Home Blog Page 75

Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, зиёд шудани реҷаи барқ дар Рамазон “аз сатҳи оби “Норак” ва резиши об ба Вахш вобаста аст”

0
photo_2026-02-03_14-34-35

Зиёд кардани реҷаи таъмини барқ ​​ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва резиши об ба дарёи Вахш вобаста аст. Ин нуктаро Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бо вуҷуди ин, номбурда дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “дастрасии аҳолӣ бо нерӯи барқ дар моҳи Рамазон, ки 18-уми феврал оғоз мешавад, беҳтар хоҳад шуд”.

Вале нагуфт, ки маҳдудияти барқ барои аҳолӣ то чӣ андоза сабук мешавад ва ба онҳо то чанд соат барқи бештар дода мешавад. 

“Аммо соати муайяне, ки чӣ қадар зиёд карда мешавад, ин вобаста ба сатҳи обанбори “Норак” дар рӯзи 18-уми феврал ва инчунин резиши об ба маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад. Бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ин соатҳо ҳатман иҷро карда мешаванд”,-гуфт, раиси “Барқи тоҷик”.

Ба гуфтаи Асозода, то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи “Норак” каме бештар аз 885 метр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар мебошад. Ӯ афзуд, ки ҷараёни об ба дарёи Вахш низ айни замон тадриҷан аз миёна зиёдтар аст.

Ба иттилои мақомот, нуқтаи баланди пуршавии обанбор 910 метр ва нуқтаи пасттарини он 857 метрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, оби истифодашуда дар обанбор ба ҳолати 3-юми феврал, 28 метр мебошад.

Қаблан, Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва зихираҳои оби кишвар низ ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва имкон дорад, ки аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шаванд. Ӯ ҳам нагуфт, ки интиқоли барқ дар ин марҳила чӣ қадар зиёд хоҳад шуд ва ин аз резиши об дар дарёҳо вобаста аст.

Ба гуфтаи вазир, айни замон аҳолӣ 7 соат, субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 бо барқ таъмин ҳастанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон аз “лимит” шадиди барқ нигаронӣ карда гуфтанд, ки баъзе вақтҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин буданд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешуд. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ карданд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба  камобӣ рабт медоданд.

Қаблан масъулини Вазорати энерыии кишвар кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфт, электромобилҳо дар як сол чӣ қадар барқ “истеъмол” мекунанд

0
photo_2026-02-03_13-48-31

Соли гузашта мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо танҳо 2 дарсад барқи қабулкардаи Шабакаҳои тақсимоти барқро “истеъмол” кардаанд, ки ин ҳаҷм ба гуфтаи масъулин, “ба камбуди нерӯи барқ дар кишвар оварда намерасонад”.

Ҷомӣ Умарзода, намояндаи Шабакаҳои тақсимоти барқ (ШТБ) имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нишондод дар баробари истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва дигар истифодабарандагони барқ хеле кам аст.

“Аз 19,9 млрд квт-соат барқи қабулкардаи мо дар соли 2025 ҳамагӣ 2%-и он ба нуқтаҳои барқтаъминкунии мошинҳои барқӣ рост меояд. Ин ба гурӯҳи якум, яъне саноат ва тиҷорат дохил мешавад. Гурӯҳи якум, дар соли  гузашта ҳамагӣ 22,2%-и нерӯи барқро истифода кардаанд. Аҳолӣ 67,2%-и нерӯи барқе, ки мо аз ҶСК “Барқи тоҷик” қабул кардаем, истифода кардаанд”,-гуфт Умарзода.

Ба таъкиди номбурда, электромобилҳо танҳо дар соатҳое, ки дар хатҳои барқ сарборӣ нест, нерӯи барқ мегиранд.

“Саҳару бегоҳ ба аҳолӣ барқро медиҳем, ба ҳамин хотир мо гуфтем, ки нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо дар соатҳои авҷи серборӣ барқро истифода накунанд. Ин ба хотири серборӣ аст, на ба хотири онки мо онҳоро бо барқ таъмин карда натавонем”,-гуфт Ҷомӣ Умарзода.

Ин масъули ШТБ илова кард, ки нархи нерӯи барқ барои электромобилҳоро худи ширкатҳои нерӯдиҳии мошинҳо вобаста аз хидматрасонӣ муайян мекунанд.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, аз 1-уми феврали соли равон бори аввал барои пур кардани барқи электромобилҳо таърифаҳои махсус муайян шуд. Минбаъд барои пур кардани ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқи электромобилҳо, нуқтаҳои пуркунандаи барқ 94,65 дирам пардохт мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ низ аз моҳи ноябри соли гузашта дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Шабакаҳои тақсимоти барқ бо қабули қарори дахлдор ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад.

Дар ин санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.

Дар пайи ин ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе аз навбатпоии зиёд, набудани барқ дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ шикоят намуда, нигаронӣ карданд, ин раванд ба норасоии таксиҳо дар пойтахт оварда расонидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазор электромобил ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Вакили дифоъ доранд”. Вазири меҳнат гуфт, тафтиши қатли Қобилҷонро назорат доранд

0

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, намояндагии ин ниҳод дар Русия тафтишоти куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскавро назорат дорад ва аз ҷараёни он бохабар аст.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Куштори ин кӯдаки тоҷик вокуниши шадидро ба миён овард ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки ин ҳодиса мушикофона таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

Бо гузашти қариб якуним моҳ аз ин куштор, Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки оилаи Қобилҷон вакили дифоъ дорад ва ӯ “дар Русия корро бурда истодааст”.

