Миллипӯшони футзали тоҷик, ки дар гурӯҳи “С”-и Ҷоми Осиё бо Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия қарор доштанд, дар се бозӣ танҳо ду имтиёз ба даст оварда, ҷои сеюмро гирифтанд ва аз гурӯҳ баромада натавонистанд.
Футзалбозони тоҷик аз се бозии марҳилаи гурӯҳӣ ду рақобатро бо мусовӣ ва як набарди дигарро бо бохт ба поён расонданд. Аз Ҷопон бо натиҷаи 3:0 шикат хӯрда, бо тими миллии Ӯзбекистон бо натиҷаи 0:0 мусовӣ карда буданд.
Аз гурӯҳи “С” тимҳои Ҷопон (бо 9 имтиёз) ва Ӯзбекистон (бо 4 имтиёз) ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ ёфтанд.
Ҳавои моҳи феврал дар Тоҷикистон аз маъмулӣ дида гармтар мешавад. Дар аксари минтақаҳо ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешбинӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, боришот дар ҳудуди меъёр ва каме баландтар аз он дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо шамоли сахт мевазад ва туман мефарояд.
Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар водиҳо он 4-8 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо – 0-3 дараҷа гарм мешавад.
Тайғирёбии ҳарорат дар давоми моҳ назаррас хоҳад буд: дар водиҳо шабона аз 4-9 дараҷа гарм то 2-3 дараҷа сард ва рӯзона аз 4-9 то 10-15 даарҷа гарм. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат 1-6 дараҷа сард ва рӯзона – то 0-5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 5-10 дараҷа сард, рӯзона – аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷ гарм поин меравад.
Боришот дар ҳудуди меъёр ва баландтар аз он пешбинӣ мешавад: 28-33 миилметр дар водиҳо ва 110-130 миллиметр дар доманакӯҳҳо. Давоми моҳ пурзӯр шудани вазиши шамол аз сатми ғарб то 17-22 метр дар як сония ва фаромадани туман дар назар аст.
Давоми моҳ ҳарорат тағйир меёбад: дар водиҳо шабона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа гарм, рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва то 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳо аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат то 3-8 дараҷа поин рафта, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона – то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона – то 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Боришот дар ҳудуди меъёр ва балндтар аз он пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо 13-38 миллиметр, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 18-22 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани туман дар назар аст.
Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ
Ҳарорати миёнаи моҳона ба меъёр наздик ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз он пешбинӣ мешавад. Ба ҳисоби миёна – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷудогона – то 6-8 дараҷа хунук.
Шабона ҳарорат аз 5-10 дараҷа хунук то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 5 дараҷа хунук то 3-8 дараҷа гарм тағйир меёбад. Рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат шабона то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона то 3-8 дараҷа хунук аз эҳтимол дур нест.
Боришот дар ҳудуд ё баландтар аз меъёр пешбинӣ мешавад: дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 37-130 миллиметр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор – то 141 миллиметр, дар ғарби ВМКБ – 8-59 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як соният ва фаромадани туман дар назар аст.
Ноҳияҳои шарқи ВМКБ
Моҳи феврал аз маъмулӣ сардтар мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона 14-15 дараҷа хунук ва дар Булункӯл – то 22 дараҷа хунукро ташкил хоҳад дод.
Шабона ҳарорат то 22-27 дараҷа хунук, дар рӯзҳои ҷудогона – то 31-36 дараҷа хунук поин меравад. Рӯзона аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук, баъзан то 10-15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Боришот нисбатан камтар – 4-16 миллиметр ва баъзан аз меъёр зиёдтар мешавад. Суръати вазиши шамол метавонад то 12-17 метр дар як сония пурзӯр шавад.
"Агар 65% заминҳо бо пахта кишт карда шаванд, пас масоҳати кишти пахта бояд тақрибан 400 ҳазор гектарро ташкил диҳад. Аммо дар мо ҳар сол ин нишондиҳанда 174–185 ҳазор гектарро ташкил медиҳад", — зикр кард ӯ.
Ҳакимзода гуфт, ки деҳқонон аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти маҳаллӣ бояд ҳимоя шаванд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, киштзори дигаронро хароб кунад.
Вазир ҳамчунин, таъкид кард, ки солҳои охир нархи пахта ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва арзиши пахта деҳқононро сахт нигарон мекунад.
Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки дар шароити поинравии нархҳо, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ зарур аст, то ки аз пайомадҳои манфӣ барои тамоми соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ шавад.
"Солҳое буданд, ки нархи пахта то 350–400 доллар барои як тонна поин рафта буд. Ҳоло он баландтар аст, аммо барои истеҳсолкунанда боз ҳам паст боқӣ мемонад. Айни замон арзиши сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар мавод боло меравад", — гуфт вазир.
Ӯ шарҳ дод, ки деҳқонон бо хароҷоти баланди истеҳсолот рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин кори онҳоро нисбатан камдаромад мегардонад.
Вазири кишоварзӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии хароҷоти баланди истеҳсоли пахта ин дасти чидани он аст. Дар Тоҷикистон то ҳол усулҳои кӯҳнашудаи ҷамъоварии ҳосил ба таври васеъ истифода мешаванд, ки дар он деҳқонон маҷбур мешаванд барои қувваи корӣ маблағҳои зиёд сарф кунанд.
"Барои ҷамъоварии 1 кг пахта ба пахтачинҳо то 2 сомонӣ пардохт мешавад, аммо бо истифода аз механиконӣ ин хароҷотро метавон то 0,5 сомонӣ барои як кг поин бурд. Ин масъала дар барномаи механиконии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки ба коҳиши назарраси хароҷот ва беҳбуди раванди иқтисод имкон медиҳад", – зикр кард ӯ.
Кумакпулӣ барои кишоварзон
Вазир дар робита ба таҷрибаи мусбати Ӯзбекистон, ки дар он кишоварзон барои парвариши пахта кумакпулӣ мегиранд, ишора кард.
“Онҳо барои парвариш ва фурӯши ҳар як тонна пахта 100 доллар кумакпулӣ медиҳанд. Мо ҳозир ин таҷрибаро мавриди омӯзиш қарор додаем ва мехоҳем, ки дар Тоҷикистн низ ҷорӣ созем", – иброз дошт Ҳакимзода.
Ба таъкиди вазир, дар шароити нархи пасти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд ба яке аз вазифаҳои афзалиятнок табдил ёбад.
“Ҳозир вазифаи асосӣ баланд бардоштани ҳосилнокӣ бо ёрии истифодаи технологияҳои инноватсионӣ аст. Агар ҳосилнокӣ аз 1 гектар аз 30 сентнер зиёд бошад, истеҳсолкунандар фоида мегирад. Лекин агар ҳосилнокӣ 16-22 сентнер аз як гектарро ташкил диҳад, пас кишоварзон ба зиён дучор мешаванд”, – шарҳ дод ӯ.
Ӯ зикр кард, ки дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ба мисли Дӯстӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷайҳун кишоварзоне, ки аз обёрии қатрагӣ ва кишти зери плёнка истифода мебаранд, ба гирифтани то 60-70 сенитнер ҳосил аз як гектар ноил гардиданд, ки аз нишондиҳандаҳои миёна дар кишвар хеле баландтар аст.
Соли 2025 дар Тоҷикистон 393 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 140 ҳазор тонна зиёдтар аз соли 2024 аст. Ҳосилнокии миёна 25,3 сентнер аз 1 гектарро ташкил дод, ки сарфи назар аз ҳамон масоҳати пешинаи кишт, нисбат ба соли 2024 хеле зиёдтар мебошад.
Дар мудофиаи шаҳр зиёда аз як миллион афсари шӯравӣ ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд. Муҳорибаи назди Сталинград бузургтарин муҳорибаи хушкигард дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва яке аз нуқтаҳои бозпас гаштани амалиёти ҷангӣ буд, ки баъд аз он қушунҳои немис ниҳоят ташаббуси стратегиро аз даст доданд.
– Имрӯз дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё оид ба футзал тими мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби футзали Австралия вориди рақобат мешавад. Бози соати 13:00 бо вақти Тоҷикистон оғоз мешавад.
Баъди ду давр дар гуруҳи С Ҷопон бо 6 имтиёз зинаи аввалро касб кардааст. Узбекистон бо 4 имтиёз дар ҷои дуюм ва Тоҷикистон бо як мусовӣ ва як шикаст дар ҷои сеюм қарор дорад.
Муҳаммадзамони Солеҳ яке аз нависандаҳои забардасти тоҷик дар замони истиқлол ва пеш аз он аст. Ӯ соли 1951 зода шуда, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.