Home Blog Page 62

Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 422 оила ба маблағи 6,6 млн сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ, ки 13-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дафнпулӣ нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1,1 млн сомонӣ камтар пардохт шудааст ва теъдоди онҳое, ки ин маблағро дарёфт кардаанд 931 нафар кам шудааст.

Сабаби коҳиши пардохти дафнпулиро Абдураҳмон Ҳалимзод чунин шарҳ дод:

“Пеш аз ҳама баланд бардоштани некӯавҳолии мардум мебошад, яъне кам шудани шумораи камбизоатҳо. Сабаби дуюм корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ, аз ин ҳисоб коҳиш ёфтанд”, – гуфт Ҳалимзода.

Аммо ӯ шарҳ надод, ки “корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ” чӣ аст ва он а коҳиши пардохти дафнпулӣ чӣ гуна таъсир расонидааст.

Ба қавли Ҳалимзод дафнпулӣ баробар ба 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.

Соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 78 сомонӣ муқаррар шудааст ва дафнпулӣ 1 ҳазору 560 сомонӣ мешавад.

Соли гузашта як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва барои дархост пешниҳод кардаҳо 1 ҳазору 500 сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дафнпули як навъ пардохт ё кӯмакпулии иҷтимоӣ аст, ки ба оилаҳои камбизоат дода мешавад. Оилаҳои камбизоатро мақомоти маҳаллӣ муайян ва сабт мекунанд. танҳо бо пешниҳоди маълумотнома аз ин ниҳод, метавон дафнпулӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон хабар дода, онро боиси ташвиш хонд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта миёни ноболиғон 715 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли пеш 41 ҳолат бештар будааст. Ин теъдод дар соли 2024 ба 674 баробар буд.

“Ин хеле боиси ташвиш, боиси ташвиши падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Дар ин баробар, вазир аз камшавии ҷиноят миёни ҷавонон иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соли 2025 аз сӯйи ҷавонон 3 ҳазору 116 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 848 ҳолат камтар аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 964 ҷиноят бо иштироки ҷавонон сабт шуда буд.

Чанд рӯз қабл Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон аз афзоиши ҷиноят миёни наврасон изҳори нигаронӣ карда буд.

“Навраси имрӯза ҷавони оянда аст. Агар дар синни наврасӣ ба ин кор даст занад, теъдод зиёд шавад, онҳо ҷавон мешаванд ва барои тамоми соҳа мушкил эҷод мешавад”, – гуфта буд Гулаҳмадзода.

Бояд гуфт, ки то кунун даҳҳо хабар дар бораи ҷанҷол ва ҳатто одамкушии ноболиғону ҷавонон дар расонаҳо интишор шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам гоҳо ҷузъиёти ҷинояткории ноболиғону ҷавононро ташреҳ медиҳад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2025 пулиси Душанбе ҷузъиёти ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ шудааст, расонаӣ карда буд. Ин ниҳод он вақт гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони тоҷик дар “Кохи Суруш” консерт баргузор мекунад. Арзиши билет барои вуруд аз 100 то 250 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

– Имрӯз соати 14:00 дар “Қасри ҷавонон” консерти Фаррух Ҳасанов, овозхони ҷавон ва номдори тоҷик доир мешавад. Арзиши билет аз 50 то 200 сомонӣ буда, дар сомонаи echipta дастрас аст. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1929 – Нашрияи “Қизил Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад.

Соли 1962 – Дар Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) заводи консерва ифтитоҳ ёфт.

Соли 1969 – Дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои “ЯК-40” ба кор оғоз кард.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” қабул гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, тарҷумон, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик.

Ҳабиб Юсуфӣ дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Ӯ соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, 22 феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Ӯ бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Ӯ яке аз аввалин тарҷумонҳои бадеии тоҷик буд. Асарҳои Пушкин, Лермонтов, Крилов, Шевченко ва Маяковскийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Соли 1947 – Мавлуди Абдувоҷид Ашӯров, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1955 – Зодрӯзи Маъруф Раҷабов, доктори илмҳои филология.

