Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 3-юми декабр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими “Сипоҳон”-и Эрон рақобат кард. Ин дидор дар доираи даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи “С” баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, ин мавсими Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 барои […]

Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 3-юми декабр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими “Сипоҳон”-и Эрон рақобат кард.

Ин дидор дар доираи даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи “С” баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, ин мавсими Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 барои “Истиқлол” поён ёфт ва ба гуфтаи коршиносон, бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки даста дар мусобиқаҳои сатҳи Осиё будааст.

Қаҳрамони футболи кишвар дар шаш бозии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа танҳо як гол зада, ҳеҷ имтиёзе ба даст оварда натавонист.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” даста “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар баробари “Ал-Ваҳда”-и Урдун бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба ба даст овард.

Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз гурӯҳи “С” дастаи “Шарҷа” бо 13 хол ва “Ал-Ваҳда” бо 11 имтиёз зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳро касб карда, роҳхати марҳилаи баъдиро ба даст оварданд.

Дастаи “Сипоҳон” бо ба даст овардани 10 хол ва “Истиқлол” бо 0 имтиёз дар ҷойҳои сеюм ва чоруми гурӯҳ қарор гирифта, имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро аз даст доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.