунаққид, замон нишон дод, ки Саттор мавқеи дуруст дошт, романи “Се рӯзи як баҳор” баъдтар дар Маскав бо теъдоди беш аз 2 миллион нусха нашр шуд ва яке аз асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик шуд.

“Нависандаи тозакор буд, гапи гуфтанӣ дошт, дар зиндагӣ мавқеи худро дошт, агарчи ба баъзеҳо писанд набуд. Баъд аз Фазлиддин Муҳаммадиев Саттор насрнависӣ барҷаста буд. Зиёд мехонд, дар муҳокимаи асарҳо ҳам ҳамеша ҳусну қубҳро ошкоро мегуфт. Ин ба дигарон писанд набуд”, – гуфт ӯ.

Абдуманнонов ба ёд овард, ки соли 2020 дар Анҷумани Иттифоқи нависандагон Саттор Турсун хоҳиш кард, ки “бештар вақт диҳед, то ҳарфҳоямро гӯям. Ва охирин ҳарфҳову пешниҳоди худро ҳамон ҷо гуфту пас аз се сол реҳлат кард. Гӯё эҳсос мекард, ки вақташ кам мондааст…”

 

“Ҳам аввалу ҳам охири дунёст сухан”​​​​​​​

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо Саттор Турсун дар як ҳуҷра менишаст, аз қаламбадастӣ, озодагӣ ва ҷобаҷогузории ашёҳояш ҳарф зад.

 

Вай таъкид кард, ки “вақте асареро барои таҳрир ба Саттор Турсун медоданд, мисли асари худаш таҳрир мекард. Яъне зиёд ва аз таҳти дил ба таҳрири асар даст мезад. Бо тамоми вуҷуд ба даст қалам мегирифту эҷод мекард”.

“Адиби рӯҳшинос буд. Бештар бо олами маънавии қаҳрамононаш сари кор мегирад, дунёи рӯҳонии онҳоро мавриди пажӯҳиши бадеӣ қарор медиҳад. Қаҳрамононаш андешапарваранд”,-гуфт Камол Насрулло.

Ӯ таъкид кард, ки яке аз хусусиятҳои ҷолиби эҷодии Саттор Турсун офариниш ва таҳқиқу тасвири симоҳои муассир аст. Махсусан, дар ду асари “Зиндагӣ дар домани талхии сурх” ва “Пайванд” симоҳои нобе офаридааст.

 

“Аввал сахт танқид мекард, баъд…”​​​​​​​

Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон аз дидорҳои солҳои охираш бо Саттор Турсун ёд оварда, гуфт, “солҳои охир Саттор Турсун бемор буду ба Иттифоқи нависандагон омада наметавонист ва вақте бо Равшани Махсумзод ба дидор мерафтем, камбудҳои Иттифоқи нависандагонро ба рӯямон мекашиданд, баъд маслиҳат медоданд”.

 

Мирхоҷа гуфт, “вақте ба романҳои Саттор Турсун рӯй меовардам, намефаҳмидам, ки дар кадом услуби бадеӣ навишта шудааст. Лирика дошт, бадеият дошт, дар баъзе ҳолат насраш ба назм ҳам монанд буд”.

Ӯ аз хотироташ қисса карда, гуфт, вақте романи “Сарои санг"-ро навишт, онро ба Саттор Турсун дод, то ҳусну қубҳашро гӯяд.

“Устод гуфтанд, ки ту ба роман чӣ кор дорӣ, рав шеъратро навис?! Баъди чанд вақт занг зада, гуфтанд, ки наздам биё, гап дорам. Рафтам, аввал хеле танқид карданд, арақи пешониамро бароварданд, баъд баъзе бартариҳоро гуфтанд ва як сарсухани хубе ҳам ба роман навиштанд”, – иброз дошт Мирхоҷа.

 

Ёде аз мунозираҳои ширин ва пешниҳоди нашри куллиёт​​​​​​​

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам аз баҳсҳои зиёдаш бо Саттор Турсун ва пурмутолиа будани ӯ ёд оварда, гуфт, баъзан мунозираҳо дар каҳвахонаву китобхонаҳо сар мезад, вале ҷамъбаст намешуд.

 

“Соати ёздаҳу дувоздаҳи шаб хона мерафтам, ки телефон занг мезад. Мебардоштам, ки Саттор Турсун ва давоми баҳс…”, – бо табассум гуфт ӯ.

Қарор Муҳаммадӣ, муҳаққиқи осори Саттор Турсун, дар як маърӯзаи муфассал хулоса кард, ки “Саттор Турсун дар адабиёти нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 ҷойгоҳи худро дошта, дар ғанӣ гардонидани адабиёти ин давра саҳми арзанда гузошт”. Ин адабиётшинос зарур донист, ки куллиёти осори нависанда ба баҳонаи 80-солагиаш рӯйи чоп ояд.

 

Кӯҳе, ки дар ёдҳо мемонад​​​​​​​

Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар 5-солагӣ модарашро аз даст дод ва ин фоҷеа то охири умр варо азоб дод.

