Сафир дар Кобул мавқеи Тоҷикистонро нисбати “Толибон” шарҳ дод

Дар Кобул рӯзи 7 сентябр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) бону Метте Нудсен баргузор гардид. Тавре дар сомонаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон хабар дода мешавад, Метте Нудсен бо табрики 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, баррасии вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ояндаи UNAMA бо ҳамсоякишварҳои Афғонистонро зарурӣ […]

Asia-Plus

Дар Кобул рӯзи 7 сентябр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) бону Метте Нудсен баргузор гардид.

Тавре дар сомонаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон хабар дода мешавад, Метте Нудсен бо табрики 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, баррасии вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ояндаи UNAMA бо ҳамсоякишварҳои Афғонистонро зарурӣ донист.

“Аз назари UNAMA, нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки то ин дам муҳим буд, аз ин пас муҳимтар хоҳад шуд, бахусус, нақши Тоҷикистон”, – иброз доштааст ӯ зимни мулоқот.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон мавқеи расмии Тоҷикистонро бо истинод ба суханони президенти кишвар дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон тарафдори рӯи кор омадани ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсоя аст.

“Ҳукумате, ки дар он ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи дигар ақвом, бахусус тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии кишвари иқоматро ташкил медиҳанд, эҳтиром ва риоят шавад”, – изҳор доштааст Саъдӣ Шарифӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио