Пас аз 4 соли сукут. Сафири Тоҷикистон бори аввал ва ошкоро бо намояндаи Толибон вохӯрдааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул ба вилояти Кунари Афғонистон рафта, бо Қудратуллоҳ Абӯҳамза, роҳбари Толибон* дар ин вилоят мулоқот кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Бохтар”, ки дафтари матбуоти Толибон шуморида мешавад, иттилоъ додааст. Ин мулоқот дар ҳолест, ки то кунун мансабдорон ё дипломатҳои Тоҷикистон аз дидори оммавӣ бо намояндагони Толибон худдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул ба вилояти Кунари Афғонистон рафта, бо Қудратуллоҳ Абӯҳамза, роҳбари Толибон* дар ин вилоят мулоқот кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Бохтар”, ки дафтари матбуоти Толибон шуморида мешавад, иттилоъ додааст. Ин мулоқот дар ҳолест, ки то кунун мансабдорон ё дипломатҳои Тоҷикистон аз дидори оммавӣ бо намояндагони Толибон худдорӣ мекарданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи сафари сафири Тоҷикистон аз Кобул ба Кунар расонидани кумак ба осебдидагон аз зилзила будааст.

Дар баёнияи матбуотии дафтари матбуоти Толибон дар Кунар, ки рӯзи душанбеи 14-уми сентябр нашр шуд, омадааст, ки дар ин дидор сафири Тоҷикистон паёми ҳамдардии ҳукумати кишварашро ба осебдидагони заминларзаи маргбори ахир дар шарқи Афғонистон ироа кардааст.

“Тоҷикистон ба Кунар се ҳазор тонна маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурӣ ирсол кардааст ва кумакҳои бештар дар роҳ аст”, – гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Кобул.

Қудратуллоҳ Абӯҳамза, волӣ ё худ роҳбари Толибон дар вилояти Кунар барои кумакҳои башардӯстона ба Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон барои осебдидагони заминларза дар шарқи Афғонистон рӯзи якшанбе ба Нангарҳор расид. 3000 тонна маводи ғизоӣ ва ғайриозуқа бо 9 мошини боркаш дар шаҳри Ҷалолобод тақсим шуд. Ҳоло беш аз 100 мошини дигари имдод аз Тоҷикистон вориди Афғонистон мешаванд.

Бар асари заминларза дар шарқи Афғонистон беш аз 2200 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар маҷрӯҳ ва овора шуданд. Аксари қурбониён занон ва кӯдакон будаанд, ки ба далели маҳдудиятҳои шадиди Толибон пас аз заминларза дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштиро надоштаанд.

 

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон кист?

Номи сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, баъди дастикам 4 соли хомӯшӣ, пас аз расидани ёрии башардӯстона расонаӣ шуд. Саъдӣ Шарифӣ (хабаргузории Бохтар ӯро Ҷаъфар Саидӣ муаррифӣ кардааст) моҳи сентябри соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Афғонистон таъйин шудааст.

Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 аксари сафоратхона ва консулгариҳои давлатҳои ҷаҳон дар ин кишвар фаъолияташонро қатъ карданд.

Ҳамон вақт аз Вазорати корҳои хорҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сафорати  Тоҷикистон дар Афғонистон дар шакли маҳдуд фаъолияташро идома медиҳад.

Ба истиснои шабу рӯзи суқути ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар 4 соли охир, ки ин кишвар зери султаи Толибон қарор дорад, аз фаъолияти сафири Тоҷикистон дар Кобул хабар нашр нашудааст.

Саъдӣ Шарифӣ пас аз 4 сол, дирӯз дар вилояти Кунар зимни тақсими кумакҳо ба хабаргузории “Afghanistan International” мусоҳиба додаааст.

“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он буд, ки Афғонистон кишвари шукуфо, амн, орӣ аз маводи мухаддир, орӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ, як кишвари озод бошад”, – гуфтааст Шарифӣ.

Пас аз чанд рӯзи суқути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аввали моҳи сентябри соли 2021 Саъдӣ Шарифӣ мавқеи расмии Тоҷикистон бо Толибонро бо истинод ба суханони раисҷумҳури кишвар, баён карда, гуфта буд, ки Тоҷикистон тарафдори рӯйи кор омадани ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсоя аст.

“Ҳукумате, ки дар он ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи дигар ақвом, бахусус тоҷикон, ки беш аз 46 дарсади аҳолии кишвари иқоматро ташкил медиҳанд, эҳтиром ва риоят шавад”, – изҳор дошта буд Шарифӣ.

 

Тоҷикистон ёрӣ мефиристад, вале ба расмият намешиносад

Бояд гуфт, ки то ҳол Тоҷикистон ҳукумати таъсисдодаи Толибон дар Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва хоҳони ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар аст. Мансабдорони тоҷик то ҳол бо мансабдорони баландпояи Толибон расман мулоқот накардаанд, агарчи аз дидори пушти дарҳои баста хабарҳо интишор мешаванд.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол дар зери роҳбарии сафири ҳукумати пешини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, вале ба иттилои худи Толибон, Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Толибон фаъолият дорад.

Дар ҳамин ҳол, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта низ кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.