Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ва 28-уми март интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 содир шуд. Интихоботи парлумони дар Тоҷикистон, ки аз ду палата иборат аст, дар 5 сол […]

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ва 28-уми март интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 содир шуд.

Интихоботи парлумони дар Тоҷикистон, ки аз ду палата иборат аст, дар 5 сол як маротиба баргузор мешавад.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз 63 нафар иборат аст, тавассути овоздиҳии мустақим дар 41 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари кишвар ва ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад. Тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ 22 вакил соҳиби курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешавад.

Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Ёдовар мешавем, ки охирин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми марти соли 2020 баргузор гардид ва дар он аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аксари курсиҳои вакилони парлумонро соҳиб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.