“10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт”. Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи шаҳри Леваканд Абдуҷаббор Сайфиддинзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро, ки ба гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва айбдор мешуд, 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима бастааст. Ҳукми ӯ рӯзи 28-уми феврали соли 2026 содир шудааст. Чанд рӯз пеш, Оҷонсии зиддифасод хабар дода буд, ки номбурда моҳи июни соли 2024 ҳангоми дар вазифаи роҳбари дастгоҳи ин ноҳия кор […]

Додгоҳи шаҳри Леваканд Абдуҷаббор Сайфиддинзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро, ки ба гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва айбдор мешуд, 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима бастааст. Ҳукми ӯ рӯзи 28-уми феврали соли 2026 содир шудааст.

Чанд рӯз пеш, Оҷонсии зиддифасод хабар дода буд, ки номбурда моҳи июни соли 2024 ҳангоми дар вазифаи роҳбари дастгоҳи ин ноҳия кор кардан, "бо сӯистифода аз мансаб" барои пуштибонӣ аз таъини як нафар ба вазифаи мудири мактаб, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Намояндаи Додгоҳи шаҳри Леваканд рӯзи 3-юми март ба “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ, Сайфиддинзодаро ба “сӯистифода аз мансаб” (моддаи 314, қисми 1-и КҶ) гунаҳкор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятӣ, ки таъини ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад, дар ҳаҷми 14 ҳазору 600 сомонӣ (200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – ба ҳолати 2024-ум) ҷарима таъин кард.

Абдуҷаббор Сайфиддинзода дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” нахост ҳукми додгоҳ ва иттиҳоме, ки нисбаташ эълон шуд, шарҳ диҳад.

Ҳоло ба ҷойи Сайфиддинзода, Шарифӣ Бобосафар, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Леваканд таъин шудааст. Аммо маълум нест, ки роҳбари пешин кай аз вазифа озод ва Шарифӣ ба ҷои ӯ таъин шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ

Қаблан низ чанд корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ барои гирифтани пора ва ё қаллобӣ боздошт ва ё ҷарима шуда буданд. Аз ҷумла, чанде пеш Додгоҳи шаҳри Исфара Фирдавс Абдурауфзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро барои қаллобӣ ва фиребу азхуд кардани беш аз 900 ҳазор сомонии сокинон, 52 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Бояд гуфт, ки фасод дар ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои дигари давлатӣ яке аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Ҳамасола садҳо корманди идораву корхонаҳои давлатӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ё гирифтани ришва ҷарима ва ё зиндонӣ мешаванд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод дар соли 2025-ум 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.