Маҳбуси авфшуда аллакай дар рӯзи дуюми озодӣ ба ҷиноят даст зад

Беш аз 10 нафар маҳбусони собиқ, ки чанде қабл мавриди авф қарор гирифтанд, боз ба ҷиноят даст заданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод. “Таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамаи шахсони озодшуда ба қадри ин иқдоми башардӯстона мерасанд ва мутаассифона, боз роҳи ҷинояткориро пеш мегиранд”, – гуфт номбурда. […]

Беш аз 10 нафар маҳбусони собиқ, ки чанде қабл мавриди авф қарор гирифтанд, боз ба ҷиноят даст заданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

“Таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамаи шахсони озодшуда ба қадри ин иқдоми башардӯстона мерасанд ва мутаассифона, боз роҳи ҷинояткориро пеш мегиранд”, – гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар навбати худ мақомоти милитсия шахсонеро, ки чанде пеш аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуданд, таҳти назорат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ШВКД дар ноҳияи Вахш хабар доданд, сокини 38-солаи ноҳия Рамазон Салимов аллакай дар рӯзи дуюми раҳоӣ аз маҳбас даст ба ҷиноят зада, боздошт шудааст.

“Рамазон Салимов мувофиқи қонун “Дар бораи авф” рӯзи 28-уми октябр ба озодӣ баромад. Бегоҳии рӯзи дигар ӯ хонандаи мактабро боздошта, бо таҳдид плейери ӯро гирифтааст. Кормандони милитсия ӯро боздошт карданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Рамазон Салимов пештар барои дуздӣ маҳкум шуда, 6 сол адои ҷазо кардааст”, – хабар доданд дар ШВКД-и ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” имзо гузошт. Татбиқи авф дар нисбати беш аз 20 ҳазор нафар ҷараён дорад.

Чанде пеш мо аз муассисаи ислоҳии №7 дар Душанбе боздид кардем, ки зиёда аз 500 нафар аз он ҷо озод шуданд. Бубинед, ки онҳо ба мо чӣ нақл карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.