Соли 1988 – Мавлуди Зарина Бадалова, ҳунарпешаи театру синамо.

Зарина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавон, ки ҳоло дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад, хатмкардаи донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, бори аввал дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Рӯзе дарозтар аз қарн” аз рӯи асари Чингиз Айтматов нақши Ҷамиларо бозидааст.

Ҳамчунин дар синамо низ нақшҳо офаридааст.

Соли 1989 – Зодрӯзи Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик.

Таҳмина Ниёзова набераи Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони эстрада иштирок намуда, барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардид. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад.

Таронаҳои “Гуфтам малакӣ”, “Занги телефон”, “Hero”, “Бути Нозанин”, “Боди Сабо”, “Ман ошиқи рӯи ту” аз шумори сурудаҳои марғуби Таҳмина маҳсуб меёбанд.

Зимнан, Таҳмина Ниёзова соҳиби маълумоти олӣ дар ду самт – рӯзноманигорӣ ва иқтисодиёт аст.

Соли 2011 – Нӯъмон Неъматов, олим, доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14-уми феврал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо номи Рӯзи Валентин низ маъруф аст ва решаҳои таърихии он ба асрҳои миёна гиреҳ мехӯрад.

Рӯзи Ошиқон бо номи Валентин, як рӯҳонии насронӣ дар асри III дар Империяи Рум, иртибот дорад. Бино ба ривоятҳо, ӯ дар давраи ҳукмронии императори румӣ Клавдий II махфӣ издивоҷи сарбозонро бо дӯстдоштагонашон анҷом медод. Валентин барои ин амал боздошт ва қатл шуд. Ривоятҳо ҳастанд, ки пеш аз маргаш ба духтари зиндонбон номаи хайрбодӣ бо имзои “Аз Валентини ту” фиристода буд, ки яке аз омилҳои пайдоиши суннати табрикоти ошиқон маҳсуб мешавад.

Имрӯзҳо 14-уми феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи эътирофи муҳаббат ва эҳтиром ба наздикон ҷашн гирифта мешавад. Одамон ба ҳамдигар гул, кортҳои ошиқона, тӯҳфаҳо ва ширинӣ ҳадя мекунанд. Дар кишварҳои гуногун таҷлили ин рӯз бо анъанаҳои маҳаллӣ омехта шудааст.

Дар Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои дигар, ин ҷашн бо гуногунфикрӣ қабул мешавад: бархе онро таҷлил мекунанд, бархеи дигар ҳамчун ид бо решаҳои ғарбӣ қабул надоранд. Бо вуҷуди ин, он дар миёни ҷавонон маъмул боқӣ мемонад.

14-уми феврал инчунин ҳамчун Рӯзи байналмилалии тақдими китоб (International Book Giving Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз барои тарғиби фарҳанги хондан ва ҳадя кардани китоб махсусан ба кӯдакон ва афроди ниёзманд равона шудааст.

Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмур, як шахси оддии амрикоӣ, ки муассиси вебсайти китобҳои кӯдакона дар ИМА буд, таъсис ёфт. Сарчашмаи ин иқдом пурсиши писараш дар мавриди сабаби ташкил накардани як рӯзи махсуси тӯҳфаи китоб ба ҳамдигар буд.

Агар Рӯзи ошиқон муҳаббат ба инсонҳоро таҷассум кунад, пас Рӯзи тақдими китоб муҳаббат ба дониш ва китобхониро инъикос менамояд. Ҳар ду ҷашн ба як рӯзи тақвимӣ рост омада, маънои амиқи муҳаббат ба инсон ва маърифатро муттаҳид месозанд.

14 феврал Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи нуқсони модарзодии қалб таҷлил мешавад.

