Кор дар Корея. 22 нафар сафар карда, 36 кас ҳафтаи оянда парвоз мекунанд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар – мутахассисони соҳаи кишоварзиро рӯзи 10-уми октябр ба Корея барои кор фиристодааст. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад. “Дар асоси шартномаи баимзорасида байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри  Хампёнги музофоти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ […]

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар – мутахассисони соҳаи кишоварзиро рӯзи 10-уми октябр ба Корея барои кор фиристодааст. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад.

“Дар асоси шартномаи баимзорасида байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри  Хампёнги музофоти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани корҳои мавсимӣ тибқи дархости корфармо 22 нафар – мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баъд аз гузаштани марҳилаи омодагии пеш аз сафар дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябри соли 2022, тавассути шаҳри Тошканд ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ парвоз намуданд”, – навиштааст сомонаи ин вазорат.

Таъкид гардидааст, ки дар умум 78 нафар номнавис шуда, мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея шудаанд. Дар марҳилаи аввал 22 нафар шаҳрвандон рӯзи 10-уми октябр ва баъдан, 36 нафар рӯзи 16-уми октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади муташаккилона сафар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” гурӯҳи аввалинро то шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан тоҷикон умдатан ба Русия барои муҳоҷирати корӣ сафар мекарданд. Дар чанд соли охир самти муҳоҷирати онҳо васеъ гардида, чанде қабл аввалин гуруҳи тоҷикон ба Британияи Кабир барои кор сафар карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.