“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот, бозиҳои компютерии “Counter Strike”, “Grand Theft Auto” (GTA) ва монанди инҳоро дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ номида, гуфтааст, барои машғул шудани ноболиғон бо он, волидон муҷозот хоҳанд шуд. Агар хонандагони мактаб дар вақти дарс ба ин бозиҳо машғул шаванд, муаллимон низ ҷазо дода мешаванд. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот, бозиҳои компютерии “Counter Strike”, “Grand Theft Auto” (GTA) ва монанди инҳоро дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ номида, гуфтааст, барои машғул шудани ноболиғон бо он, волидон муҷозот хоҳанд шуд. Агар хонандагони мактаб дар вақти дарс ба ин бозиҳо машғул шаванд, муаллимон низ ҷазо дода мешаванд.

Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ба иттилои шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ расонида мешавад, ки мувофиқӣ талаботи қонунгузории Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зӯроваридошта қатъиян манъ аст.

“Тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бозиҳои “Counter Strike” ва “Grand Theft Auto” (GTA), дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд”, – таъкид кард Шакурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, таҳлилҳои мақомоти милитсия нишон додаанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. Аммо ӯ аз ҳодисаи мушаххас ном нагирифт.

Раёсати ВКД дар Душанбе аз соҳибмулкони чунин марказҳо талаб менамояд, ки минбаъд ба паҳнсозии ин бозиҳо роҳ надиҳанд. Ҳамзамон, шаҳрвандонро мебояд фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд ба ин бозиҳои тарғибкунандаи қатлу куштор машғул шаванд.

 

Ба волидон, соҳибмулкон ва омӯзгорон бо кадом модда ҷазо дода мешавад?

Ба гуфтаи сухангӯи РВКД дар Душанбе, вақте ноболиғ ҳангоми машғул шудан бо бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ дастгир карда шавад, вобаста ба вақту замон ва шароити бозӣ ба волидон, соҳибмулкон ва ҳатто омӯзгорон ҷазо пешбинӣ гардидааст.

Барои падару модарон тибқи моддаи 90, банди 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак” аст, ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Агар давоми як сол ин кирдор такроран содир шавад, нисбати волидон ба андозаи аз 30 то 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 464, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ “ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ”-ро манъ кардааст.

Дар асоси ин модда ба соҳибкорони марказҳои бозиҳои компютерӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 12 ҳазору 960 то 14 ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима таъин мегардад.

Агар давоми як сол ин кирдор такрор шавад, ба соҳибони марказҳои бозиҳои компютерӣ аз 220 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 840 то 18 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин хоҳад шуд.

Агар хонандаи ноболиғ дар вақти дарс аз мактаб гурехта, ба марказҳои бозиҳои компютерӣ омада, ба бозӣ машғул шавад, барои беэътиноӣ ва беназорат гузоштани хонанда ба омӯзгор ҳам огоҳӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ин робита милитсияи пойтахт баргузории рейду амалиётҳои санҷиширо дар марокизи бозиҳои компютерӣ минбаъд ҳам ба роҳ мемонад.

Қаблан даҳҳо соҳибони марказҳои бозиҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон дар асоси қонунгузорӣ ҷарима ва ҳатто муваққатан фаъолияташон боздошта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло раванди таълим ва тарбияи хонандагон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат ва мақомоти қудратӣ қарор дорад. Ахиран як додситони вилояти Суғд хостори назорати қатъӣ ва доимии хонандагон шуда, дастур дод, ки омӯзгорону волидайни донишомӯзонро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ ҳам боздоранд. Дар робита ба назорати хонандагон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам борҳо нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио