Home Blog Page 74

Бозиҳои олимпии зимистона-2026: Аз Тоҷикистон ягон варзишкор иштирок намекунад

0

Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд.

Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома (литсензия) ба даст оварда натавонист. Ахиран варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи (Русия) иштирок карданд. Бозиҳои олимпии зимистона-2018  дар Пхёнчхан (Кореяи Ҷанубӣ) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бидуни иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор шуданд.

Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.

Тавре ки дар торнамои Olympics.com  хабар дода мешавад, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон аз ҳама зиёдтаранд.

Тими Қазоқистонро дар Бозиҳои олимпии зимистона дар Италия 36 варзишгар, Ӯзбекистонро – 4 варзишгар ва Қирғизистонро – 2 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Туркманистон ягон бор дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардаанд ва ин бозиҳо ҳам истисно нест.

Бозиҳои XXV олимпии зимистона дар Италия аз 6 то 22 феврали соли равон баргузор мешаванд. Дар он 2871 варзишгар аз 93 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳо барои дарёфти 116 маҷмӯи мукофотҳо дар 16 навъи варзиш рақобатҳо сурат мегиранд. Ҳиссаи иштироки занон дар Бозиҳо ба 47%-и рекордӣ мерасад.

Варзишгарони давлатҳое ба монанди Бенин, Гвинея-Бисау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори нахуст кишварҳои худро дар Бозиҳои олимпии зимистона намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин Бозиҳои олимпии зимистона 2026 бори аввал таҳти роҳбарии президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ Кирсти Ковентри доир гардида, самти рушди навъҳои варзиши зимистонаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири маориф гуфт, пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ва обунаи иҷборӣ ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ “қатъиян манъ аст”

0
photo_2026-02-03_16-05-35

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дигарбора гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандаҳо барои таъмир ва дигар эҳтиёҷоти мактаб ва обунаи иҷбории омӯзгорон ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ аст. 

Ӯ рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ афзуд, қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” талаби маблағ ва обунаро манъ кардааст ва ин ниҳод, “ҷиҳати иҷрои он ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои маориф" мактуб ирсол кардааст.

Вазир дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки дар ҳолати ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо сокинон метавонанд ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд.

“Ҳар рӯзи шанбе қабули вазири маориф мешавад, марҳамат муроҷиат кунед. Танҳо хоҳиш мекунам, мушаххас гӯед, ки дар куҷо ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ сурат мегирад, мо ҳатман нисбаташ чораҷӯӣ мекунем… Аз волидайни хонандаҳо маблағ ситонидан дар мактабҳо қатъиян манъ аст”, – таъкид кард Саидзода.

Вазири маориф соли гузашта низ гуфта буд, ки барои таъмир ҷамъ кардани маблағ манъ аст, “аммо тибқи низомномае, ки дар мактабҳо ҳаст, шахсони алоҳида ё ки эҳсонкор ҳуқуқи пешниҳоди маблағҳоро барои таъмир доранд”.

Вале бо ин вуҷуд ҳар сол, махсусан дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад. Инчунин, шикоятҳо аз талаби пули моҳона дар мактабҳо зуд-зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

 

“Обуна ба нашрияҳои соҳавӣ манъ нест”

Ҳамчунин, вазири маориф дар баҳси обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳо гуфт, “ғайр аз нашрияҳои соҳавӣ ба дигар намуди нашрияҳо обуна шудан мумкин нест”.

“Мумкин дар баъзе ҳолатҳо бошанд, маҷбур (обуна, аз идора) кардан. Ман аз ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки дар ин самт корбарӣ мекунанд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нисбати омӯзгор, қонуне, ки дар нисбати мақоми омӯзгор қабул шудааст риоя карда шавад”, – таъкид кард вазири маориф.

Дар ҳамин ҳол вазир дар нишасти матбуотӣ нагуфт, ки обуна ба нашрияҳои соҳавии вазорати маориф иҷборӣ аст ё ихтиёрӣ.

Вале аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "омӯзгорон дар масъалаи обуна ба нашрияҳои соҳавӣ озод буда, обунаи онҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ танҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад".

Баҳси ҷалби иҷбории омӯзгорон барои обуна шудан ба нашрияҳо дар Тоҷикистон солҳост расонаӣ мешавад. Бархе омӯзгорон  дар шабакаи иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳар сол оғози нави хониш иҷборан барои обуна шудан ба нашрияҳо, махсусан расмӣ-давлатӣ ҷалб мешаванд ва аз онҳо аз 400 то 556 сомонӣ пули обуна талаб карда мешавад.

Бояд гуфт, тибқи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷалби омӯзгорон ба обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра манъ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 19

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми нуздаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон барои дастгирии содирот қонуни нав қабул мешавад

0

Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи дастгирии содирот” мавриди таҳия қарор дорад, ки ба гуфтаи масъулин, "ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар хориҷи кишвар кумак мекунад". Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки "ҳадафи аслии қабули қонун бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои кумак аз ҷониби давлат ба содироти молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо мебошад. Ҳамчунин, қонун ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст, ки ба ҷумҳурӣ барои таҳкими мавқеъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ кумак мекунад".

Ба таъкиди номбурда, ғайр аз ин, он ба беҳтар шудани шароитҳо барои сармоягузорон ва рушди соҳаҳои иқтисоди  марбут ба содирот мусоидат мекунад.

"Дар назар аст, ки ба туфайли ин иқдом Тоҷикистон дар тиҷорати байнулмилалӣ ба шарики боэътимод табдил меёбад. Бунёд ва рушди бозорҳои нав барои маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зерсохтори нақлиёт ҷанбаи муҳим хоҳад шуд", – гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Ҳамчунин, мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои аллакай мавҷудаи маъмулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сироҷиддинзода зикр кард, ки соли гузашта "Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030" қабул шуд, ки ҷиҳати ба таври назаррас беҳтар кардани шароитҳо баҳри рушд ва гуногунсамт сохтани содироти маҳсулот аз Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Ин иқдомҳо барои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ имконоти нав муҳайё месозанд”, – илова намуд директори Агентӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати меҳнат: “Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд”

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис таъсис дода шуд, ки аз чор як ҳиссаи онро ҷойҳои кории доимӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ҷойҳои кории таъсисёфта 74 ҳазор ё худ 26,2%-и онҳо ҷойҳои кории доимианд. Ҳудуди 50 ҳазор ҷойи кории муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, чунин сохтори шуғл ба вобастагии боқимондаи бозори кор аз шаклҳои мавсимӣ ва мувақққатии ҷойҳои корӣ, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи хидматрасонӣ ишора мекунад.

"Дар ҳамин ҳол, қисмати зиёди ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дастгирии  соҳибкорон таъсис дода шудааст. Ба шаҳрвандони барои роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва пешниҳоди хидматрасонӣ кумакпулӣ дода шуд, ки ба шуғли мустақилона (инфиродӣ) ва дарёфти манбаъҳои даромади нав имкон дод", – гуфт вазири меҳнату муҳоҷират.

Ба иттилои вай, ғайр аз ин, соли 2025 дар соҳаи саноат, сохтмон ва сайёҳӣ афзоиши талабот ба қувваи корӣ ба қайд гирифта шудааст. Вазир гуфт, "имрӯз ширкатҳои ватанӣ ҷойҳои корӣ пешниҳод намуда, сатҳи музди меҳнат дар онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ кам нест".