“Намояндагии Вазорат дар Русия аз гузаронидани корҳои тафтишотӣ бохабар ва дар ҷараён ҳастанд. Ошкоршавии ҷиноят рафта истодааст. Мо дахолат карда наметавонем. Лекин мо дар ҷараён ҳастем ва назорат карда истодаем”, – изҳор дошт Холмаҳмадзода.

Ӯ қазияи қатли Қобилҷонро “ҳодисаи бисёр нохуш” хонда, гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ин ҳодиса намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, Сафорат ва Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар паҳлӯи модари Қобилҷон буданд ва “дар омадани онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон мусоидат карданд”.

 

Холмаҳмадзода гуфт, ки ин қазия “ягон нафарро бетараф гузошта наметавонад” ва таъкид дошт, ки сохторҳои зери тобеияти вазорат, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳринав – зодгоҳи Қобилҷон бо пайвандони марҳум дар иртибот ҳастанд.

Ба қавли ӯ, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ “барои муҳайё кардани ҳамаи шароитҳо, ҷудо кардани манзили истиқоматӣ, бо ҷойи кор таъмин кардани модари Қобилҷон ва таҳсили додари ӯ” ба онҳо супориш додаанд.

“Бо модари Қобилҷон дар тамос ҳастем. Рӯзҳои наздик рафта, аёдат кардем. Шахсан ман чанд маротиба бо модари Қобилҷон ҳамсӯҳбат шудам… Чанд пешниҳоде, ки вобаста ба ҷойи кор кардем, онҳо гуфтанд, каме вақт лозим аст… Ҳоло фарзанди хурдии ин модар дар мактаби президентӣ таҳсил карда истодааст”, – изҳор дошт вазири меҳнат.

Пайвандони Қобилҷон Алиев бо расонаҳо суҳбат намекунанд ва тасдиқи гуфтаҳои вазир тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.

Мақомоти Русия ҳам дар бораи тафтишоти ин куштор тафсилот нашр накардаанд. Танҳо як хабари кутоҳ додааст, ки муттаҳам боздошт шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки навраси муттаҳам ба куштор ҳамаи ҷиноятро мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кардааст. Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?”.

Пас аз куштор, ҳавлавар дар ҳамон мактаб аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ӯ ҳоло барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ҷасади навраси тоҷикро  18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд. Зери таъсири ин ғоя дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

0
626458185_1481975753591100_4065565180272304300_n

Роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масири заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар пайи фаромадани тарма инак беш аз 5 соат боз баста аст. Дар ин бора Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад.

Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, “дар километрҳои 56 ва 71 – уми роҳи Душанбе-Чаноқ ду тармаи дигар фаромад. Ба макони зикршуда техникаҳои ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад”.

“Аз ронандагон хоҳишмандем, ки то нашр шудани иттилоъ оид ба кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Дар навбати худ, кормандони мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то роҳ зудтар боз шавад”, – гуфта мешавад, дар хабарномаи ин ширкат.

“IRS” аз ин пештар, хабар дода буд, ки "шаби гузашта (2 ба 3-юми феврал) то ин замон (субҳи 3-юми феврал) дар роҳи Душанбе-Чаноқ (минтақаи Варзоб) 9 тармаи хурду бузурги дигар фаромад, ки боиси маҳдуди гардидани ҳаркат дар ин масир шуд".

Қаблан, низ дар пайи фаромадани чанд тарма роҳ баста шуда буд. Аз ин пештар ҳам дар пайи боришоти барфи шадди ва фаромадани тарма қариб як шабонарӯз ҳаракати мошинҳо дар ин масир қатъ шуда буд.

Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Нархи об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон боло рафт

0
7ca187ada28d876ae47cf43f7fc5c37783a1f78d9785a9dc8bf59527072a

Аз 1-уми январи имсол дар Тоҷикистон таърифаҳо барои оби нӯшокӣ, кашонидани партов ва дигар намуди хидматрасониҳои коммуналӣ барои аҳолӣ 15% ва барои корхонаҳо 30% гарон шудааст.

Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Табарзода, бозбинӣ намудани таърифаҳо “пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои коммуналӣ, навсозии инфрасохтори муҳандисӣ ва таъмини фаъолияти устувори корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ равона шудааст”.

 

Таърифаҳо барои оби нӯшокӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки бо нусхаи он "Азия-Плюс" ошно шуд, акнун нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ (бо ҳисобкунак) 1 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Қаблан, он 1 сомониву 30 дирам буд. Нархи рафъи обҳои партов (корез), 76 дирам барои 1 метри мукааб муайян шудааст.

Барои як нафар, дар як моҳ дар асоси меъёри истеъмол (5,4 м³) нархи оби нӯшокӣ 8 сомонию 10 дирам ва бо корез 12 сомонию 20 дирам (бе ҳисобкунаки об) мебошад.

Ҳисоб аз рӯи истеъмоли миёнаи 180 литр об дар як шабонарӯз барои як нафар анҷом дода шудааст.

Инчунин, барои корхонаҳои буҷетӣ, нархи 1 метри мукааби об, 3 сомонию 15 дирам (қаблан 2,77 сомонӣ будва барои корхонаҳои худмаблағгузор ва хусусӣ бошад, 5 сомонию 43 дирам (қаблан 4,28 сомонӣмуқаррар шудааст.

 

Таърифаҳо вобаста ба минтақҳао фарқ мекунад

Дар ҳамин ҳол, таърифаҳо вобаста ба минтақаҳо фарқ мекунанд. Тибқи санади тартибдодаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, нархҳо вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

Оби нӯшокӣ

– оби нӯшокӣ барои аҳолӣ — аз 1,40 то 1,82 сомонӣ барои 1 м³;

– барои ташкилотҳои буҷетӣ — аз 2,26 то 3,90 сомонӣ;

– барои корхонаҳо ва ташкилотҳо — аз 4,52 то 7,25 сомонӣ.