Соли 1965 ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шуъбаи забони арабӣ дохил шуд ва соли 1970 онро хатм кард. Дар замони донишҷӯӣ ба эҷодиёти адабӣ машғул шуд ва бо дастгирии Мирзо Турсунзода ва Убайд Раҷаб дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор оғоз кард. Бист сол дар ин маҷалла дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш “Дили гарм” соли 1971 нашр шуд. Баъдан ҳикояёту романҳои “Камони Рустам”, “Сукути қуллаҳо”, “Пайванд”, “Санг дар бағал ба тӯфон” ва чандеи дигараш ба чоп расиданд.

 

Соли 1993 нахустин сухангӯйи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, соли 1994 Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон, соли 2006 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.

Шоми 5-уми июни соли 2023 дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва канори аҳли зиё дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Ҳамовардону дӯстону шогирдонаш ба ин боваранд, ки Саттор Турсун кӯҳи пуршукӯҳи адабиёти муовири тоҷик буд, ки ҳамвора бошаҳомат дар ёдҳо боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори якум намоиш лӯхтакҳо баргузор мегардад. Арзиши чипта 25 сомонӣ буда, дар сомонаи ticketon дастрас аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ намоиши “Оҳуи заррин” манҳури ҳаводорони театр мегардад. Намоиши мазкур бо коргардонии Хуршед Мустафоев рӯйи саҳна омадааст. Арзиши билет барои вуруд 25 сомонӣ буда, дар сомонаи ticketon метавон харидорӣ кард.

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балетҳои “Сюитаи Кармен” ва “Павана барои шоҳдухтари фавтида” намоиш дода мешаванд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2005 – Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1” таъсис ёфт.

Соли 2010 – Байни Тоҷикистон ва Эрон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расид.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” ба фаъолият оғоз намуд, ки бори аввал дар Тоҷикистон ба бандубасти автобусҳои тамғаи “AKIA” пардохт. Корхонаи муштарак бо ширкати туркии “AKIA” бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.

Соли 2019 – Бақайдгирии дубораи симкортҳо ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 оғоз гардид.

Соли 2024 – ЮНИСЕФ Сафармуҳаммад Қодириро ба ҳайси нахустин Сафири иродаи некии худ дар Тоҷикистон таъин кард.

Соли 2024 – Бонки Эсхата нахустин шуда дар кишвар барориши “қарзномаҳои сабз”-ро оғоз кард.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1887 – Зодрӯзи Сайидризо Ализода, рӯзноманигор, мутарҷим, забоншинос ва омӯзгори тоҷик.

Саидризо Ализода шахсияти таърихӣ ва адиби тоҷик буд, ки дар таърих бо фаъолияти илмиву адабӣ ва сиёсии худ номаш сабт гардидааст. Ӯ бо ибтикори шахсӣ маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”-ро таъсис дод, ки дар он мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда дошта мавриди муҳокима қарор мегирифтанд.

Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. “Дабистони тоҷик”, “Китоби нахустин”, “Сарфу наҳви тоҷикӣ”, “Маданияти ислом”, “Саодатнома” аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар солҳои 1919-21 Саидризо Ализода котиби Кумитаи ҳизбии Самарқанд буд. Аммо бо ҷурми “ҷосуси империализми ҷаҳонӣ” дар зиндони Шӯравӣ ба ҳалокат расид.

Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Чаро? Дар ин пайванд мутолиа кунед.

Соли 1930 – Мавлуди Зоҳир Аҳрорӣ, адабиётшинос, шарқшиноси тоҷик.

Зоҳир Аҳрорӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, дар соҳаи адабиёт ва шарқшиносӣ фаъолияти илмӣ анҷом додааст. Ӯ ба унвони ходими илмӣ ва муҳаққиқ дар муассисаҳои гуногуни илмию таълимии Тоҷикистон, аз ҷумла Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ фаъолият кардааст. Ӯ дар бораи адабиёти тоҷик ва шарқ таълифот ва тадқиқоти зиёд анҷом додааст. 

Ӯ матни интиқодии “Шоҳнома”-и Фирдавсиро таълифу тадвин кардааст. Таҳияи “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома” ва “Андарзнома”-и Фирдавсӣ” низ аз ҷумлаи хизматҳои арзандаи Аҳрорӣ маҳсуб меёбанд.

Соли 1937 – Зодрӯзи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, рӯзноманигори тоҷик.

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев хатмкардаи шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва факултаи журналистикаи Академияи илмҳои ҷомеашиносии шаҳри Маскав аст.

Солҳо дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 1986 то соли 1995 сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” буд.

Солҳои 1996-1998 бошад, ёвари Президенти Тоҷикистон буд. Солҳои 2002-2004 коршиноси сиёсӣ дар намояндагии созмони Интернюс-NETWORK дар Тоҷикистон ва ноиби продюссери барномаи телевизионҳои мустақили кишварҳои Осиёи Марказӣ – “Осиёи Кушода” буд.

Ӯ яке аз созмондиҳандагони Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ буда, 14 октябри соли 1999 дар Анҷумани муассисони ин Бунёд узви Раёсат ва аз соли 2002 Раиси Бунёди забони тоҷикии форсӣ интихоб шуд.

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев 28 ноябри соли 2004 дар синни 67 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, ва дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Соли 1946 – Мавлуди Саттор Турсун, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

Ӯ соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуд ва муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.

Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.

Ӯ миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Барф ҳам мегузарад”, “Се рӯзи як баҳор” маъруф аст.

