Home Blog Page 73

Қатару Белгия ва Ҷопону Олмон. Муҳоҷирони тоҷик ба кадом кишварҳо барои кор рафтанд ва метавонанд раванд?

0
1020898618

Соли гузашта беш аз 4 ҳазору 600 шаҳраванди Тоҷикистон ба кишварҳои авропоӣ, арабӣ ва осиёӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Дар ин бора дирӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнату муҳоҷират хабар доданд.

Тибқи иттилои вазорат, соли гузашта 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қатар бо кор таъмин шудаанд. Инчунин, Кореяи Ҷанубӣ соли 2025-ум барои 800 муҳоҷири тоҷик квота ҷудо кардааст. Вале ин кишвар 68 довталабро интихоб карда, 21 нафари онҳоро бо кор таъмин кардааст. Вазорат гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳои 12 довталаби дигар барои сафар ба ин кишвар омода аст.

Ҳамчунин, дар як ширкати ҷопонӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ки “корҳо ҷиҳати сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Ҷопон идома дорад”.

Тибқи иттилои вазорат, дар мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуёни тоҷик, ки се рӯз дар Душанбе гузашт, беш аз 1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 263 нафар аз сӯҳбати корфармоён гузаштаанд ва рӯзҳои наздик барои кор дар Қатар миёни онҳо созишнома ба имзо мерасад.

Аз ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик ба кадом кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ ба кор рафтаанд.

 

Муҳоҷирони кории тоҷик ба Белгия мераванд

Вале Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки “вазорат корҳоро барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиё ҷоннок кардааст”.

Ӯ гуфт, моҳи ноябри соли 2025 байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия ёддошти тафоҳҳум дар самти муҳоҷират ба имзо расидааст.

“Ҳуҷҷат айни ҳол дар марҳилаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад. Санади мазкур имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Белгия, Ҳоланд ва Люксембург ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд”,-гуфтанд дар Вазорати меҳнат.

Ба гуфтаи Холмаҳмадзода, соли гузашта бо 17 кишвар, аз ҷумла Корея, Қатар ва дигар кишварҳои арабӣ созишнома ба имзо расонидаанд. Ӯ гуфт, ҳоло бо кишвари Олмон низ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ корбарӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2024-ум кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида афзудааст.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Корея мебошад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Мактаби “Сомониён” то ҳол иҷозатнома нагирифтааст, аммо фаъолият дорад”

0

Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мегӯяд, ки мактаби “Сомониён”, ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон, то ҳол аз ин ниҳод иҷозатнома нагирифтааст, вале фаъолият дорад.

Саидзода имрӯз зимни нишасти хабарии Агентии зери роҳбариаш гуфт, ки сафири Афғонистон дар Душанбе тариқи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои тамдиди иҷозатнома ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм муроҷиат кардааст.

“Барои минбаъд ба роҳ мондани фаъолияти муассиса ба Сафорат якчанд пешниҳод кардем. Онҳо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз натиҷааш то ҳанӯз ба мо хулоса пешниҳод накардаанд”, – иброз дошт роҳбари Агентӣ.

Муҳлати иҷозатномаи фаъолияти мактаби “Сомонииён” 17-уми октябри соли 2024 ба охир расида буд. Роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфт, азбаски ҳукумати Афғонистон иваз шудааст, мавқеи ин муассиса аз ҷониби ҳукумати кунунии Афғонистон муайян нест. Ӯ таъкид дошт, ки “дар ҳамин замина муассиса бояд баъзе санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиашро дуруст кунад”.

 

Вай дар шарҳи “якчанд пешниҳод” аз ҷумла гуфт, пешниҳод кардаанд, ки хонандагони мактаби “Сомонииён”, ки бо мо ҳамзабон ҳастанд, метавонанд дар мактабҳои маҳалли зисташон таҳсил кунанд. Ё талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мактаб татбиқ карда, фаъолияташро расман ба роҳ монанд.

“Барои фаъолият кардани мактаби “Сомониён” бояд ҳамин чиз (манзур талаботи болозикр, – АП) дар сатҳи Сафорат ва мақомоти дигар қарори дахлдор қабул шавад, пешниҳод кунанд, мо ҳатман мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳем”, – гуфт Саидзода.

Муҳаммадтоир Саидзода тасдиқ кард, ки аз фаъолияти кунунии мактаби Сомониён дар бинои Сафорати Афғонистон дар Душанбе огоҳ ҳаст, вале ҳамзамон таъкид дошт, ки ин мактаб то кунун иҷозатнома надорад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи сентябри соли 2025 аз Сафорати Афғонистон дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки мактаби “Сомониён” иҷозатнома гирифта, дубора фаъолияташро дар бинои сафорат оғоз кардааст.

 

Он вақт гуфта буданд, ки “мактаби “Сомониён” ахиран тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардааст ва акнун қонунӣ фаъолияташро идома дода истодааст”.

“Ҳоло беш аз 500 нафар фарзандони паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар се синфхона дар бинои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тадрис доранд. Тибқи гуфтаи Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, дарс аз 30-юми август оғоз шуд, дар ин рӯз мо занги мактаб доштем”, – гуфта буданд масъулини Сафорат.

Талошҳои мо барои гирифтани назари Сафорати Афғонистон дар Душанбе дар робита ба фаъолияти бидуни иҷозатномаи мактаби “Сомониён” бенатиҷа анҷомид.

Мактаби “Сомониён” соли 2001 дар Душанбе таъсис ёфт. Дар ин мактаб то замони қудратро ба даст гирифтани Толибон* дар Афғонистон фарзандони муҳоҷирону ин кишвар таълим мегирифтанд. Худи мактаб бошад, мувофиқи меъёри Вазорати маорифи Афғонистон фаъолият мекард. Ҳамчунин, пули иҷораи мактабро ин вазорат пардохт мекард.

Аммо пас аз дубора ба қудрат баргаштани “Толибон” мактаби мазкур ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд. Маблағи иҷораи онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2024 пардохта буд. Баъди он мактаб ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблиаш– Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчид.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби мазкур гуфта буд, ки ин мактаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Зоҳир Ағбар ваъда дода буд, ки қарзи мактаб пеши соҳибмулки қаблӣ ҳал хоҳад шуд.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон ваъда кардааст, барои мактаб ҷойи мушаххасеро ҷудо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи сафир, ин кор вақт мехоҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози санҷиши телефони мусофирон дар метрои Маскав

0
image_2026-02-04_15-25-19

Дар пайи оғози санҷиши телефонҳои мусофирон дар метрои Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки “қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд” ва нисбат ба ин қарор “монеа эҷод накунанд”.

Сар аз 4-уми феврали соли равон дар метрои шаҳри Маскав ба таври интихоби телефони мобилии мусофирон санҷида мешавад. Ин тасмим дар доираи қоидаҳои нави бехатарии Вазорати нақлиёти Русия гирифта шудааст.

Намояндагии Вазорат навиштааст, ки тибқи ин фармон “санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад”.

“Дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метро, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд”, – навишт Намояндагӣ.

Метрои Маскав гуфтааст, ки санҷиши телефонӣ "дар ҳолати зарурӣ" илова ба чораҳои амниятии мавҷуда истифода мешавад, навиштааст “РБК”.

Чунин қоида аллакай дар Санкт-Петербург амал мекунад. Кирилл Поляков, муовини роҳбари Санкт-Петербург гуфтааст, ки аз сокинон хоҳиш кардааст, ки онҳоро “дарк кунанд”.

Мақомоти Русия ин ҳама тадбирҳоро ба “чораҳои бехатарии амниятӣ” рабт медиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки тайи ду соли охир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар марти соли 2024, мақомоти Русия натанҳо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, балки “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро ҳам тартиб дода, ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйирот ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Таҳсили духтарон дар Донишкадаи исломӣ. “Роҳнамои довталаб”: танҳо барои мардҳо. Ректор: “табъиз вуҷуд надорад”

0

Дар “Роҳнамои довталаб”, ки ҳар сол Маркази миллии тестӣ (ММТ) нашр мекунад, ҳуҷҷатсупорӣ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи исломӣ танҳо барои мардҳо пешбинӣ шудааст. Масъулини ММТ ҳам ин нуктаро тасдиқ карданд, аммо ректори ин донишкада мегӯяд, “барои қабули духтарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

Дар “Роҳнамои довталаб” зикр мешавад, ки “…ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит фақат мардон интихоб карда метавонанд”.

Аммо далели манъи ҳуҷҷатсупории занон дар ин ихтисосҳои Донишкадаи исломӣ зикр намешавад.

 

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали раиси ММТ рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки солҳост духтарон аз ҳаққи ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишкадаи исломӣ маҳрум шудаанд.

“Тибқи тартибе, ки ба ММТ пешниҳод гардидааст, ба Донишкадаи исломӣ танҳо писарон қабул карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, на дар давраи бақайдгирӣ ва на дар давраи имтиҳонсупорӣ ягон духтар на аз қайд гузаштааст ва имтиҳон супоридааст. Албатта, ин кор аз ҷониби муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо  мақомоти болоӣ мешавад. Тақрибан 4 ё 5 сол шуд, ки  чунин тартиб ҷорӣ мебошад”,-гуфт Шодиниё.

Аммо ӯ ҳам сабаби муайян шудани чунин тартибро шарҳ надод ва ҳам аз “мақомоти болоӣ” ном набурд.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдуалим Аҳтамзода, ректори тозатаъини Донишкадаи исломӣ рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, соли таҳсили 2025 – 2026 ягон духтар ба ин муассиса дохил нашудааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло дар донишкада 29 духтар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд, ки ҳамаашон солҳои қаблӣ ба муассиса дохил шудаанд.

Ӯ маҳдудияти дохилшавии духтарон ба Донишкадаи исломиро рад карда, гуфт, ки “барои қабули духтарону писарон ҳеҷ табъизе вуҷуд надорад”.

“Дари донишкада ҳамеша боз ҳасту боз мемонад. Касе ки ба Донишкадаи исломӣ ҳуҷҷат месупораду довталаб аст, қабул мешавад. Ҳеҷ табъизе ҳам вуҷуд надорад”, – гуфт Аҳтамзода.

 

Пештар аз ин Нусратулло Зокирзода, ректори ҳамакнун собиқи Донишкадаи исломӣ ҳам ба Азия-Плюс гуфта буд, ки дар қабули духтарон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Номбурда таъкид карда буд, ки раванди қабул ба донишкада тавассути ММТ ба роҳ монда шудааст ва барои ҳуҷҷат супоридани духтарон маҳдудият нест.

Бар пояи маълумоте, ки моҳи ноябри соли 2025 Нусратулло Зокирзода гуфта буд, “дар ин донишкада ҳамагӣ 12 духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар таҳсили онҳо нест”. Аммо ӯ омили адами дунишҷӯдухтарон дар бахши рӯзонаи ин донишкадаро шарҳ надод.

То соли 2018, замоне ки дар Тоҷикистон ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид ва таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ ва ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва назди волидайн вогузор шуд, теъдоди духтарон дар ин донишкада 250 нафарро ташкил мекард.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар Донишкадаи исломӣ метавон таҳсили динӣ кард. Барои таҳсили ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 1997 таъсис шудааст. То соли 2007 ҳамчун муассисаи мустақил фаъолият мекард ва баъдан ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм гузашт. Соли гузашта бошад, соҳиби бинои наву боҳашамате шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур ҳузур дошт.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Бозгашти Виталий Левченко ба “Истиқлол” ҳамчун сармуррабӣ. Ситоди нави муррабиёни даста маълум шуд

0
levchenko-1

Виталий Левченко, матахассиси 53-солаи тоҷик дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста ҳам маълум шудааст. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, навиштааст, ки шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, ба ситоди муррабиёни ин даста, Андрей Анненков, – мураббии калон, Анвар Норкулов – мураббии тайёрии ҷисмонӣ, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо ва Дониёр Муродов – мураббии таҳлилгар шомил гардиданд.

Бояд гуфт, Левченко қаблан низ роҳбарии тими “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт (солҳои 2020-2022) ва бо роҳнамоии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО намояндагӣ карда буд.

Ҳоло ӯ дар вазифаи сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченкоро, ки моҳи декабри соли 2025 аз ин мақом канор рафта буд, иваз мекунад. Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии “Истиқлол” буд.

Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дода, гуфта буд, ки бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ситоди мураббиёни дастара тамдид накард.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Тарбиятдидаи мактаби маҳаллии футбол мебошад. Дар дастаҳои “Хуҷанд”, тимҳои украинии “Динамо” ва ССКА (Киев), “Таврия”-и Симферопол, дастаҳои русиягии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург), ҳамчунин тими “Чанчун Ятай”-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (1996-2000) дар 10 бозӣ ширкат кардааст.

Дастаҳои украинии “Княжа” (вилояти Бориспол), “Еднист” (вилояти Чернигов), “Десна” (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.

Ҳамчунин, як муддат сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, мураббии тими русиягии “Криля Советов” (Самара) ва сармурабии бошгоҳи “Хуҷанд” буд. Баъди ин, ду сол – 2020-2022 сармарабби "Истиқлол"-и Душанбе буд. 

Виталий Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият дошт ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста қаҳрамони футболи Ӯзбекистон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Насби дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Бохтар оғоз мешавад

0

Аз 5-уми феврали соли равон насби дурбинҳои назоратӣ ба “Шаҳри бехатар” дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон оғоз мешавад. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзод, раиси ин шаҳр рӯзи 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Вақтҳои охир дар роҳҳои шаҳр ҳолатҳои тамбашавӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем бо дастгирии ҳукумати кишвар дурбинҳо мушоҳидавӣ насб карда, шаҳрро ба хадамоти “Шаҳри бехатар” пайваст кунем”, – илова кард ӯ.

Ба гуфтаи Муминзод, корҳои омодасозӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва насби дурбинҳо то 1 сол идома хоҳад кард. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи роҳҳои шаҳр – аз даромадгоҳҳо то кӯчаҳои дохилӣ, ба “Шаҳри бехтар” пайваст мешаванд.

Ба иттилои раиси шаҳр, корҳои насбкунии дурбинҳоро як ширкати ватанӣ анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2024 як манбаъ аз ҳукумати Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, барои роҳандозии ин лоиҳа як ширкати қазоқистонӣ масъул гардидааст, аммо аз зикри номи ширкат худдорӣ кард. Танҳо гуфта буд, “ин ширкат алакай дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон чунин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст”.

Хабари насби дурбинҳо “Шаҳри бехатар” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон соли 2024-ум расонаӣ шуда буд. Он замон аз ҳукумати вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои амалисозии ин лоиҳа бо шарикони рушд ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи то 18 миллион доллар ба имзо расидааст.

“Шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қаблан раиси шаҳри Бохтар гуфта буд, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар пайдо кардани ҷинояткорон низ кӯмак мерасонанд.

Бояд гуфт, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ насб шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, моҳи майи соли 2023 лоиҳаи “Шаҳри бехатар” таҳия ва барои иҷрои он бо ширкати чинӣ созишнома ба имзо расида, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад. Ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ба коҳиши қарзи “Барқи тоҷик” мусоидат кард

0

Пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шуд. Дар ин бора мудири кулли ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал дар Душанбе хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки дар доираи тағйироти воридгардида аз ҷониби ҳукумат ситоде таъсис ёфта, ки ба таври доимӣ амал карда, ба пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии барқ дар саросари кишвар машғул аст.

Ба гуфтаи Асозода, ин имкон дод, ки пули барқи истифодашуда дар дохили кишвар 1,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 170 млн доллар) зиёд ҷамъоварӣ шавад.

“Қисме аз ин, ба маблағи 900 млн сомонӣ, барои пардохти қарзи ширкат равона карда шуд”, – илова намуд ӯ.

Асозода дар идома изҳор дошт, ки соли 2025 қарзи ширкат ба миқдори 2,6 млрд сомонӣ (тақрибан 280 млн доллар) – аз ҳудуди 24, 2 млрд сомонӣ  дар аввали сол то 21,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,3 млрд доллар) коҳиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки қарзи мазкур аз ҳисоби пардохт нашудани маблағи истифодаи барқи гирифтаи ширкат аз истеҳсолкунандагони дохилӣ – ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО Сангтӯда-2”, ҶСК “НБО Роғун”, инчунин қарзҳои ҷалбшудаи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба вуҷуд омада буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2025 ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки дар онҳо барои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии нерӯи барқ масъулият (ҷавобгарӣ) пешбинӣ мешавад. Ин тағйирот бо мақсади коҳиши талафот дар шабакаҳои барқ ва баланд бардоштани интизом миёни истеъмолгарон қабул шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз кафшергару хиштчину барқчӣ то устои “электромобил”. Ихтисосҳои серталаб дар коллеҷу литсейҳои касбӣ кадомҳоянд?

0
photo_2026-02-04_11-37-58

Ихтисосҳои марбут ба сохтмон, аз ҷумла, кафшергар, рангуборкун, хиштчин, васлкунандаи таҷҳизот, устои барқ (барои писарон), қаннодию дӯзандагӣ (барои духтарон), инчунин устои мошинҳои барқӣ (электромобил), ихтисосҳои аз ҳама серталаб дар литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои Тоҷикистон будаанд.

Дар ин бора, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Кумита раддабандии 20 ихтисоси серталаб дар ин муассисаҳоро таҳия кардааст ва он ҳамасола нав мешавад.

Раиси кумита гуфт, солҳои охир таваҷҷуҳ ва талабот ба ихтисоси устои мошинҳои барқӣ (электромобил) низ зиёд мешавад. Духтарон бошанд, аз ҷумла ихтисоси “ҳисобдор бо донистани компютер”-ро бештар интихоб мекунанд

Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, соли 2025 литсейҳои касбии кишварро 8 ҳазору 844 нафар хатм кардаанд, ки қисмати зиёд аз рӯйи 20 ихтисоси серталаби радабандии кумита будаанд.

Ба гуфтаи раиси Кумита, дар ин баробар ихтисосҳое ҳастанд, ки ба далели набудани талабот ва ҷойи кор дар бозори меҳнат барҳам дода мешаванд.

“Инҷо як ҷараёни муназзам аст. Мо раванди қабул ба ихтисосҳоро пайгирӣ мекунем, ки шаҳрвандон ба ҳамин ихтисос майл доранд ё на. Баъдан бо назардошти меъёри бозори меҳнат, яъне бо кадом маош таъмин мешавад, чӣ гуна шароит ҳаст, оё ҷойи кор дар дохили кишвар ҳаст ё на, бозоргир будани ихтисос муайян карда мешавад”, – гуфт Раҳимӣ.

Ба қавли ӯ, қаблан дар бахши механизатори хоҷагии қишлоқ аз рӯйи 20-25 ихтисос мутахассис омода карда мешуд, аммо ҳоло дар ин соҳа танҳо 5-6 ихтисос боқӣ мондааст.

“Ба истиснои худи механизатор, ронандаи комбайну трактор ва челонгари ҳамин соҳа дигар ҳама ихтииссоҳо барҳам дода шудаанд. Зеро аллакай эҳтиёҷот дар бозори меҳнат нест ва зарурати омӯзонидан низ нест”, – илова кард ӯ.

Ҳоло дар Тоҷикистон 66 литсейи касбӣ ва 87 коллеҷ бо 7 филиал фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар литсейҳои касбӣ 300 касбу ихтисос омӯзиш дода мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд аст. Дар коллеҷҳо аз рӯйи 344 ихтисос мутахассис омода мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

Кумита мегӯяд, ҳоло дар литсейҳои касбӣ  28 ҳазору 312 таҳсил доранд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, 4 ҳазору 869 донишомӯз зиёд аст. Дар коллеҷҳо бошад, 106 ҳазору 407 донишҷӯ мехонанд, ки нисбат ба соли гузашта 8 ҳазору 856 нафар бештар мебошад.

Соли 2023 дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумат таъсис ёфт, ки ҳадафи он танзим ва рушди фаъолияти муассисаҳоои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла, литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо мебошад. Қаблан танзими ин соҳа ба души Вазорати маориф ва илм буд.

Қаблан, ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо  барномаи 4-солаеро қабул кард, ки ба таъмиру сохтмони биноҳо, рақамикунонии соҳа, ҷалби омӯзгорон, фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ ва таъмини китобҳои дарсӣ дар ин муасссисаҳо равона шудааст.

Дар санад зикр мешавад, ки барои иҷрои ин барнома, ки соҳои 2026-2030 амалӣ мегардад, аз ҳисоби буҷети кишвар, фонди раисҷумҳур, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо 400 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли 2026 барои иҷроои он 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бозиҳои олимпии зимистона-2026: Аз Тоҷикистон ягон варзишкор иштирок намекунад

0

Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд.

Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома (литсензия) ба даст оварда натавонист. Ахиран варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи (Русия) иштирок карданд. Бозиҳои олимпии зимистона-2018  дар Пхёнчхан (Кореяи Ҷанубӣ) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бидуни иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор шуданд.

Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.

Тавре ки дар торнамои Olympics.com  хабар дода мешавад, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон аз ҳама зиёдтаранд.

Тими Қазоқистонро дар Бозиҳои олимпии зимистона дар Италия 36 варзишгар, Ӯзбекистонро – 4 варзишгар ва Қирғизистонро – 2 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Туркманистон ягон бор дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардаанд ва ин бозиҳо ҳам истисно нест.

Бозиҳои XXV олимпии зимистона дар Италия аз 6 то 22 феврали соли равон баргузор мешаванд. Дар он 2871 варзишгар аз 93 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳо барои дарёфти 116 маҷмӯи мукофотҳо дар 16 навъи варзиш рақобатҳо сурат мегиранд. Ҳиссаи иштироки занон дар Бозиҳо ба 47%-и рекордӣ мерасад.

Варзишгарони давлатҳое ба монанди Бенин, Гвинея-Бисау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори нахуст кишварҳои худро дар Бозиҳои олимпии зимистона намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин Бозиҳои олимпии зимистона 2026 бори аввал таҳти роҳбарии президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ Кирсти Ковентри доир гардида, самти рушди навъҳои варзиши зимистонаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири маориф гуфт, пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ва обунаи иҷборӣ ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ “қатъиян манъ аст”

0
photo_2026-02-03_16-05-35

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дигарбора гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандаҳо барои таъмир ва дигар эҳтиёҷоти мактаб ва обунаи иҷбории омӯзгорон ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ аст. 

Ӯ рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ афзуд, қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” талаби маблағ ва обунаро манъ кардааст ва ин ниҳод, “ҷиҳати иҷрои он ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои маориф" мактуб ирсол кардааст.

Вазир дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки дар ҳолати ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо сокинон метавонанд ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд.

“Ҳар рӯзи шанбе қабули вазири маориф мешавад, марҳамат муроҷиат кунед. Танҳо хоҳиш мекунам, мушаххас гӯед, ки дар куҷо ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ сурат мегирад, мо ҳатман нисбаташ чораҷӯӣ мекунем… Аз волидайни хонандаҳо маблағ ситонидан дар мактабҳо қатъиян манъ аст”, – таъкид кард Саидзода.

Вазири маориф соли гузашта низ гуфта буд, ки барои таъмир ҷамъ кардани маблағ манъ аст, “аммо тибқи низомномае, ки дар мактабҳо ҳаст, шахсони алоҳида ё ки эҳсонкор ҳуқуқи пешниҳоди маблағҳоро барои таъмир доранд”.

Вале бо ин вуҷуд ҳар сол, махсусан дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад. Инчунин, шикоятҳо аз талаби пули моҳона дар мактабҳо зуд-зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

 

“Обуна ба нашрияҳои соҳавӣ манъ нест”

Ҳамчунин, вазири маориф дар баҳси обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳо гуфт, “ғайр аз нашрияҳои соҳавӣ ба дигар намуди нашрияҳо обуна шудан мумкин нест”.

“Мумкин дар баъзе ҳолатҳо бошанд, маҷбур (обуна, аз идора) кардан. Ман аз ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки дар ин самт корбарӣ мекунанд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нисбати омӯзгор, қонуне, ки дар нисбати мақоми омӯзгор қабул шудааст риоя карда шавад”, – таъкид кард вазири маориф.

Дар ҳамин ҳол вазир дар нишасти матбуотӣ нагуфт, ки обуна ба нашрияҳои соҳавии вазорати маориф иҷборӣ аст ё ихтиёрӣ.

Вале аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "омӯзгорон дар масъалаи обуна ба нашрияҳои соҳавӣ озод буда, обунаи онҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ танҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад".

Баҳси ҷалби иҷбории омӯзгорон барои обуна шудан ба нашрияҳо дар Тоҷикистон солҳост расонаӣ мешавад. Бархе омӯзгорон  дар шабакаи иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳар сол оғози нави хониш иҷборан барои обуна шудан ба нашрияҳо, махсусан расмӣ-давлатӣ ҷалб мешаванд ва аз онҳо аз 400 то 556 сомонӣ пули обуна талаб карда мешавад.

Бояд гуфт, тибқи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷалби омӯзгорон ба обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра манъ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.