Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) дар як гузориши телевизионӣ, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2025 пахш шуд, аз боздоштшуда Наврӯзи Зафар ном бурда, гуфтааст, ки ҳодиса 16-уми декабри соли 2025 рух додаааст. Онҳо як ҳафта пеш […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) дар як гузориши телевизионӣ, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2025 пахш шуд, аз боздоштшуда Наврӯзи Зафар ном бурда, гуфтааст, ки ҳодиса 16-уми декабри соли 2025 рух додаааст. Онҳо як ҳафта пеш аз ин ҳодиса аз ҳам ҷудо шудаанд.

Мақомот дар шарҳи ин ҳодиса мегӯянд, гумонбар “дар заминаи хусумату рашк” ба хонаи собиқ хусураш рафта, “бо ҳамсари собиқаш Ҷавҳарбии Давлатшои 27-сола ва модари ду фарзандаш” баҳсу мунозира мекунад.

“Наврӯзи Зафар бо дашному суханҳои қабеҳ нисбати собиқ ҳамсараш қонеъ нагашта, бо бераҳмаии махсус бо корди хоҷагӣ қасдан ба узвҳои муҳими ҷабрдида 11 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои ВКД Наврӯзи Зафар пас аз қатли ҳамсари собиқаш аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст, вале ӯро баъди чанде дар қаламрави ноҳия дастгир кардаанд.

Гумонбар дар гузориш ба куштори ҳамсари собиқаш иқрор мешавад, вале маълум нест, ки суханҳои ӯ таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Мақомот алайҳи гумонбар бо иттиҳоми “одамкушӣ” (бо моддаи 104, қисми 2 банди “е” КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.

Ҳодисаи куштори ҳамсар ё ҳамсари собиқ аз рашк дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи декабри соли гузашта ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар дод, ки ба куштори ҳамсараш гумонбар аст. Ин ниҳод мегӯяд, ин мард занашро бо мушту лагад ва чӯбдаст (калтак) задааст.

Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли 2025 – 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин иён чандто куштори ҳамсарон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.