“Барқфурӯш”-и нав дар Тоҷикистон тӯли 2 соли кори худ 52 млн долларро рӯёнида натавонист

ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” дар бораи маблағи пардохтнашудаи қарз аз истифодаи барқро, ки дар давоми тамоми давраи фаъолияташ баъди навсозии сохтори ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омад, маълумот дод. Намояндагони ин ширкат имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки ҳаҷми умумии қарз (қарзҳои дебиторӣ) дар давоми ду сол 534 млн сомонӣ (52 млн […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” дар бораи маблағи пардохтнашудаи қарз аз истифодаи барқро, ки дар давоми тамоми давраи фаъолияташ баъди навсозии сохтори ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омад, маълумот дод.

Намояндагони ин ширкат имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки ҳаҷми умумии қарз (қарзҳои дебиторӣ) дар давоми ду сол 534 млн сомонӣ (52 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Зикр шуд, ки баъзе корхонаҳо мунтазам маблағи истифодаи барқро саривақт ва пурра пардохт намекунанд.

Ба сафи ин корхонаҳо дар навбати аввал “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) дохил мешавад, ки тайи ду соли ахир зиёда аз 97,6 млн сомонӣ пули истифодаи барқро пардохт накардааст. Қарзи ширкат аз барқ бо назардошти солҳои пешин ба 487 млн сомонӣ расидааст.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати кишвар низ ба ин қатор шомил буда, ҳаҷми қаразаш аз истифодаи барқ дар зарфи ду сол 170 млн сомонӣ (бо назардошти солҳои пешин 460 млн сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Аз оғози кори ширкати нав ҳамчунин қарзи аҳолӣ низ 139 млн сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, қарзҳои истеъмолгарони маишӣ ба 1,5 млрд сомонӣ наздик шудааст.

Қарзи умумии ҳамаи истеъмолгарон дар давоми тамоми солҳо аллакай қариб 3,7 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ширкатҳои дар заминаи “Барқи тоҷик” таъсисёфта (ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”) кори худро бе ҳеҷ гуна қарз оғоз намуданд. Ӯзикр кард, ки ба ҳамаи қарзҳои то ин дам бавуҷудомада (то соли 2021) “Барқи тоҷик” машғул мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи қарзҳои кредиторӣ маълумот надод.

Тобистони соли гузашта намояндагони “Барқи тоҷик” ба ВАО хабар доданд, ки қарзи кредитории ширкат то аввали нимсолаи дуюми соли гузашта ба 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар) баробар аст.

Ширкат аз ҷумла ба НБО “Сангтӯда-2”, НБО “Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО Роғун”,ҶСК ”Ориёнбонк” қарздор аст. Қарзҳо ба Вазорати молия (ҳукумат) 23,6 млрд сомониро ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки қарзҳо назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика дар солҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Ба воситаи ин маблағгузорӣ неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ шуда, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербино сохта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.