Саттор Турсун 5-уми июни соли 2023 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро аҳли зиё талафоти бузург унвон доданд.

Соли 1947 – Мавлуди Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди шинохтаи синамову театри тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар зеҳни ҳаводорони ҳунар нақш гузоштааст. Ӯ риштаи ҳунарҳои зеборо дар Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) хатм кардааст.

Мавсуф дар филмҳои хориҷӣ низ зиёд нақш офаридааст ва аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки дар берун аз Тоҷикистон маъруфият дорад.

Ӯ дар беш аз 50 филми хориҷӣ нақш офаридааст, ки миёни онҳо нақшҳои марказӣ ҳам кам набудаанд.

Аз ҷумла, ҳунарпеша дар намоишҳои "Қатрае аз баҳр", "Фолбин Афандӣ", "Эътирози ҳабдаҳум", "Умед", "Алафҳои бегона", "Роҳгумзада" нақш офаридааст.

Дар синамо бошад, дар филмҳои "Қиссаи зиндонии Павиак", "Гирдбод", "Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд", "Чор нафар аз чорсанг", "Шаби охирини Шаҳризод", "Афсонаҳои нави Шаҳризод" ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳамчунин, дар филмҳое, ки дар хориҷа сабт шудаанд, аз ҷумла "Камина", "Ба хубӣ ҷудо мешавем", "Ау! Ғорати қатор", "Майдони найранг", "Тулуъ дар Ганг", "Дарвеши ланг" ва дигар филмҳои ҳунарнамоӣ кардааст.

Исфандиёр Ғуломов дар мусоҳибае бо Азия-Плюс аз рӯзгори имрӯза, чуну чарои театру синамо, мавҷудияти сензура ва қадрдонии ҳунармандон ҳарф задааст, ки дар маводи Исфандиёр Ғуломов: “Солҳост, ки вазири фарҳангро дар театр надидаам” мутолиа кунед.

Соли 1945 – Зодрӯзи Рамазон Мирзоев, ходими давлатӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия ва Эрон.

Рамазон Мирзоев хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буда, аз соли 1975 то соли 1978 дар проектҳои сохтмонии Афғонистон фаъолият доштааст. Соли 1979 муовини вазири сохтмони кишоварзӣ таъйин гардид. Аз соли 1989 то 1992 депутати мардумии Парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ 18 январи соли 1995 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъин шуд. Моҳи октябри соли 2001 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин гардид.

Соли 1948 – Зодрӯзи Анвар Бобоҷонов, таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1953 – Мавлуди Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Соли 1998 – Зодрӯзи Мадина Ақназарова, овозхони тоҷик.

Мадина Акназарова, ки волидонаш зодаи Бадахшон мебошанд, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуда, баъди хатм таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дод. Мадина Акназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик бори аввал баромад кард ва бо иҷрову сабки ғайриодӣ ва овози вижа зуд дар дили мухлисон ҷо гирифт.

“Арӯсу шаҳ зебанда”, “Бирақсем”, “Сайри Бадахшон”, “Ту будӣ”, “Ёд мекунӣ”, “Дидам нигори худро”, “Кабкаки маст аз таронаҳои маъруфи Мадина маҳсуб меёбанд.

Соли 1999 – Абдулхайр Қосимов, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдулхайр Қосимов солҳо дар Театри драмаи мусиқӣ ва Театри ҷавонони шаҳри Бухоро ҳунар озмуда, баъдан як муддат дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳамчун ҳунарпеша фаъолия намуд.

Ӯ як муддат роҳбари бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ва баъдан роҳбари бадеии Театри халқии вилояти Ғарм буд. Номбурда аз соли 1946 то соли 1962 замони ба нафақа баромаданаш ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ будааст.

Абдулхайр Қосимов қариб дар 100 нақш дар театр ва беш аз 60 нақш дар синамо офаридааст. Ӯ дар филмҳои маъруфи синамои тоҷик, чун “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Қисмати шоир”, “Амалиёти “Кубро”, “Хиёнат” нақш офаридааст.

Инчунин худ муаллифи песаи телевизионии “Ҷасорат” ва як қатор намоишҳои телевизионӣ, чун “Чойхонаи дилкушо”, “Беғараз панд”, “Театри минётур” ва ғайра аст.

Мавсуф 15-уми феврали соли 1999 дар синни 91 аз олам даргузашт.

Соли 2004 – Шокир Мухторов, забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори саратон ё Рӯзи мубориза бо саратони кӯдакон таҷлил мешавад. Ин сана соли 2001 бо ташаббуси Конфедератсияи ҷаҳонии волидони кӯдакони гирифтори саратон ба тақвим ворид гардидааст.

Соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамшираҳои ҷарроҳӣ иди касбии худро эълон кард, ки тибқи он ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии ҳамшираи ҷарроҳӣ таҷлил мешавад. Бовар меравад, ки ин касб соли 1891 пайдо шудааст.

Рӯзи 15-уми феврали соли 1989 хуруҷи пурраи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ба поён расид. Моҳи октябри соли 1979 муассиси Ҳизби халқии демократии Афғонистон Нурмуҳаммад Таракӣ аз қудрат дур ва кушта шуд.

Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ расман қарор кард, ки нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шаванд ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон кумаки низомӣ расонад. 25 декабри 1979 нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуданд.

4 апрели соли 1988 Созишномаи муштараки шӯравию амрикоӣ “Дар бораи ҳамоҳангсозии ҳалли вазъияти марбут ба Афғонистон” ба имзо расид, ки тибқи он, нерӯҳои Шӯравӣ бояд то 15 феврали соли 1989 қаламрави Афғонистонро пурра тарк мекарданд. Ин қарор аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.

Соли 1947 дар Иттиҳоди шуравӣ никоҳи шаҳрвандони шӯравӣ бо хориҷиён расман манъ карда шуд. Ҳукумати Шӯравӣ на танҳо бастани никоҳ бо хориҷиёнро манъ кард, балки издивоҷҳои қаблан анҷомшударо низ беэътибор эълон намуд.

Ҷазо барои вайрон кардани ин фармон тибқи моддаи 58-и Кодекси ҷиноӣ ҳукми зиндон муайян гардид. Соли 1969 Кодекси оилавӣ бознигарӣ шуд ва шаҳрвандони шӯравӣ расман иҷозаи издивоҷ бо хориҷиёнро пайдо карданд, вале дар амал ин гуна никоҳҳо истиқбол намешуданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан  бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад

0

Тибқи нақшаи давлатӣ, то соли 2029 сатҳи дастрасии аҳолӣ ба обу корези мутамарказ дар Тоҷикистон ба 30% мерасад, дар ҳоле, ки имрӯз ин нишондиҳанда ба ҳудуди 15% баробар аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода, айни замон 67%-и аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшокӣ, вале танҳо 15% ба обу корез (обпарто) дастрасӣ доранд.

Бо вуҷуди доштани захираҳои бойи обӣ, дастрасӣ ба хидматҳои коммуналии устувор хусусан дар манотиқи деҳот нобаробар боқӣ мемонад.

Об дар шаҳру деҳот дар канор

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад

Мувофиқи Стратегияи миллии об, фарогирии аҳолӣ ба низомҳои таъминот бо оби нӯшокӣ, ки аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои соҳавӣ таъмин мешаванд, ҳудуди 41%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрҳои бузург сатҳи фарогирӣ хеле баланд – 95%, дар шаҳракҳо – 48% ва дар деҳот – ҳамагӣ 22%-ро ташкил медиҳад.

Вазъияти марбут ба низомҳои обпарто душвортар аст. Дар шаҳрҳои бузург 64%, шаҳракҳо – 10% ва дар деҳот – ҳамагӣ 0,1%-и аҳолӣ бо низоми мутамаркази обу корез таъминанд.

Дар амал ин маънои онро дорад, ки барои аксари аҳоли деҳот низоми обу корез дастнорас боқӣ монда, зерсохтори беҳдошт аксар вақт бо чуқурӣ дар ҳоҷатхонаҳо ва воситаҳое маҳдуд мешаванд, ки ба обу корез дахл надоранд.

Дар Стратегия таъкид мешавад, ки дар ҳолати мавҷуд набудани назорат, ин низомҳо метавонанд ба сарчашмаи ифлосшавии об (аз ҷумла обҳои зеризаминӣ) табдил ёфта, хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро зиёд кунанд.

То 60% талафоти об ва баҳисобгирии нокофӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таъмини 72%-и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ то соли 2030. Ин имконпазир аст?

Ҳатто дар ҷойҳое, ки қубурҳои обрасон (водопровод) ҳастанд, устувории хидматрасониҳо мушкил боқӣ мемонад. Дар Стратегияи миллӣ зикр мешавад, ки талафоти об дар низоми таъминот бо оби нӯшокӣ метавонад ба 60% расад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таъминот бо об дар қаламравҳое, ки бо хидматрасониҳои корхонаҳои обтаъминкун фаро гирифта шудаанд, ба як нафар ба ҳисоби миёна 250 литр дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, лекин истеъмолгарон тақрибан нисфи ин ҳаҷмро мегиранд. Ин ба талафоти тиҷоратӣ ва техникӣ, ихроҷ ва инчунин сатҳи нокофии баҳисобгирӣ вобаста аст.

Боз як нишондиҳандае, ки самаранокии пасти идораи захираҳоро нишон медиҳад, он аст, ки дар кишвар ҳамагӣ ҳудуди 1% оби заҳбур ва ихроҷшаванда истифода мешавад.

То соли 2029 чӣ тағйир меёбад?

Солҳои наздик давлат суръат бахшидан ба рушди соҳаро тариқи Барномаи давлатии таъминот бо оби нӯшокӣ ва обпарто барои солҳои 2025-2029 ба нақша гирифтааст.

Тавре ки раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҷамшед Табарзода зикр кард, то соли 2029 сатҳи фарогирии таъминот бо оби нӯшокӣ бояд аз 41% то 73% ва хидматрасониҳои низоми обпарто – аз 15% то 30% расад.

Дар самтҳои дарозмуҳлати Стратегияи миллии об то соли 2040 афзоиши фарогирии аҳолӣ бо низомҳои таъминот бо об аз 41% дар соли 2023 то 90% дар соли 2040, инчунин афзоиши фарогирӣ бо низомҳои мутамаркази обпарто аз 15% то 50% дар ҳамин давра пешбинӣ шудааст.

