Home Blog Page 76

Пешниҳоди муфтӣ: Идораи вақф таъсис шавад

0

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки дар кишвар Идораи вақф таъсис дода шавад, то корҳои хайриявии сокинонро ба танзим дароварад.

Муфтӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҳини суҳбаташ дар мавриди корҳои хайриявӣ гуфт, беҳтар аст дар кишвар Идораи вақф таъсис шавад, зеро дар аксар кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ чунин ниҳоде фаъолият мекунад.

“Пеш аз инқилоби сурх (манзур Инқилоби октябр, соли 1917, – АП) ҳам дар мо идораи вақф вуҷуд дошт. Беҳтар мебуд, имрӯзам ҳам чунин чиз бошад”, – афзуд Абдулқодирзода.

Вай таъкид кард, ки ҳар як мусалмон бояд бидонад, ки кадом кори хайраш чӣ миқдор савоб дорад ва ин савоб давомдор аст ё на. Ҳамин тавр, таъкид кард, ки “мутаассифона, аз гӯшу фаҳми мардуми мо садақаи ҷория дур мондааст”.

Ба гуфтаи муфтӣ, савоби садақаи ҷория то замоне ки ҳамон садақа мавриди истифода аст, ба хайркунандаи он мерасад. Барои мисол гуфт, ки нафаре агар мактаб ё ятимхонае созад, то вақте дар он хонандагону ятимон таҳсил ё зиндагӣ мекунанд, ба созандаи он савоб мерасад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода тавзеҳ дод, ки ҳамин гуна садақаҳои ҷория вақф маҳсуб мешаванд: “Касе як мактабе месозад – вақф ба хотири Худованди азза ва ҷал, ё масҷиде месозад – вақф ба хотири Худованди азза ва ҷал, ё пиронсолхонае ё ятимхонае – вақф аст. Яъне, ба як шахс марбут нест, ҳамеша он макони ҷамъиятӣ мебошад. Ва савобаш садақаи ҷория мебошад”.

 

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, беҳтар аст, ки “дар мувофиқа бо ниҳодҳои вобаста, мутасаддӣ, ваколатдор ҳамин Идораи вақф ташкил шавад, то хайрияҳои ҷорияи мардум бештар гардад”.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки ин ниҳод бояд дар назди Шӯрои уламо ё Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таъсис шавад ё ниҳоди нави комилан алоҳида бошад.

Вақф амвол ё молу мулкест, ки шахс онро ба мақсади хайр ба ҷамъият мебахшад. Идораи вақф – ин ниҳоде метавонад бошад, ки амволи вақфро идора, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти онро назорат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳадди аққал ду ниҳоди пайванд ба Ислом фаъолият дорад: яке Шӯрои уламо ва дигарӣ Маркази исломшиносӣ. Агар Шӯрои уламо бештар ба масоили шаръӣ, додани фатвоҳо ва роҳнамоии ибодатгузорон машғул бошад, Маркази исломшиносӣ ҳамчун як ниҳоди таҳлилии назди раисҷумҳур бештар ба омӯзиши илмии равандҳои динӣ ва таъмини амнияти идеологӣ тамаркуз мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон нақша дорад, ки дар 5 соли оянда $15,7 млрд сармоя ҷалб кунад

0

Ҳукумати Тоҷикистон "Барномаи сармоягузории давлатиро барои солҳои 2026-2030" тасдиқ кард, ки тибқи он амалисозии 864 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 15,7 млрд доллар пешбинӣ шудааст. Ҳадафи аслии ҳуҷҷат ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ баҳри рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисод унвон шудааст.

Қисмати зиёди лоиҳаҳо ҳоло манбаи муайяни маблағгузорӣ надоранд, ки тибқи арзёбии муаллифони Барнома, барои иштироки мададрасонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони бахши хусусӣ имконоти васеъ фароҳам меорад. Дар умум, ҳоло барои сармоягузорон ба маблағи зиёда аз 11 млрд доллар лоиҳаҳо боз буда, бо маблағгузорӣ таъмин нестанд.