Он аз ҷониби ташкилоти хайрияии Канада "Children’s Heart Society" таъсис ёфт, ки ба хонаводаҳое, ки фарзандони онҳо нуқсони модарзодии қалб доранд, кӯмак мерасонад. Ин ташаббусро дигар ташкилотҳо аз кишварҳои мухталиф дастгирӣ карданд ва ҳамин тавр, ин рӯз ба як рӯзи байналмилалӣ табдил ёфт. Нуқсони модарзодии қалб нуқсон дар сохтор ва ё рагҳои бузурги қалб аст, ки аз замони таваллуд пайдо мешавад.

Имрӯз ҳамчунин компютерсозон рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд. 14 феврали соли 1946 аввалин компютери электронии ҳақиқӣ “ENIAC I” (Electrical Numerical Integrator And Calculator) намоиш дода шуд. “ENIAC I” то 2 октябри соли 1955 фаъол буд ва баъд шикаст.

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавиро таҷлил мекунанд. Гуфта мешавад, ки 14 феврал соли 842 Людовик II Немец ва Карл II Лисий шартномаеро ба забони романӣ (франсузии қадимӣ) бастанд. Аз он вақт ин рӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавӣ ҳисобида мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи пайдоиши “YouTube” таҷлил мешавад. Вебсайти “YouTube” 14 феврал соли 2005 аз ҷониби се корманди собиқи ширкати “PayPal”   – Чен, Херли ва Карим дар Калифорния (ИМА) таъсис ёфт.

Видеоҳои аввалин, ки 18 сонияро дарбар гирифта, аз садо ва тасвири Д.Карим дар боғи ҳайвоноти Сан-Диего сабтшуда иборат буд, рӯзи 23-юми апрели соли 2005 дар “YouTube” ҷой дода шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5 мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат:  рӯзона 4+6º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

0
222222

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифаи додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқишаи ӯ бо соҳиби тарабхонаи меҳмонхонаи “Парламент” сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки номбурда барои риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ  “аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”. Додситони пешини вилояти Хатлон ҳам барои ҳамин ҷурм аз вазифа сабукдӯш шудааст.

 

Муноқишаи додситони шаҳри Бӯстон

Номи Абдуқаҳҳор Азизов нимаи моҳи январ расонаӣ шуд. Он замон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ ва нашри наворе навишт, ки дар он муноқиша миёни Абдуқаҳҳор Азизов, додситони ҳамакнун пешини шаҳри Бӯстон ва Парвиз Ашӯров, молики меҳмонхонаи “Парламент” сабт шудааст. Ба қавли манобеи ин расона, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур дошта, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст ва дар ҷавоб Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.

Чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бо фармони додситони кул, Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шуд. Аммо то кунун, мақомоти Тоҷикистон ва ҳарду ҷониби қазия ҳодисаро шарҳ надода буданд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки рӯзи “20-уми декабри 2025 шабона соатҳои 23-24 дар яке аз тарабхонаи меҳмонхонаи “Парламент” дар шаҳри Хуҷанд муноқиша байни прокурор Азизов Абдуқаҳҳор ва соҳибони меҳмонхона Ашӯров Парвиз ба миён омадааст”.

“Баъди муноқиша вақте ки прокурор ба берун мебарояд, чанд муддат пас писари Ашӯров Парвиз оиди ин ҳодиса бохабар шуда, бо ҳамроҳи дӯстонаш ба назди меҳмонхонаи “Парламант” ҳозир мешаванд, ки чаро нисбати падари ӯ муноқиша шудааст. Дар ҳаминҷо вақте онҳо прокурорро берун аз тарабхонаи меҳмонхона дар кӯча мебинанд, бо ҳамроҳонаш прокурорро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Дар натиҷаи латукӯб Азизов Абдуқаҳҳор, прокурори шаҳри Бӯстон ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна мебардорад”,-гуфт Воҳидзода.