То соли 2029 дар куҷо низоми обрасонӣ таъмиру таҷдид мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ нишон медиҳад, ки таъмиру навсозӣ ва тавсеъаи низомҳои мавҷудаи таъминот бо оби нӯшокӣ дар даҳҳо шаҳру навоҳии кишвар дар назар аст. Ба рӯйхат ҳам шаҳрҳои бузург ва ҳам ноҳияҳои дорои сатҳи пасти фарогирӣ дохил шудаанд.

Корҳои таъмиру навсозӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, як қатор ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру навоҳии ВМКБ, қисмати назарраси ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаи шимоли кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фарогирии аз ҳама маҳдуд имрӯз дар низоми обпарто ба назар мерасад, аз ин рӯ, дар барнома ҷудогона сохтмони низомҳои нави обу корез пешбинӣ шудааст.

То соли 2029 сохтмони чунин иншоот дар ноҳияҳои Рашт, Рӯдакӣ, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ дар назар аст.

Мушкили асосӣ на танҳо сохтан, балки нигаҳдории низом аст

Ҳарду санад – ҳам Барномаи давлатӣ ва ҳам Стратегияи миллӣ амалан сари як хулоса меоранд: рушди низоми таъминот бо об ва обу корез на танҳо сохтмони иншооту гузаронидани қубурҳо аст. Ин ҳамчунин идораи талафот, ҷорисозии баҳисобгирӣ, маблағгузории устувор барои истифода ва таъмир, тайёр кардани кадрҳо ва назорати бехатарии беҳдоштиро низ дар бар мегирад.

Бидуни ҳаллу иҷрои ин вазифаҳо, тавсеъаи шабакаҳо метавонад самараи дилхоҳ надода, фарқияти назаррас дар ин самт миёни шаҳру деҳот боқӣ монад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?

0

Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳои ҷаҳон созишномаҳо дар бораи савдои озод ва реҷаи имтиёздор ба имзо расонид.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки чунин қарордодҳо ба афзоиши савдои хориҷӣ ва таҳкими муносибатҳои хориҷии иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Реҷаи савдои озод чист?

Бархе зери мафҳуми "реҷаи савдои озод” пурра озод будани ҷонибҳоро аз пардохти мутақобилаи боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ мефаҳманд, ки дар асл ин тавр нест.

Ҳатто байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки дар он боҷҳо ва расмиёти гумрукӣ барои молҳои дар дохили иттиҳод гардишдошта бекоранд, маҳдудиятҳо ҷой доранд. Яъне истисноҳо ҳастанд, бахусус барои молҳои ҳассос (масалан, маҳсулоти бахши кишоварзӣ ва молҳои дорои талаботи махсуси бехатарӣ ва экологӣ), инчунин тадбирҳои ҷудогонаи ҳифзи бозори дохилӣ.

Ҳамчунин дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон) низ метавон чунин гуфт. Ин ҷо ҳам озодии мутлақи интиқоли маҳсулот нест, зеро ҳмамеша истиноҳо амал мекунанд, ки ҳам ба баъзе навъҳои мол ва ҳам масъалаи доштани гувоҳнома (сертификат) ва меъёрҳои экологӣ дахл доранд.

Ба ин тариқ, реҷаи савдои озод соддаву осон кардани тиҷорат миёни кишварҳо буда, лекин пурра бекор намудани ҳамаи маҳдудиятҳо нест. Вобаста ба мақсад ва манфиатҳои кишварҳои узв, шартҳои созишнома метавонанд тағйир пазиранд.

Созишномаи минтақаи савдои озод дар доираи ИДМ

Тоҷикистон дар ин созишнома иштирок дошта, он савдоро бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва Ӯзбекистон (қисман) осон мекунад.

Мувофиқи созишнома, маҳсулоте, ки байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар гардишанд, аз аксарияти боҷҳои гумуркӣ озоданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст

Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои содиротӣ метавонад ба ин кишварҳо маҳсулот содир кунад, ки савдоро бештар фоидаовар ва осон месозад. Созишнома номгӯйи васеи маҳсулотро фаро гирифта, лекин дар ҳолатҳои ҷудогона метавонанд маҳдудиятҳо ё чораҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Яъне реҷаи савдои озод дар доираи ИДМ ссозишномаест, ки боҷҳои гумрукӣ ва монеъаҳо ба маҳсулот миёни кишварҳои узвро бекор мекунад, лекин қаламрави ягонаи гумрукиро ба мисли Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Иттиҳоди иқтисодии АВруОсиё ( ИИАО, ЕАЭС) ба вуҷуд намеорад.

Дар муқаррар намудани таърифаҳои хориҷӣ ва монеъаҳои тиҷоратии худ кишварҳои ИДМ мустақиланд. Нисбат ба ИА ва ИИАО, ки дар онҳо сиёсати ягонаи хориҷии гумрукӣ мавҷуд аст, дар ИДМ кишварҳо метавонанд боҷҳои гуногуни гумрукӣ ва таърифаҳо барои кишварҳои сеюмро дошта бошанд.