 

Афзалият ба энергетика ва нақлиёт

Пешбинӣ шудааст, ки қисмати зиёди маблағ ба соҳаи энергетика (38 лоиҳа ба маблағи 6,4 млрд доллар) равона мегардад.

Дар зинаи дуюм, соҳаи нақлиёт қарор дорад (22% ё худ 3,5 млрд доллар), дар идома бахши кишоварзӣ ва обёрӣ (13%), обтаъминкунӣ ва обу корез (8%), маорифу илм, тандурустӣ ва дигар бахшҳо ҷой гирифтаанд.

Дар назар аст, ки 801 лоиҳа (ба маблағи 10,1 млрд доллар) аз ҳисоби ҷалби грант ва кумакҳои техникӣ ва 63 лоиҳа (5,6 млрд доллар) – аз ҳисоби қарз ва маблағгузории омехта (қарз + грант) амалӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои маблағгузорӣ танҳо барои 125 лоиҳа ба маблағи 4,3 млрд доллар муайян шуда, дар мавриди 739 лоиҳаи боқимонда (11,4 млрд доллар) ҳоло сармоягузорон пайдо нашудаанд.

 

Энергетикаи сабз ва содироти барқ

Дар барнома имконоти нодири Тоҷикистон дар соҳаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия таъкид мешавад.

Зикр мегардад, ки имрӯз 98%-и нерӯи барқ дар кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи нерӯи барқ истеҳсол шуда, дар соли 2032 то ба 100% расонидани ин нишондиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

 

Дар назар аст, ки оянда Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи бузурги нерӯи барқ дар минтақа табдил меёбад.

Имконоти нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетикӣ)-и Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ шуда, дар ҳамин ҳол ҳамагӣ 5% аз ин имконот азхуд шудааст.  Имконоти истифодаи  нерӯи офтобӣ ва бодӣ низ баланд боқӣ мемонад.

 

Иқтисод рушд ва камбизоатӣ коҳиш меёбад

Дар санад, натиҷаҳои амалисозии барномаи пешина барои солҳои 2021-2025 зикр шудааст.

Дар ин давра, рушди миёнаи солонаи иқтисоди кишвар 8,5%-ро ташкил дода Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2024 ба 153,4 млрд сомонӣ расид. Тайи 5 соли ахир ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ 11,4 млрд долларро ташкил дода, сатҳи камбизоатӣ аз 26,3% то 20,3% поин рафтааст.

Муаллифони Барнома бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки Тоҷикистон ба сафи даҳгонаи кишварҳои дорои суръати баланди коҳиши камбизоатӣ тайи 15 соли ахир шомил шудааст.

 

Таваҷҷуҳ ба бахши хусусӣ

Дар санад зикр мегардад, ки мақомот ба тавсеъаи шарикии давлату бахши хусусӣ умедворанд. Аллакай ба маблағи зиёда аз 503 млн сомонӣ 15 созишномаи шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ ба имзо расида, зиёда аз 667 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар кишвар панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ амал карда, дар онҳо 107 ширкат ба қайд гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ба сармоягузорон зиёда аз 240 навъи кафолату имтиёзҳо бо шумули имтиёз аз пардохти андоз ва осону сабуктар шудани расмиёти гумрукӣ пешниҳод шудааст.

Татбиқи муваффақонаи лоиҳа, тибқи арзёбии муаллифони он, дар сурати маҳдуд будани имконот, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои калидиро таъмин ва ба рушди энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ ва соҳаи иҷтимоӣ суръат мебахшад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хадамоти алоқа мегӯяд, садҳо маротиба афзоиши нархи басомадҳо ба нарху сифати интернет таъсир намерасонад

0

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи садҳо баробар зиёд кардани ҳақи истифода аз басомадҳои радиоӣ барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон “танзим ва таъмини рақобати солим байни операторон” аст ва ин тасмим ба иддаои онҳо, “ба нарх ва сифати интернет дар кишвар таъсир намерсонад”.

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳадафи ин тасмим, танзими истифодаи радиобасомадҳо ҳамчун захираи маҳдуди давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

“Ҳангоми таҳияи тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ, нархи истифодаи захираҳои давлатӣ (радиобасомадҳо, аз идора) ҳатман ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба баланд шудани нархи радиобасомадҳо афзоиши нархи хидматрасониҳоро дар назар надорем. Ин танҳо барои танзим ва шароити мусоид фароҳам овардан барои рақобати солим роҳандозӣ гардидааст”, – гуфт сардори Хадамот.