Додситон гуфт, ки дар пайи ин қазия ду нафар Назрулло Мустафозода ва Абдураҳмон Ахмедов бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2, банди “а”-и КҶ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ӯ гуфт, ки парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Воҳидзода илова кард, ки дар Додситонии кулли Тоҷикистон ва сохтори мақомоти додситонӣ чанд санади меъёрии дохилӣ амал мекунад, ки ҳамаи тартибу интизоми кормандони додситониро ба танзим медароранд ва дар ҳолати риоя накардани ин санадҳо кормандани додситонӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, то ҳадди аз вазифа ва аз мақомот озод кардан, кашида мешаванд.

 

“Нисбати Азизов Абдуқаҳҳор, прокурори шаҳри Бӯстон ба ҳамин сабаб, яъне риоя нашудани санадҳои меъёрии дохилии прократураи ҶТ аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”,-таъкид кард додситони кул.

Дар робита ба ин ҳодиса назари додситони пешин ва соҳиби меҳмонхонаи “Парламент” дастрасӣ расонаҳо нест. Қаблан, хабарнигори “Азия-Плюс” ба ҷойи ҳодиса ба тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, рафт, вале нигаҳбон гуфт, “роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.

 

Барканории мармузи додситони вилояти Хатлон

Аваз Назарзода пештар ва барои ҷомеа ба таври мармуз аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ 3-юми ноябри соли гузашта бо фармони раисҷумҳур “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шуд. Аммо кирдори пастзананда” мушаххас гуфта нашуд.

Ҳабибулло Воҳидзода дар шарҳи барканорӣ ва аз мақомоти додситонӣ ронда шудани Аваз Назарзода, гуфт, ки ӯ низ барои риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз вазифа озод карда шудааст.

“Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инфродӣ нест, ки ба як нафар татбиқ шавад ба нафари дигар нашавад. Ба тамоми кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дахл дорад. Дилхоҳ корманди прократура, ки онро риоя намекунад, аз рӯи ҳамин санадҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аз он ҷумла, прокрори вилояти Хатлон Назарзода Аваз”.

Аммо додситон возеҳ шарҳ надод, ки Аваз Назарзода ба кадом кирдореро содир кардааст, ки “шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

0

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро боз як сол – то 5 январи соли 2027 дароз карданд.

Иқдоми мазкур дар доираи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҶТ”, ки аз 5 июли соли 2021 амал мекунад, сурат мегирад. Аз он вақт муҳлати амали қонуни мазкур аллакай чор маротиба тамдид шуд.

“Қисмати вобаста ба маблағро боз як сол дароз кардем. Қонунигардонии дигар дороиҳо, масалан молу мулк 5 январ ба охир расид”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони ҳукми қонунӣ гирифтани қонун маблағи ҳудуди 11,7 млрд сомонӣ (беш аз 1,2 млрд доллар бо қурби расмии ҳозира) қонунӣ гардонида шуд.

Соли 2025 маблағи қариб 4 млрд сомонӣ қонунӣ гардонида шуд, ки 34,2% аз маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки ҳудуди 42%-и маблағҳои қонунигардонидашуда аз ҷониби субъектҳо ба сармоягузорӣ равона гардида, тақрибан 29%-аш ба суратҳисобҳои пасандоз гузошта шуданд ва қисми боқимондаи он барои мубодилаи асъор истифода шуд, яъне асъори хориҷӣ ба асъори миллӣ иваз карда шуд.

Пас аз ворид намудани тағйирот дар қонун ихтиёрӣ эълон намудани воситаҳои пулӣ пешбинӣ шудааст. Қонунигардонӣ дорандагони чун ин дороиҳоро ба таври худкор аз ҷавобгарии маъмиурӣ ё ҷиноятӣ озод карда, инчунин андоз, фоиз ва ҷаримаҳо нисбати онҳоро аз эътибор соқит мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон маблағҳои худро, ки дар гардиши “паси соя”-и иқтисодӣ дар дохил ё хориҷи кишвар қарор доранд, метавонанд бо асъори миллӣ ё хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ қонунӣ гардонанд.

