Беш аз 687 млн. сомонӣ камбуди буҷет дар ним сол

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ҳафтаи равон ба рӯзноманигрон иттилоъ дод , ки президенти Мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки хароҷоти буҷет кам карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ин дастур Вазорати молия тасмим гирифтааст, ки «хароҷоти дуюмдараҷа», аз ҷумла харидории мебел, автомашинаҳои хизматӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва сохтмони иншооти начандон муҳим […]

ASIA-Plus



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ҳафтаи равон ба рӯзноманигрон

иттилоъ дод

, ки президенти Мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки хароҷоти буҷет кам карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ин дастур Вазорати молия тасмим гирифтааст, ки «хароҷоти дуюмдараҷа», аз ҷумла харидории мебел, автомашинаҳои хизматӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайраро боздорад.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми қисмати хароҷоти буҷет 450 млн. сомонӣ (беш аз 57,2 млн. $ бо қурби ҷории Бонки миллӣ) кам карда мешавад. «Буҳрони иқтисодии идомадошта дар кишварҳои шарики Тоҷикистон ба коҳиши нишондиҳандахои асосии макроиқтисодӣ дар кишвари мо, аз ҷумла ҳаҷми даромад ба буҷет боис мегардад», – эътироф кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ нақшаи буҷет аз рӯи андозҳо ба маблағи 421,4 млн. сомонӣ иҷро нагардида, аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 266,6 млн. сомонӣ камтар ба буҷет маблағ ворид шудааст ва дар маҷмӯъ камбуди буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввал беш аз 687 млн. сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.