Home Blog Page 90

“Мехостаанд муноқиша кунанд”. Пулиси Душанбе аз боздошти гурӯҳи ноболиғони кордбадаст хабар дод

0
photo_2026-01-21_11-29-44

Пулиси шаҳри Душанбе аз ҳодисае пешгирӣ кардааст, ки дар он як гурӯҳ ноболиғони корбадаст мехостаанд бо ҳам муноқиша кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, 6 ноболиғ, ки “бо ашёи буррандаву халанда мусаллаҳ будаанд”, шаби 19-уми январ дар кӯчаи С.Айнӣ дастгир шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, аз онҳо ду корди гуногунтамға дарёфт ва мусодира шудааст.

Мақомот алайҳи волидайни ин 6 наврас бо гумони “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак” (моддаи 90 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 780 сомонӣ ҷарима то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Назари волидони ноболиғони боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.

"Вобаста ба ин, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд", – навиштааст Раёсати ВД дар шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, муноқишаи ноболиғон бо истифода аз корд солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад, ки баъзе аз онҳо бо фоҷиа анҷомидаанд.

Ахиран дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Гуфта мешуд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар зада, яке аз наврасон ба дили Муҳаммадалӣ корд мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон медиҳад.

Моҳи ноябри соли гузашта  ҳам дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар  Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.

Сокинони пойтахт дар як назарсанҷии “Азия-Плюс” сабаби чунин муноқишаҳоро дар байни наврасон, беназоратии волидон, дур мондан аз тарбияи онҳо, ҳамчунин муҳоҷират унвон дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

БАТР барои хариди автобусҳои барқӣ ба Тоҷикистон 10 млн евро медиҳад

0
photo_2026-01-21_10-55-19

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои хариди автобусҳои барқӣ ва бунёди таваққуфгоҳҳо дар вилояти Хатлон 10 млн евро қарзу грант медиҳад. Дар ин бора, дирӯз 20-уми январ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи бонки мазкур дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, 6,4 млн еврои ин маблағ қарз ва 3,6 млн евро грант аст. Мақомот нагуфтанд, ки аз ин бонк қарзро бо кадом шарту шароит гирифтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳадафи асосии лоиҳа харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Ҳоло маълум нест, ки кай ин автобусҳо харида ва ба роҳҳои Бохтар ба ҳаракат оғоз мекунанд. 

Вале эҳтимол сухан дар бораи харидории 47 автобуси барқӣ меравад, ки соли гузашта Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд. Ӯ он замон иттилоъ дода буд, ки автобусҳои мусофиркашии муқаррариро бо автобусҳои хурди барқӣ ё электроавтобусҳо иваз мекунанд.

Ба таъкиди Муминзод, автобусҳои ҳозира дар оянда ба хатсайрҳои берун аз шаҳр сафарбар мешаванд.

Абдулмаҷид Муминзод илова карда буд, ки ин нақлиёт дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”, ки аз тарафи Бонки рушди аврупо ва таҷдид амалӣ карда мешавад, сурат мегирад.

Ба гуфтаи вай, дар марҳалаи якуми ин лоиҳа, бинои КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” сохта шуда, ҳамчунин, 41  автобус харидорӣ шуд. Арзиши марҳалаи аввали лоиҳа 9,2 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Бояд гуфт, дар шаҳри Душанбе низ марҳила ба марҳила автобусҳои мусофиркаши барқӣ ба истифода дода мешаванд.

Ахиран моҳи августи имсол шаҳрдории Душанбе 30 автобуси барқии нав харид. Ҳоло дар чанд хатсайри мусофиркаши пойтахт, аз ҷумла 8, 3А, 18 автобусҳои барқӣ ҳаракат мекунанд. Шаҳрдории Душанбе нақша дорад, то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 9

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми нуҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Коҳиши содироти маҳсулоти тайёри пахта аз Тоҷикистон

0
photo_2026-01-20_09-32-09

Дар соли 2025 истеҳсоли пахта ва содироти ашёи хом дар Тоҷикистон зиёд шуда, лекин содироти маҳсулоти тайёр аз пахта кам шудааст. Дар ин давра, мисли пешин, ба кишварҳои хориҷӣ асосан ашёи хом фурӯхта шуда, аммо коркарди пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам маҳдуд ва нокофӣ боқӣ мемонад.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 дар Тоҷикистон 392,2 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ каме зиёдтар аст.