Дар маблағи қонунигардонӣ танҳо он маблағҳое зикр мешаванд, ки дар эъломияҳои расмӣ зикр нашудаанд ё аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудаанд.

Маълумот дар бораи дороиҳое, ки қонунӣ гардонида мешаванд ва моликони онҳо танҳо бо қарори суд метавонад ифшо шавад.  

Қабули қонунро мақомот ба ҷалби сармояи иловагӣ дар низоми молиявӣ ва бонкӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисод рабт медиҳанд.

Ғайр аз ин қонунигардонии дороӣ ва маблағҳо ба бунёди корхонаҳои нав, афзоиши сармояи оинномавии ширкатҳои амалкунанда, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромад аз андоз ва рушди бозори коғазҳои қиматнок мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

0

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5 млрд долларро ташкил медиҳад, ки ба 19,2% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти имрӯза, 13 феврал дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, 3 млрд доллар (87% аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ) ба қарзи хориҷӣ ва 500 млн доллар (13%) – ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки то 1 январи соли 2025 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд доллар ва таносубаш ба ММД 25,2%-ро ташкил дода буд. Аз ҷумла, 3,2 млрд доллар (89%) ба қарзи беруна ва 400 млн доллар (11%) – ба қарзи дохилӣ рост меомад.

Вазир зикр кард, ки соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати молия ба маблағи умумии 619 млн доллар 31 созишнома барои татбиқи 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба имзо расидааст.

Ӯ таъкид дошт, ки соли 2025 барои хидматрасонӣ ҷиҳати пардохти қарзи давлатӣ 504,6 млн доллар равона шудааст, ки 416,3 млн доллараш баҳри пардохти қарзи асосӣ ва 88,3 млн доллар –  пардохти фоизҳо масраф шудааст.

“Таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатии молиявӣ дар доираи нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст”, – иброз дошт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки саркашӣ аз иҷрои нақшаи пардохти қарзҳо дар назди созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои ҷудогона вуҷуд надорад.

Қарздиҳандаи асосии кишвар Бонки содирот ва воридоти Чин боқӣ мемонад, ки ҳаҷми қарз аз он ба гуфтаи вазир, давра ба давра қариб то 700 млн доллар коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин ҷумҳурӣ ба маблағҳои нисбатан назаррас аз Бонки ҷаҳонӣ (ҳудуди 380 млн доллар), Бонки осиёии рушд (зиёда аз 250 млн доллар), Бонки исломии рушд (беш аз 250 млн доллар), Хазинаи байнулмилалии асъор (195 млн доллар) ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (165 млн доллар) қарздор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод

0

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистонро, ки дар пайи он 2 марзбони тоҷик ва 5 шаҳрванди Чин кушта шуданд, кори дасти баъзе гурӯҳҳои ҷиноӣ номид, ки мехоҳанд “маносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”.

Ӯ имрӯз, 13-уми феврал, дар ҳузури хабарнигорон даргироҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ дода гуфт, “охири соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон чунин ҳолатҳо ба вуқӯъ пайваст”.

“Шаҳрванди Чин ба роҳсозӣ машғул аст, куштори ҳамон ба кӣ даркор. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд. Вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин? Ҳамаи инро мо дар доираи парванда ҷиноӣ тафтиш ва муайян хоҳем кард”, – ваъда дод ин мақомдори тоҷик.

Воҳидзода илова кард, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо бо иттиҳоми куштор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба таъкиди ӯ, “панҷ шаҳрванди давлати Чин бо истифода аз яроқи оташфишон ба ҳалокат расонида шуданд ва ин ҳамла бо истифодаи яроқ аз хоки Афғонистон рух додааст”.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, се нафар ҷароҳат бардошта, ду афсари қушунҳои сарҳадии КДАМ низ ба ҳалокат расидаанд.

“Ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст”, – таъкид кард ӯ.

Ба қавли Воҳидзода, шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон асосан ба роҳсозӣ машғул буда, қисме дар корхонаҳои коркарди сангу шағал кор мекунанд.

Бояд гуфт, ҳафтаи охир ин сеюмин вокуниши мақомдорони тоҷик дар робита ба даргириҳои ахир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аст.

Аз ҷумла, Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-ум феврал гуфт, ки яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҳукумати феълии ин кишвар итоат намекунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ сатҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфта буд, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи ду ҳамла аз Афғонистон дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябри соли гузашта ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Дар пайи ин Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш даъват карда буд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.

Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикистону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Вале ин дидорҳо аз сӯи Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

0

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷандро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки се зиндонӣ дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромад бо истифода аз предметҳои гуногун ба кормандони муассиса ҳамла кардаанд. Дар натиҷа се зиндонӣ безарар карда шуда, кормандони боздоштгоҳ ҷароҳат бардоштаанд. Аммо, додситон нагуфт, ки чанд корманди муассиса захмӣ шудааст.

Додситони кул имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки задухӯрд дар боздоштгоҳи шаҳри  Хуҷанд рӯзи 31-уми январ рӯзона рух додааст.

Талоши расонаҳо барои шарҳи ин ҳодиса дар мақомоти расмии кишвар то ин лаҳза бесамар буд. Вазири адлияи кишвар, ки зиндонҳои кишвар зери тобеияти ниҳоди зери роҳбарии ӯ аст, нахост ҳодисаро шарҳ диҳад.

Ҳабибулло Воҳидзода бори аввал ҳодисаро муфассал шарҳ дод. Ӯ гуфт, се маҳкумшудае, ки барои содир кардани ҷинояти террористӣ – экстремистӣ ба муддати аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум шудаанд, “дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ чандин бор низоми адои ҷазоро вайрон кардаанд, барои ҳамин бо қарори додгоҳ нисбати онҳо низоми маҳбасӣ муқаррар карда шуд”.

Додситон зикр кард, ки ҳамлаварон дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои интиқоли минбаъда муваққатан нигоҳ дошта мешуданд.

“Ҳангоми дар тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ доштан ва дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромадан ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, аз ҳар гуна предметҳо истифода бурда, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, ҳатто як маҳкумшудаи дигареро, ки дар онҷо  буд, ӯро латукӯб намуданд. Ба талаби кормандони муассиса барои қатъи ҳаракатҳои худ розӣ нашуда, муқобилият нишон дода, бо ҳар гуна предметҳо ба ҷони кормандони муассиса хатари ҷиддӣ эҷод карданд. Дар чунин ҳолатҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаҳои ислоҳиро ҳифз мекунанд, безарар гардонида шудааст”, – гуфт Воҳидзода.

Додситони кул гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрд ягон корманди маҳбас кушта нашудаанд, “лекин дар натиҷаи муқобилият нишон додани маҳкумшудагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”. Аммо ӯ нагуфт, ки чанд корманди зиндон ҷароҳат бардоштанд.

Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи 332 ва 365- и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.

“Чӣ гуна рух дод, барои чӣ рух дод, аз ҷониби кӣ шудааст, ҳамаи инро дар рафти тафтишот муайн хоҳем кард”,-таъкид кард додситони кул.

Бояд гуфт, дар бораи ҳодисаи тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд бори аввал хабаргузории Радиои озодӣ дар такя ба манобеи худ иттилоъ дода буд. Манобеи ин расона аз идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд  гуфтаанд, ки “аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд”.

Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи задухӯрд ё ошӯб дар маҳбасҳо, махсусан дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд нест. Шаби ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/3 дар микрорайони 16-уми шаҳри Хуҷанд маҳбусон ба ошӯб даст заданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯб 21 маҳбус ҳалок шуданд. Ду корманди зиндон кушта шуда, панҷ нафар посбон ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Инчунин 3-юми феврали соли гузашта дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса аз ҷумла сардори муассисаи мазкур захмӣ шуданд.

Пештар аз ин, шоми 19 майи соли 2019 дар ҳамин муассиса ошӯб бархоста буд, ки 30 маҳбус бо корду асбобҳои бурандаю халанда се корманди муассисаро гаравгон ва онҳоро куштанд. Ҳамчунин, бо мақсади тарсонидан панҷ маҳкумшударо низ ба қатл расониданд.

Кормандони сохторҳои қудратӣ саркардагони ошӯбро куштанд, ки байнашон писари генерали фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, ки чанд сол пеш ба ДОИШ* пайваста буд, – Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола низ буд.

Бар асари ин ҳодиса 29 маҳбус ҳалок шуд. Барои ташкили ошӯб Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси 28 маҳбуси муассиса дар Ваҳдатро дароз кард.

Солҳои пешин низ якчанд бор ҳодисаҳои кӯшиши фирор аз зиндонҳои Тоҷикистон рух дода буданд. Қариб ҳамаи онҳо барои ташкилкунандагону иҷрокунандагони онҳо ноком анҷом ёфтанд: онҳо ё кушта шуданд ва ё боздошту паси панҷара баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Парвандаи Абдуллозода рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад”. Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки чаро роҳбари пешини Фурудгоҳи Душанбе дар озодӣ аст

0

Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки 94,3 миллион сомониро ба буҷети давлат барқарор кардааст, вале 922,4 миллион сомонии дигари тасарруфкардаи ӯ то ҳол барқарор нашудааст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, роҳбари Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, ҳамзамон, далели дар озодӣ будани Абдуллозодаро гуфт.

Ба гуфтаи Султонзода, дар доираи ин тасарруфкорӣ ба миқдори махсусан калон нисбат ба 21 кас парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти 20 парванда пурра ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дирӯз раиси Додгоҳи олӣ дар шарҳи ин қазия гуфт, Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи 14 муттаҳамро баррасӣ кардааст, аммо парвандаи худи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ ворид нашудааст.

Роҳбари Агентии зиддифасод суханҳои раиси Додгоҳи олӣ дар бораи ирсол нашудани парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳро тасдиқ карда, гуфт, “тафтишоти парвандаи Абдуллозода ҷараён дорад ва он ба наздикӣ ба суд ирсол мешавад”.

Сулаймон Султонзода иттилоъ дод, аз маблағи тасарруфшудае, ки дар доираи парвандаи Исматулло Абдуллозода ва ҳамроҳонаш тасарруф шуда буданд, 322,8 миллион сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шудааст.

Танҳо роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба қавли Султонзода, 94 миллиону 300 ҳазор сомонии тасарруфкардаашро барқарор кардааст. Аммо 922 миллиону 400 ҳазор сомонии дигари тасарруфкардаи Абдуллозода то кунун барқарор нашуда мондааст.

 

Чаро Исматулло Абдуллозода дар озодӣ аст?

Сулаймон Султонзода дар озодӣ қарор доштани роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо тасдиқ карда, сабаби онро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки Исматулло Абдуллозода тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҷиноятӣ бо мақсади барқарор кардани маблағи тасарруфкардааш озод шудааст.

Агентии зиддифасод аз Абдуллозода забонхат гирифтааст, ки ҳақ надорад аз маҳалли истиқомат берун равад.

“Бо мақсади барқарор кардани маблағи зарар. Барои он ки аксарияти амволе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карданду ошкор кардему ба ҳабс гузоштем, аксарият дар номи худаш, дар номи хешу табораш ба расмият дароварда шудааст. Ҳангоми фурӯхтан фарзандонаш ҳамин имкониятро пайдо накарданд. Мо лозим шуморидем, чораи пешгириашро иваз кардем. Аз 94,3 миллион сомонӣ қисмати зиёдаш баъди иваз кардани чораи пешгирӣ барқарор шудааст”, – гуфт Сулаймон Султонзода.