 

Хидматрасониҳои корез (канализатсия):

барои аҳолӣ — аз 0,76 то 0,99 сомонӣ барои 1 м³;

– барои ташкилотҳои буҷетӣ — аз 1,64 то 2,05 сомонӣ барои 1 м³;

– барои корхонаҳо ва ташкилотҳо — аз 2,83 то 3,38 сомонӣ барои 1 м³.

 

Кашонидани партовҳо

Ҳамчунин, барои кашонидани партовҳои сахти маишӣ ба ҳисоби миёна 4 сомонию 74 дирам муайян шудааст. Аз ҷумла:

– баровардани партовҳои сахти маишӣ – 6,83 сомонӣ барои 1 м³;

– баровардани партовҳо бо автомашинаи “КАМАЗ” – 35,65 сомонӣ барои 1 м³;

– тозакунии ҳудудҳо – 1,13 сомонӣ барои 1 м²;

– хидматрасонии фонди манзил – 0,17 сомонӣ барои 1 м².

Зикр мешавад, ки дар сурати зиёд гардидани масофаи муқарраршуда, барои ҳар як километри иловагӣ ба андозаи 0,80 сомонӣ ситонида мешавад.

 

Дар кадом шаҳру ноҳияҳо таърифаҳои нав татбиқ мешаванд?

Тибқи санади тартибдодаи ин ниҳод, таърифаҳои нав барои беш аз 45 шаҳру ноҳияи кишвар татбиқ мегардад.

Аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Рашт, Исфара, Мурғоб, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Рошқалъа, Варзоб, Ёвон, Фархор, Хуросон, Данғара ва ғайра.

Дар ҳамин ҳол, масъулин мегӯянд, на ҳамаи корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тобеияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дохил мешаванд.

Дар як қатор минтақаҳо таърифаҳо аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ, вазъи техникии инфрасохтор ва сохтори корхонаҳои коммуналӣ қабул ва тасдиқ мегардад.

 

Вазъ дар Душанбе

Нархи истифодаи обу корез дар Душанбе 1-уми сентябри соли гузашта  баланд шуда буд. Тибқи қарор:

– барои аҳолии пойтахт нархи оби нӯшокӣ (бо ҳисобкунак) – 2,60 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2,26 сомонӣ),

– ташкилоти буҷетӣ – 3,59 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2, 77 сомонӣ)

– ташкилоти тиҷоратӣ – 9,10 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 4,28 сомонӣ) боло бурда шуд.

Онҳое, ки бидуни насби ҳисобкунак пули обро пардохт мекунанд:

– нарх барои 1 нафар ва дар як моҳ, барои биноҳои баландошёна – 28,07 сомонӣ (пештар 10,61 сомонӣ)

– барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва корез таъминбуда – 23,39 сомонӣ (пештар 7,1 сомонӣ) муайян шудааст.

– арои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд – 7,41 сомонӣ (4,94 сомонӣ) муқаррар гардид.

Афзоиши нархи об дар ҳолест, ки ки бахше аз сокинони Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба об нигаронӣ доранд. Аз ҷумла тибқи расмӣ, 67,3%-и аҳолӣ ё 7 млн 6 ҳазор нафар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ин теъдод нисбат ба чор соли пеш 950 ҳазор нафар зиёд будааст. Сокинон дар бисёре аз деҳаҳо маҷбуранд, аз дурии чанд километр ба хонаашон об кашонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бонки авруосиёии рушд мегӯяд, соли гузашта интиқоли пул ба Тоҷикистон 50% зиёд шудааст

0

Ба 8,4 дарсад афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта, рушди фаъоли саноат ва фазоиши талаботи дохилӣ мусоидат кардааст. Дар ин бора дар гузориши навбатии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр шудааст.

Дар гузориши макроиқтисодии БАОР, ки дирӯз, 2-юми феврал нашр шуд, зикр мешавад, ки истеҳсол дар соҳаи саноат 22,1% афзуда, ҳиссаи бештар ба истихроҷи канданиҳои фоиданок рост меояд, ки 36,2% зиёд шудааст.

Ҳамчунин, истеҳсол дар бахши саноати коркард 10,5% ва соҳаи энергетика 15% афзоиш ёфтааст.

"Дар рушди иқтисодӣ, талаботи дохилӣ (хароҷоти пулии сокинон ва тиҷорат дар дохили кишвар) нақши муҳим бозид. Дар ин бора якбора ду нишондиҳанда гувоҳӣ медиҳанд: фурӯши чакана 14,4% ва сармоягузорӣ – 23% афзудааст", зикр мешавад дар санад.

Таҳлилгарони БАОР, афзоиши талаботи дохилиро мустақиман ба афзоши даромади аҳолӣ нисбат медиҳанд: дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 музди меҳнати воқеӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 15,6% зиёд шудааст.

Ғайр аз ин, дар гузориш зикр мешавад, ки дар моҳҳои яенвар-сентябри соли гузашта интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ 50% зиёд шудааст.

