Ронандаи троллейбус, ки бо зани нобино дағалона рафтор кард, аз кор озод гардид

Суннатуло Бобохонов, ронандаи троллейбус, ки бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) дағалона рафтор карда буд, аз кор озод гардида, роҳбари ӯ танбеҳ гирифтааст. Дар ин бора муассисаи  “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, баъди матлаби шикоятии Шаъмигул Муҳсинова, як сокини шаҳри Душанбе, доир ба дағалона рафтор намудани ронандаи хатсайри троллейбуси №4 нисбат ба мусофирзани имконияташ […]

Суннатуло Бобохонов, ронандаи троллейбус, ки бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) дағалона рафтор карда буд, аз кор озод гардида, роҳбари ӯ танбеҳ гирифтааст. Дар ин бора муассисаи  “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, баъди матлаби шикоятии Шаъмигул Муҳсинова, як сокини шаҳри Душанбе, доир ба дағалона рафтор намудани ронандаи хатсайри троллейбуси №4 нисбат ба мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино), ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашр гардид, бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласа доир гардида, дар он рафтори ронанда муҳокима шудааст.

Баъди муҳокима, ба навиштаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, “ронандаи хатсайри троллейбуси №4, рақами қайди давлатиаш 2002, Суннатуло Бобохонов аз кор озод карда шуд”.

Ҳамчунин, бинобар сабаби хунукназарӣ дар иҷрои вазифа, ба сардори муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” Мероҷ Ҷалилзода ҷазои интизоми дар намуди “танбеҳ” дода шудааст.

Фирдавс Раҳмонов бошад, аз вазифаи сардори шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” озод ва ба вазифаи пасттар – муҳандиси шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” гузаронида шудаст.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми март Шаъмигул Муҳсинова, як сокини шаҳри Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Facebook оид ба рафтори дағали ронандаи троллейбусии №4 бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) маводи шикоятӣ нашр карда, зарурати бозомӯзии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро зикр карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.