Интиқоли ҷасади тоҷики дар Чин қатлшуда ба ватан

Тобути Ҳасан Юсуфов – соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Наздикони ин соҳибкори тоҷик рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо аз намояндагии сафорати Тоҷикистон дар Урумчӣ телефонӣ […]

Радиои Озодӣ



Тобути Ҳасан Юсуфов – соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Наздикони ин соҳибкори тоҷик рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо аз намояндагии сафорати Тоҷикистон дар Урумчӣ телефонӣ хабар додаанд. Баҳодур Юсуфов,бародари марҳум рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки маросими ҷанозаи ӯ нимаи рӯз дар масҷиди «Ҳаёти нав» дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Чин маъмулан ҷасадҳои тибқи ҳукми додгоҳ қатлшударо ба наздиконашон намедиҳанд, «вале бо талошу пофишориҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин муяясар шудааст, ки ба таври истисно ҷасади ӯро гиранд».

Ёдрас мекунем, ки Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом ёфта,

эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта

сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.