Тибқи пешгӯии БАОР, ҷараёни баланди рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2026 низ боқӣ мемонад: дар сатҳи 8,1% дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки иқтисоди Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ, пас аз сустшавии рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), тайи панҷ соли ахир бино ба маълумоти расмӣ, дар ҳоли рушд қарор дорад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми маблағи интиқолгардида ба ҷумҳурӣ 5,8 млрд долларро ташкил дод. Ҳаҷми маблағи интиқолёфта аз ҷониби муҳоҷирон ба 45,4% нисбат ба ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон баробар буданд, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2013 мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳама гуна маълумот ба расонаҳо дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар қонунгузории кишвар он ба маълумоти махфӣ мансуб нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 18

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳаждаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нигаронии роҳбари Оҷонсии зиддинашъа аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон. Дар нишасти хабарии ин ниҳод чӣ гуфтанд?

0

Cоли 2025 дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир мусодира шудааст, ки назар ба соли 2024-ум қариб 1 тонна бештар аст. Дар ин бора Зафар Самад, раҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар нишасти матбуотии рӯзи  2-юми фервал хабар дод.

Ӯ гуфт, аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти сарҳад бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

“Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон  17 ҳолати задухурди мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғонистонӣ (соли 2024 – 6) ба амал омад. 10 (2024 – 3) шаҳрванди Афғонистон безарар гардонида шудаанд”, – гуфт Зафар Самад.

Ба иттилои ӯ, дар ин задухурдҳо ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳалок шуданд.

Раҳбари Оҷонсӣ таъкид кард, ки “бо мақомоти ваколатдори Афғонистон ягон ҳамкории байниидоравӣ вуҷуд надорад ва ягон гуфтушунид ҳам сурат нагирифтааст”. Вале илова кард, ки “қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба дигар кишварҳо боқӣ мемонад”.

“Задухурдҳо дар сарҳади давлатӣ вуҷуд дорад. Ҳарчанд шаҳрвандони Афғонистон безарар гардонида шаванд ҳам, онҳо ҳаракат мекунанд, маводи мухаддирро интиқол диҳанд, дар пинҳонгоҳҳои махфӣ ҷо карда, ба дигар давлатҳо интиқол кунанд”, – гуфт Зафар Самад.

 

Нашъмандон кам шудаанд

Дар идомаи нишасти хабарӣ, Зафар Самад иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 4 нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин теъдод нисбати соли гузашта 10 нафар ё 0.2%  кам аст.

Аз теъдоди умумии нашъамандон 105 нафарашон занон будаанд. Соли гузашта дар кишвар 110 зани нашъаманд сабт шуда буд.

“Аз шумораи умумии нашъамандони дар қайдбуда ҳазору 182 нафари онҳо маводи нашъадорро бо роҳи сӯзандору истеъмол менамоянд, ки ин шумора 29,5%-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 дар муассисаҳои наркологии кишвар 343 нафар бо ташхиси нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд”, – зикр кард раҳбари Оҷонсӣ.

Ӯ гуфт, соли 2025 дар кишвар 65 фавти беморони нашъаманд,аз ҷумла 4 зан сабт шудаааст.

“Имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 40 нашъаманд рост меояд, ки ин  назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи паст аст”, – илова кард Зафар Самад.

 

Боздошти 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир

Роҳбари Оҷонсии зиддинашъа ҳамчунин, гуфт, ки соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Аз ҷумла, шаҳрвандони кишварҳои зерин дастгир ва аз онҳо чунин миқдори маводи мухаддир мусодира шудааст:

-аз 9 шаҳрванди Афғонистон 99 кг;

-аз 8 шаҳрванди Ӯзбекистон 131 кг;

-аз 4 шаҳрванди Қазоқистон 44 кг;

-аз 1 шаҳрванди Молдова 4 грам. 

Маълум нест, онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Тибқи иттилои оҷонсӣ соли 2024 дар кишвар аз 14 шаҳрванди хориҷӣ 270 кг маводи нашъадор мусодира шуда буд.

Ҳамзамон дар соли гузашта, 583 шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кишварҳои хориҷӣ дастгир шуда, аз онҳо 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст.

Зафар Самад гуфт, дар соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷ 850 нафар боздошт шуда буд.

 

Нигаронӣ аз афзоиши ҷиноятҳо

Ҳамзамон, дар нишасти Оҷонсии зиддинашъаи кишвар аз афзоиши ҷинояткорӣ, аз ҷумла, ҷиноятҳои муомилоти маводи мухаддир дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли 2025 дар Тоҷикистон 23 ҳазору 452 ҷиноят ошкор шудааст, ки назар ба соли 2024-ум (22314 ҷиноят) 1 ҳазору 138 ҳолат бештар будааст.

Аз ин , 1 ҳазору 3 ҷиноят ё 4% ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки нисбат ба соли гузашта 164 ҳолат кам мебошад.

Зафар Самад, гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст.

Аз ҷумла, соли гузашта 253 килограмму 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира шуда, аз соли 2024-ум 142 килограмм ё тақрибан 2 маротиба зиёд мебошад.

Аз ин миқдор, 247 килограмм ё 97%-ро метамфетамин ташкил додааст, ки назар ба соли 2024-ум 2,3 маротиба ё 141 кг бештар аст.

Ҳамзамон, соли 2025 дар Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноӣ (соли 2024 – 32 гурӯҳ) дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ шудааст.

Оҷонсӣ 132 парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир нисбати 180 нафар баррасӣ ва ба судҳо ирсол кардааст. Соли 2024 оҷонсӣ 84 парвандаи ҷиноиро баррасӣ карда буд.

Зафар Самад дар охир зикр кард, ки “ҳарчанд вазъият нигаронкунанда ҳам бошад, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назоратшаванда аст”.

Баъди нишасти матбуотии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири кишвар кормандони ин ниҳод дар ҳузури рӯзноманигорон 315 кг 988 гр маводи мухаддири мусодирашударо сӯзонданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 феврали соли 2026

0
626741135_25548257714876423_7609776548672960868_n

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мешавад:

 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳо, соати 08:00;

дар “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” соати 09:00 дар толори “Барқи Тоҷик”;

дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соати 10:00;

дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, соати 11:00.

дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 .

дар Консерваторияи миллӣ, соати 09:00 ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат соати 10:00.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2006 – Аввалин парвоз дар масири Истанбул-Душанбе-Истанбул сурат гирифт.

Соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тайғирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Соли 2020 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳама парвозҳо ба Чинро лағв кард.

Соли 2020 – Додситони кулли Тоҷикистон боздошти рӯзноманигор Далер Шарифовро шарҳ дод. Ӯро ба барангехтани кинаву адовати… мазҳабӣ муттаҳам карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Мавлуди Оиша Абдулазизова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1928 – Зодрӯзи Темур Каримов, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих..

Соли 1952 – Мавлуди Убайдулло Давлатов, ҳуқуқшинос ва арбоби давлатӣ.

Соли 1956 – Зодрӯзи Обид Шакурзода, рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик.

 

Обид Шакурзода зодаи деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, соли 1978 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, баътар тарҷумонӣ ва рӯзноманигорӣ кардааст. Дар ҳафтаномаи “Ойинаи зиндагӣ”, хабаргузории “ИРНО”-и Эрон, ҳангоми дар шаҳри Прага зистанаш дар Радиои Озодӣ фаъолияти журналистӣ доштааст. Ҳоло дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик фаъолият мебарад.

Обид Шакурзода бо як қатор таҳқиқоту мураттаби чандин асарҳои классикон барои ададбиёти тоҷик хизмати арзанда анҷом додааст. Китоби “Қасас-ул-анбиё” бори аввал бо талоши ӯ ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст. Яке аз арзишмандтарин корҳои ӯ таснифи китоби “Шарҳи “Гулистон”-и Саъдӣ” ва “Шарҳи “Бӯстон”-и Саъдӣ аст, ки аз ҷониби Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст.

Соли 1970 – Мавлуди Сайфиддин Камолзода, фарҳангшинос, муовини Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Соли 1974 – Мавлуди Шаҳоб Ҳусейнӣ, ҳунарпеша ва коргардони эронӣ, ки дар сатҳи байналмиллаӣ низ маъруфият дорад.

Шаҳоб Ҳусейнӣ яке аз ҳунарпеша ва коргардонҳои маъруфи Эрон буда, бо иҷрои нақш дар филмҳои  “Дар бораи Эллӣ”, “Ҷудоии Нодир аз Симин”, “Фурӯшанда” ва силсилафилми “Шаҳрзод” шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.  Ин ҳунарпеша дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Ӯ соли 2016 барои филми “Фурӯшанда” дар Ҷашнвораи Канн ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва барои нақши Қубод дар силсилафилми “Шаҳрзод” Ҷоизаи Ҳофизро ба даст овардааст.

Соли 1980 – Зодрӯзи Мунаввар Абдусаломзода, арбоби давлатӣ, вакили парлумони кишвар дар ду навбати охир.

Соли 1985 – Тӯҳфа Фозилова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 67-солагӣ даргузашт.

Туҳфа Фозилова сарояндаи опера ва ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик буда, соли 1917 дар Конибодом зода шудааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз Театри мусиқӣ-драмавии Конибодом оғоз гардида, баъдан дар Театри мусиқии тоҷик, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Тӯҳфа Фозилова дар филмҳои “Дохунда”, “Зумрад”, “Имрӯз ва доимо” нақшҳои ҷолиб офарида, бо иҷрои як қатор сурудҳо низ маъруф аст.

Ӯ аз ҷумла дар филмҳои киностудияи “Ӯзбекфилм” низ нақшҳо офаридааст. Дар бораи ӯ ду филм – “Наша Туфа” (бо коргардонии Шамсӣ Қиёмов” ва “Секрет актрисы” (коргардон В.Эрвайс) ба навор гирифта шудааст. Ӯ модари Марат Орифов, ҳунарпеша ва коргардони синамо аст.

Соли 1996 – Зодрӯзи Меҳрубон Сангинов, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси ҳирфавӣ.

Соли 1990 – Ҳикмат Ризо, ҳофиз, шоири халқӣ, гӯрғулисаро, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 95 солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола 3-уми феврал дар як қатор кишварҳо Рӯзи занҳои табибро таҷлил мекунанд. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри XIX занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихоботро надоштанд ва наметавонистанд дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд ва маълумоти касбӣ бигиранд, аз ҷумла дар соҳаи тиб.

Элизабет Блэкуэлл вазъиятро дигар кард. Муддати дароз ӯ ба таври инфиродӣ тибро меомӯхт, зеро он замон ягон донишгоҳ духтаронро қабул намекард. Боре маъмурияти Коллеҷи тиббии Женева донишҷӯёнро ба овоздиҳӣ даъват кард, ки ин духтарро ба таҳсил қабул кунанд ё на. Донишҷӯён фикр карданд, ки ин шӯхӣ аст, ба ҷонибдорӣ овоз доданд.

3-юми феврали соли 1966 шабакаи байнисайёравии “Луна-9” аввалин маротиба дар ҷаҳон ба рӯйи Моҳ фуруд омад. “Луна-3” аввалин шабакае гардид, ки якбора ҳамсафари сунъии ҳам Замин ва ҳам Моҳ гардид, яъне мадори он, ки хеле дароз буд, ҳар ду ин ҷисмҳои осмониро фаро гирифт.