Бояд гуфт, қаблан гуфта мешуд, ки дар доираи ин парванда дар маҷмуъ, нисбати 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудаааст.

Инчунин, қаблан ин Оҷонсӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 миллион сомонӣ ё муодили 100 миллион доллар гумонбар аст. Аммо имрӯз Султонзода ду маблағеро гуфт, ки ҷамъи он 1 миллиарду 16 миллиону 700 ҳазор сомонӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки нисбати гумонбарони ин парванда бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли гузашта Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби “ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ” аз вазифа озод шуданд.

Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

0

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон* дар Афғонистон дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 12-уми феврал иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҷонибҳо аз ҷумла, “тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятӣ, тавсеаи робитаҳои дипломативу рафтуомади ҳайатҳои ду тараф, тарзи баргузории нишасти Кумитаи муштараки иқтисодӣ ва барномаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар соли пеширӯро” баррасӣ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот расман изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Саъдӣ Шарифӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар марзи муштараки ду кишвар бо Толибон дорад. Ӯ илова кардааст, ки Душанбе “бар асоси воқеиятҳои мавҷуд ба дунболи густариши муносибатҳо бо Кобул аст”.

Бар асоси хабарномаи Толибон, сафири Тоҷикистон “дар мавриди охирин пешрафтҳо дар хусуси тавофуқоти қаблӣ миёни Душанбе ва Кобул” ба вазири хориҷаи Толибон маълумот додааст. Вале маълум нест, ки манзур аз “тавофуқоти қаблӣ” чӣ созишҳое аст.

Дар хабари Толибон омадааст, ки Амирхон Муттақӣ ба “тааҳҳуди қавӣ” барои густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки “ҳеҷ кас наметавонад ба робитаҳои дӯстона ва фазои эътимод миёни ду кишвари ҳамсоя осеб расонад”.

“Афғонистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя, бародар ва мусалмон бо таваҷҷуҳ ба муштаракоту пайвандҳои амиқи фарҳангиву забонӣ метавонанд аз фурсатҳои бавуҷудомада ба ҳадафи густариши муносибат дар ҳама сатҳҳо, бахусус, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифодаи беҳтар кунанд”, – гуфтааст Амирхон Муттақӣ.

Бояд гуфт ин дуюмин мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ бо мансабдорони воломақоми Толибон аст, ки дар чанд вақти охир аз сӯйи расонаҳои Афғонистон расонаӣ мешавад. Пештар аз ин, моҳи сентябри соли 2025 расонаҳи кишвари ҳамсоя навишта буданд, ки сафири Тоҷикистон дар Кобул ба вилояти Кунари Афғонистон рафта, бо Қудратуллоҳ Абӯҳамза, роҳбари Толибон* дар ин вилоят мулоқот кардааст.

Аммо ҳеҷ як аз ин дидору суҳбатҳо аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.

 

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар, ки боз ҳам ба навиштаи расонаҳои Афғонистон охири соли гузашта бо Амирхон Муттақӣ суҳбати телефонӣ дошт, зимни нишасти матбуотии ахир равобити ду кишварро шарҳ дода, гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст.

“Мо бар ин назарем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳақ дорад сиёсати худро мутобиқи манфиатҳои миллии худ пеш барад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, низ бо ин кишвари ҳамсоя бо такя ба манфиатҳои миллии худ ҳамкориро ба роҳ мондаанд”, – изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, “мавқеи мо нисбат ба Афғонистон устувор аст. Мо мехоҳем Афғонистонро кишвари амну босубот, сулҳомез ва шукуфон бубинем”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, аз нармиши равобит миёни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.