КДАМ адвокати Далер Шарифовро барои вохӯрӣ бо зерҳимояаш даъват кард

Asia-Plus

Муфаттиши КДАМ ҶТ пас аз нисфирӯзии 30-юми январ адвокат Абдураҳмон Шарифовро, ки аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон таъмин шудааст, барои вохӯрӣ бо зерҳимояаш даъват кард. Ташкилоти ҷамъиятии мазкур узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад. 

Ҳимоятгар Абдураҳмон Шарифов ордер ва муроҷиаташро ба КДАМ ҶТ дирӯз супорида буд. Тибқи расмиёти мурофиавӣ, адвокат пас аз гирифтани иҷозаи мақомот бо рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Далер Шарифов вохӯрда, бо маводи ҷамъовардаи тафтишот шинос мешавад.

– Далер Шарифовро ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бурданд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” имрӯз баъд аз зуҳр сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Шоира Давлатова. Вай афзуд, ки ин марказ барои дифоъи ҳуқуқи рӯзноманигори тоҷик боз як ҳимоятгар – Гулгуна Шозодаеваро таъмин кардааст.

Тибқи моддаи 92-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят), шахсро бо асосҳои ҷойдошта аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад. Оғози муҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда мешавад.

Ҳамчунин шоми 29-уми январ Абдуманнон Шарифов, падари рӯзноманигор бо писараш дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати Далер хуб буда, ба ӯ ягон фишор наовардаанд. 

Падари рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” гуфт: “Далерро дидам, суҳбат кардем. Саломатиаш хуб аст. Шиканҷа нашудааст. Тафтишот ҷараён дорад”.

Вай афзуд, кай раҳо шудани Далер алҳол маълум нест ва як муфаттиши КДАМ ба ӯ гуфтааст: “3 рӯз бозпурсӣ мекунем”.

“Ҳоло дар бораи китобҳои ӯ пурсида истодаанд. Китобчаҳое, ки худаш навишта буд, ҳамонҳоро кофта, таҳлилу тафтиш карда истодаанд, ки чӣ гап аст. Мо ҳозир дар назди бинои КДАМ истодаем, ки ягон гапу хабар шавад, ягон чиз даркор бошад, дастрасаш кунем”, – илова кард падари Далер.

Ёдовар мешавем, Далер Шарифовро 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват карданд. Дирӯз пас аз соати 11:00 ӯ барои идомаи бозпурсӣ ба бинои марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд. Далер бо гузашти 2 шабонарӯз то ҳол раҳо нашудааст.

Далер Шарифов собиқ муаллиф ва ровии намоиши “Муошират” дар телевизиони “Сафина” буд. Ӯ солҳои охир расман дар ягон ҷо кор намекард. Боздошти ӯ боиси нигаронии хешовандон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...