Ин калонтарин кашфиёти марҳилаҳои аввалини тадқиқи фазои Моҳ буд. Дар тарафи намоёни он ҳам майдонхои континенталии сабук ва ҳам “баҳр”-и торик ва дар тарафи ақиб континенти муттасил мавҷуд аст.

3-юми феврал Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ аст. Пӯшида нест, ки жаргон ва “сленг”-ҳо хоси гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ буда, аз рӯи синну сол, мансубияти касбӣ, намуди фаъолият ё маҳфилҳо фарқ мекунанд. Баъзе ибораҳои жаргонӣ аксар вақт ба як қисми муоширати ҳаррӯза табдил ёфта, аз доираи гурӯҳҳои жаргонӣ берун мешаванд.

Забони ғайримеъёрӣ инчунин ибораҳои фаҳшо, бешармона, ҳақорат ва ифротгароиро дар бар мегирад, ки корбурди онҳо на танҳо хилофи қонун аст, балки намунаи рафтори зиддиҷамъиятӣ мебошад, ки боиси бархурди манфии ҷомеа мегардад. Мақсад аз ин рӯз тоза кардани забон аз суханони ғайримеъёрӣ аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барфи тар меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1 º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят танҳо рӯзона дар ноҳияи Дарвоз борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард, дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат:  рӯзона 2+4º гарм, шабона 6-8º сард.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз даргирӣ дар марзу ваъдаи вазир барои Рамазон то идомаи “ҷанг” бо “ӯ” ва эътирозҳо дар Эрон

0

Моҳи январ барои Тоҷикистон пур аз ҳаводиси қобили таваҷҷуҳ буд. Аз ҳаводиси ҷиноӣ ва даргириҳо дар марз то талафоти чеҳраҳои шинохта, тағйироти кадрӣ ва афзоиши ҷаримаҳо.

Ҳамзамон, рӯйдодҳои ҷаҳонӣ – аз рабуда шудани президенти Венесуэла то идомаи эътирозҳо дар Эрон моҳи аввалини соли 2026 ба фазои иттилоотии кишвар печид. Ин шарҳи муфассали ҳаводиси моҳи январ аст.

 

Аз марги Муҳсин Муҳаммадиев то аввалин генералбонуи тоҷик

Рӯзи 1-уми январ Муҳсин Муҳаммадиев, чеҳраи шинохтаи футболи тоҷик баъди бемории тӯлонии сактаи мағзӣ дар 60-солагӣ даргузашт ва ӯро дар Лучоб ба хок супориданд. Ӯ аз маъруфтарин футболбозони тоҷик дар солҳои 80-уми асри 20 буд ва дар рушди футболи тоҷик саҳми зиёд доштааст.

13-уми январ Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсионӣ ҷон бохт. Маълум нест, ки Ҷамшедзода аз бино афтодааст ва ё худро ба поён партофтааст. Бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамсояи додрас муаррифӣ карда навиштаанд, ки Ҷамшедзода мехост ноқили мавҷқабулкунро пайваст кунад, ки “дар натиҷа сараш тоб хурда ба замин афтодааст”.

Шаби 14-уми январ Султонмуроди Одина, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт. Ӯ муассиси маҷаллаи “Маорифи Ҳисор”  ва сармуҳарририи маҷаллаи “Ҳисори зарнисор” буд.

Субҳи 14-уми январ бошад, Саодат Амиршоева, аввалин генералбонуи тоҷик ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон дар 73-солагӣ даргузашт.

 

Тағйироти кадрӣ

Бо дастури раисҷумҳур Абдулло Раҳмонзода, ки то ин дам ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, аз вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши идеология таъин шуд. Ба ҷойи ӯ Анвар Сафарзода, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Сафарзода то ин дам сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд.

Ҳамчунин бо дастури раисҷумҳур се муовини вазири корҳои хориҷии кишвар нав шуданд. Идибек Қаландар, Нигина Ализода ва Саноӣ Бойзода ба вазифаи муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуданд.

Полковники милитсия, Баҳодур Холиқзода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа Акбар Насимзодаро иваз кард.

Ҳамчунин, раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал ва чанде аз ниҳодҳои тобеи Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, инчунин Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ нав шуданд.

 

Ҷаримаҳо зиёд шуданд

Аз оғози соли нав бо боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловаи тағйирот ба бархе қонунҳо баъзе ҷаримаҳо боло рафтанд. 

Ҷаримаҳои гаронтарин дар ин бахш барои рондани нақлиёт дар ҳолати мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷму вазнин бе доштани иҷозатномаи боркашонӣ таъин мешавад.

Ҳамчунин, ҷарима барои гурез аз андоз ва дигар пардохтҳои марбут ба андоз низ қариб як баробар зиёд шуд ва акнун шаҳрвандон барои саркашӣ аз андоз то 1560 сомонӣ, мансабдорон ва соҳибкорони инфиродӣ то 15 ҳазору 600 сомонӣ ва ширкату корхонаҳо то 23 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима месупоранд. Дар баргаҳои мо бо меъёри болоравии ҳаҷми ҷаримаҳои андозӣ ва меъёри қаблии он иттилоъ гиред.

Ҳамзамон, арзиши боҷ, ҷаримаҳои дигар ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз рӯйи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян мешавад, зиёд шуд. Аз ҷумла, нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ низ ба 156 сомонӣ баробар шуд.

 

Бозёфти чойхонаи тоҷикӣ, ҷоизаи Абдунабӣ Сатторзода ва Нигина Амонқулова

Дар ин моҳ аз бозёфти таркибҳои нодири чойхонаи тоҷикӣ дар штати Мэриленди Амрико хабар расид. Онҳоро як мушовири молу мулк аз анборе дар Амрико пайдо кард.

