Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?

Дирӯз, 17-уми феврал дар Душанбе беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли гузашта, аз ҷумла варзишгарон, мураббиён, дастаҳо ва муассисаҳои варзишӣ эълон ва қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ медиҳад. Варзишгарони беҳтарини сол онҳое эълон шуданд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё ҷоиза ба даст оварданд.   Варзишгарони беҳтарини […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми феврал дар Душанбе беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли гузашта, аз ҷумла варзишгарон, мураббиён, дастаҳо ва муассисаҳои варзишӣ эълон ва қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ медиҳад.

Варзишгарони беҳтарини сол онҳое эълон шуданд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё ҷоиза ба даст оварданд.

 

Варзишгарони беҳтарини сол дар байни калонсолон дар варзиши навъҳои олимпӣ:

Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё).

Темур Раҳимов – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024 ва Чемпионати Осиё).

Давлат Болтаев – беҳтарин варзишгар (бокс, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024).

Лоиқ Қудбиддинов беҳтарин варзишгар дар байни ҷавонон аз рӯи навъҳои варзаши олипмӣ (ҷудо, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон) эълон шуд.

Дар байни бонувони варзишгари навъҳои олимпӣ Абдуллоева Фариноз беҳтарин варзишгар (бокс, медали тиллои Чемпионати Осиё) ва миёни бонувони варзишгари навъҳои ғайриолимпӣ Ясмина Ан-Нимр беҳтарин (бодибилдинг, чемпиони дукаратаи ҷаҳон) донгиста шуд.

 

Беҳтарин даста, мураббӣ ва муассисаҳои варзишӣ

Тими миллии футзали Тоҷикистон беҳтарин дастаи варзишӣ эълон гардид.

Ҳамчунин, Суҳроб Абдураҳмонов (гӯштини ҷудо), Маҳмадбеков Фотеҳ ва Бабаҳҷонов Алӣ  беҳтарин муррабӣ дониста шуданд.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе беҳтарин иншооти варзишӣ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 (бокс) беҳтарин мактабҳои варзишӣ эълон шуданд.

Шаҳри Душанбе беҳтарин шаҳри варзишии сол дониста шуд.

Дигар беҳтаринҳои солро дар ин пайванд бубинед.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҳамчунин, ҷоизаҳои пулии президенти Тоҷикистон ба варзишагроне, ки соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нишондоди беҳтаринро доштанд, тақдим гардид, ки метавонед дар ин пайванд хонед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.