Соли гузашта, мақомоти мақомот, дар зиёда аз 10 ҳазор корхонаву ташкилот 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида, корхонаву муассиса ва ташкилоту хоҷагиҳо зиёда аз 15 ҳазор ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди меҳнати паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба он намераванд ва дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 феврали соли 2026

0
photo_2026-01-31_10-31-17

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноат соати 09:00, КВД “Тоҷиксуғурта” соати 10:00, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо, ҳукумати шаҳри Ҳисор соати 10:00, Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 ва  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн соати 09:00 нишасти матбуоть доир мегардад ва ин ниҳодҳо дар бораи натиҷаи фаъолияташон дар соли 2025 ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ФЕВРАЛ

Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи автоматишудаи метеорологӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2010 – Созмони дифоъ аз рӯзноманигорон дар ИМА аз додгоҳҳои Тоҷикистон даъват кард, ки даъвоҳои тӯҳмат алайҳи рӯзномаҳои мустақилро бекор кунанд.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президентт кишвар ҷаласаи аввали Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро баргузор намуд.

Соли 2015 – Дар Душанбе дар оилаи Маҷнуновҳо чоргоник ба дунё омад, ки президенти кишвар супориш дод, ба онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ диҳанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ кард.

Соли 2019 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими нерӯи корӣ ба имзо расид, ки тибқи он Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул кунад.

Соли 2021 – Рустами Эмомалӣ дар бораи бо мақомоти давлатӣ мувофиқа кардани номгузории иншоот дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат варзид ва дар ҳошияи он бо роҳбари Чин мулоқот кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1935 – Зодрӯзи Алӣ Насириён, ҳунарпешаи театр, синамо ва намоишноманависи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.

Алӣ Насириён яке аз чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои Эрон буда, нишони дараҷаи яки ҳунариро аз раисҷумҳури вақт дарёфт кардааст. Дар Тоҷикистон ӯро асосан тавассути нақши “Бузургоғо” дар силсилафилми “Шаҳрзод” мешиносанд.

Ӯ ҳамчунин дар филмҳои “Иртиботи хонаводагӣ”, “Шикорчии шанбе”, “Пастчӣ се бор дар намезанад”, “Ҷазираи оҳанӣ”, “Шоҳи хомӯш”, “Девонае аз қафас парид”, “Зиндони 707”, “Солҳои хокистар”, “Дузд ва нависанда”, “Офтобнишинҳо”, “Фасли хун” ва даҳҳо филми дигар нақш офаридааст.

Ҳамчунин, дар театр низ нақшҳои мондагор бозидааст. Ӯ аз ҷумлаи намоишноманависони забардасти Эрон буда, “Булбули саргашта”, “Китоби тамошохона”, “Лонаи шағол”, “Бозии Султон ва Сиё”, “Бозигар ва занаш” аз маъруфтарин нигоштаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1946 – Мавлуди Аъламхон Кӯчаров, адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ.

Аламхон Кӯчаров адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияташро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, баъдан ба Академияи милли илмҳои кишвар ба фаъоляит пардохт. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд.

Фаъолияти илмиаш бештар ба таҳқиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, бахусус осори Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода равона шудааст. Аламхон Кӯчаров матни илмии интиқодии қиссаҳои “Одина” ва “Марги судхӯр”-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои “Қуддусия”, “Маърифати нафс” ва “Дарвешия”-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

Соли 1953 – Зодрӯзи Туғрал Шокиров, доктори илмҳои филология.

Соли 1965 – Зодрӯзи Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳоло раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2008 то соли 2017 ду навбат вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Баъдан раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид. Пас аз ин, аз соли 2023 то январи 2025 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Ҳоло раиси ноҳии Рӯдакӣ аст.

Соли 2006 – Камолиддин Бойматов, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика дар синни 55 даргузашт.

Соли 2016 – Асадулло Саъдуллоев, омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас соли 1969 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” онро идома додааст.

Соли 1979 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода, соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод ба кор пардохтааст.

Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.

Соли 2025 – Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми шиъиёни исмоилии низорӣ дар 88-солагӣ даргузашт.

Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон 3 дар 11-уми июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Вай 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон аст. Вай баъди хатми мактаби Ле Розеи Швейтсария ба Донишгоҳи Ҳорворд дохил ва риштаи таърихи исломро хатм кард. Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) будааст.

Номбурда поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.

Карим Оқохони 4 Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаш чандин тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад, созмон додааст.

Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд.

Оқохони 4 солҳои 1995, 1998 ва 2008 ва бори охир соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.

Шоми 4-уми феврали соли равон шоҳзода Карим Оқохони 4 дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои саратон мебошад. Мақсад аз таъсис ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ, ёдоварӣ аз хатари бемориҳои онкологӣ ва кам кардани сатҳи маргумир аз ин беморӣ аст.

Саратон истилоҳи умумӣ барои зиёда аз 100 намуди беморӣ, ки метавонанд ба ҳар як қисми организм таъсир расонанд. Яке аз хосиятҳои асосии саратон афзоиши босуръати ҳуҷайраҳои ғайримуқаррарӣ мебошад, ки аз ҳадди табиӣ берун мебароянд.

Дар охири соли 2020-ум, СММ қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он Рӯзи байналмилалии бародарии инсонҳо таъсис дода шуд.

Ин сана ҳамасола, 4 феврал ҷашн гирифта мешавад ва ба имзои ҳуҷҷати таърихии соли 2019 рабт дорад, ки онро Папаи Рум Франсиск II ва имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб дар мулоқоти худ дар Абу-Дабӣ ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат “Бародарии инсонӣ барои сулҳ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ” ном гирифтааст.

Ҳадафи таҷлили ин рӯз ёдоварӣ аз арзишҳои аслии инсонӣ – таҳаммулпазирӣ, муҳаббат, ҳамдилӣ ва кӯмаки мутақобила аст.

4 феврали 1911 ширкати “Rolls-Royce” барои автомобилҳои худ нишонаи машҳур – ҳайкалчаи зан бо болҳои кушодаро, ки пеш аз ҷаҳиш ба пеш хам шудааст, муаррифӣ намуд. Ин ҳайкалчаро ҳайкалтарош Чарлз Сайкс эҷод карда, ба он номи “Рӯҳи шӯхӣ” (Spirit of Ecstasy) дод.

Имрӯз Рӯзи миллии шӯрбоҳои хонагӣ дар ИМА ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи анъана, шӯрбоҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон машҳуранд. Ошхонаи тоҷикӣ низ дорои намудҳои гуногуни шӯрбо аст.

Имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайрирасмӣ – Рӯзи ихтирои “калӯш”-ҳои резинӣ аст. Таърихи аслии ин калима дар робита бо этимологияи калимаи “калӯш” аз “галӯш” баҳсбарангез аст. Ин намуди пойафзол дар кишвар, асосан дар деҳотҷойҳо васеъ истифода мешавад.

Имрӯз, Рӯзи ба фаъолият оғоз кардани шабакаи иҷтимоии "Facebook" аст. Маҳз 4 феврали соли 2004, дар утоқи хобгоҳи Донишгоҳи Гарвард, ки онҷо Марк Цукерберг зиндагӣ мекард, шабакаи иҷтимоии Facebook рӯнамоӣ шуд.

Дар ибтидо ин як платформаи хурд ва ноошно буд, аммо имрӯз Facebook бузургтарин шабакаи иҷтимоии байналмилалӣ мебошад, ки миллиардҳо корбаронро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон фаро гирифтааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8 гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 2+4º гарм, шабона 5-7º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ихроҷу бозпас фиристодани 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия. Вазири меҳнату муҳоҷират сабабҳояшро шарҳ дод

0

Соли гузашта беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Нисбат ба соли 2024 теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида зиёд шудааст.

Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷират имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ки аз беш аз 36 ҳазор кас, қисме аз ҳудуди Русия ихроҷ ва қисми дигар аз фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватан бозпас гардонида шудаанд. Аммо ӯ дар нишасти хабарӣ ва кормандони вазорат баъди он ба “Азия-Плюс” дар робита ба омори мушаххаси ихроҷу бозпасфиристодаҳо чизе нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаи масъулини Хадамоти муҳоҷират навишт, ки теъдодни тоҷикистониҳои ихроҷшудаҳо аз Русия  11 ҳазор аст ва 25 ҳазори дигарро иҷозаи ба қаламрави Русия воридшавӣ надода, ба Ватан бозпас гардонидаанд. Ба қавли масъулини Хадамоти муҳоҷират, бозпасфиристодаҳо ба фарқ аз ихроҷшудаҳо тавонистаанд дубора чипта гиранду “боз ба ягон шаҳри дигари Русия сафар кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, ин омор нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ихроҷ шудаанд – кам, вале шумораи тоҷикистониҳое, ки аз фурудгоҳҳои Русия бозпасгардонида шудааанд, зиёд гардидааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, соли 2024 беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ҳудуди Русия бозпас фиристода шудаанд. Аз ин 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

 

Сабаби ихроҷу бозпас чист?

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон яке аз сабабҳои ихроҷ ва бозпас фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия, нақзи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар дар мавриди муҳоҷират аз сӯи муҳоҷирони тоҷик унвон кард.

Вазири тоҷик гуфт, ки ду соли охир чанд қонуни федераӣ дар мавриди фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қабул шуд, ки бояд ҳар як муҳоҷир онҳоро риоя кунад, вагарна боиси ба ватан баргаштанаш мешавад.

“Ягон қонунвайронкунӣ, сари вақт муроҷиат накардан, ҳуҷҷатҳоро дуруст накардан… содир кардани ягон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё содир кардани ягон ҷиноят агар ошкор карда шавад, сабаби асосии бозпас ё ихроҷи шаҳрвандон мегардад”, – гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.

Холмаҳмадзода гуфт, барои пешгирӣ кардани ҳамин омилҳо Вазорат ва ниҳодҳои зертобеи он тадбири “муташаккилона фиристонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия”-ро пеш гирифтааст. Яъне гурӯҳе аз шаҳрвандони кишварро ба коромӯзӣ ҷалб карда, дар ҳамкори бо мақомот ва корфармоёни Русия ба ин қаламрав равон мекунанд.

Ба қавли ӯ, соли гузашта 35 ҳазору 747 шаҳрванди Тоҷикистон муташаккилона ба хориҷи кишвар бо кор таъмин гардиданд, ки нисбати соли 2024-ум 18 ҳазору 805 тан зиёд мебошад.

Аммо вазир ва масъулони сохторҳои зертобеаш дар мавриди рейдҳои таҳқиромез, боздошту бедалел ихроҷ ё бозпас ба ватан баргардонидани муҳоҷирон, қазияҳои миллатгароӣ ва бо ин ангеза ба қатл расонидани муҳоҷирони тоҷик ва дигар омилҳое, ки коршиносон ва муҳоҷирон аз он шикоят доранд, ҳарфе назаданд.

 

Шиддати фишорҳо ва “мерос”-и ҳодисаи "Крокус"

Дар ду соли охир гузоришҳо дар бораи амалиётҳои вижаи пулиси Русия, ки бо номи “Нелегал” маъруфанд, зиёд шудааст. Ин "рейд"-ҳо на танҳо дар ҷойҳои корӣ ва хобгоҳҳо, балки дар масҷидҳо ва марказҳои фарҳангӣ низ сурат мегиранд. Муҳоҷирон аз муносибати дағалона, таҳқири шаъну шараф ва истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ аз ҷониби нирӯҳои интизомии Русия шикоят мекунанд.

Худи муҳоҷирон ҳам борҳо дар расонаҳо аз рӯзҳову ҳафтаҳо дар шароити номусоид, бидуни ғизои кофӣ ва ҷойи хоб дар фурудгоҳҳои Русия боздошт ва сипас бидуни шарҳи возеҳ ба Ватан фиристодан шикоят кардаанд.

