Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод

Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Файзалӣ Юлдошев (Файзи Олӣ), вакили мудофеи тоҷикро шарҳ дода навиштааст, ки ӯ барои расонидани хабари бардурӯғ нисбати кормандони додситонӣ ва палатаи ҳисоб барои ришвагирӣ зиндонӣ шуд. Ҳафтаи пеш, Радиои Озодӣ навишта буд, ки Файзи Олӣ барои "дарӯғгӯӣ" 2,5 сол равонаи зиндон ва аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Дар шарҳи […]

Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Файзалӣ Юлдошев (Файзи Олӣ), вакили мудофеи тоҷикро шарҳ дода навиштааст, ки ӯ барои расонидани хабари бардурӯғ нисбати кормандони додситонӣ ва палатаи ҳисоб барои ришвагирӣ зиндонӣ шуд.

Ҳафтаи пеш, Радиои Озодӣ навишта буд, ки Файзи Олӣ барои "дарӯғгӯӣ" 2,5 сол равонаи зиндон ва аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Дар шарҳи додситонӣ, ки дирӯз, 3-юми декабр дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, ки Файзи Олӣ хилофи талаботи қонун дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвакатҳо “бо мақсади оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш аз қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд норозигӣ карда” ба Додситонии кул, Шӯрои амният, Оҷонсии зиддифасод, Вазорати корҳои дохилӣ ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мунтазам муроҷиати хаттӣ кардааст.

“Гӯё аз ҷониби корманди прокуратура Холиқзода У. содир намудани ҷинояти вазнин, яъне бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба миқдори 21000 сомонӣ, ревизори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.Ҷ. гирифани пора ба миқдори 50000 сомонӣ ва ҳимоятгар Саидова Ҳ.У. бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20000 сомонӣ аз Ҳамроҳзода Ш. ва дигарон дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст”,-шарҳ додааст додситонӣ.

Файзи Олӣ дар парвандаи азхудкунии беш аз 4 ҳазор сомонӣ аз сӯи як соҳибкор ҳамчун вакили дифоъ будааст ва баъди зиндони шудани ӯ аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба ниҳодҳои масъул муроҷиат кардааст.

Вале Додситонии кул мегӯяд, “мақомоти марбута” муроҷиатҳои ин вакили дифоъро санҷид, лекин “ваҷҳҳои мактуби Файзи Олӣ тасдиқ нашуд”.

Ба иттилои ин ниҳод, нисбати Файзи Олӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан дар содир намудани ҷинояти вазнин ё қисми 3 моддаи 346 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Вале ин ниҳод расман нагуфтааст, ки Файзи Олӣ ба чанд соли зиндон маҳкум шуд ё ҷазои дигаре гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми ноябри соли равон додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олиро барои “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор карда, ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кард

Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.