Дар муқоиса бо соли 2024 ҳаҷми истеҳсол ба миқдори 139,5 ҳазор тонна афзудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Содироти нахи пахта аз пешгӯиҳо зиёдтар шуд. Давоми сол ба маблағи умумии 142,1 млн доллар ҳудуди 93 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст. Ҳукумат содироти 71,1 ҳазор тоннаро ба маблағи 135 млн доллар дар нақша дошт.

Дар ҳамин ҳол, содироти ришта ё худ калобаи пахта аз сатҳи интизоридошта пасттар шуд. Дар амал ба маблағи 25,05 млн доллар 11,24 ҳазор тонна ришта содир шуда, тибқи пешгӯиҳо интиқоли ҳудуди 16 ҳазор тонна калоба ба хориҷи кишвар ба маблағи 56,1 млн доллар пешбинӣ шуда буд.

Камшавӣ ҳамчунин дар содироти матоъ ва маҳсулоти тайёри пахта низ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2025 ҳаҷми содироти ин маҳсулот 3,25 ҳазор тонна ба маблағи 9,45 млн долларро ташкил додааст. Тибқи пешгӯиҳо бошад, бояд ба маблағи 17,6 млн доллар 5,8 ҳазор тонна аз ин навъи маҳсулот содир мешуд.

Ба сурати умум, натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки дар баробари афзоиши истеҳсоли пахта ва зиёдшавии содироти ашёи хом, содироти маҳсулоти коркардшуда ҳоло ҳам кам аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст

0

Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулотро ба зиёда аз 100 млрд доллар расониданд. Дар ин бора Го Ҷякун, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон рӯзи 19 январ дар Пекин хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Чин ва кишварҳои минтақа бори аввал зиёда аз 100 млрд долларро ташкил дода, давоми панҷ сол ҷараёни болоравии мусбатро нишон дод.

Манбаъ афзуд, соли гузашта Чин бори нахуст ба шарики бузургтарини тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Содирот аз Чин 11% афзуда, то 71,2 млрд расид, ки ба ин афзоиши босуръати маҳсулоти механикӣ ва электротехникӣ, инчунин маҳсулоти истеҳсоли технологияҳои баланд марбут будааст. Воридот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 14% зиёд шуда, 35,1 млрд долларро ташкил додааст.

“Беҳтар шудани сохтори тиҷорат байни тарафҳо идома дошта, ҳарчи бештар молу маҳсулоти хушсифат аз минтақа ба бозорҳои Чин роҳ меёбад”, – гуфтааст Го Ҷякун.

Намояндаи ВКХ Чин таъкид доштааст, ки сарфи назар аз душвориҳо дар иқтисоди ҷаҳон ва мушкилот дар савдои байналмилалӣ, ҳамкорӣ миёни Чин ва Осиёи Марказӣ натанҳо суръати худро нигоҳ медорад, балки ба рушди минбаъда идома медиҳад. 

Ба таъкиди вай, ин афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба аз нақши муҳими механизми “Чин – Осиёи Марказӣ” гувоҳӣ медиҳад, ки ба марҳилаи калидӣ дар густариши ҳамкориҳо дар сатҳи нисбатан баландтар табдил ёфт.

Ӯ зикр кардааст, ки тайи соли ахир муносибатҳо миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд. Механизми “Чин – Осиёи Марказӣ” бештар пурсамар гардида, рушди ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” идома дорад.

“Чин ба таҳкими ҳамкориҳо ва густриши муносибатҳои дуҷониба мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидат ба рушди минбаъда ва бунёди ҷомеаи бештар наздики тақдири ягона омода аст”, – илова кардааст Го Ҷякун.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2026

0
photo_2026-01-19_18-15-17

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

26 сол пеш – соли 2000 дар ҳамин рӯз шумораи нахустини рӯзномаи “Азия-Плюс” ба нашр расид. Дар муддати кутоҳ рӯзнома яке аз серхонандатарин ва пешқадамтарин нашрияҳои Тоҷикистон шуд. Имрӯз, “Азия-Плюс” ҳамоно мавқеи пешсафии худро дар бозори матбуоти Тоҷикистон нигоҳ медорад.

Сипос ба таваҷҷуҳи шумо, хонандагони “Азия-Плюс”, ки тӯли ин солҳо бо мо будед ва эътимод кардед! Рӯзномаи “Азия-Плюс” минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки маводи ҷолиб таҳия карда, мавқеи пешсафии худро нигоҳ дорад.