Инчунин, қабули қонунҳои нав, ки ба мақомоти пулис ҳақ медиҳад, муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ аз кишвар берун кунанд, раванди ихроҷро суръат бахшидааст.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду соли охир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар марти соли 2024, мақомоти Русия натанҳо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, балки “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро ҳам тартиб дода, ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйирот ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дастури музокираи Пизишкиён ва дидори эҳтимолии мақомҳои Эрону Амрико дар Туркия

0

Раисҷумҳури Эрон ба вазири корҳои хориҷии кишвараш дастури музокира бо Амрико дод. Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти мақомҳои баландпояи Эрон ва Амрико дар Истанбул хабар медиҳанд.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, 3-юми феврал дар саҳифаи “X”-и худ навишт, “бо таваҷҷуҳ ба дархости давлатҳои дӯст дар минтақа барои посух ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико ҷиҳати музокира ба вазири хориҷа дастур додам, дар сурати вуҷуди фазои муносибу орӣ аз таҳдид ва ба дур аз чашмдошти бемантиқ заминаи музокираи одилона ва мунсифона бар асоси асл, иззат, ҳикмат ва маслиҳатро дар чорчуби манофеъи миллӣ фароҳам созад”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои ҷаҳон аз мулоқоти эътимолии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи ИМА дар шаҳри Истанбули Туркия хабар медиҳанд.

Хабаргузории ниммарасмии “Тасним”-и Эрон бо такя ба расонаҳои туркӣ навиштааст, ки қарор аст, дидори Ароқчӣ ва Уиткофф бо ҳузури Раҷаб Тайип Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Истанбул баргузор шавад.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” аз қавли ду манбаъҳои худ навиштааст, ки “барои ором сохтани вазъият Эрон омода аст барномаи ҳастаии худро бандад ё муваққатан боздорад”. Ба навиштаи ин рӯзнома, Теҳрон пешниҳоди соли гузаштаи Амрико барои таъсиси як консорсиуми минтақавӣ барои истеҳсоли нерӯи ҳастаиро афзал медонад. Аммо Амрико оё то ҳол ба он шарту шароит моил аст ё не, маълум нест.

Ин расона мегӯяд, ҳафтаҳои охир дипломатҳои Туркия, Миср, Умон ва Ироқ бо ҳар ду ҷониб мулоқот карда, бо умеди пешгирӣ аз шиддатёбии вазъ, паёмҳоро ба тарафҳо мерасонданд.

Бояд гуфт, музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон пас аз ҳамроҳ шудани Амрико бо Исроил дар ҳамлаи моҳи июни соли 2025 ба хоки Эрон қатъ шуд.

Амрико мегӯяд, “Теҳрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”. Эрон ҳам борҳо таъкид кардааст, ки “барномаи ҳастаияш сулҳомез аст”.

Таниш ахир миёни ин ду кишвар баъди ба наздикии Эрон фиристодани нерӯҳои низомии Амрико шиддат гирифт. Мақомдорони амрикоӣ ҳар лаҳза аз эҳтимоли зарба ба Эрон ва паёмадҳои сангини он мегӯянд. Роҳбарияти Эрон ҳам таъкид мекунад, ки ба ҳар гуна ҳуҷуми низомӣ посухи сазовор медиҳад ва ин барои Амрико паёмадҳои бад хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, зиёд шудани реҷаи барқ дар Рамазон “аз сатҳи оби “Норак” ва резиши об ба Вахш вобаста аст”

0
photo_2026-02-03_14-34-35

Зиёд кардани реҷаи таъмини барқ ​​ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва резиши об ба дарёи Вахш вобаста аст. Ин нуктаро Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бо вуҷуди ин, номбурда дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “дастрасии аҳолӣ бо нерӯи барқ дар моҳи Рамазон, ки 18-уми феврал оғоз мешавад, беҳтар хоҳад шуд”.

Вале нагуфт, ки маҳдудияти барқ барои аҳолӣ то чӣ андоза сабук мешавад ва ба онҳо то чанд соат барқи бештар дода мешавад. 

“Аммо соати муайяне, ки чӣ қадар зиёд карда мешавад, ин вобаста ба сатҳи обанбори “Норак” дар рӯзи 18-уми феврал ва инчунин резиши об ба маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад. Бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ин соатҳо ҳатман иҷро карда мешаванд”,-гуфт, раиси “Барқи тоҷик”.

