Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?

Мо нархи соли 2016-ро бо нархи ҳозира муқоиса кардем. Дар соли 2023 аҳолии Тоҷикистон ба 1 узви оила ба ҳисоби миёна 113 сомонӣ дар як моҳ барои харидани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сарф кардааст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқи буҷети 3 ҳазор хонавода маълумот медиҳад. Дар муқоиса бо соли […]

Мо нархи соли 2016-ро бо нархи ҳозира муқоиса кардем.

Дар соли 2023 аҳолии Тоҷикистон ба 1 узви оила ба ҳисоби миёна 113 сомонӣ дар як моҳ барои харидани гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сарф кардааст.

Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқи буҷети 3 ҳазор хонавода маълумот медиҳад.

Дар муқоиса бо соли 2023 хароҷот барои хариди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар соли 2023 ба андозаи 25% зиёд шудааст. Таҳқиқот аз соли 2016 сурат мегирад. Он замон аҳолӣ барои харидани гӯшт ба 1 узви оила 22 сомонӣ сарф мекард. Дар зарфи 8 сол хароҷот зиёда аз 5 баробар боло рафтааст.

Дар баробари хароҷот истеъмоли гӯшт ҳам зиёд мешавад. Дар соли 2023 истеъмоли он ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 24,2 килоро ташкил додааст, ки 11% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Соли 2016 ҳар як шахс дар Тоҷикистон дар як сол 14,7 кило гӯшт истеъмол мекард.

Мувофиқи таҳқиқоти Агентии омор дар бораи буҷети хонаводагӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро бештар – 30,1 кило (ба ҳар сари аҳолӣ) аҳолии шаҳрҳо истеъмол мекунанд. Ин нишондиҳанда дар деҳот – 20,3 кило ба ҳар сари аҳолиро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки меъёри тасдиқшудаи истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон 40,8 кило муқаррар шудааст.

Айни замон талаботи аҳоли Тоҷикистон ба гӯшт дар як сол тақрибан 380-385 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи 8 моҳи соли 2024 зиёда аз 148,8 ҳазор тонна гӯшт бо вазни зинда истеҳсол шудааст.

Давоми ду се моҳи охир нархи гӯшт дар Тоҷикистон мунтазам боло меравад. Айни замон нархи гӯшти устухондор ба 90-100 сомонӣ ва беустухон ба 120-150 сомонӣ расидааст, ҳол он ки баҳори имсол нархи онҳо 20-40 сомонӣ арзонтар буд.

Масъулин сабаби поён наомадани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба он ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.