Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии дарки коррупсия аз даст медиҳад

Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба коррупсия дар ҷаҳон дар соли 2023 гузориш нашр кард. Дар Шохис (Индекс)-и нави дарки (қабули) коррупсия Тоҷикистон бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистон ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи […]

Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба коррупсия дар ҷаҳон дар соли 2023 гузориш нашр кард. Дар Шохис (Индекс)-и нави дарки (қабули) коррупсия Тоҷикистон бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.

Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистон ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.

Каме болотар Қирғизистон ва Русия қарор доранд, ки 26-имтиёзӣ гирифтаанл ва ҳамроҳ дар мақоми 141-ум дар ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Нишондиҳандаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон каме беҳтар шуда, мутаносибан зинаҳои 121 ва 93-юмро касб кардаанд.

Зинаи аввалро бо 90 имтиёз Дания ишғол намуда,ба сегонаи аввал Финландия (87 имтиёз) ва Зеландияи Нав (85) шомиланд. Дар зинаҳои баъдӣ Норвегия (84), Сингапур (83) ва Шветсия (82) қарор доранд.

Нишондиҳандаҳои бадтарин дар Сомали (11 имтиёз), Венесуэла ва Сурия (13-имтиёзӣ) зикр шудааст.

Кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз лиҳози дарки фасод дар сафи минтақаҳои душвортарин боқӣ мондаанд. Муаллифони радабандӣ навиштаанд, ки дар пасманзари мавҷуд набудани волоияти қонун, афзоиши худкомагӣ (авторитаризм) ва коррупсияи доимӣ, имтиёзи миёна дар минтақа 35 баллро ташкил дода, дар сатҳи соли 2022 боқӣ мондааст.

Гузориш 30 январ ба нашр расида, дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ  ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.

Тоҷикистон 20 имтиёз гирифтааст, ки 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Шохис (Индекс)-и дарки коррупсияро дар 180 кишвар арзёбӣ мекунанд. Назарпурсӣ дар доираҳои корӣ ва миёни мутахассисону коршиносон аз ҷумлаи асосҳои таҳқиқот мешавад.

Дар Гузориш зикр мегардад, ки мақомоти кишвар барои решакан кардани фасод ислоҳоти лозимро анҷом намедиҳанд ва кори додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ношаффоф боқӣ мемонад.

Transparency International дар тавсияҳои худ ба Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мақомот бояд волоияти қонунро таъмин карда, аз монополияи қудрат пешгирӣ намоянд.

Transparency International зимни таҳияи Шохиси дарки фасод дар кишварҳо аз меъёрҳое, чун ришвахорӣ, тасарруфи ғайриқонунӣ ва дуздии маблағҳои давлатӣ ва суиистифода аз имконоти ниҳодҳои давлатӣ ба ҳадафҳои хусусӣ истифода мекунад. Ҳамчунин ваколатҳои ҳукумат дар мубориза бо фасод, таъини мансабҳо аз рӯи хешутаборӣ, қабули қонунҳое, ки дороиҳо ва маблағҳои давлатиро ифшо мекунанд, ҳифзи сокиноне, ки аз фасодкорӣ хабар медиҳанд, дастрасӣ ба иттилоот ва ғайра зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.