Бори нахуст дар даври 1/4 финалии Ҷоми футболи Осиё ду даста аз Осиёи Марказӣ бозӣ мекунанд

Мунтахаби миллии футболи Ӯзбекистон дар даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол тими Таиландро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт ва дар ин марҳила бо дастаи мизбони мусобиқа – футболбозони Қатар бозӣ мекунад, менависад хабаргузории Фергана. Ҳамаи коршиносон бар ин назар буданд, ки мунтахаби Ӯзбекистон ғалаба мекунад, лекин […]

Мунтахаби миллии футболи Ӯзбекистон дар даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол тими Таиландро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт ва дар ин марҳила бо дастаи мизбони мусобиқа – футболбозони Қатар бозӣ мекунад, менависад хабаргузории Фергана.

Ҳамаи коршиносон бар ин назар буданд, ки мунтахаби Ӯзбекистон ғалаба мекунад, лекин пеш аз оғози бозӣ маълум шуд, ки яке аз бозигарони калидии даста нимҳимоятгар Отабек Шукуров шамол хӯрдааст.

Вақте ҳайати дастаҳо нашр шуд, дар он ҳамлагар танҳо Ҷалолиддин Машарипов зикр гардида буд. Ҳарчанд оид ба дастаи Таиланд пешгӯиҳо манфӣ буданд, лекин сарфи назар аз ин, дар даври гурӯҳӣ ягон тӯб ба дарвозаи онҳо ворид нашуда буд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 37-ум футболбози ӯзбек Азизбек Тургунбоев боз карда, дар дақиқаи 58-ум футболбози Тайилан Сарачат ҳисобро мусовӣ кард. Баъди 7 дақиқа Аббос Файзуллоев бо зарба аз масофаи дур ҳисобро 2:1 ба фоидаи тими Ӯзбекистон кард. Дигар то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт.

Акнун дар даври чаҳорякниҳоӣ Ӯзбекистон рӯзи 3 феврал бо тими соҳибони майдон – Қатар бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, дар ин марҳила рӯзи 2 феврал бо тими Урдун бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз се ҷуфти даври чаҳорякниҳоӣ маълум шуд: Тоҷикистон – Урдун; Австралия – Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон – Қатар. Ҷуфти чоруми даври чаҳорякниҳоӣ имрӯз дар бозиҳои  Эрон – Сурия ва Баҳрайн – Ҷопон маълум мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.