Дар ИДМ барои молҳои муайян метавонанд истисноҳо вуҷуд дошта бошанд ва бисёр вақт созишнома дар бораи савдои озод танҳо бо молҳои муайян маҳдуд мешаванд ва ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодиро дар бар намегиранд.

Созишнома дар бораи савдои озод бо хидматрасонӣ ва сармоягузориҳои ИДМ

Ба ҷуз савдои молу маҳсулот, Тоҷикистон дар созишнома оид ба савдои озод бо хидматрасонӣ ва сармоягузорӣ низ иштирок мекунад, ки он ҳамчунин табодули хидматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз кишварҳои ИДМ-ро танзим месозад.

Қарордоди мазкур ба бунёди шароитҳои бештар устувор барои рушди лоиҳаҳои тиҷоратӣ кумак карда, ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи хидматрасонӣ миёни кишварҳоро тақвият медиҳад.

Созишномаҳои дуҷониба дар бораи савдои озод

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад

Тоҷикистон бо кишварҳои ҷудогона дар бораи савдои озод созишномаҳо дорад, ки дар онҳо коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ва монеъаҳои тиҷоратӣ ба молҳои алоҳида зимни савдои мутақобила пешбинӣ шудааст. Ин созишномаҳо ба мисли ИА ва ИИАО минтақаи ягонаи савдои озодро ба вуҷуд наоварда, бо шароитҳои мушаххас барои мол ё соҳаҳои ҷудогона маҳдуд мешаванд.

Тоҷикистон бо як қатор кишшварҳо чунин созишномаҳо ба имзо мерасонад, ки ҷиҳати беҳтар намудани дасрасӣ ба бозорҳои онҳо имкон медиҳад, лекин дар ҳамин ҳол, кишварҳо дар муқаррар намудани таърифа ва қоидаҳои савдо бо кишварҳои сеюм озод боқӣ мемонанд.

Русия

Тоҷикистон бо Русия созишномаи дуҷониба дар бораи савдои озод (бидуни боҷ) дорад, ки солҳои 1990-ум имзо шудааст. Он боҷҳои содиротиро барои молҳои аз қаламрави ҳамдигар интиқолёфта бекор мекунад. Молҳои мушаххас, ки ба онҳо боҷҳо дахл надоранд, бо протоколҳои ҳамасола муайян карда мешаванд. Молҳое, ки дар қаламрави яке аз ҷонибҳо истеҳсол шудааст ё бо истифода аз маҳсулоти кишварҳои сеюм коркард шудааст, метавонанд аз боҷҳо озод шаванд, агар ба қоидаҳои муқарраршудаи истеҳсол мутобиқат кунанд.

Ӯзбекистон

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи савдои озод созишномаи дуҷониба доранд, ки дар он коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ба моли муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Ин созишнома аз соли 1996 амал дошта, шароитҳои имтиёзнокро барои интиқоли мутақобилаи молу маҳсулоти дуҷониба таъмин мекунад.

Чин

Созишномаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар бораи савдои озод аз соли 2011 коҳиши боҷ ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла таҷҳизоти саноатӣ, молҳои нассоҷӣ, инчунин баъзе маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквориро танзим мекунад, ки барои ҳарду кишвар муҳиманд.

Туркманистон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд

Созишнома байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи савдои озод низ ба коҳиши таърифаҳо ва рафъи монеъаҳо ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти саноати нафту кимиё тамаркуз мекунад.

Ин созишнома ба соддаву осон кардани савдои мутақобилаи маҳсулоти калидӣ миёни кишварҳо равона шудааст.

Эрон

Созишнома байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи савдои озод, ки соли 2011 мавриди амал қарор гирифт, молҳои мушаххас, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷӣ, инчунин маснуот аз фулузот (металлҳо)-ро дар бар мегирад. Дар доираи ин созишнма боҷ барои савдои мутақобила танҳо дар категорияҳои зикршудаи молҳо коҳиш меёбад.

Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи савдои озод, ки коҳиш ё бекор гардидани боҷҳо ба маҳсулоти муайян, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, инчунин маҳсулоти марбут ба соҳаи мошинсозӣ ва энергетикаро танзим месозад, созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд.

Созишнома дар доираи СҲИ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти СҲИ ба Озарбойҷон рафт

Тоҷикистон инчунин дар ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) низ фаъолона иштирок мекунад. Дар ин созишномаи савдои имтиёзнок ҳамчунин имконот барои коҳиши боҷҳо дар минтақа пешбинӣ шудааст.

Кишварҳои иштирокчии СҲИ: Эрон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон.

Фаъолияти иттиҳоди мазкур ба соддаву осонтар сохтани савдо ва беҳбуди муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо равона гардида, инчунин он барои қарордодҳои оянда дар бораи савдои озод метавонад асос шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?

0

Дар Тоҷикистон теъдоди нафақагирон қариб 880 ҳазор будаанд ва онҳое, ки аз 100-сола боло ҳастанд, 239 нафар ҳастанд.

Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон теъдоди дақиқи нафақагиронро ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 877 ҳазору 206 нафар гуфта, таъкид кард, ки теъдоди нафақагирони аз 100-сола боло 239 нафар будааст.

“Аз ҳама сину соли баланд ду шаҳрванд – яке аз шаҳри Бохтар ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки ҳарду 113 сол доранд ва саломатияшон хуб аст”,-гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Ба қавли Ҳалимзод, ҳардуи онҳо мутаносибан 536 сомонӣ нафақа мегиранд. Фарзандони яке аз онҳо аллакай дар қайди ҳаёт набуда, набераҳояш нигоҳубин мекардаанд.

 

Дар умум, теъдоди нафақагирони аз садсола боло дар минтақаҳо чунин аст:

ВМКБ – 2 нафар;

Вилояти Суғд – 37 нафар;

Вилояти Хатлон – 103 нафар;

Шаҳри Душанбе – 13 нафар;

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 84 нафар.

Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки санҷишҳои ниҳоди онҳо нишон додааст, ки дар сину соли онҳо хатоӣ нест.

Ҳамчунин, аз теъдоди умумии нафақагирон дар кишвар, 172 ҳазору 538 нафар дорои маъюбият будаанд:

Гурӯҳи якум – 18  ҳазору 422 нафар;

Гурӯҳи дуюм – 85 ҳазору 221 нафар;

Гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 514 нафар.

Нафақагирони маъюбиятдоштаи то 18 сола – 33 ҳазору 381;

Кӯдакони ятимоли кулл – 1 ҳазору 82 нафар;

Кӯдакони нимятим – 79 ҳазору 205 нафар;

Маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) – 13 нафар;

Иштирокчиёни ҶБВ дар ақибгоҳ – 97 нафар.

Бояд зикр кард, ки тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ – 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ – 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ – 362 сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?

0

Ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар байни 471 зан, ки дар ин маҳбас адои ҷазо мекунанд, ду зани ҳомила низ будаанд.

Ин иттилоъ рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфта шуд.

Ҳусниддин Нидоев, роҳбари гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, рӯзи 13-уми декабри соли 2025 аз ин маҳбас боздид карда, бо шароити нигоҳдории занон, аз ҷумла бахше, ки кӯдакони ноболиғ нигоҳ дошта мешаванд, шинос шудааст.

Ба қавли ӯ, ҳар як кӯдак бо модараш дар ҷойи алоҳида ҷойгир буда, шароити муносиб барои кӯдакон муҳайё аст.

Ҳангоми суҳбат танҳо баъзе занон аз камбуди уребча дар фасли зимистон гуфтаанд ва ба қавли ӯ, аз ҷониби кормандони Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо дастрас карда шудааст.

“Занҳо гуфтанд, ки одатан ба онҳо ин чиз дастрас мешавад, вале бинобар ин ки зимистон асту ҳаво сардтар, бештар ниёз доранд”, – гуфт Нидоев.

Ин масъули Омбудсмен иддао мекунад, ки занҳо шикояти дигаре надоштанд ва барои кӯдакон шароити бозӣ низ муҳайё буда, хӯрока ва дигар мавод низ ба таври кофӣ дастрас аст.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфта буд, масъулини Кумита чанд моҳ пеш ба дидори занони маҳбус дар зиндони Норак рафтанд ва аз ҷониби занони маҳкумшуда баъзе муроҷиатҳо низ пешниҳод шудаанд. Вале ба таъкиди ӯ, “бархе аз масъалаҳои матраҳшуда аз сӯи занон ба салоҳияти Кумита дохил намешавад”.

Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки муроҷиати занон дар чӣ хусус буд.

Тасдиқи иддаои мақомоти расмӣ тавассути манобеи ғайрирасмӣ ва ё мустақим ғайриимкон аст, чун дар чанд вақти охир намояндагони расонаҳо аз ин зиндон дидан накардаанд.

Ҳоло дар маҳсаби Норак 471 зан адои ҷазо мекунанд. Соле қабл ин рақам ба 483 баробар буд. Гуфта мешавад, ки аксари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи занон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ марбутанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст

0

Рӯзи 14-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Жоу (Тсзоу) Ҷиайи, раҳбари Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин мулоқот, ки ба иттилои расмӣ, дар Душанбе сурат гирифтааст, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва идомаи таҷдиди нерӯгоҳи “Норак” баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур гуфтааст, ки дар дидори ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энерҷӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунӣ ва баланд бардоштани самароварии энергетикӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд”, – омадааст дар хабари расмӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, БОСИ “яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар самти ташаккули инфрасохтори муосир” ва иқтисоди “сабз” мебошад.

Пас аз мулоқот хонум Ҷиайи ба хабарнигорон гуфтааст, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ карда, мехоҳад дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки БОСИ омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, пайвастагии инфрасохтории минтақавӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба манфиати аҳолӣ густариш диҳад.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар” хонум Ҷиайи нақша дорад аз майдони сохтмони НБО-и Роғун боздид намояд, то аз рафти татбиқи лоиҳа аз наздик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои нави инфрасохториро дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд

0
photo_2026-02-05_11-32-17

Дар радабандии ҷаҳонии вобастагӣ ба воридот, Тоҷикистон зинаи 81-умро касб кард. Бино ба иттилои  Бонки ҷаҳонӣ, соли 2023 ҳаҷми воридоти молу хидматрасонӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 48,4% -ро ташкил дод, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ ба таври назаррас баландтар буда, аз вобастагии зиёди кишвар ба интиқол аз хориҷа гувоҳӣ медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ки дар радабандии Visual Capitalist нашр шудааст, қариб нисфи иқтисоди кишвар ба воридот марбут аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Савдои хориҷии Тоҷикистон: содирот каму воридот зиёдтар

Барои муқоиса, нишондиҳандаи сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 28,2% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо Тоҷикистон бештар ба воридоти молу хидматрасониҳо аз хориҷа вобаста аст.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунанд, ки барои кишваре, ки роҳи баромад ба баҳр надораду заминаи саноатиаш маҳдуд аст, чунин вазъият аксар вақт табиӣ мебошад.