Соли 2004 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мутобиқи он муҳлати хидмати ҳарбӣ барои хатмкардагони донишгоҳҳо аз 18 моҳ (1,5 сол) ба 12 моҳ (1 сол) кам карда шуд.

Соли 2011 – Хадамоти муҳоҷират дар назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло он дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аст.

Соли 2021 – Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии “Фароб” дар бораи анҷоми марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” шартнома бастанд.

Соли 2022 – Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эътироф кард, ки коронавирус дар кишвар вуҷуд дорад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1922 – Мавлуди Савсан Бандишоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.

Нақшҳои Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хоса дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.

Фаъолияти эҷодии Бандишоева соли 1936 дар ҳайати ҳаваскорони санъати мусиқии ноҳияи Рӯшон шурӯъ шуда, баъдан, дар дастаи ҳунарии клуби сарҳадбонон идома ёфтааст. Солҳои 1940-1965 ҳунарпеша дар Театри вилоятии мазҳакавӣ-мусиқии Хоруғ кор карда, аз соли 1965 бознишаста будааст.

“Акрамҷони сеторӣ”, “Сегоҳи Помир”, “Дилбари ҷон”, “Ширин, ширин”, “Нолаи булбул”, “Рубоиёти Шуғнон”, “Рубоиёти Ванҷ” барин таронаҳои Савсан Бандишоева дар Хазинаи тиллоии Радиои тоҷик маҳфузанд.

Соли 1937 – Мавлуди Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Мирзо Мастонгулов, ҳавонаварди тоҷик ва муассиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.

Мирзо Мастонқулов дар рушди авиатсияи Тоҷикистон нақши бузург дорад. Ӯ ширкати "Сомон Эйр"-ро таъсис дод ва бо корнамоиҳояш дар солҳои вазнинтарин – аз ҷанги шаҳрвандӣ то ташкили ширкатҳои хусусӣ – таърихи соҳаи авиатсияи кишварро тағйир дод.

Ӯ яке аз чеҳраҳои калидии таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз аввалин халабонҳое буд, ки ҳавопаймоҳои муосири замони худро идора кардааст.

Кӯдакии Мирзо бо фоҷиа оғоз ёфт. Ӯ дар оилае ба дунё омад, ки сарнавишташон зери теғи саркӯбиҳои солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қарор гирифт. Боздошти падар, бадарғаи оила ба Қазоқистон, марги падар дар зиндон ва солҳои гарони ғурбат аз душвортарин рӯзҳои зиндагии ӯ дар кӯдакиаш буданд.

Соли 1959 Мастонгулов ба Душанбе омад ва дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии Краснокутск таҳсил карда, соли 1961 дар дастаи ҳавонавардии Тоҷикистон ҳамчун халабони дуюм дар ҳавопаймои АН-2 фаъолияти худро оғоз кард. Ӯ аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки ҳавопаймои турбовинтии Ту-154-ро идора мекард. Баъдан ба ҳайси халабон-мураббӣ ва фармондеҳи гурӯҳҳои парвозӣ фаъолият намудааст.

Мастонгулов солҳои 1991–1992 сардори Идораи иҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 2001 аввалин директори кулли ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикистон” буд. Аз соли 2005 директори генералии нахустин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон “Сомон Эй” буд.

Ӯ 6 апрели соли 2008 дар синни 70-солагӣ дар манзилаш даргузашт.

Соли 1950 – Комилҷон Ғаниев, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Комилҷон Ғаниев аз даврони ҷавонӣ ба суруду тарона шавқ дошт ва пас аз хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ -равшаннамоии ноҳияи Ленин таҳсил кардааст.

Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор омада, чанд сол клуби сайёрро сарварӣ ва баъдан дар вазифаҳои роҳбари бадеӣ, солисти театри халқӣ, роҳбари мусиқӣ, директори Филармонияи халқии Ҳисор кор кардааст. Чанд соли охир ҳофизи Филармонияи халқии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов буд.