Ба таъкиди номбурда, бархе ширкатҳо аз арзон будани нархи радиобасомадҳо истифода карда, онҳоро пурра харидорӣ мекарданд, вале дигар истифода намебурданд, ки ба рушди соҳа монеъ мешуд ва ҳамчунин, рушди дигар ширкатҳоро безмедошт. Ба гуфтаи ӯ, “вақте нархҳо ба танзим дароварда мешаванд, ширкатҳо метавонанд, ки рақобати солим дошта бошанд ва басомадҳоро банд накарда, барои рушди соҳа истифода кунанд”.

Исфандиёри Саъдулло шарҳ дод, ки нархи басомадҳо вобаста ба минтақа ва ҳаҷми муштариён фарқ мекунад.

“Масалан, аз рӯи ҳисоби мо, агар операторон басомадро самаранок истифода карда, интернети 4G- ро пурра дар ҳудуди кишвар таъмин кунанд, ин маблағ ночиз аст. Ин бениҳоят маблағи кам аст. Ин ба тарофаҳо умуман дахл надорад ва ширкатҳо ҳам маблағи хариди басомадро болои тарофаҳои худ зам намекунанд”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз моҳи сентябри соли гузашта, ҳақи истифодаи басомадҳои радио барои 2G ва 3G тақрибан 400 маротиба ва барои 4G ва 5G беш аз 560 маротиба афзоиш ёфт.

Аз ҷумла, барои шаҳри Душанбе арзиши як басомади радио чунин аст:

– 14 040 сомонӣ барои 2G–3G;

– аз 16380 то 19 890 сомонӣ барои 4G–5G дар як сол.

Қаблан маблағи пардохт барои як басомади радио 35 сомонӣ дар як солро ташкил медод ва ба стандарти алоқа вобаста набуд.

Ширкатҳои мобилӣ аз шарҳ расман худдорӣ мекунанд. Аммо намояндагони соҳа бо шарти ифшо нагардидани ному насабашон зикр мекунанд, ки ин ҷо сари даҳҳо миллион сомонӣ хароҷоти иловагӣ метавонад сухан равад.

“Агар пештар барои 100 басомади шартии радио ширкати мобилӣ тақрибан 3 500 сомонӣ дар як сол пардохт мекард, акнун мувофиқи қоидаҳои нав, зимни ҳисобу китоб дар шаҳри Душанбе ин маблағ барои 2G–3G метавонад то 1,4 млн сомонӣ ва барои 4G–5G – қариб то 2 млн сомонӣ зиёд шавад”, – мегӯяд намояндаи яке аз ширкатҳо.

Ба гуфтаи коршиносон, шумори басомадҳои истифодашаванда дар ширкатҳо метавонад 200, 300 ва зиёдтар аз он бошад, ки сарборӣ ба операторонро бамаротиб меафзояд.

Ба ҷуз алоқаи мобилӣ, меъёрҳои нав барои дигар навъҳои истифодаи басомадҳои радио низ афзоиш ёфт, ки бо онҳо метавонед дар ин маводи “Азия-Плюс” шинос шавед: Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сокинон, аз ҷумла се мансабдор барои нақзи қонуни танзим қариб 11 млн. сомонӣ ҷарима шудаанд

0
453313913_1645408652946847_255040557580887690_n

Аз қариб 11 млн сомонӣ ҷаримаи сокинон, аз ҷумла се мансабдор барои нақзи қонуни танзим, то ташхиси диншиносиву рад кардани беш аз 700 дархост, аз мавзӯҳое буд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим садо дод.

Ба иттилои варақаи матбуотии кумита, додгоҳҳои Тоҷикистон соли 2025-ум 1268 сокини кишварро барои риоя накардани қонуни танзим дар умум, 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомонӣ ҷарима кардаанд. Аз ин маблағ то ҳол 7 миллиону 28 ҳазору 808 сомонии он ситонида шудааст.

