Парвандаи зане, ки чор кӯдакашро ба дарё андохт, ба додгоҳ рафтааст. Ҷасади фарзанди чаҳоруми ӯ то ҳол пайдо нашудааст

Тафиши парвандаи Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, ки 3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, танҳо худаш зинда берун шуд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол шудааст. Дар ин бора аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар доданд. “Парвандаи Мадина Ҳалимова моҳи август ба додгоҳи вилояти Хатлон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тафиши парвандаи Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, ки 3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, танҳо худаш зинда берун шуд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол шудааст.

Дар ин бора аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

“Парвандаи Мадина Ҳалимова моҳи август ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол карда шуд ва дар баррасӣ қарор дорад. Ҳоло ҳукми додгоҳ нисбати номбурда набаромадааст”, –гуфтанд аз додситонӣ.

Аз ин ниҳод ҷузъиёти тафтиши парвандаро шарҳ надоданд. Ҳамчунин маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии Мадина Ҳалимова кай баргузор мешавад.

Як манбаъ аз додгоҳи вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, мурофиаи ин зан ҳоло оғоз нашудааст. 

 

"Ҷасади фарзанди калонии Мадина Ҳалимова то ҳол пайдо нашудааст"

Дар ҳамин ҳол, ҷасади Латофати 5 – сола, фарзанди калонии Мадина Ҳалимова то ҳол бо гузашти се моҳ пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҷасадро чор маротиба ҷустуҷӯ кардаанд, аммо бенатиҷа буд.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади Латофати панҷсола мавқуф гузошта шудааст.

“Се–чор маротиба  дастаи зудамали махсуси наҷотдиҳӣ ҳудуди минтақае, ки кӯдак ғарқ шуда буд ва атрофи онро ҷустуҷӯ карданд , вале ҷасадро пайдо накарданд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба гуфтаи мақомот ҷустуҷӯи ҷасади фарзанди калонии Мадина Ҳалимова баъди тамом шудани машқу чорабиниҳо аз сар гирифта мешавад.

То ҳол ҷасади се фарзанди Мадина Ҳалимова, ки шаби 29 ба 30-юми июни соли равон бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт, пайдо шудааст. Ҷасадҳои Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуданд.

Мадина Ҳалимова дар боздошт буда нисабаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.

Қаблан шавҳар ва наздикони Мадина Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд ва ин баҳси тундеро ба миён овард. Мақомот ин ҳодисаро мудҳиш хонданд.

Дар пайи ин фоҷеа, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен вокуниш нишон дода гуфт, ки “масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронкунанда буда, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад”.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки чунин ҳодиса иттифоқ меафтад. Қаблан низ борҳо занон қасди куштори худ ва кӯдаконашонро карда буданд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2020 зани 30-солае дар ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофта буд.

Ахиран зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард ва бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор дониста шуда, ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.