Арзиши патент дар Тоҷикистон 5,4% боло меравад

Ҳаҷми андозбандӣ ба фаъолияти инифродии соҳибкорӣ, ки дар Тоҷикистон бар асоси патент амалӣ мешавад, ба андозаи 5,4% боло меравад. Вазорати молияи ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ охири моҳи январ «Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент» фармоиши муштарак содир намуданд. Бо фармоиши мазкур тасдиқи андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) дар соли […]

Ҳаҷми андозбандӣ ба фаъолияти инифродии соҳибкорӣ, ки дар Тоҷикистон бар асоси патент амалӣ мешавад, ба андозаи 5,4% боло меравад.

Вазорати молияи ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ охири моҳи январ «Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент» фармоиши муштарак содир намуданд.

Бо фармоиши мазкур тасдиқи андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) дар соли 2019 мувофиқи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, дастур дода шудааст.

Фармоиш ба Вазорати адлия пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмӣ, меъёрҳои нави патент мавриди амал қарор мегиранд. Агар ба солҳои пешин назар андозем, ба гумони ғолиб ин кор аз 1 апрел сурат хоҳад гирифт. Ҳаҷми пардохти маблағи патент дар ҷумҳурӣ бори охир соли 2016 бозбинӣ (индексатсия) шуда буд.

Айни замон дар Тоҷикистон 48 навъи фаъолияти срҳибкории инфиродӣ бар асоси патент амалӣ мешавад.

Кӣ чӣ қадар маблағ пардохт мекунад?

Ҳаҷми нисбатан баландтари патент барои соҳибкорони инфиродии машғул ба боркашонӣ бо нақлиёти боркаши борбардориаш беш аз 20 тонна муқаррар шудааст, ки баъди ҷорӣ шудани меъёрҳои нав 741 сомониро дар як моҳ (айни замон – 703 сомонӣ) ташкил медиҳад.

Барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо – дар як моҳ 667 сомонӣ (қаблан – 633 сомонӣ), навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо – 147 сомонӣ (130 сомонӣ), истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 222 сомонӣ (210 сомонӣ), банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ – 111 сомонӣ (105 сомонӣ), фурӯши гулҳои тару тоза – 296 сомонӣ (281сомонӣ), ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок (пулакӣ) – 223 сомонӣ (211 сомонӣ) ва фаъолияти маҳсгарӣ дар хона – 74 сомонӣ (пеш – 70 сомонӣ) пардохти моҳонаи маблағи патент муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.