Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва оби Тоҷикистон дар доираи нишасти “Комисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон” дар Теҳрон гуфтааст, мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар бо пули миллӣ ва минтақавӣ сурат мегирад. Дар ин бора хабаргузории IRNA хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ӯ баргузории нишасти Комисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро дар густариши равобити дуҷониба мусбат арзёбӣ кардааст.
“Рушди ҳамкориҳо дар сояи баргузории намоишгоҳҳои муштарак ва фаъолиятҳои иқтисодӣ имконпазир хоҳад шуд”, – гуфтааст вазири энергетика ва оби Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Теҳрон аз баргузории ин мулоқот изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 15-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон таҳти раёсати вазири энергетика ва оби Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми декабр дар Теҳрон баргузор гардид.