Коҳиши савдои одамон дар Тоҷикистон. Радабандии “Савдои одамон-2025” нашр шуд

Дар гузориши ахири “Савдои одамон – 2025”, ки ҳукумати Амрико дар саҳифаи расмиаш нашр кард, Тоҷикистон дар самти коҳишёбии фурӯши одамон як зина боло рафтааст. Ба иттилои манбаъ, соли 2024 дар Тоҷикистон 57 парвандаи марбут ба савдои одамон боз шудааст, ки ин нисбат ба соли пеш (2023) 3 ҳолат камтар гуфта мешавад. Аз рӯйи гузориши […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар гузориши ахири “Савдои одамон – 2025”, ки ҳукумати Амрико дар саҳифаи расмиаш нашр кард, Тоҷикистон дар самти коҳишёбии фурӯши одамон як зина боло рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2024 дар Тоҷикистон 57 парвандаи марбут ба савдои одамон боз шудааст, ки ин нисбат ба соли пеш (2023) 3 ҳолат камтар гуфта мешавад. Аз рӯйи гузориши нашргардида, соли 2023 миқдори парвандаҳои марбут ба савдои одамон дар Тоҷикистон 60-то буд.

Бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ки нишондодҳои Тоҷикистон ба меъёри ҳаддиақал ҷавобгӯ нест, “аммо ин кишвар барои коҳишёбии фурӯши одамон кӯшиши зиёд карда истодааст”.

Ҳамчунин дар гузориши мазкур омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024 272 ҷабрдидаи савдои одамонро муайян кардааст, ки 238 нафар ҷабрдидаи меҳнати маҷбурӣ ва 34 нафар ҷабрдидаи истисмори ҷинсӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, нишондоди ошкорсозии ҷабрдидагони савдои одам дар соли 2023 дар Тоҷикистон 47 нафарро ташкил медодааст.

Манбаъ навиштааст, давоми шаш моҳи соли равон вобаста ба савдои одамон 39 парвандаи ҷиноятӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст, ки панҷ ҳолати онро хариду фуруши кӯдакон ташкил медодаанд.

 

Ин чӣ гуна радабандӣ аст ва кадом зинаҳоро дорад?

Гузориши “Савдои одамон” ҳамасола аз ҷониби ҳукумати Амрико бо фарогирии беш аз 180 кишвар нашр мешавад. Ба иттилои манбаъ, арзёбии сатҳи савдои одамон чор зинаро дарбар мегирад:

Tier 1 – кишварҳое, ба меъёри ҳаддиақали қонунгузории Амрико ҷавобгӯянд;

Tier 2-  кишварҳое, ки ба меъёри ҳаддиақал ҷавобгӯ нестанд, вале барои коҳишёбӣ кӯшиш доранд;

Tier 2 Watch list – кишварҳое, ки ба меъёри ҳаддиақал на он қадар ҷавобгӯянд, вале барои коҳишёбӣ кӯшиш доранд;

Tier 3 – кишварҳое, ки ба меъёри ҳаддиақал комилан ҷавобгӯ нестанд ва барои коҳиши он ягон чора ҳам намеандешанд.

 

Аз рӯи гузориши “Савдои одамон-2025”-и ҳукумати Амрико Тоҷикистон аз зинаи  “Tier 2 Watch list”, яъне зинаи сеюм, ба зинаи “Tier 2” гузаронида шуд.

Дар гузориш навишта шудааст, ки гарчанде ҳукумати Тоҷикистон “барои беҳтар кардани низоми ҷамъоварии маълумот талош дорад, вале мақомот баъзан ҷиноятҳои марбут ба меҳнати маҷбурӣ ва истисмори ҷинсиро бо парвандаҳое, ки танҳо ба қочоқи муҳоҷирон ё фарзандхонии ғайриқонунӣ дахл доранд, омехта мекунад”.

 

Даъвати иҷборӣ ба пахтачинӣ, хизмати ҳарбӣ ва гурезаҳо

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, новобаста аз он ки ҳукумати Тоҷикистон чандин сол инҷониб сафарбаркунии хонандагони мактаб ва донишҷӯёнро ба ҷамъоварии пахта манъ кардааст, аммо  ин ҳолат то ҳол зери номи “Ҳашар” идома дорад. Инчунин манбаъ навиштааст, “ҳукумат баъзе амалҳои маҷбуркунандаро барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ истифода мебарад”. Аммо мушаххас ном набурдааст, ки кадом усулҳои маҷбуркунӣ истифода мешаванд.

Дар гузориш аз ҷумла ба қурбонии меҳнати маҷбурӣ шудани гуреза ва паноҳҷӯён дар Тоҷикистон ишора шудааст.

“Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш дар Тоҷикистон  қурбонии меҳнати маҷбурӣ дар сохтмон мешаванд”, – навиштааст манбаъ.

Ҳукумати Амрико бо ишора ба манбаъҳои худ навиштааст, дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор гуреза, шахсони бешаҳрванд ва паноҳҷӯён зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳоро афғонистониҳо ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон амалҳои ғайриқонуние дар назар дошта шудааст, ки дар чанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ мешавад:

– одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в", қисми 3, моддаи 130);

– хариду фурӯши одамон (моддаи 130(1);

– ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ (банди "б", қисми 3, моддаи 131);

– хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167);

– истифодаи ноболиғ бо мақсади тайёр кардани мавод ё ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241(2);

– Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаи 335);

– Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаит 335(1);

– Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ (моддаи 335(2);

– Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр (қисми 3, моддаи 339);

– Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (қисми 3, моддаи 340).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.