Рустами Эмомалӣ дастоварди футболбозони тоҷикро ба таври шоиста қадрдонӣ кард

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард, ба таври шоиста қадрдонӣ намуд. Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, баъди роҳ ёфтан аз гурӯҳ бо фармони Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ […]

Asia-Plus

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард, ба таври шоиста қадрдонӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, баъди роҳ ёфтан аз гурӯҳ бо фармони Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд.

Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд.

Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.

Зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард.

Дар даври чорякниҳоӣ дастаи мо 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.