Ӯ бештар аз эҷодиёти халқ истифода бурда, ба осори шуарои классики форс-тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дошт. “Модар”, “Майда-майда меравӣ”, “Як хол дорад ёрам”, “Гулнораҷон”, “Як ёри ширин дорам”, “Бархез гулам зи ҷоят”, “Ҳисорам”, “Хоболуда”, “Панди адибон”, “Банда шавам”, “Силсилаи кӯҳи Ҳисор”, “Салом ба кишварам”, “Ман муборакбод мегӯям туро” аз таронаҳои маъруфи ӯ дониста мешаванд.

Комилҷон Ғаниев 10-уми январи соли 2023 дар синни 72 даргузашт.

Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Муҳаммадалӣ Аҷамӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид бо тафаккури амиқ ва пайванди устувор бо анъанаҳои адабиёти классикӣ мавқеи хос пайдо кардааст.

Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ), дар соҳаи матбуот ва фарҳанг ба кор оғоз кард ва муддате ҳамчун хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Вахш”, корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб ва раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Чанде низ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиста, ба фаъолияти адабӣ ва илмӣ машғул будааст.

Муҳаммадалӣ Аҷамӣ  ашъори худро дар маҷмӯаҳои “Кокули борон”, “Ватан”, “Сари об” ва “Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам” мунташир карда, дар Теҳрон низ се дафтари шеъраш, “Андӯҳи сабз”, “Биҳишти Одаму гандум” ва “Атри шабҳои Хуросон” ба табъ расидааст.

Муҳаммадалӣ Аҷамӣ 4-уми майи соли 2020 дар 76-солагӣ даргузашт.

Соли 1955 – Мавлуди Имомёрбек Қаландарбеков, ректори пешини Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев.

Имомёрбек Қаландарбеков чандин сол дар соҳаи муҳандисӣ фаъолият карда, муддате дар сохтори идории соҳаи маориф низ кор кардааст.

Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнон ва хатмкардаи факултети сохтмони саноатӣ ва граждании Институти политехникии Тоҷикистон аст. Фаъолияти касбии Қаландарбеков аз омӯзгорӣ оғоз ёфта, баъдан ба корҳои тадқиқотӣ ҷалб шуд.

Ӯ зина ба зина аз омӯзгорӣ то ба роҳбарии сохторҳои муҳими маориф расида, аввал ҳамчун мудири кафедра, сардори шуъбаи таълим ва муовини ректор дар самтҳои гуногуни таълим, тарбия ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият бурдааст. Соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев таъин гардида, то соли 2014 дар ин мансаб будааст.

Соли 1978 – Зодрӯзи Рустам Боқиев, куштигири тоҷик, ҷудокор, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

Соли 1992 – Мавлуди Ҳамид Ҳусайнзода (Ҳамид Ҳирод), хонандаи мусиқии попи аҳли Эрон, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.

Соли 1924 – Владимир Ленин, ходими сиёсӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар 53-солагӣ даргузашт.

Соли 2021 – Бобоҷон Азиз, сароянда ва ҳунарпешаи театри тоҷик дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Бобоҷон Азиз дар 15-солагиаш ба саҳна омада, дар аввалҳои даҳаи 1970 ба сифати як овозхони касбӣ аз худ дарак дод. Ӯ дастпарвари факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб буда, солҳо сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода ва аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли “Навои Хатлон” будааст.

Вай дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад. Сурудҳои “Дилҳо нишона карда”, “Дар дидаи ман монд”, “Ёди Ватан”, “Ҳарфи дигар мазан”, “Нолаи Кова”, “Хорӣ макун”, “Модар” аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд.

Бобоҷон Азиз дар баробари овозхонӣ дар театр низ якчанд нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Муҳаммадалии Ашқар дар “Карим Девона”, Фарҳод дар “Хусрав ва Ширин” ва ғайра.

Бобоҷон Азиз 21-уми январи соли 2021 дар 70-солагӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ даргузашт.

Соли 2022 – Саъдулло Ситамов, олими илми физика дар 74-солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар саросари дунё имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайриоддӣ – Рӯзи байналмилалии ба оғӯш гирифтан таҷлил мегардад. Ин рӯз бори нахуст соли 1986 дар ИМА ҷашн гирифта шуд. Мувофиқи анъанаи ҷашн дар ин рӯз ҳатто шахси ношиносро ба оғӯш гирифтан мумкин аст.