Тоҷикистон аксаран сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, мошин ва таҷҳизоти саноатӣ ворид мекунад, ки истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар душвор ва аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар нест.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар байни  кишварҳои иқтисодашон бештар вобаста ба воридоти қарор гирифта, танҳо Қирғизистон аз ҷумҳурии мо болотар меистад. Қирғизистон мақоми 17-умро касб карда, ҳаҷми воридоташ ба 84,2% нисбат ба  ММД баробар аст. Бо ин нишондиҳанда Қирғизистон дар сафи яке аз кишварҳои вобастатарини ҷаҳон ба воридот на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ҷойгир шудааст.

Ӯзбекистон нисбатан устувор ба назар мерасад: соли 2024 ҳиссаи воридот дар иқтисоди он 38% нисбат ба ММД-ро ташкил дод.

Қазоқистон, ки дорои захираҳои назарраси табиӣ ва соҳаи рушдёфтаи содиротӣ мебошад, пасттарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказиро нишон дод – 25,5 нисбат ба ММД.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Воридоти автомашинаҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 568% афзудааст

Туркманистон бо нишондиҳандаи 11,2% нисбат ба ММД дар зинаи охири радабандӣ қарор гирифт, ки ин ба пӯшида будани иқтисод ва таваҷҷуҳ ба истеҳсолоти худӣ, инчунин содироти нерӯву захираҳо марбут аст.

Дар зинаҳои аввали радабандии ҷаҳонӣ Гонконг, Люксембург, Сан-Марино ва Сингапур қарор доранд. Ин асосан марказҳои бузурги савдо ва молиявӣ мебошанд, ки тариқи онҳо ҳаҷмҳои бузурги мол интиқол ёфта, қисмати назарраси онҳо баъдан ба кишварҳои сеюм (реэкспорт) фиристода мешавад. Маҳз барои ҳамин ҳиссаи воридот дар ММД-и онҳо зиёда аз 100%-ро ташкил медиҳад.

Дар охири рӯйхат Судон, Венесуэла ва Таркманистон ҷойгир шудаанд. Нишондиҳандаҳои пасти ин кишварҳо ё пӯшида будани иқтисод, ё маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар савдои берунаро нишон медиҳанд.

Ба сурати умум, минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ соли 2024 сатҳи миёнаи вобастагӣ ба воридотро дошт – 41,4%. Дар ин пасманзар мвақеи Тоҷикистон наздик ба нишондиҳандаи миёнаи минтақавӣ, лекин ба ҳар ҳол, бештар осебпазир дар муқоиса бо иқтисодҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ ба назар менамояд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки ҳиссаи баланди воридот худ ба худ омили манфӣ нест. Аммо дар шароити болоравии шиддати сиёсати ҷаҳонӣ (геополитика), тағйирёбии нархҳо ва ноҷуриҳо дар занҷираҳои таҳвил, он хавфҳо барои устувории иқтисодро тақвият медиҳад.

Барои Тоҷикистон ин муҳим будани рушди истеҳсолоти дохилӣ, баланд бардоштани истиқлоли энеретикӣ ва густариши ҳамкории минтақавиро таъкид месозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 422 оила ба маблағи 6,6 млн сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ, ки 13-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дафнпулӣ нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1,1 млн сомонӣ камтар пардохт шудааст ва теъдоди онҳое, ки ин маблағро дарёфт кардаанд 931 нафар кам шудааст.

Сабаби коҳиши пардохти дафнпулиро Абдураҳмон Ҳалимзод чунин шарҳ дод:

“Пеш аз ҳама баланд бардоштани некӯавҳолии мардум мебошад, яъне кам шудани шумораи камбизоатҳо. Сабаби дуюм корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ, аз ин ҳисоб коҳиш ёфтанд”, – гуфт Ҳалимзода.

Аммо ӯ шарҳ надод, ки “корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ” чӣ аст ва он а коҳиши пардохти дафнпулӣ чӣ гуна таъсир расонидааст.

Ба қавли Ҳалимзод дафнпулӣ баробар ба 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.

Соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 78 сомонӣ муқаррар шудааст ва дафнпулӣ 1 ҳазору 560 сомонӣ мешавад.

Соли гузашта як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва барои дархост пешниҳод кардаҳо 1 ҳазору 500 сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дафнпули як навъ пардохт ё кӯмакпулии иҷтимоӣ аст, ки ба оилаҳои камбизоат дода мешавад. Оилаҳои камбизоатро мақомоти маҳаллӣ муайян ва сабт мекунанд. танҳо бо пешниҳоди маълумотнома аз ин ниҳод, метавон дафнпулӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.