Ба гуфтаи Асозода, то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи “Норак” каме бештар аз 885 метр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар мебошад. Ӯ афзуд, ки ҷараёни об ба дарёи Вахш низ айни замон тадриҷан аз миёна зиёдтар аст.

Ба иттилои мақомот, нуқтаи баланди пуршавии обанбор 910 метр ва нуқтаи пасттарини он 857 метрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, оби истифодашуда дар обанбор ба ҳолати 3-юми феврал, 28 метр мебошад.

Қаблан, Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва зихираҳои оби кишвар низ ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва имкон дорад, ки аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шаванд. Ӯ ҳам нагуфт, ки интиқоли барқ дар ин марҳила чӣ қадар зиёд хоҳад шуд ва ин аз резиши об дар дарёҳо вобаста аст.

Ба гуфтаи вазир, айни замон аҳолӣ 7 соат, субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 бо барқ таъмин ҳастанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон аз “лимит” шадиди барқ нигаронӣ карда гуфтанд, ки баъзе вақтҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин буданд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешуд. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ карданд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба  камобӣ рабт медоданд.

Қаблан масъулини Вазорати энерыии кишвар кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфт, электромобилҳо дар як сол чӣ қадар барқ “истеъмол” мекунанд

0
photo_2026-02-03_13-48-31

Соли гузашта мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо танҳо 2 дарсад барқи қабулкардаи Шабакаҳои тақсимоти барқро “истеъмол” кардаанд, ки ин ҳаҷм ба гуфтаи масъулин, “ба камбуди нерӯи барқ дар кишвар оварда намерасонад”.

Ҷомӣ Умарзода, намояндаи Шабакаҳои тақсимоти барқ (ШТБ) имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нишондод дар баробари истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва дигар истифодабарандагони барқ хеле кам аст.

“Аз 19,9 млрд квт-соат барқи қабулкардаи мо дар соли 2025 ҳамагӣ 2%-и он ба нуқтаҳои барқтаъминкунии мошинҳои барқӣ рост меояд. Ин ба гурӯҳи якум, яъне саноат ва тиҷорат дохил мешавад. Гурӯҳи якум, дар соли  гузашта ҳамагӣ 22,2%-и нерӯи барқро истифода кардаанд. Аҳолӣ 67,2%-и нерӯи барқе, ки мо аз ҶСК “Барқи тоҷик” қабул кардаем, истифода кардаанд”,-гуфт Умарзода.

Ба таъкиди номбурда, электромобилҳо танҳо дар соатҳое, ки дар хатҳои барқ сарборӣ нест, нерӯи барқ мегиранд.

“Саҳару бегоҳ ба аҳолӣ барқро медиҳем, ба ҳамин хотир мо гуфтем, ки нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо дар соатҳои авҷи серборӣ барқро истифода накунанд. Ин ба хотири серборӣ аст, на ба хотири онки мо онҳоро бо барқ таъмин карда натавонем”,-гуфт Ҷомӣ Умарзода.

Ин масъули ШТБ илова кард, ки нархи нерӯи барқ барои электромобилҳоро худи ширкатҳои нерӯдиҳии мошинҳо вобаста аз хидматрасонӣ муайян мекунанд.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, аз 1-уми феврали соли равон бори аввал барои пур кардани барқи электромобилҳо таърифаҳои махсус муайян шуд. Минбаъд барои пур кардани ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқи электромобилҳо, нуқтаҳои пуркунандаи барқ 94,65 дирам пардохт мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ низ аз моҳи ноябри соли гузашта дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Шабакаҳои тақсимоти барқ бо қабули қарори дахлдор ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад.

Дар ин санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.

Дар пайи ин ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе аз навбатпоии зиёд, набудани барқ дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ шикоят намуда, нигаронӣ карданд, ин раванд ба норасоии таксиҳо дар пойтахт оварда расонидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазор электромобил ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.