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик дар шашумин Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Эрон барои саҳмаш дар омӯзиш ва муаррифии адабиёти форсӣ нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд. Якҷо бо ӯ Шариф Ҳусайнӣ Қосимӣ аз Ҳинд ва Орифи Навшоҳӣ аз Покистон низ ин ҷоизаро гирифтанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як дастур барои баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” 26,4 млн сомонӣ ҷудо кард – барои “Илм – фурӯғи маърифат” 9,87 млн, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 8, 29 млн ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 8,26 млн сомонӣ.

Дар низомномаи озмунҳои мазкур чанд тайғирот низ ба назар мерасад, ки метавонед дар ин матлаб мутолиа кунед: Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?

Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар Ӯзбекистон бо нишони фахрии “Эҳтиром ба фарҳанг ва ҳунар” қадрдонӣ шуд. Пеш аз ин, ӯ рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Глазгои Шотландия дар маҳфили бузургдошти Роберт Бёрнс ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ду шоире, ки эҷодиёташон ба ҳамдигар наздик аст, ҳунарнамоӣ кард.

 

Аз марги размикори тоҷик то боздошти марде, ки занашро 11 корд зад

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмиву дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар пайванд ба ин ҳодиса Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбар боздошт шудааст.

Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст оварда буд.

Ҳамчунин, зане дар Хуросон барои куштори духтарчаи сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд. Ин зан “аз якравии фарзанди хурдсолаш барои ширинӣ асабӣ шуда, духтарчаро латукӯб ва бо селофан буғӣ карда куштааст”.

Дар Муъминобод Наврӯзи Зафар ном ҷавони 28-сола бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” боздошт шуд. ВКД мегӯяд, ӯ ҳамсарашро дар хонаи худи зан ва дар пеши чашми модараш 11 корд задааст.

Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнӣ аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст дод. Ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух додааст.

Инчунин, мақомот аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки қасди фурӯши писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст. Ӯ 18-уми январ боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “савдои кӯдакон” (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Мақомот алайҳи як сокини 28-солаи ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани занаш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Гумонбар мунтазам шаъну шарафи ҳамсарашро паст мекардааст. Ӯ ҳамсари 26-солаашро дар хонаи зисташон мавриди латукӯб қарор додааст ва зан 17-уми январи соли 2026 “бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, суиқасди худкушӣ намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”. 

 

Қиссаҳои ҷолиби моҳ

Дар ин моҳ Назурбибӣ, духтараки 7-солаи бо тайёра ба садама дучоршуда ва Маҳмурод Ашӯров, кӯҳнаварде, ки соли 1969 дар минтақаи Сағирдашт ӯро наҷот дода буд, бо гузашти 57 сол ба дидори ҳам расиданд. Ин мулоқот пас аз нашри матлаби “Азия-Плюс” иттифоқ афтод. Назурбибӣ баъди нашри қиссаи наҷотбахшаш аз худ дарак дод ва ба дидори наҷотбахши худ – Маҳмурод Ашӯров рафт.

 

Даргириҳо дар марзи Афғонистону Тоҷикистон 

Дар аввалин моҳи соли 2026 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду даргирӣ сабт шуд. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, 18-уми январ “чор террорист”, ки сарҳади давлатиро шикаста, аз самти Афғонистон ворид шудаанд ва 30-юми январ “5 қочоқбари афғон” марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ки се қочоқбар кушта шудаанд.

Соли гузашта дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвани Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Вазъи тоҷикон дар Русия

Рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки аз бӯйи газ заҳролуд шудаанд, пайдо карданд ва 12-уми январ дар зодгоҳашон, деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд.

Мақомоти Русия аз боздошти Имомалӣ Турдиев, ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистон бо гумони куштори як ҷавони 18-солаи Русия дар пайи як муноқиша дар шаҳри Электростал хабар доданд. Нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми куштор (моддаи 105, қисми 1) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва ин модда то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

 

Аммо Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” боз шудани парванда бо иттиҳоми кушторро нисбати ин ҷавон  маҳкум карда, далели аз ҷаобгарӣ озод шудани ӯро баён кард.

 

Лағви раводид, имкони будубош ва боз як иди нав

ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали моҳи март Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводид (виза)-ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор мекунанд.

Онҳо метавонанд дар кишварҳои якдигар бидуни раводид то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза иқомат кунанд.

9-уми январи соли 2026 Маҷлиси намояндагон созишномаеро қабул кард, ки тибқи он  шаҳрвандони  Тоҷикистону Қирғизистон то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ, ҳуқуқи будубош дар қаламрави ҳамдигарро пайдо мекунанд. Ин санад 1-уми феврали соли 2018 имзо шуда буд ва баъди 8 сол –  рӯзи 9-уми январи соли 2026 ба тасвиб расид. Маълум нест, ки парлумони Қирғизистон низ созишнмаоро тавсиб кард ё на.

Инчунин, вакилони парлумон лоиҳаи тағйиру илова ба қонун дар бораи рӯзҳои идро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он 1-уми июл дар кишвар “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” таҷлил мешавад.

 

Шикоят аз Ӯзбекистон ва тарҷумаи истилоҳоти низомӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон дар пайи шикояти соҳибкорони ин кишвар аз иқдоми мақомоти Тоҷикистон дар мавриди "эҷоди монеа" барои вуруди масолеҳи сохтмон, гуфт, ки дар чунин сурат "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем" ва ба сафири кишвараш дар Душанбе талаб кард, ки "ба онҳо паёми моро расонед".