21 январи соли 1954 корхонаи киштисозии Гротон дар иёлати Коннектикути ИМА нахустин киштии зериобии атомии ҷаҳонро ба баҳр баровард. Романи “20 ҳазор фарсанг дар зери баҳр” ба мафкураи мардум чунон таъсир расонида буд, ки ин киштиро ба номи “Наутилус”-и Жюл Верн номгузорӣ карданд ва баъд аз ҳашт моҳ он дар низоми баҳрии ИМА қабул гардид.

Дарозии он киштӣ 97 метр ва бараш 8,2 метр буда, 4092 тонна вазн дошт. Он дар зери об бидуни баромадан ба болои об тӯлонӣ қарор гирифт, ки дар он замон рекорд гузошт.

“Наутилус” инчунин аввалин киштии зериобие шуд, ки дар соли 1958 таҳти яхҳои Арктика қутби шимолиро убур кард. Имрӯз “Наутилус” («Nautilus») дар Гротон, дар бандари ёдгориҳои он қарор дорад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 2-7º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 4-9º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 22-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном

0
photo_2026-01-20_10-26-53

Аз 1-уми январи соли 2026 дар аксари минтақаҳои Русия арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло рафт. Имсол муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳама бештар дар минтақаи Краснодар (27 283 рубл) ва аз ҳама камтар дар ҷумҳурии Чеченистон (3 ҳазору 410 рубл) маблағи патент месупоранд.

Дар пайи гарон шудани нархи патент, намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯйхати нархи патент дар минтақаҳои ин кишварро нашр кард. Бо нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирони корӣ дар аксари шаҳру минтақаҳои Русия дар баргаҳои мо шинос шавед:

Қаблан, арзиши муҷаввизи кор дар минтақаҳои калони Русияро гирдоварда будем, ки онро дар ин пайванд метавонед бубинед.  

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2026 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд

0

Дар пайи задухӯрдҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, сафоратхонаҳои Чин дар ин ду кишвар аз чиниҳо хостаанд, ки аз сафар ба минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон худдорӣ кунанд.

Дар ин бора аз Сафорати Чин дар Душанбе ба “Азия-Плюс” имрӯз, 20-уми январ, хабар доданд.

“Ҷониби Чин ҳамеша амнияти ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони худро дар хориҷ аз кишвар дар ҷойи аввал қарор медиҳад. Вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст. Бо дарназардошти зарурати воқеии ҳифзи амнияти шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд. Мо мутмаин ҳастем, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ниҳоят ба эътидол меояд”, – изҳор доштанд аз ин ниҳод.

Ёдрас мешавем, ки дар даргирии охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки рӯзи 18-уми январ рух дод, 4 фарди мусаллаҳ кушта шуданд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушташудаҳоро “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” хонда, гуфт, ин даргирӣ ва “амалиёти маҳви террористон” дар минтақаи марзии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон рух дод.

Дар ҳамин ҳол, Толибон афроди кушташударо гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир гуфта, изҳор доштанд, ки ин қазияро таҳқиқ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки дар соли 2026 расонаӣ мешавад.

 

Соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Дар пайи ин Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш даъват карда буд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд.

 

Дертар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, корҳои сохтмонӣ дар қитаъи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон), ки ҷузъе аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма буда, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон қатъ шуд, “то пурра барқарор шудани амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барқарор намешаванд”.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Чанд рӯз баъди ин ҳодиса, Толибон аз боздошти ду гумонбар хабар дода, зикр карданд, ки онро тафтиш мекунанд. Аммо натиҷаи ин тафтиш то ҳол расонаӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?

0
photo_2026-01-20_15-12-13

Чун ҳарсола, дар оғози соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар робита ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дастур дод ва маблағи бунёдии ҳар як озмунро муайян кард.

Дар заминаи он, низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ нашр шуд, ки чанд тағйирот дар онҳо дида мешавад. Аз ҷумла, дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” пойгоҳи электронӣ барои таъмини шаффофият таъсис ёфта, довталабони озмун гурӯҳбандӣ шудаанд ва дар қатори масъулин Маркази миллии тестӣ низ илова шуд.

Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шумораи ғолибон афзуда, баъзе тағйироти ҷузъӣ дида мешавад. Дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дигаргунии куллие нест.

Дар ин матлаб, тағйирот дар низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2026-ро гирдоварӣ кардем.

 

Маркази миллии тестӣ дар қатори масъулин

Имсол дар баробари дигар ниҳодҳо, Маркази миллии тестӣ низ яке аз масъулони баргузории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” интихоб шуда, даври ниҳоии озмун моҳи октябри соли равон маҳз дар ин муассиса баргузор мешавад. Ҳамчунин, қисми назариявӣ (пурсишу посух)-и озмун ҳам имсол тариқи Маркази миллии тестӣ (тариқи тестӣ) баргузор шуда, довталабоне, ки аз қисми назариявӣ аз 50% камтар хол ба даст меоранд, ба қисми амалии озмун (намоиши ихтироот) роҳ дода намешаванд.

Қаблан даври ҷумҳуриявии озмун дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм гузаронида мешуд ва Маркази миллии тестӣ дар ягон бахши он саҳме надошт.

Бояд гуфт, озмуни мазкур дар чор давр, мутаносибан дар моҳҳои апрел, май, сентябр ва октябр доир мешавад.

 

Гурӯҳбандии довталабон

Имсол дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” банди нав илова шуда, мувофиқи он довталабони озмун ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд ва ҳар довталаб аз рӯйи синну сол ва таҳсилоту корашон дар гурӯҳи худ қувваозмоӣ мекунанд.

Тибқи низомнома, довталабон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

1. Гурӯҳи якум – хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ;

2. Гурӯҳи дуюм – хонандагони мактабҳои миёнаи типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ);

3. Гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллежу литсейҳои касбӣ. (Магистрантон ва онҳое, ки ғоибона ва ё аз рӯи маълумоти дуюм таҳсил мекунанд, ба ин гурӯҳ дохил намешаванд).

4. Гурӯҳи чорум – магистрантон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони дигари касбу кори гуногун.

Аммо довталабони гурӯҳи чорум, танҳо дар ду номина: ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок карда метавонанд.

Ба ин гурӯҳ докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ дохил намешаванд ва имкони иштирок дар озмунро надоранд.

Дар низомномаи соле пеш чунин гурӯҳбандии довталабон вуҷуд надошт ва ҳамаи онҳо якҷоя “қувваозмоӣ” мекарданд. Аз Вазорати маориф ва илм низ тасдиқ карданд, ки ин меъёр дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” нав илова гардид. Вале бо ин вуҷуд, соли гузашта вақте озмун ҷамъбаст шуд, ба ғолибон ҷоизаҳои аз рӯи гурӯҳҳо тақдим шуда буданд.

 

Шарти иштирок барои дарёфти “Шоҳҷоиза”

Тағйироти дигар дар ин омзун ба “Шоҳҷоиза” рабт дорад. Яъне қаблан, танҳо довталабоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор мешуданд, барои дарёфти “Шоҳҷоиза” роҳ дода мешуданд.

Дар соли 2026 бошад, ғолибони ҷойи аввали бахши ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ низ имкони бурди “Шоҳҷоиза” доранд.

 

Тартиби муайян кардани ҷойҳо

Дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2026 дар робита ба муайян кардани ғолибони ҷойҳои як, ду ва се низ банди нав илова шудааст.

Мувофиқи он, дар тамоми бахшҳо довталабоне, ки аз 75 то 100 холро ба даст меоранд, имкони бурди ҷойи аввалро доранд. Яъне агар довталаб аз 75 хол камтар ба даст орад, ба ӯ ҷойи аввал дода намешавад.

Барои дарёфти ҷойи дуюм бошад, довталаб аз 60 то 75 холро бояд соҳиб шуда бошад. Бо ҳамин тартиб, ҷойи сеюм ба шахсоне, ки аз 50 то 60-хол соҳибро мешаванд, тақдим мешавад. Дар ҳолати аз 50 хол камтар доштани холҳо, довталабон имкони ғолибият дар озмунро аз даст медиҳанд.

Қаблан танҳо як меъёр мавҷуд буд ва дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номина, ҷойи якум дода намешуд.

 

Таъсиси Пойгоҳи электронӣ

Тағйироти дигаре, ки имсол ба низомнома ворид шуд, таъсиси Пойгоҳи электронӣ аст, ки ба қавли масъулин “шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад”.

Мувофиқи он, акнун ғолибони даврҳои дуюм ва сеюми озмун вобаста ба бахшҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба пойгоҳ ворид карда мешаванд.

“Таҷрибаҳои қаблӣ нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи Низомнома такроран хоҳиши иштирок карданро доранд. Барномаи мазкур бошад ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ мекунад. Ҳамзамон, барои пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат мекунад”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илми кишвар.

Қаблан дар ҳар шаҳру навоҳӣ комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон таъсис ёфта буд ва ҳуҷҷатҳои довталабон тариқи котибони масъул ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешуд.

Тағйироти дигаре, ки ба Низомнома ворид шудааст, дар робита ба имтиёзҳои ширкаткунандагони он аст.

Акнун тамоми иштирокдорони даври ниҳоии озмун имкон пайдо мекунанд, ки давоми се сол ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба колеҷу литсейҳои касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул шаванд.

Қаблан ин имтиёз танҳо давоми як сол татбиқ мешуд ва фақат ба хонандагони синфҳои 11, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок кардаанд, дода мешуд.

 

Тағйирот дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар соли 2026 дар Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ дигаргунӣ дида мешавад.

Яке аз тағйироти ҷиддии ин озмун, ба 5 гурӯҳ  ҷудо кардани довталабони он аст. Акнун хонандагони мактаб, ки қаблан дар байни ҳамсолони худ дар ду гурӯҳ иштирок мекарданд, 3 гурӯҳи довталабони озмунро ташкил медиҳанд. Яъне хонандагони синфҳои 5-8 аз синфҳои 9-11  ҷудо карда шудаанд, ки дар ҳамаи бахшҳо, ғайр аз бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” гурӯҳҳо 5 адад шуданд.

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоӣ, яъне синфҳои 1-4-и мактабҳои миёна;

– гурӯҳи дуюм – хонандагони синфҳои 5-8 мактабҳои миёна;

– гурӯҳи сеюм – хонандагони синфҳои 9-11 ва ибтидоии касбӣ;

– гурӯҳи чорум – донишҷӯёни макотиби олӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо;

– гурӯҳи панҷум – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;

Танҳо дар бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” 4 гурӯҳи аввал иштирок мекунанд ва омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун имкони ширкат дар ин бахшро надоранд.

Ба ин тартиб, дар соли 2026 теъдоди ғолибони озмун дар даври ҷумҳуриявӣ, ки солҳои пеш 94-то буд, ба 118 нафар мерасад.

Бояд гуфт, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли ҳаштум ва “Илм – фурӯғи маърифат” соли шашум аст, ки дар кишвар доир мешаванд. Соле пеш ҷоизаи пулии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд шуд. 

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми худ ба муносибати Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ, аз ҷумла “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интиқод карда буд.

Бояд гуфт, давоми панҷ соле, ки озмун доир мешавад, танҳо соли 2023 як нафар – Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” шуд. Соли гузашта низ касе соҳиби “Шоҳҷоиза” нашуд ва масъулин, сабаби онро ба талаботи “Шоҳҷоиза” ҷавобгӯ набудани довталабон марбут донистанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд

0
photo_2026-01-20_08-13-43

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво зиёда аз 3 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи мавсимӣ дар давраи солҳои 1981-2020 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маълумоти барномаи аврупоии иқлими "Copernicus" гувоҳӣ медиҳад.

Аз моҳи май то декабр ба истиснои моҳи ноябр, ҳар моҳ ҳароратҳои рекордии баланд сабт мешуд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебдида аз мавҷи глобалии гармӣ табдил дод.

Дар соли 2025 ба сурати умум дар зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ҳарорати рекордии моҳона сабт шул.

Коршиносон зикр мекунанд, ки бо сабаби омилҳои иқтимоӣ ва иқтисодӣ, Тоҷикистон бахусус осебпазир буд.

Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, танҳо 41%-и аҳолии кишвар ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд. Ин омил ба хавфҳо барои солимӣ ва амнияти озуқаворӣ тавқвият мебахшад.

Кишварҳои ҳамсояи минтақа, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон низ бо мушкили гармшавии ҷиддӣ дучор шуданд: ҳарорат дар ин давлатҳо аз меъёри мавсимӣ 2-3 дараҷа баландтар буд.

Ба ғайр аз Осиёи Марказӣ, гармои реекордӣ ба минтақаи Соҳил дар Африқо ва як қатор кишварҳои Аврупо низ таъсир расонид.

Олимон аз шабакаи World Weather Attribution" зикр мекунанд, ки аз соли 2015 мавҷҳои ғайримуқаррари гарм қариб 10 баробар бештар имконпазир шуданд, ки мустақиман ба тағйирёбии антропогении иқлим марбут аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.