2500 сомонӣ кӯмакпулии давлат. Вазорати меҳнат гуфт, дурӯғ аст, бовар накунед

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабари пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ ба нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркардаро рад намуд ва гуфт, ин асоси воқеӣ надорад. Бояд гуфт, вақтҳои охир чанде аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтани паёмҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки тибқи он гӯё нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркарда […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабари пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ ба нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркардаро рад намуд ва гуфт, ин асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, вақтҳои охир чанде аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтани паёмҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки тибқи он гӯё нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркарда ҳақ доранд аз ин вазорат дар ҳаҷми 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ гиранд, шикоят доштанд. Ба гуфти шаҳрвандон, ба паём пайванде замима шудааст, ки тавассути он гӯё метавон номи худро дар рӯйхати нафароне, ки бояд кӯмакпулӣ гиранд, санҷид.

Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки хабар оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат ба аҳолӣ асоси воқеӣ надорад. 

“Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба ин гуна паёмҳо бовар накунанд ва ба пайванду файлҳои нафари бегона ирсолнамуда ворид нашаванд”, – навишт ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати қаллобӣ тавассути интернет ё паёмҳои телефонӣ нест. Қаблан ҳам қаллобон борҳо бо пешниҳоди кори сердаромад дар хориҷа, ирсоли хабарҳои бардурӯғ, зангҳои фейкӣ аз номи наздикони ҷабрдидагон ва ғайра ба маълумоти шахсӣ, рақами кортҳои бонкӣ ва пули шаҳрвандон соҳиб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша чунин хабару паёмҳоро рад карда, ба кори дасти қаллобон будани он таъкид кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.