Гап сари ин аст, ки аз 1-уми декабри соли 2025 Тоҷикистон барои 1 тонна сафолпораи кулолии Ӯзбекистон 450 доллар пардохти иловагӣ ҷорӣ карда, арзиши заминавии гумрукӣ дар сатҳи 300 доллар муқаррар шудааст.

Ӯзбекистон соли 2026 мехоҳад истилоҳоти низомии русиро ба вожаҳои ӯзбекӣ тарҷума кунад. Ҳоло Комиссияи истилоҳшиносӣ тарҷумаи 41 калимаи русӣ ба гузинаҳои ӯзбекиро баррасӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвари ҳамсоя нав истилоҳоти низомиашро ӯзбекӣ мекунад, талошҳои чандинсолаи бархе аз донишмандон аз Тоҷикистон барои тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ то кунун бенатиҷа анҷомидааст.​

 

Асардуздӣ, “Маркази ягонаи реклама”​​​​​​​ ва интернети насли 5G

Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) гуфт, соли 2025 дар ҳеҷ кори диссертатсионӣ ҳолати асардуздӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар беш аз 100 кори илмӣ истифодаи ҳуши маснуӣ ошкор шудааст. 

Кумитаи радио ва телевизион бошад дар нишасти матбуотиаш аз таъсиси “Маркази ягонаи реклама”, ки ҳадафи он танзим ва ба тартиб даровардани пахши таблиғ ё реклама дар телевизион ва радиоҳобудааст, хабар дод.

Сардори Хадамоти алоқа гуфт, нақшаи насби пойгоҳҳои насли 5G дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шуда, мутобиқи ин нақша, дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки ширкатҳои ироадиҳандаи алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои стандарти 5G насб мешавад.

 

Идомаи “ҷанг” бо “ӯ” ва “у” ва ваъдаи вазир

 

Дар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот, ки бо ҳузури Сахидод Раҳматуллозода, роҳбари ин ниҳод доир шуд, имлои “у” ва “ӯ” тунд баҳс шуд. Акнун дар вожаҳои ҳамреша бо калимаи “омӯхтан”, аз ҷумла “омӯз”, “омӯзгор”, “омӯзиш” ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” навишта мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи Имлои нави забони тоҷикӣ ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ки соли 2025 Кумитаи забон ва истилоҳот нашр кардааст, чанд калимаи тоҷикӣ, ки қаблан бо ҳарфи “ӯ” навишта мешуданд, акнун бо “у” навишта мешаванд.

Далели ин тағйирот чист ва донишмандон дар ин масъала чӣ далоил доранд, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ваъда дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва имкон дорад, ки аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шаванд. Аммо ӯ нагуфт, ки интиқоли барқ дар ин марҳила чӣ қадар зиёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин низ аз резиши об дар дарёҳо вобаста аст.

 

Гусели моҳ бо таҷлили ҷашни Сада

Моҳи январро тоҷикистониён бо таҷлили ҷашни Сада хайрбод гуфтанд. Рӯзи 31-уми январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор шуд ва кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари Сада ҳастанд, ба намоиш гузоштанд.

 

Тибқи анъана, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гузориши моро дар ин пайванд бубинед.

 

Аз рабудани Мадуро то эътирозҳои Эрон

Шаби 2 ба 3-юми январ Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла бо ҳамсараш аз сӯйи нерӯҳои вижаи Амрико рабуда шуд. Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳе дар Амрико нигоҳ дошта мешавад ва қарор аст дар додгоҳи ин кишвар муҳокима шавад.

Коршиносон рабудани раисҷумҳури як кишвар аз сӯйи Амрикоро “намоиши қудрат” ва “паём ба Чину Русияву Эрон” унвон карда, аз он нигаронанд, ки ин амал “низоми оламро барҳам мезанад”.

 

Чанде пас, 7-уми январ Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА фармонеро имзо кард, ки тибқи он кишвараш узвияти худро дар 66 созмон ва созишномаи байналмилалӣ қатъ мекунад. Ин рӯйхат 31 сохтори СММ ва 35 созмони дигари ҷаҳониро дар бар мегирад. Дар пайи ин, Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ аз саривақт пардохт нашудани аъзоҳақӣ ва мушкилот дар хазинаи ин созмон гуфт.

Эътирозҳо дар Эрон поёни моҳи декабри соли гузашта оғоз шуд ва дар моҳи январ идома ёфт. Он дар пайи уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум оғоз шуд. Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин кишвар 3 ҳазору 117 тан ҷон бохтаанд, ки аз ин 2 ҳазору 427 шаҳрванди оддиву кормандони нерӯҳои амниятӣ ва 690 “террорист ва шӯришгар” будаанд.

Ҳамчунин, ин моҳ раисҷумҳур ва намояндаҳои Амрико, Русия ва Украина чанд мулоқотҳое барои поёни ҷанги Русия дар Украина доштанд. Шаби 22 ба 23-юми январ дар Маскав Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, соҳибкор ва домоди Доналд Трамп мулоқот кард. Чанд соат пештар аз ин, Владимир Зеленский ва Доналд Трамп, раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос мулоқот ва сӯҳбат карданд.

Пас аз ин, ҳайатҳои се кишвар дар шаҳри Абу-Забии ИМА мулоқот ва музокира карданд ва дар назар аст, мулоқоти навбатии онҳо 4-5-уми феврал идома ёбад.

Ҳамчунин, дар ин моҳ Доналд Трамп ба таври расмӣ аз таъсиси Шӯрои сулҳ барои ҳалли қазияи Фаластин ва Исроил хабар дод. Коршиносон тахмин мезананд, ки ин ниҳод метавонад ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.