Дӯстӣ: 15 соли зиндон барои қатли директори мактаб, оила ва фарзандони ноболиғи ӯ

Ду сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки ба хотири ғасби курсӣ соли 1993 директори мактаби №11, оила ва фарзандони ноболиғи ӯро ба қатл расонидаанд, ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Тавре ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон Варқаи Зайниддин ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, муттаҳамон Ортиқ Файзуллоев ва Абдураҳмон Тағаев ном доштаанд ва супориши мазкурро аз Зайниддин Баходиев гирифтаанд. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ду сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки ба хотири ғасби курсӣ соли 1993 директори мактаби №11, оила ва фарзандони ноболиғи ӯро ба қатл расонидаанд, ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

Тавре ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон Варқаи Зайниддин ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, муттаҳамон Ортиқ Файзуллоев ва Абдураҳмон Тағаев ном доштаанд ва супориши мазкурро аз Зайниддин Баходиев гирифтаанд.

Ҳодиса бегоҳии рӯзи 20-уми марти соли 1993 рух додааст.

“Зайниддин Баходиев ба зердастони худ, бахусус ба Тағаев Абдураҳмон, ки шахси боваринокаш буд, ҳамчун роҳбар супориш медиҳад, ки ҳамроҳи зердасти дигараш Ортиқ Файзуллоев директори мактаби миёнаи №11-и ноҳия Одинаев Мирзо Нуриддиновичро бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, “ҳамон шаб Ортиқ Файзуллоев ва Абдураҳмон Тағаев баъди гирифтани дастур аз роҳбари гурӯҳашон Зайниддин Баходиев қасдан дар заминаи хусумати маҳалгароӣ бо истифодаи яроқҳои оташфишони тамғаи “Калашников” ин оиларо ба назди заҳбури деҳаҳои Комсомол ва Тоҷикобод бурда, ба қатл мерасонанд”.

Дар ин ҷиноят ин нафарон кушта шудаанд:

  • Одинаев Мирзо Нуриддинович (соли таваллудаш 1957)
  • Ҳамсараш (соли таваллудаш 1960)
  • 3 фарзанди ноболиғи онҳо (солҳои таваллудашон 1986, 1988 ва 1990).

Додситонии ноҳияи Дӯстӣ аз рӯйи ҳодиса бо модаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, шахсияти ҷинояткоронро муайян кард ва онҳоро дар ҷустуҷӯ эълон кард.

Моҳи январи соли 2024 Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаев дастгир шуданд. Аммо маълум нест, ки чӣ гуна ва дар кадом шароит онҳо боздошт гардидаанд.

Додгоҳ 10-уми июни соли 2024 Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаевро бо моддаи 104, бандҳои “в”, “з”, “м”-и Кодекси ҷиноятӣ (таҳрири соли 1961) гунаҳкор донистааст ва ҳардуро 15 солӣ ба зиндон маҳкум кардааст.

Ҳоло Ортиқ Файзуллоев, ки яке аз иҷрокунандагони ин ҷиноят ба ҳисоб меравад, дар кофтуков қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти гумонбарон ва ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардани онҳо барои ҷиноятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиркарда намебошад. Тобистони гузашта низ як гумонбар куштори 22 нафар дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардида буд. Ин куштор ҳам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.