Ҳамаи онҳо дар асоси моддаи 481 (риоя накардани танзими ҷашну маросим) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта аз сӯи додгоҳҳо 1 ҳазору 297 парвандаи маъмурӣ (соли 2024 – 1435 парванда) баррасӣ шуда, 29 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.

Фарухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз миёни ҷаримашудаҳо, 3 мансабдор ҳам ҳастанд, ки барои нақзи қонуни танзим ҷарима шудаанд. Аммо ӯ дақиқ дар бораи мансаби онҳо ва миқдори ҷаримаашон маълумот надод.

Вале қисмҳои алоҳидаи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани меъёри Қонун, барои мансабдорон аз 780 то 117 ҳазор сомонӣ (аз 10 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешбинӣ мекунад.

 

Ба беш аз 700 дархост барои ташхиси диншиносӣ ҷавоби манфӣ додааст

Кумитаи дин, ки ҳамасола маводҳои диниро аз ташхиси диншиносӣ мегузаронад, мегӯяд, соли гузашта аз 1 ҳазору 116 дархости воришуда ба 708-тои он хулосаи манфӣ додааст.

Чунин маводи динӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифтаанд:

– 3866 номгӯй адабиёти динӣ;

– 4313 варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон;

– 1038 фита;

– 71 телефон;

– 12 флешкорт;

– 1 ноутбук.

“Аз ин теъдод ба 708 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 408 дархост хулосаи мусбат дода шуд”, – омадааст дар варақаи матбуотии Кумитаи дин.

Соли 2024 Кумитаи дин аз 550 дархост дар робита ба ташхиси диншиносӣ, ба 292-тои он посухи манфӣ ва ба 258-тои дигар хулосаи мусбат дода буд.

 

Чаро бояд маводҳо аз ташхиси диншиносӣ гузаранд?

Тибқи моддаи 22 қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми воридоти адабиёти динӣ онҳо бояд  аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаранд. Аммо мақомот мегӯянд, на ҳамаи фурӯшандагон ҳангоми ворид кардани чунин адабиёт ба ҳудуди Тоҷикистон онҳоро аз ташхис гузарондаанд.

Тартиби чӣ гуна гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ қарори ҳукумат дар бораи "Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ” мушаххас кардааст.

Солҳои пеш номгӯи рӯйхати адабиёти мамнӯъ дар  сомонаи Кумитаи дин буд, аммо ҳоло бо вуҷуди зиёд шудани номгӯи онҳо, ин рӯйхат дар сомона нест. Дар натиҷа, шаҳрвандон намедонанд, ки кадом адабиёт мамнӯъ аст. Ин ҳам метавонад як мушкили дигар барои одамон ҳангоми харидорӣ ва пайдо кардани адабиёти динӣ гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хонаводае, ки дар Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд

0
photo_2026-02-01_10-42-10

Панҷ узви як оила, ки дар ноҳияи Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Ҷӯразода, раиси ин ноҳия рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итилоъ дод ва илова кард, ки “ҳоло ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд”.

Ӯ гуфт, ки охирин заҳролудшуда рӯзи 27-уми январ аз Бемористони марказии ноҳия рухсат шуд. Ҷӯразода илова кард, ки рӯзи ҳодиса беморонро хабар гирифтааст ва табибон ба раиси ноҳия гуфтаанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад.

Қаблан, аз Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки дар деҳаи Хавотаги ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва”-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бо бемории ботулизм бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд.

Ғайр аз ин, аз хонаи ин оила 30 банка “консервахӯришро барои ташхис бурдаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд. Дар соли 2026 ин якумин ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Суғд будааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Мутаассифона ҳолатҳои марг ҳам ба қайд гирифта мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Вазири маориф норасоии кӯдакистонҳоро дар кишвар тасдиқ кард. Барои ҳалли он чӣ бояд кард?

0

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷой ва навбатпойиҳо дар боғчаву кӯдакистонҳои кишварро тасдиқ кард ва гуфт, барои барои ҳалли ин мушкилӣ "садҳо кӯдакистон сохтан зарур аст".

