Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и Барзу Абдураззоқов дар Душанбе манъ карда шуд

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и коргардони театри академии русии ба номи Маяковский Барзу Абдураззоқов, ки рӯзи 17-уми март мсуаррифӣ гардида буд, дар Душанбе манъ карда шуд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Барзу Абдураззоқов изҳор дошт, ки дар муаррифномаи спектакл дар қатори намояндагони вазорати фарҳанг ва доираҳои фарҳангии кишвар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и коргардони театри академии русии ба номи Маяковский Барзу Абдураззоқов, ки рӯзи 17-уми март мсуаррифӣ гардида буд, дар Душанбе манъ карда шуд.




Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Барзу Абдураззоқов изҳор дошт, ки дар муаррифномаи спектакл дар қатори намояндагони вазорати фарҳанг ва доираҳои фарҳангии кишвар намояндагони дипломатии кишварҳои дигар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, ба намоишнома баҳои баланд доданд, вале намояндагони вазорати фарҳанг намоиши спектаклро ғайрирасмӣ манъ эълон карданд. «Намояндагони вазорат мегӯянд, бинобар хусусияти инқилобӣ доштани спектакл намоиши он манъ гардидааст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қаблан мазмуну мӯҳтавои спектакл ба вазорати фарҳанг пешниҳод гардида, мувофиқа ҳосил шуда буд.



Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати фарҳанги ҶТ аз шарҳи иттилои марбут ба ин қазия худдорӣ намуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.