Ӯ зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ зикр кард, ки бо дастури президент дар панҷ соли оянда сохтмону ба истифода додани зиёда аз 800 муассисаи томактабӣ зарур аст, ки корҳо дар самт идома дорад.

"Ҳоло "Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2026-2030" қабул шудааст ва мо дар куҷо заруртар будани сохтмони онҳоро баррасӣ дорем”, – илова намуд вазир.

 

Волидайн моҳҳо интизор мешаванд

Дар ҳамин ҳол, бархе волидайн дар робита ба ин масъала ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки зимни қабул ба муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе баъзан моҳҳо дар навбат меистанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе ноҳияҳо нисбат ба муассисаҳои давлатӣ, кӯдакистонҳои хусусӣ бисёртаранд, вале на ҳама оилаҳо имкон доранд, ки дар як моҳ барои кӯдакистони хусусӣ маслан, 1000 сомонӣ ва зиёдтар аз он  пардохт кунанд.

“Дар кӯдакистонҳои хусусӣ пардохти моҳона аз 1000 сомонӣ зиёдтар буда, на ҳамаи оилаҳо ба ин имкон доранд. Оилаҳое ҳастанд, ки бо ин маблағ як моҳ зиндагӣ мекунанд. Аксари волидайн маҷбуранд, ки якчанд моҳ интизор бошанд, то ки фарзандашон ба кӯдакистон қабул шавад”, – мегӯяд Назокат, ки духтарчаашро танҳо баъди се моҳ аз замони пешниҳоди ариза, ба кӯдакистон қабул кардаанд.

 

"Вазорати маориф ба нархномаҳо дар кӯдакистонҳои хусусӣ ҷавобгӯ нест"

Аз Вазорати маориф шарҳ доданд, ки пардохти моҳона дар кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби ин ниҳод муқаррар ва мувофиқа намешавад. Он танҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, аз 1-уми январи соли 2026 пардохти моҳона барои хидматгузорӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ зиёд шуда, акнун волидон ба ҷойи 150 сомонии пешина 156 сомонӣ пардохт мекунанд.

Сабаби боло бурдани пардохти моҳона афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст, ки аз75 сомонии соли гузашта то 78 сомонӣ расид.

Дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар пардохти моҳона барои таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар сатҳи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 156 сомонӣ муқааррар шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва дурдаст маблағи пардохти мазкур ба ҷойи 112,5 сомонии пешина (барои муқоиса: дар соли 2024 – 108 сомонӣ) 117 сомониро ташкил медиҳад. Ин тағйирот ба кӯдакистонҳои хусусӣ дахл надорад

 

Фарогирӣ бо кӯдакистонҳо то 30,1% афзуд

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 795 муассисаи томактабӣ амал мекунанд, ки аз ин миқдор 167-то хусусӣ, 598-то давлатӣ ва 30-то дар назди вазорату идораҳо фаъолият доранд.

Ба иттилои манбаъ, тайи чор соли ахир сатҳи фарогирии насли наврас бо кӯдакистонҳо аз 15,6% то 30,1% афзудааст.

Мувофиқи "Стратегияи миллии рушди маорифи кишвар", то соли 2030  фарогирии насли наврас бо кӯдакистонҳо бояд то 50% расонида шавад.

Танҳо соли равон дар ҷумҳурӣ, 65 кӯдакистони давлатӣ ва 32 кӯдакистони хусусӣ ба истифода дода шудааст. Айни замон сохтмони 68 муассисаи томактабӣ ҷараён дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси шаҳри Гулистон ваъда дод, ки корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон” моҳи сентябр дубора ба кор оғоз мекунад

0

Калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ – “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин), ки беш аз 13 сол боз аз кор мондааст, қарор аст, моҳи сентябри соли равон дубора фаъол шавад. Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ дар минтақа сармоягузор ёфтаанд.

Ӯ рӯзи 30-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди беш аз 13 соли бекорхобии корхона, Чин омода шуд, ки барои дигарбора ба кор андохтани он сармоягузорӣ кунад.

“Сармоягузор музди маоши чандсола, маблағи қувваи барқ ва андозҳое, ки чанд сол боз насупорида буданд, ҳамаашро пардохт кард. Ҳоло каме қарздорӣ аз барқ мондааст, ки пардохташ идома дорад. Ҳоло дар корхона корҳои васлу пайвасткунӣ идома дорад. Барои ин, ҳудуди 100 корманд ҷалб шудаанд. Дар оянда дар марҳилаи аввал, то 500 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд”, – гуфт  Илҳом Пӯлодзода.

Қаблан корхонаи маъдани Адрасмон дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тӯли беш аз 13 соли охир аз фаъолият бозмонду дар ҳар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳр саволи умдаи хабарнигорон аст.

Илҳом Пӯлодзода дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта бори аввал аз дубора ба кор оғоз кардани ин корхона хабар дода, илова карда буд, ки як ширкати чинӣ ба корҳои васлкунӣ оғоз карда, таъмири хобгоҳи коргарон идома дорад.

Ӯ он вақт гуфта буд, ки маблағи сармоя зиёда аз 50 милион долларро ташкил медиҳад. Аммо аз ширкати чинӣ, ки ин корхонаро дубора барқарор мекунад, ном нагирифт.

 

“Адрасмон” чаро аз кор монд?

Корхонаи маъдани “Адрасмон” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис ёфта дар канори он шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Дар он замон “Адрасмон”-ро доштани бузургтарин кони нуқра шаҳраки “кӯҳканҳо” мегуфтанд. Фулузоти гаронбаҳо, аз ҷумла тиллову сурб (қурғошим) дар кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа ҷойгир буд.

Корхонаи “Адрасмон” дар давраи Шӯравӣ пурра фаъолият мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдидораш паст шуд. Соли 2006 ин корхонаро ширкати қазоқистонии "Кони Мансур" харид ва сармоягузорӣ кард. Аз соли 2006 то соли 2013 корхона бо 30-40% иқтидор кор мекард.

Аммо корхонаи “Адрасмон” дар соли 2013 худро муфлис эълон кард ва бо ҳамин дигар корхона пурра аз кор монд. Он вақт дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 750 коргари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб буданд. Ин корхона яке аз андозсупорандагони калон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол ба буҷети кишвар то 12 миллион сомонӣ андоз месупорид.

Аммо ба далели пастравии арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ моликони қазоқистонӣ аз идомаи кор даст кашиданд ва соли 2018 дар пайи баҳси додгоҳӣ корхонаи маъдани “Адрасмон” ба давлат гузаронида шуд.

Дар бораи фаъолият ва қатъи кори “Адрасмон” дар маводи зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тими миллии футзали Тоҷикистон аз идомаи Ҷоми Осиё маҳрум шуд

0

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии охирини худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бо Австралия мусовӣ карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Набарди дастаҳо дирӯз, 1-уми феврал дар Индонезия баргузор шуда, бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

Миллипӯшони футзали тоҷик, ки дар гурӯҳи “С”-и Ҷоми Осиё бо Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия  қарор доштанд, дар се бозӣ танҳо ду имтиёз ба даст оварда, ҷои сеюмро гирифтанд ва аз гурӯҳ баромада натавонистанд.

Футзалбозони тоҷик аз се бозии марҳилаи гурӯҳӣ ду рақобатро бо мусовӣ ва як набарди дигарро бо бохт ба поён расонданд. Аз Ҷопон бо натиҷаи 3:0 шикат хӯрда, бо тими миллии Ӯзбекистон бо натиҷаи 0:0 мусовӣ карда буданд.

Аз гурӯҳи “С” тимҳои Ҷопон (бо 9 имтиёз) ва Ӯзбекистон (бо 4 имтиёз) ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ ёфтанд.

Мусобиқоти Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи 27-уми январ оғоз шуд. Дар ин мусобиқа 16 дастаҳои қора, ки ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд, бозӣ мекунанд. Тибқи қоидаҳои мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқа то 7-уми феврал дар Индонезия идома меёбад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок дорад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрии иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагони заминҷунбии Рашту Тоҷикобод

0

Соли 2025 иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбону камбизоатҳо ва зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум беш аз 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ёриҳои хайриявӣ кардаанд. Дар ин бора дар варақаи матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, ки дастрасӣ мо шуд, хабар дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2025 аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи зиёда аз 11 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 4058 иттиҳодияи динӣ сабт шудааст. Аммо зикр намешавад, ки кадоме аз ин иттиҳодияҳо чӣ миқдор кумак кардааст.

Ба навиштаи Кумита, соли сипаришуда аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ кумак расонида шуд.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ин заминларза, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд.

Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд. Мақомот моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки ҳамаи хонаҳои зарардида сохта ба сокинон дода шуд.

Хайрияи иттиҳодияҳои динӣ миёни ҷомеа агар аз як сӯ истиқбол шавад, аз ҷониби дигар интиқод мешавад. Сокинон мегӯянд, ки чанд сол боз бо тарғиби имомхатибон фитри рӯзаи худро ба масҷидҳо месупоранд, то маҳз ин иттиҳодияҳои динӣ онҳоро ба ятимону ниёзмандон расонанд.

Ғайр аз ин, баъзе сокинон аз халтаҳои хайриявие, ки масъулини масоҷиди кишвар дар намозҳои ҷумъа саф ба саф мегардонанд ва аз намозгузорон пул ҷамъ меоранд, танқид мекунанд. Ба гуфтаи имомхатибон, пули ҷамъомада барои пардохти пули барқ ва оби масҷид сарф шуда, инчунин ба ниёзмандон расонида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи феврал. Аз маъмулӣ гармтар ва тағйирёбанда

0

Ҳавои моҳи феврал дар Тоҷикистон аз маъмулӣ дида гармтар мешавад. Дар аксари минтақаҳо ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешбинӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, боришот дар ҳудуди меъёр ва каме баландтар аз он дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо шамоли сахт мевазад ва туман мефарояд.

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар водиҳо он 4-8 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо – 0-3 дараҷа гарм мешавад.

Тайғирёбии ҳарорат дар давоми моҳ назаррас хоҳад буд: дар водиҳо шабона аз 4-9 дараҷа гарм то 2-3 дараҷа сард ва рӯзона аз 4-9 то 10-15 даарҷа гарм. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат 1-6 дараҷа сард ва рӯзона – то 0-5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 5-10 дараҷа сард, рӯзона – аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷ гарм поин меравад.

Боришот дар ҳудуди меъёр ва баландтар аз он пешбинӣ мешавад: 28-33 миилметр дар водиҳо ва 110-130 миллиметр дар доманакӯҳҳо. Давоми моҳ пурзӯр шудани вазиши шамол аз сатми ғарб то 17-22 метр дар як сония ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа баландтар мешавад. Ҳарорат дар водиҳои 2-4 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 3-5 дараҷа хунук мешавад.

Давоми моҳ ҳарорат тағйир меёбад: дар водиҳо шабона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа гарм, рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳо аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат то 3-8 дараҷа поин рафта, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона – то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона – то 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Боришот дар ҳудуди меъёр ва балндтар аз он пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо 13-38 миллиметр, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 18-22 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона ба меъёр наздик ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз он пешбинӣ мешавад. Ба ҳисоби миёна – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷудогона – то 6-8 дараҷа хунук.

Шабона ҳарорат аз 5-10 дараҷа хунук то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 5 дараҷа хунук то 3-8 дараҷа гарм тағйир меёбад. Рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат шабона то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона то 3-8 дараҷа хунук аз эҳтимол дур нест.

Боришот дар ҳудуд ё баландтар аз меъёр пешбинӣ мешавад: дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 37-130 миллиметр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор – то 141 миллиметр, дар ғарби ВМКБ – 8-59 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як соният ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Моҳи феврал аз маъмулӣ сардтар мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона 14-15 дараҷа хунук ва дар Булункӯл – то 22 дараҷа хунукро ташкил хоҳад дод.

Шабона ҳарорат то 22-27 дараҷа хунук, дар рӯзҳои ҷудогона – то 31-36 дараҷа хунук поин меравад. Рӯзона аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук, баъзан то 10-15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.

Боришот нисбатан камтар – 4-16 миллиметр ва баъзан аз меъёр зиёдтар мешавад. Суръати вазиши шамол метавонад то 12-17 метр дар як сония пурзӯр шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.